Бориши барф, ки аз шаби 26 декабр ба боридан оғоз намуд, бори нахуст дар ин замистон диёрро ба зери қабои сафед кашид. Дар қисмати поёнии водӣ, тибқи одати маъмулии табиӣ камтар ва дар минтақаи Ванҷи Боло бештар боридааст. Имсол замистон дар нисбати порина хеле дертар фаро расида, то ин ҳангом ҳавои тирамоҳӣ дар водӣ ҳукмармоӣ дошт. Баъд аз тағйироти боду ҳавоӣ барфборӣ аз бегоҳи имрӯз оғоз гардид.
Соли гузашта аҳли диёр замистони сахту тӯлониро паси сар намуда буданд, ки бар асари бориши зиёди барф дар минтақа роҳҳо баста шуда, тармаҳои зиёд фаромада, барои аҳли диёр мушкилоти зиёд пеш омаданд. Ба гуфти мардум замистони мудҳиши соли 1969 такрор шуда буд, вале, хушбахтона, он бе хисорати ҷониву зарарҳои ҷиддии мулкӣ паси сар гашт. Гузориши тасвирӣ аз барфрезии нахусти имсол аз Бахтиёри Шокарим ва Фотеҳ Пирумшоев аз деҳоти Рохарву Бунай:
Назари хешро иброз кунед