Баҳори соли 1997. Шаҳри Хоруғ. Мавсими қаҳтӣ. Аҳли шаҳр азоби ҷӯъ мекашад. Кӯмакҳои башардӯстона, ки тайи солҳои охир василаи наҷоти мардум аз фавт мебошанд, ба таъхир афтодаанд. Чунин вазъ барои мо донишҷӯёни раҳдурии маскуни хобгоҳ дучанд сангин аст. Ҳарчанд тадбир андешидем, чорае ҷуз дар муддате тарки дарсу ин шаҳр намудан наёфтем.
Бархе аз донишҷӯён аз ҷиҳати сахтии шароити зист тарки донишгоҳ ва бархе макони беҳтаре ёфта, тарки хобгоҳ намуданд. Дар утоқе мо ду нафар монда будем, баъди машварат ва тасмими ба зодгоҳ рафтан гирифтан, дар қисмати охири рӯз ба нияти то деҳаи Поршнев расидан, ки дар масофаи шонздаҳ километр аз шаҳр дур аст, ба роҳ баромадем. Мошинҳо дар ин фасл ба навоҳии дурдаст намерафтанд, гузаштани мошине ба он ҷонибҳо амри тасодуфӣ буд. Субҳидам аз хоб хеста, ба посгоҳи канори деҳа рафтем. Сарбозон баён намуданд, ки ба ҷониби матлуби мо вақтҳост мошин намеравад ва маслиҳат доданд, ки вақтро дар интизории мошин дар ин ҷо талаф накарда, раҳсипор шавем. То қариби нисфирӯзӣ роҳ рафтем. Замоне аз пас садои мошине ба гӯш расид. Сабукраве буд ва дохилаш пур. Аз мо қадре гузашта, манъ намуд ва ҷавонмардони шинос берун омада, мутаҳайири мову ҳоли мо шуданд. Мо низ дохили мошини пуродам гашта, болои ҳам тавассути он тақрибан бист километр роҳи хешро кӯтоҳ намудем. Дар деҳаи Деҳрӯшон дар хонаи дӯсти донишҷӯямон чизе тановул карда, боз ба роҳ баромадем. Офтоби тези баҳор, роҳи пурхаму гардиши дилбазан, баданҳои хаста, пойҳои дардманду обила мавонеъе барои ҳаракат буданд. Аммо аз хавфи шаб дар чӯлистоне намондан ва ба умеди мошини аз роҳ гузаранда, бо ҷамъи неру ва ҳавсала ба пеш ҳаракат менамудем. Бо таҳаммули ҳамаи ин чуноне ҳаракат намудем, ки шаб дар мавзеи Дашти Язгулом дарёбамон кард. Иштиёқи расидан таҳрик ба рафтан дар сардии шабамон дод ва ба мавзеи Хехак замоне расидем, ки боркаше азми ҳаракат дорад. Бо даву дод онро маътал намуда, ба болояш баромадем. Он моро то дуроҳаи Ванҷ расонда, ба роҳи худ идома дод. Замоне аз дуроҳа ба хонаи ҳамраҳам, ки дар деҳоти қисмати поёнии ноҳия воқеъ аст, расидем, шаб аз ним гузашта буд. Бо бадани хастаю пойҳои омосида рӯзе дар хонаи ҳамраҳам монда, боз ба роҳи хеш ба ҷониби хона, ба қисмати болоии ноҳия идома додам. Ба маркази ноҳия расида, ҷӯёи мошин гаштам. Вале дар он ҷо ба ҳеҷ ҷонибе воситае аз нақлиёт наменамуд. Ногузир бо бадани дардманду хаста ва пойҳои серобила ба роҳ афтода, бо азобе дар қисмати ниҳоии рӯз хешро ба хона расондам.
Дар деҳа ду ҳафтаеро бо рифоҳу тафреҳ, бидуни ҳисси мушкилу ташвиш сипарӣ карда, рӯзе азми баргашт намудам. Дар боркаше чанд нафар маҳсулоти кишоварзии хешро барои фурӯш дар маркази вилоят бор намуда буданд ва ман низ бо ашёи хеш савори он гаштам. То лаби девораҳои оҳанини боркаш бор зада, мардуми зиёде дар болои борҳо нишаста, ба маркази ноҳия расидем. Маркази ноҳия, ки мавсум ба Рохарв аст, ноором менамуд. Ҷангиёни мухолифи ҳукумат мусаллаҳ бо мошину пиёда сарсон буданд. Ронандаро огоҳ намуданд, ки роҳ баста аст, дар даромадгоҳи ноҳия мухолифон аз ду ҷониб мавқеъ гирифта, дар ҳар замоне мумкин аст даргир шаванд.
Ванҷ қароргоҳи неруҳои мухолифи ҳукуматӣ буда, онҳо дар ин ҷо ғун омада, аз ин ҷо ба майдони ҷанг мерафтанд. Аз ин ҷо тавассути роҳҳои кӯҳӣ лавозимоти ҷангӣ мекашиданд. Чанд гурӯҳе бо қумандонҳои хеш гирд омада буданд ва бузргтарини онҳо гурӯҳи Мирзо Зиё, мулаққаб ба Ҷага буд. Мирзо Зиё ва чанд қумандон, аз ҷумлаи қумандонҳои маҳалӣ пойгоҳи марзии артиши русҳоро, ки дар даромадгоҳи водӣ ва оғози деҳаи Бичхарв воқеъ буд, дар муҳосира гирифта, қасди ба он ҳамла намуданро доштанд.
Рӯзро дар интизории тағйири вазъ бегоҳ кардем. Ронанда боркаши пурборро ба хонааш бурда, мусофиру соҳибони борҳо ба ҳар ҷонибе парешон гаштанд. Вазъ ҳамоно рӯ ба ташаннуҷ дошт. Даву този ҷангиёну кашу бурди туфангу тӯпашон авҷ мегирифт. Мардуми оддӣ низ дар ташвишу нигаронии сахт буданд. Аз баланди осмон ҳавопаймоҳои ҷангӣ садои мудҳиш меафканданд. Ҷавонмардони маҳалӣ низ саргардон буда, касе бо силоҳи шикорӣ ва бархе бо дастони холӣ барои ҳифозат аз ҳамла омода мешуданд. Ин вазъ ба мо ба ҳадде муассир буд, ки тавони тамаркузи ҳадаф надоштем, ба ҳар ҷое, ки мерафтем мардум мушаввашу машғул ба ҳоли хеш буданд. Шойеоте парешон карда буданд, ки дар сурати ҳамла ба пойгоҳи русҳо онҳо тавассути чархболу ҳавопаймоҳои ҷангияшон деҳотро бомборон карда, артиш бо тонку тӯп вориди водӣ мегардад ва аз паси эшон гурӯҳҳои қумондонҳои собиқ авбошу маҳбусии бераҳму ваҳшӣ ва феълан шомили артиши ҳукуматӣ дохил мешаванд. Ин даҳшатеро дар миёни зану бузургсолон афканда буд, аммо мардон дар нисбати ин бепарвоӣ зоҳир намуда, ҷавонмарду навҷавонон дар ҳолати ҳаяҷонзадагию барангехтагӣ буда, иштиёқ ба ҷангу даргирӣ доштанд.
Бо фаро расидани шаб садои тири туфангу тӯп баланд гашт. Зарби садои тирро кӯҳҳо акс медоданд. Зарби садои силоҳҳои сангин, хусусан хумпораандозу жолаафкан дар байни дараҳои кӯҳӣ тӯлонию даҳшатафкан буд. Ин ҳагомаи бузурге дар байни мардум барпо сохт. Аз ҳар гӯшае сару садои мардум баланд гашт. Зану солманду кӯдакон ба кӯчаҳо рехта, занон нолон, тифлон гирён пирон ҳайрон, баъзе рахт бар пушт баста, баъзе халтаи озуқа ба дӯш гирифта, яке тифл бардошта, дигаре дасти волидони пирро дошта, ба самти болои водӣ ҳаракат мекарданд. Мо дар ин вазъи бесаранҷом муддате ин бару он бар рафта, ба дунболи мардум роҳи хонаро пеш гирифтем. Бо суръату қуввати ҷавонӣ талоши то равшан шудани рӯз ба деҳа расиданро менамудем. Дар тӯли роҳ мардум бо шӯру ғавғо, доду гиряи тифлон роҳ мерафтанд. Бо суръати сареъ аз сари издиҳоми раванда дар субҳидам гузаштем. Замоне ба деҳа расидем, офтоб аз сари кӯҳ ба қадри ду найза боло рафта буд ва дар субҳи босафои кӯҳистон аҳли деҳ ба кори замин машғул буданд. Огоҳ намудем, ки ҷанг оғоз шуда, водӣ дар хатар аст, аммо сухани моро ҳазл пиндошта, касе эътино накард. Вале баъди чанд соате ба деҳа расидани мардуми фирорию издиҳоми аз роҳ гузарандаро дида, ҷиддияти сухани моро дарк карданд.
Баъди чанд рӯзе ҷанг хотима ёфта, тарафҳои даргир сулҳ бастанд, вале роҳи ноҳия ҳафтае баъди он баста буд. Маро зарурати бозгаш ба донишгоҳу идомаи таҳсил буд. Хабар оварданд, ки корвони мошинҳо бо кӯмаки башардӯстона ба маркази ноҳия омада, бояд баргардад. Ба марказ омада, рӯзе интизорӣ кашида, савори боркаше дар қатори корвони мошинҳо гаштам. Даҳ боркаш аз он сӯ бор оварда, аз ин ҷониб дар болои ҳар кадоме одамон савор гашта буданд. Рохарв ва деҳоти ниҳоии водӣ то назди пойгоҳи марзии артиши рус пур аз ҷангиёни мухолифи мусаллаҳ дар ҳоли омодабош бо мӯю риш дароз буданд.
Корвони мошинҳо ба роҳ афтод ва баъди чанде дар назди посгоҳи артиши русҳо таваққуф намуд. Мошинҳоро як-як аз монеъчӯб рад намуда, дар фосилаи даҳ–понздаҳ метр аз он гир дода, одамонро амри аз мошинҳо фаромадан карда, баъзе мошинҳоро ва баъзе мардумро комилан меҷустанд. Мошинро раҳо карда, бист-сӣ метр аз онҳо дур рафта меистод ва одамон рафта, савор мегаштанд.
Навбати мошини мо расид. Дар назди монеъчӯб чанд сарбози сиёҳпӯши рус истода буданд ва бо садои баланду дағал ронандаро амр ба убур намудан карданд. Мошин гузашта, гурӯҳи навбатии сарбозон бо оҳанги муносибат бо ғайриодамӣ амр ба истодани мошин ва поён фаромадани ҳама кард. Дар мошинҳо, аз ҷумла дар мошини мо панҷ зани миёнасол ҳам буданд, ки бо суҳулате хешро пойин андохтанд. Сарбозони рус хеле тануманду қоматбаланд, саропо сиёҳпӯш ва сарҳояшон тарошидаю рӯсарии сиёҳкашида буданд. Пӯсти рӯю чашмонашон кабуди мудҳиш менамуд. Ман қиёфаи асили русиро дар ҳаётам бори аввал медидам. Мардумро бо ибораи “маймунҳо” ва ҳар фардеро бо исми “маймун” амру фармон медоданд. Мардонро бо алфози “маймун рӯ ба мошин, дастон боло” таҳқир намуда, бо мӯзаҳои балану сахташон ба поҳо зада, паҳн карда, баданҳоро ҷуста, бо амри “маймун ба назди мошинҳо гузар” рухсат медоданд. Занонро, ки барои ҳифозат аз боди рӯи мошин сару рӯяшонро печида буданд, бо иборати “Гулчатой” амру фармоиш мекарданд. Ба гуфти мардум инҳо аскарони кирояи артиши русҳо буданд.
Баъди гузаштан аз посгоҳи русҳо мардумро ғами убур аз посгоҳҳои ҳукуматӣ гирифта буд. Тибқи овозаҳо гӯё ба ин ҷо гурӯҳҳои қумондонҳои авбошу собиқ маҳбусиро овардаанд. Аммо дар роҳи пеши корхонаи асфалти бар асари ҷанг харобгашта монеъчӯбе аз шохи дарахте буридашуда дар болои сангдеворҳо гузошта шуда буд ва бо расидани мошинҳо аз дохили девораҳои корхонаи вайрона аскарони артиши ҳукуматӣ берун шуда, ба мошинҳо часпиданд. Сарбозони даъватӣ ва дастгиршуда аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ буданд. Аввалан салом дода, баъдан ҳол ва пас нону хӯрданӣ пурсиданд. Ҷавону навҷавонон буданд, рӯяшон сиёҳу андомашон лоғар буд. Бештар дар тан либосҳои мутанаввеъи ҳарбию муқаррарӣ, даридаю чиркзада, пояфзоли тунуку дарида доштанд. Бархе дар по мӯзаи низомии фарсуда, баъзе пояфзоли варзишию кадоме калӯш пӯшида буд. Аз сардию нимгуруснагӣ, бадғизоӣ гила мекарданд. Мусофирон ба ҳолашон таассуф хӯрдаю ҳар касе миқдоре аз озуқаи доштааш ба эшон медод ва онҳо бо хушҳолии тамом миннатдорӣ мекарданд. Хусусан, хеле пазмони нон гашта буданд. Арз карданд, ки моҳҳост нони муқаррариро надидаанд ва ба онҳо хамири дар болои оташ нимпазшуда ба қадри нимсерӣ медиҳанд.
Сарбозон бо тааҷҷуб аз Ванҷ суол карда, онро шаҳри бузургу сернуфуз тасаввур мекарданд. Дар бораи ҷангиёни мухолифашон низ тасаввуроти фавқулодда дошта, аз сифоту хусусиёти онҳо, ки муҷоҳидонашон меномиданд, аҷобат карда, эҳсоси ваҳму тарс доштанд.
Дар он замон ҷангиёни мухолиф ба пойгоҳҳои марзии русу қазоқҳо дар минотиқи сарҳадии Бадахшон ҳамла карда буданд ва вазъ дар саросари вилоят муташанниҷ буд. Дар роҳ ба маркази вилоят посгоҳҳои сершумор гузошта буданд. Қазоқу русҳо бо мардум ва мусофирон хеле муомилаи бад мекарданд. Русҳо дар ҳама посгоҳҳояшон ба мардум ва мусофирон бо лафзи “маймун” муроҷиат мекарданд. Дар посгоҳе нафареро, ки дар корвони мошинҳо мо буда, корманди идораи додситонӣ будааст, барои эътироз ба бадрафторияшон бо қундоқи туфанг зарбе бар сина зада буданд. Ашраф Акрам.
Назари хешро иброз кунед