Байтҳо аз эҷодиёти Муллоёр
Бӯсаи лаъли лабат ҷуз ман ба осонӣ кӣ ёфт,
Ҷои кони лаълро ҷуз аз бадахшонӣ кӣ ёфт?
***
Дар рӯзаки тӯй ҷангу ҷадал фойда надорад,
Озор макун, оқибаташ чора надорад.
***
Мир ай параи Лӯла ҳай лӯву мағал дора,
Дар веху сари зунш сад ғал-ғали ғал дора.
***
Ҷониби мумсик, ки шуд дар об ғарқ,
«Деҳ» магӯ, «ма» – гӯ, ки дасташро диҳад.
***
Ҳақтаоло фаҳм бар мо дода аст,
Кундзеҳниҳо ба мулло дода аст.
***
Ман туро санҷида мегӯм, эй писар,
Аз хуруҷи нимчамулло алҳазар.
***
Чашми чоку чеҳраи муллотарош,
Бар тамаъ олуда буду гашт фош.
***
Аз гадотабъон лави нуне наҷӯ,
Чун намедорад равоят ови ҷӯ,
***
Блблон бе даму хониш шудаан андар боғ,
Ҷояшон машғала доранд кунун ғулбаву зоғ.
***
Чун туро бошад ба оғил молу гов,
Бенаворо шир бахшу рӯ матов.
***
Гар туро набвад саломе ё паём,
Алвидоъ, одамгариҳо шуд тамом.
***
Ҳимматат бошад ба ҳар коре баланд,
Мешавӣ дар байни мардум арҷманд.
***
Бас сиво дидам, зи омолу калом
Нест бар муллову муфтӣ эҳтиром.
***
Аз дами досу тавар аз пешу пас,
Ҷангали Зуго надорад хору хас.
***
Риш чун тахтаи дар, салла чу манги гулхор,
Ин қадар бори гарон дар тани озурда мадор.
***
Ин чи шӣ, дар қаҳратуне ему веб,
Ас нашӣ гову хари моро насиб.
***
Ин тараф дар сӯзу авғон марду зан,
Ун тараф дар нозу неъмат ғӯтазан.
***
Марди берӯда, ки дар кнҷи кадо ғап задааст,
Мокии дмрту болест, ки важғап задааст.
***
Муфтӣ бо хӯи фачу пои каҷу гардани қоз,
Малакутист, ки аз арзу само гӯяд роз?
***
Лқмаи нуни касе нест, ки дар чанги ту нест,
Лозрови сари ку дар хнкӣ ранги ту нест.
***
Ун шарике, ки ба вақте ба сарт шуна занад,
Дар ҳазар бош, ки рӯзе ба тагт фуна занад.
***
Бар гшна агар срхаву палпанг хшай,
Бар бангии ҳангӣ ғӯраи банг хшай.
***
Хшдуман агар рӯи хушт пеш ора,
Дар ҳар сари ханда нштару неш ора.
***
Панге, ки чапун надораву блҳавасай,
Дар ҳут ҳавои лолазорш ҳавасай.
***
На ҳар як шохи сархам мевадор аст,
Ҳазорон шохи хам бар мева зор аст…
***
Ту дур аз коргоҳ астӣ, чи донӣ,
Ки пуди зиндагӣ муҳтоҷи тор аст.
***
Коми мо аз мевааш шодоб шуд,
Ҷон раҳо аз вартаи гирдоб шуд.
***
Ман ғуломи марди олиҳимматам,
Кадхудоён лек дар Ванҷанд кам.