Аълохуҷа Сурхов ғолиби мусобиқа

  Дар мусобиқаи шоҳмотбозӣ дар байни муаллимон ва дигар кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ёвон устоди соҳибфазлу ҳунар, шоири ширинсухан, ҳамдиёри арҷманди мо Аълохуҷа Сурхов ғолибият ва мақоми аввалро касб намуд. Мусобиқа чанд рӯз идома ёфта, наздики сад нафар дар он иштирок доштанд. Устодро барои ин комёбӣ табрик гуфта, дар мавриди ҷузъиёти мусобиқа аз ӯ тавзеҳоти муфассал хостем ва эшон арз намуданд: — “Гузаронидани чорабиниҳо ё мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба поси хотири ин ё он варзишгари номӣ дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, чунин мусобиқаҳо дар сатҳи ҷумҳуриву вилоятиву ноҳиявӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Вале муттаассифона ман боре ҳам нашунидаам, ки ягон мусобиқаи варзишӣ ба поси хотири ин ё он варзишгари равоншод дар сатҳи ноҳиявӣ гузаронида бошанд. Мо бо гузаштагонамон ифтихор мекунему вале поси хотири онҳоро ба коми фаромӯшӣ дода истодааем.
  Ман чанд даҳсола боз берун аз Ванҷ дар ноҳияи Ёвон ба ҳайси омӯзгор ифои вазифа дорам. Ин мардум ҳар сол бо ташаббуси ҳукумати ноҳия чорабинии варзишӣ барои поси хотири паҳлавонони барӯманд ё дигар навъҳои варзиш мусобиқаҳоро ҳатто дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳам таҷлил менамоянд. Мусобиқаҳои варзишӣ миёни омӯзгорон ҳамасола дар таътили зимистона доир мегарданд. Асосан омӯзгорон аз рӯи навъҳои волейбол, шоҳмот ва шашка мутобиқи қуръакашии пешакӣ бо ҳам мусобиқа мекунанд. Шарт дар мусобиқаҳои шоҳмот, ё волейбол чунин аст: бозингарон дунафарӣ бо ҳам қувва озмуда, мағлуб фавран аз мусобиқа хориҷ мешавад. Сипас боз дунафарӣ бо ҳам қувва озмуда, мағлуб фавран хориҷ мешавад. Барои ба финал баромадан, бояд камаш шаш нафарро мағлуб кардан лозим аст. Шахсе бохт дорад, минбаъд ҳуқуқи ширкат дар вохӯриҳои минбаъдаро надорад. Ин мусобиқа ҳар сол барои поси хотири омӯзгори варзидаи варзиш, собиқадори соҳаи маъориф Файзалӣ Қурбонов доир мегардад. Аз вафоташ 15 сол гузашта бошад ҳам, ҳар сол ботантана ёдаш мекунанд.
  Мардуми Ванҷи мо бояд ҳар сол чунин мусобиқаҳоро барои зинда гардонидани рӯҳи поки шахсиятҳои барӯманд ташкил намоянд, зеро варзиш кафили асосии дӯстию бародарӣ ва сулҳу ваҳдат аст!. Ба ҷуз хотираи Пайшанбе Саидаҳмададов, ки хуни нофаш дар Ванҷ начакидаасту аз тарафи аксулинқилобиён кушта шудааст, пеш ҳар сол мусобиқаҳои гӯштин дар сатҳи вилоятӣ доир мегардид. Чаро мо наметавонем як мусобиқаи варзиширо, масалан ба хотири амаки Иматпаҳлавон ё дигару дигарҳо ташкил намоем?. Агар ин корҳо амалӣ гарданд, ҳам кори хайр мегардад ва ҳам савоб”.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.