Ашъори Шакаршоҳ

Наме танбалм о тринг

Даҳ сол шӣ, хуна соз кма, наме танбалм о тринг,
Ва бори шуна соз кма, наме танбалм о тринг?
Даҳ сол шӣ, ки хок хма, фақат нуни қоқ хма,
Як шғнихуна соз кма, наме танбалм о тринг?.
Варанги хар кор карм, пшту палӣ зардов карм,
Мн на хархуна соз кма, наме танбалм о тринг?.
Ва ови чшм сар карм, то хшти пхта тар карм,
Мн на зархуна соз кма, наме танбалм о тринг?.
Ай санги сангови ҳазар, сангои пога мармар,
Қасри замуна соз кма, наме танбалм о тринг?.
Чӯвом ҳарҳари дроз, бай боркнии хунара соз,
Боми ягуна соз кма, наме танбалм о тринг?.
Даҳ сол шӣ, гуми гум дар млки ғайр шуми шум,
Дар ватан хуна соз кма, наме танбалм о тринг?.

Бачам Гандақӯл рафтаст

Магам, ки ову нун кнм, бачам Гандақӯл рафтаст,
Як нарбзака хун кнм, бачам Гандақӯл рафтаст.
Нӯбати пода сар караст, ай куву ҷар гзар караст,
Ҳамсоёра мемун кнм, бачам Гандақӯл рафтаст.
Ҳам Бичхарвога диягӣ, ҳам Сари Банда диягӣ,
Дида сни осмун кнм, бачам Гандақӯл рафтааст.
Нуна дар ов тар караст, фкри шаву саҳар караст,
Чаппотӣ дар дегдун кнм, бачам Гандақӯл рафтаст.
Дар Шавгасанг хова заст, шав то рӯза това заст,
Поси ситорагун кнм, бачам Гандақӯл рафтаст.
Шкри шави матовшава, рӯшан бидаст куву дара,
Бо шкри товистун кнм, бачам Гандақӯл рафтаст.
Ай савза пойяндоз кнм, бай рай бачама соз кнм,
Болоша глборун кнм, бачам Гандақӯл рафтаст.
Гандақӯл, Сари Банд, Бичхарвог — номи мавзеъҳои деҳаи Бичхарв.

Вагарм

Ай Фӯза болоша сақа,
Сни калопоша сақа.
Илҳом аз акаи Иззатманд

Дараву новша вагарм,
Нӯбати говша вагрм,
Ширу дӯғовша вагарм,
Нун тар дар овша вагарм,
Чшма яховша вагарм.
Дам назане, дам назане, ҷӯр мн дтор мекнм,
Дам назане, дам назане, васфи диёр мекнм.
Чормағзи гардунша сақа,
Тутои арзунша сақа,
Бедаки ларзунша сақа,
Севои шлмунша сақа,
Арчаи шахҷунҷша сақа.
Дам назане, дам назане, ҷӯр мн дтор мекнм,
Дам назане, дам назане, васфи диёр мекнм.
Гилосу нокош вамаза,
Ангури токош вамаза,
Шарбату сокош вамаза,
Киш-миши қоқош вамаза,
Шаҳтути хокош вамаза.
Дам назане, дам назане, ҷӯр мн дтор мекнм,
Дам назане, дам назане, васфи диёр мекнм.
Савзаи тарш нозанин,
Хорои ҷарш нозанин,
Сангои зарш нозанин,
Ванҷова қарш нозанин,
Шаҳри Рохарвш нозан.

Як класам нагрфтем

Имрӯз сармун верун, як класам нагрфтем,
Ҳазор клас ормун, як класам нагрфтем.
Қаламкаши хаскашм ғазали тар мекашм,
Дилшохаи ҷуни ҷун, як класам нагрфтем.
Чашм ошиқи роёна,чашм ошиқи сомона,
Дл даему ҷигар хун, як класам нагрфтем.
Хела иштибоҳ карм, дафтара сиёҳ карм,
Алифи мо шияст нун, як класам нагрфтем.
Вазна, ки намедунм, навиштан наметунм,
Сиришки хома гирюн, як класам нагрфтем.
Шаҳнозара роз гфтм, Дилнозара соз гфтм,
Гфтан бра беэмун, як класам нагрфтем.
Абрура ҳилол гфтму теғи шаби тор гфтм,
Ҳарадосай дар миюн, як класам нагрфтем.
Ташбеҳи осмон фалак, болои осмон малак,
Дар зери осмон ҳайрун, як класам нагрфтем.
Вожаҳора ҷанг дохтм, сатрҳора ранг дохтм,
Қолаби шеър дигаргун, як класам нагрфтем.
Нахундм ва панҷу чор, накардм дарсо тиёр,
Мн гӯли гӯли нодун, як класам нагрфтем.

Зндгира сар накарм

Мн пир шиму зндгира сар накарм,
Чл сол гзашт, хунаву дар накарм.
Ва қопи ката млки ғариби рафтм,
Ин қопи сроха при долар накарм.
Мардма ббин ҷипу мерседес свор,
Ва кори сия пули як хар накарм.
Ай беҳнарӣ дармунтаи хоҷаврус,
Амқа зоем як ҳнар ай бар накарм.
Шукронаи кору бору нуни ғурбат,
Раҳме ба длу гураву ҷигар накарм.
Ай блҳавасӣ дар ғами гло сӯхтм,
Блблворӣ гӯши гле кар накарм.
Фақат ва хиёл дар осмуни ҳафтм,
Парвози хаёл карм мн, пар накарм.
Ай куи сфед хитоӣ санг ҷар кнаме,
Ай пшти хуна санги мармар накарм.
Ҷӯраи Умар Макка рафт, Ҳоҷӣ Умар,
Шо-и Шакар ов карм, шакар накарм.

Даври қамар шӣ

Азизо даври мо даври қамар шӣ,
Зи дардои замона хун ҷигар шӣ.
Намеда ҷӯра бай ҷӯра кашӣ нос,
Ҳама ҷангу ҷадал сари капар шӣ.
Шавошав дар диёршун шғсрунак,
Дами рӯз хоршғ бай ова ҷар шӣ.
Ага чормағз бталбӣ бар надоран,
Гли чормағз брехту гл пар шӣ.
Бдорӣ чор танга шир бдоран,
Надорӣ дирҳамак говошун фар шӣ.
На рӯштуту на катуту на говтут,
На тпст хамбане, ки теша тар шӣ.
Бхӯраст хрси ҳайвун моли мардм,
Касе, ки хрсака ёфт, шери нар шӣ.
Накове ганҷи Қорун дар ғарибӣ,
Хитойӣ дар дли кӯҳ мустақар шӣ.
Бмунтаст ай падармун як дрозгӯш,
Шакаршо харсвор ай млк бадар шӣ.

Ллаи ванҷӣ
Эҳдо ба модар

Баччаи ҷуни ширинам, ллае,
Кони қанду ангубинам,ллае.
Лла мегӯм, лла мегӯм, ллае,
Нозанинам, нозанинам, ллае.
Гиряҳои ту дила хун мекуна,
Дарди сарта мн набинм, ллае.
Хоб к-гаҳвораҷунбонит кнм,
Гавҳари тахти заринам, ллае.
Мушк меоя зи ҳар як мӯйи ту,
Навбаҳори анбаринам, ллае.
Рӯшании хону монӣ, эй писар,
Кавкаби тобонтаринам, ллае.
Аз замини мардхезӣ бачаҷон,
Паҳлавони Ванҷзаминам, ллае.

Қисса аз най мекунам

Эй азизон қисса аз най мекунам,
Як нафас дам сӯи Узбай мекунам.
Меравам бо сад хаёл Потови тор,
Як назар Одешту Бунай мекунам.
Тоқии чоргули симин бар сарам,
Тоқи боқи ёди Тоғмай мекунам.
Ашки борони зи миҷгонам марез,
Навбаҳори дидаро дай мекунам.
Ҳамчу сайёд сайд меҷӯям вале,
Дараву кӯҳу ҷара тай мекунам,
Ватсапу вайберу имо рози дил,
Дӯсти бо Айшвари Рай мекунам.
Хоби нози рӯҳнавозом бурдааст,
Дар биёбони хаёл пай мекунам.
Моли Қорунам набошад бок нест,
Ҳасрате аз Ҳотами Тай мекунам.
Иҷтиноб аз бодаи гулгун кунам,
Ай найистони шакар най мекунам.

Чо кнм

Ошқӣ рафтм хап-хапак сирма бёфтан, чо кнм,
Болои сар як гултабақ сирма биёфтан, чо кнм.
Гфтм брам мн як дамак, бай хилвати ӯ беғамак,
Пас-паси шғу пақ-пақак, сирма биёфтан, чо кнм.
Дар дл бӣ дидор кнм, длакша дар дл ҷо кнм,
Як саг брума вақ-вақак сирма бёфтан, чо кнм.
Дздии мо матов шава, феъли бади мо ам тава,
Маҳтоб биюма дертарак, сирма бёфтан, чо кнм.
Дави ума кампирзанак, овози шумш дар фалак,
Мткинм зо, сангу тапак, сирма бёфтан, чо кнм.
Се кас вардорм кашан, секаса дар дорм кашан,
Дар нима шав қапо-қапак, сирма бёфтан, чо кнм.
Пешпоик хӯрм, ҷар шим, дар савзаглҳо тар шим,
Дар кап бзом як ғанталак, сирма бёфтан, чо кнм.
Чоки гревунм баран, глхун ба зндунм баран,
На тағойӣ на як ҳамак, сирма бёфтан, чо кнм.
Дар ёди мн вн ҷангалак, дар пеши чшм шаҳпарак,
Ай қисса бӣ ин камтарак, сирма бёфтан, чо кнм.

Пир шийем

Гандми боборо ки кшт, қатии врусо пир шийем,
Фатири моморо кӣ пхт, қатии врусо пир шием.
Давлати мн бӣ харакм, хараки пшта баракм,
Хараки бечора кӣ кшт, қатии врусо пир шийем.
Шав хӯрабим доширак, рӯз хӯрабим доширак,
Хов мебинм туту тпст, қатии врусо пир шийем.
Афсуз, ки бе тоқӣ шиям, ай ғама қавоқӣ шиям,
Э кош гарм ай ханда сст, қатии врусо пир шийем.
Нидои озодӣ карем, ва сиёсат бозӣ карем,
Байчира зом дар сина мшт, қатии врусо пир шийем.
Ҳмрм ва сарсонӣ гзашт, давраи полвонӣ гзашт,
Хока надияст ҳафт пшт, қати врусо пир шийем
Мӯйи сия шир шияст, пеғумӣ бай кампир шияст,
Шкронаи қаламу дст, қатии врусо пир шийем.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.