Ашраф Акрам фарде аз зодагони диёр аст, ки ба адабиёт рағбат дорад ва худ дар авқоти фароғат машқи навиштан мекунад. Дар ин ҷо намунае чанд аз навиштаҳояш мунташир гардидаанд.
Ҷамъе аз мардум ба ҷониби хонаи Мулло Шариф меомаданд. Ӯ бо камоли таҳайюр ба тӯда назар афканд, ду нафар либоси низомӣ ва камонҳои панҷтира дар китф дошта, пешопеш, аъзои маҳаллии фирқа аз қафо, хурду бузурги аҳли деҳ бо фосилае ба дунболи онҳо меомаданд. Идома
Пас аз хотимаи мурофиа ҳама моту мабҳут ангушт ба даҳон гузошта, таассуф мехӯрданд. Мардум ин қазияро мазоҳ медонистанд. Рӯстам ба ифтихори таваллуди писар ҷавонаи хешро кушта, бо ифтихор Сӯҳробаш ном гузошта, барои ҳамдеҳагон зиёфат орост. Идома
Дар он замон водӣ холӣ буд. Деҳаҳое, ки имрӯз то саду беш аз он буна доранд ва зодагони онҳо барои хона сохтан ҷой намеёбанд, баъзе яку дуву се буна дошта, бархе холӣ, водиро ҷангалҳои анбӯҳи хору буттаву дарахтзорони мева ва дар иҳотаи онҳо ҷо-ҷо заминҳои корам печида буданд. Идома
Дар шабакае барномае аз ҳаёти ваҳш мутаваҷҷеҳи хешам сохт. Галаи гавазнҳои саҳроӣ бо убури дашту даману ҷангалу рӯдхонаҳо мекӯчид ва модагавазне бо бачаи полатхӯрдааш аз он ақиб монд буд… Идома
Назари хешро иброз кунед