Асрори худӣ

Муҳаммад Иқбол

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, 
Каз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Зин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Достонам орзуст.
Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо,
Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст.
                           Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ.

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

                      Тамҳид

Нест дар хушку тари бешаи ман кӯтоҳӣ,
Чӯби ҳар нахл, ки минбар нашавад, дор кунам.
                                          Назирии Нишопурӣ.

Роҳи шаб чун меҳри оламтоб зад,
Гиряи ман бар рухи гул об зад.
Ашки ман аз чашми наргис хоб шуст,
Сабза аз ҳангомаам бедор руст.
Боғбон зури каломам озмуд,
Мисрае кориду шамшере дуруд.
Дар чаман ҷуз донаи ашкам накишт,
Тори афғонам ба пуди боғ ришт.
Зарраам, меҳри мунир они ман аст,
Сад саҳар андар гиребони ман аст.
Хоки ман равшантар аз ҷоми Ҷам аст,
Маҳрам аз нозодҳои олам аст.
Фикрам он оҳу сари фитрок баст,
К-ӯ ҳанӯз аз нестӣ берун наҷаст.
Сабза норӯида зеби гулшанам,
Гул ба шох андар ниҳон дар доманам.
Маҳфили ромишгарӣ барҳам задам,
Захма бар тори раги олам задам.
Баски уди фитратам нодирнавост,
Ҳамнишин аз нағмаам ноошност.
Дар ҷаҳон хуршеди нав зоидаам,
Расму ойини фалак нодидаам.
Рам надида анҷум аз тобам ҳанӯз,
Ҳаст ноошуфта симобам ҳанӯз.
Баҳр аз рақси зиёям бенасиб,
К-ӯ аз ранги ҳиноям бенасиб.
Хӯгари ман нест чашми ҳасту буд,
Ларза бар тан хезам аз бими намуд.
Бомам аз Ховар расиду шаб шикаст,
Шабнами нав бар гули олам нишаст.
Интизори субҳхезон мекашам,
Эй хушо, зартуштиёни оташам.
Нағмаам, аз захма бепарвостам,
Ман навои шоири фардостам.
Асри ман донандаи асрор нест,
Юсуфи ман баҳри ин бозор нест.
Ноумедастам зи ёрони қадим,
Тури ман сӯзад, ки меояд Калим.
Қулзуми ёрон чу шабнам бехурӯш,
Шабнами ман мисли ям тӯфонбадӯш.
Нағмаи ман аз ҷаҳони дигар аст,
Ин ҷарасро корвони дигар аст.
Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод,
Чашми худ барбасту чашми мо кушод.
Рахт боз аз нестӣ берун кашид,
Чун гул аз хоки мазори худ дамид.
Корвонҳо гарчи з-ин саҳро гузашт,
Мисли гоми ноқа камғавғо гузашт.
Ошиқам, фарёд имони ман аст,
Шӯри ҳашр аз пешхезони ман аст.
Нағмаам з-андозаи тор аст беш,
Ман натарсам аз шикасти уди хеш.
Қатра аз селоби ман бегона беҳ,
Қулзум аз ошӯби ӯ девона беҳ.
Дарнамегунҷад ба ҷӯ Уммони ман,
Баҳрҳо бояд пайи тӯфони ман.
Ғунча, к-аз болидагӣ гулшан нашуд,
Дархӯри абри баҳори ман нашуд.
Барқҳо хобида дар ҷони ман аст,
Кӯҳу саҳро боби ҷавлони ман аст.
Панҷа кун бо баҳрам, ар саҳростӣ,
Барқи ман даргир, агар Синостӣ.
Чашмаи ҳайвон баротам кардаанд,
Маҳрами рози ҳаётам кардаанд.
Зарра аз сӯзи навоям зинда гашт,
Пар кушуду кирмаки тобанда гашт.
Ҳеҷ кас розе, ки ман гӯям, нагуфт,
Ҳамчу фикри ман дурри маънӣ насуфт
Сирри айши ҷовидон хоҳӣ, биё,
Ҳам замин, ҳам осмон хоҳӣ, биё.
Пири гардун бо ман ин асрор гуфт:
Аз надимон розҳо натвон нуҳуфт.
Соқиё, бархезу май дар ҷом кун,
Маҳв аз дил ковиши айём кун.
Шӯълаи обе, ки аслаш Замзам аст,
Гар гадо бошад, парастораш Ҷам аст.
Мекунад андешаро ҳушёртар,
Дидаи бедорро бедортар.
Эътибори кӯҳ бахшад коҳро,
Қуввати шерон диҳад рӯбоҳро.
Хокро авҷи Сурайё медиҳад,
Қатраро паҳнои дарё медиҳад.
Хомӯширо шӯриши маҳшар кунад,
Пойи кабк аз хуни боз аҳмар кунад.
Хезу дар ҷомам шароби ноб рез,
Бар шаби андешаам маҳтоб рез.
То сӯйи манзил кашам овораро,
Завқи бетобӣ диҳам наззораро.
Гармрав аз ҷустуҷӯи нав шавам,
Рӯшиноси орзуи нав шавам.
Чашми аҳли завқро мардум шавам,
Чун садо дар гӯши олам гум шавам,
Қимати ҷинси сухан боло кунам,
Оби чашми хеш дар коло кунам.
Боз бархонам зи файзи пири Рум,
Дафтари сарбаста асрори улум.
Ҷони ӯ аз шӯълаҳо сармоядор,
Ман фурӯғи як нафас мисли шарор.
Шамьи сӯзон тохт бар парвонаам,
Бода шабхун рехт бар паймонаам.
Пири Румӣ хокро иксир кард,
Аз ғуборам ҷилваҳо таъмир кард.
Зарра аз хоки биёбон рахт баст,
То шуъои офтоб орад ба даст.
Мавҷаму дар баҳри ӯ манзил кунам,
То дурри тобандае ҳосил кунам.
Ман, ки мастиҳо зи саҳбояш кунам,
Зиндагонӣ аз нафасҳояш кунам.
Шаб дили ман моили фарёд буд,
Хомӯшӣ аз «ё Раб»-ам обод буд.
Шикваошӯби ғами даврон будам,
Аз тиҳипаймонагӣ нолон будам.
Ин қадар наззораам бетоб шуд,
Болу пар бишкасту охир хоб шуд.
Рӯйи худ бинмуд пири Ҳақсиришт,
К-ӯ ба ҳарфи паҳлавӣ Қуръон навишт.
Гуфт: «Эй девонаи арбоби ишқ,
Ҷуръае гир аз шароби ноби ишқ.
Бар ҷигар ҳангомаи маҳшар бизан,
Шиша бар сар, дида бар наштар бизан.
Хандаро сармояи сад нола соз,
Ашки хунинро ҷигар паргола соз.
То ба кай чун ғунча мебошӣ хамӯш,
Накҳати худро чу гул арзонфурӯш.
Дар гиреҳ ҳангома дорӣ чун сипанд,
Маҳмили худ бар сари оташ бибанд.
Чун ҷарас охир зи ҳар ҷузви бадан,
Нолаи хомӯшро берун фикан.
Оташастӣ, базми олам барфурӯз,
Дигаронро ҳам зи сӯзи худ бисӯз.
Фош гӯ асрори пири майфурӯш,
Мавҷи май шав, кисвати мино бинӯш.
Санг шав ойинаи андешаро,
Бар сари бозор бишкан шишаро.
Аз найистон хамчу най пайғом деҳ,
Қайсро аз қавми Ҳақ пайғом деҳ.
Ноларо андози нав эҷод кун,
Базмро аз ҳою ҳу обод кун.
Хезу ҷони нав бидеҳ ҳар зиндаро,
Аз қуми худ зиндатар кун зиндаро.
Хезу по бар ҷодаи дигар бинеҳ,
Ҷӯши савдои куҳан аз сар бинеҳ.
Ошнои лаззати гуфтор шав,
Эй дарои корвон, бедор шав.
3-ин сухан оташ ба пироҳан шудам,
Мисли най ҳангомаобистан шудам.
Чун наво аз тори худ бархостам,
Ҷаннате аз баҳри гӯш оростам.
Баргирифтам парда аз рози худӣ,
Во намудам сирри эъҷози худӣ.
Буд нақши ҳастиям ангорае,
Ноқабуле, нокасе, нокорае.
Ишқ сӯҳон зад маро, одам шудам,
Олами кайфу ками олам шудам.
Ҳаркати аъсоби гардун дидаам,
Дар раги маҳ гардиши хун дидаам.
Баҳри инсон чашми ман шабҳо гирист,
То даридам пардаи асрори зист.
Аз даруни коргоҳи мумкинот
Баркашидам сирри тақвими ҳаёт.
Ман, ки ин шабро чу маҳ оростам,
Гарди пойи миллати байзостам.
Миллате дар боғу роғ овозааш,
Оташи дилҳо суруди тозааш.
Зарра кишту офтоб анбор кард,
Хирман аз сад Румиву Аттор кард.
Оҳи гармам, рахт бар гардун кашам,
Гарчӣ дудам, аз табори оташам.
Хомаам аз ҳиммати фикри баланд,
Рози ин нӯҳ парда дар саҳро фиканд.
Қатра то ҳампояи дарё шавад,
Зарра аз болидагӣ саҳро шавад.
Шоирӣ з-ин маснавӣ мақсуд нест,
Бутпарастӣ, бутгарӣ мақсуд нест.
Ҳиндиям, аз порсӣ бегонаам,
Моҳи нав бошам, тиҳипаймонаам.
Ҳусни андози баён аз ман маҷӯ,
Хонсору Исфаҳон аз ман маҷӯ.
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Фикри ман аз ҷилвааш масҳур гашт,
Хомаи ман шохи нахли Тур гашт.
Порсӣ аз рифъати андешаам,
Дархӯрад бо фитрати андешаам.
Хӯрда бар мино магир, эй ҳушманд,
Дил ба завқи хӯрдаи мино бубанд.

Дар баёни ин ки асли низоми олам аз худӣ аст ва тасалсули ҳаёти таъиноти вуҷуд бар истеҳкоми худӣ инҳисор дорад

Пайкари ҳастӣ зи осори худист,
Ҳарчӣ мебинӣ, зи асрори худист.
Хештанро чун худӣ бедор кард,
Ошкоро олами пиндор кард.
Сад ҷаҳон пӯшида андар зоти ӯ,
Ғайри ӯ пайдост аз исботи ӯ.
Дар ҷаҳон тухми хусумат коштаст,
Хештанро ғайри худ пиндоштаст.
Созад аз худ пайкари ағёрро,
То физояд лаззати пайкорро.
Мекашад аз қуввати бозуи хеш,
То шавад огоҳ аз неруи хеш.
Худфиребиҳои ӯ айни ҳаёт,
Ҳамчу гул аз хун вузӯ айни ҳаёт.
Баҳри як гул хуни сад гулшан кунад,
Аз пайи як нағма сад шеван кунад.
Як фалакро сад ҳилол овардааст,
Баҳри ҳарфе сад мақол овардааст.
Узри ин исрофу ин сангиндилӣ,
Хулқу такмили ҷамоли маънавӣ.
Ҳусни Ширин узри дарди Кӯҳкан,
Нофае узри сад оҳуи Хутан.
Сӯзи пайҳам қисмати парвонаҳо,
Шамъ узри меҳнати парвонаҳо.
Хомаи ӯ нақши сад имрӯз баст,
То биёрад субҳи фардое ба даст.
Шӯълаҳои ӯ сад Иброҳим сӯхт,
То чароғи як Муҳаммад барфурӯхт.
Мешавад аз баҳри ағрози амал,
Омилу маъмулу асбобу илал.
Хезад, ангезад, парад, тобад, рамад,
Сӯзад, афрӯзад, кушад, мирад, дамад.
Вусъати айём ҷавлонгоҳи ӯ,
Осмон мавҷе зи гарди роҳи ӯ.
Гулбаҷайб офоқ аз гулкорияш,
Шаб зи хобаш, рӯз аз бедорияш.
Шӯълаи худ дар шарар тақсим кард,
Ҷузпарастӣ ақлро таълим кард.
Худшикан гардиду аҷзо офарид,
Андаке ошуфту саҳро офарид.
Боз аз ошуфтагӣ безор шуд,
В-аз баҳампайвастагӣ кӯҳсор шуд.
Во намудан хешро хӯйи худист,
Хуфта дар ҳар зарра нерӯи худист.
Қуввати хомӯшу бетоби амал,
Аз амал побанд асбоби амал.
Чун ҳаёти олам аз зури худист,
Пас ба қадри устуворӣ зиндагист.
Қатра чун ҳарфи худӣ аз бар кунад,
Ҳастии бемояро гавҳар кунад.
Бода аз заъфи худӣ бепайкар аст,
Пайкараш миннатпазири соғар аст.
Гарчи пайкар мепазирад ҷоми май,
Гардиш аз мо вом гирад ҷоми май.
Кӯҳ чун аз худ равад, саҳро шавад,
Шиквасанҷи ҷӯшиши дарё шавад.
Мавҷ то мавҷ аст дар оғӯши баҳр,
Мекунад худро савори дӯши баҳр.
Ҳалқае зад нур, то гардид чашм,
Аз талоши ҷилваҳо ҷунбид чашм.
Сабза чун тоби дамид аз хеш ёфт,
Ҳиммати ӯ синаи гулшан шикофт.
Шамъ ҳам худро ба худ занҷир кард,
Хешро аз зарраҳо таъмир кард,
Худгудозӣ пеша кард, аз худ рамид,
Ҳамчу ашк охир зи чашми худ чакид.
Гар ба фитрат пухтатар будӣ нигин,
Аз ҷароҳатҳо биёсудӣ нигин.
Мешавад сармоядори номи ғайр,
Дӯши ӯ маҷрӯҳи бори номи ғайр.
Чун замин бар ҳастии худ маҳкам аст,
Моҳ побанди тавофи пайҳам аст.
Ҳастии меҳр аз замин маҳкамтар аст,
Пас замин масҳури чашми Ховар аст.
Ҷунбиш аз мижгон барад шаъни чинор,
Моядор аз сатвати ӯ кӯҳсор.
Тору пуди кисвати ӯ оташ аст,
Асли ӯ як донаи гарданкаш аст.
Чун худӣ орад ба ҳам нерӯйи зист,
Мекушояд қулзуме аз ҷӯйи зист.

Дар баёни ин ки ҳаёти худӣ аз тахлиқу тавлид мақосид аст

Зиндагониро бақо аз муддаост,
Корвонашро даро аз муддаост.
Зиндагӣ дар ҷустуҷӯ пӯшида аст,
Асли ӯ дар орзу пӯшида аст.
Орзуро дар дили худ зинда дор,
То нагардад мушти хоки ту мазор.
Орзу ҷони ҷаҳони рангу бӯст,
Фитрати ҳар шайъи эмин орзуст.
Аз таманно рақси дил дар синаҳо,
Синаҳо аз тоби ӯ ойинаҳо.
Тоқати парвоз бахшад хокро,
Хизр бошад Мусии идрокро
Дил зи сӯзи орзу гирад ҳаёт,
Ғайри Ҳақ мирад, чу ӯ гирад ҳаёт.
Чун зи тахлиқи таманно бозмонд,
Шаҳпараш бишкасту аз парвоз монд.
Орзу ҳангомаорои худӣ,
Мавҷи бетобе зи дарёи худӣ.
Орзу сайди мақосидро каманд,
Дафтари афъолро шерозабанд.
Зиндаро нафйи таманно мурда кард,
Шӯъларо нуқсони сӯз афсурда кард.
Чист асли дидаи бедори мо?
Баст сурат лаззати дидори мо.
Кабк по аз шӯхии рафтор ёфт,
Булбул аз саъйи наво минқор ёфт.
Най бурун аз найситон обод шуд,
Нағма аз зиндони ӯ озод шуд.
Ақли нудраткӯшу гардунтоз чист?
Ҳеҷ медонӣ, ки ин эьҷоз чист?
Зиндагӣ сармоядор аз орзӯст,
Ақл аз зоидагони батни ӯст.
Чист назми қавму ойину русум?
Чист рози тозагиҳои улум?
Орзуе, к-ӯ ба зӯри худ шикаст,
Сар зи дил берун заду сурат бибаст.
Дасту дандону димоғу чашму гӯш,
Фикру тахйилу шууру ёду ҳӯш.
Зиндагӣ маркаб чу дар ҷангоҳ бохт,
Баҳри ҳифзи хеш ин олот сохт.
Огаҳӣ аз илму фан мақсуд нест,
Ғунчаву гул аз чаман мақсуд нест.
Илм аз сомони ҳифзи зиндагист,
Илм аз асбоби тақвими худист.
Илму фан аз пешхезони хаёт,
Илму фан аз хоназодони ҳаёт.
Эй зи рози зиндагӣ бегона, хез,
Аз шароби мақсаде мастона хез!
Мақсаде мисли саҳар тобандае,
Мосиворо оташи сӯзандае.
Мақсаде аз осмон болотаре,
Дилрабое, дилситоне, дилбаре,
Ботили деринаро ғоратгаре,
Фитна дар ҷайбе, саропо маҳшаре.
Мо зи тахлиқи мақосид зиндаем,
Аз шуъои орзу тобандаем.

Дар баёни ин ки худӣ аз ишқу муҳаббат истеҳком мепазирад

Нуқтаи нуре, ки номи ӯ худист,
Зери хоки мо шарори зиндагист.
Аз муҳаббат мешавад пояндатар,
Зиндатар, сӯзандатар, тобандатар.
Аз муҳаббат иштиоли ҷавҳараш,
Иртиқои мумкиноти музмараш.
Фитрати ӯ оташ андӯзад зи ишқ,
Оламафрӯзӣ биёмӯзад зи ишқ.
Ишқро аз теғу ханҷар бок нест,
Асли ишқ аз обу боду хок нест.
Дар ҷаҳон ҳам сулҳу ҳам пайкор ишқ,
Оби ҳайвон, теғи ҷавҳардор ишқ.
Аз нигоҳи ишқ хоро шақ шавад,
Ошиқи Ҳақ охир саропо ҳақ шавад.
Ошиқӣ омӯзу маҳбубӣ талаб,
Чашми нӯҳӣ, қалби айюбӣ талаб.
Кимиё пайдо кун аз мушти гиле,
Бӯса зан бар остини комиле.
Шамъи худро ҳамчу Румӣ барфурӯз,
Румро дар оташи Табрез сӯз.
Ҳаст маьшуқе ниҳон андар дилат,
Чашм агар дорӣ, биё, бинмоямат.
Ошиқони ӯ зи хубон хубтар,
Хуштару зеботару маҳбубтар.
Дил зн ишқи ӯ тавоно мешавад,
Хок ҳамдӯши Сурайё мешавад.
Хоки Наҷд аз файзи ӯ чолок шуд,
Омад андар ваҷду бар афлок шуд.
Дар дили муслим мақоми Мустафост,
Обрӯи мо зи номи Мустафост.
Тур мавҷе аз ғубори хонааш,
Каъбаро Байтулҳарам кошонааш.
Камтар аз оне, зи авқоташ абад,
Косиби афзоиш аз зоташ абад.
Бурё мамнуни хоби роҳаташ,
Тоҷи Кисро зери пойи умматаш.
Дар шабистони Ҳиро хилват гузид,
Қавму ойину ҳукумат офарид.
Монд шабҳо чашми ӯ маҳруми навм,
То ба тахти хусравӣ хобид қавм.
Вақти ҳайҷо теғи ӯ оҳангудоз,
Дидаи ӯ ашкбор андар намоз.
Дар дуои нусрат омин теғи ӯ,
Қотеи насли салотин теғи ӯ.
Дар ҷаҳон ойини нав оғоз кард,
Маснади ақвоми пешин дарнавард.
Аз калиди дин дари дунё кушод,
Ҳамчу ӯ батни уми гетӣ назод.
Дар нигоҳи ӯ яке болову паст,
Бо ғуломи хеш бар як хон нишаст.
Дар масофе пеши он гардунсарир,
Духтари сардори Тай омад асир.
Пой дар занҷиру ҳам бепарда буд,
Гардан аз шарму ҳаё хам карда буд.
Духтаракро чун Набӣ бепарда дид,
Чодари худ пеши рӯи ӯ кашид.
Мо аз он хотуни Тай урёнтарем,
Пеши ақвоми ҷаҳон бечодарем.
Рӯзи маҳшар эътибори мост ӯ,
Дар ҷаҳон ҳам пардадори мост ӯ.
Лутфу қаҳри ӯ саропо раҳмате,
Он ба ёрон, ин ба аъдо раҳмате.
Он ки бар аъдо дари раҳмат кушод,
Маккаро пайғоми «лотасриб» дод.
Мо, ки аз қайди ватан бегонаем,
Чун нигаҳ нури ду чашмему якем.
Аз Ҳиҷозу Чину Эронем мо,
Шабнами як субҳи хандонем мо.
Масти чашми соқии Батҳостем,
Дар ҷаҳон мисли маю миностем.
Имтиёзоти насабро пок сӯхт,
Оташи ӯ ин хасу хошок сӯхт.
Чун гули садбарг моро бӯ якест,
Ӯст ҷони ин низому ӯ якест.
Сирри макнуни дили ӯ мо будем,
Наъра бебокона зад, ифшо шудем.
Шӯри ишқаш дар найи хомӯши ман,
Метапад сад нағма дар оғӯши ман.
Ман чӣ гӯям аз таваллояш, ки чист,
Хушкчӯбе дар фироқи ӯ гирист.
Ҳастии муслим таҷаллигоҳи ӯ,
Турҳо болад зи гарди роҳи ӯ.
Пайкарамро офарид оинааш,
Субҳи ман аз офтоби синааш.
Дартапиди дам ба дам ороми ман,
Гармтар аз субҳи маҳшар шоми ман.
Абр озор асту ман бустони ӯ,
Токи ман намнок аз борони ӯ.
Чашм дар кишти муҳаббат коштам,
Аз тамошо ҳосиле бардоштам.
Хоки Ясриб аз ду олам хуштар аст,
Эй хунук шаҳре, ки он ҷо дилбар аст.
Куштаи андози Мулло Ҷомиям,
Назму насри ӯ илоҷи хомиям.
Шеър лабрези маъонӣ гуфтааст,
Дар санойи хоҷа гавҳар суфтааст.
«Нусхаи кавнайнро дебоча ӯст,
Ҷумла олам бандагону хоҷа ӯст». 1
Кайфиятҳо хезад аз саҳбои ишқ,
Ҳаст ҳам тақлид аз асмои ишқ.
Комили Бастом дар тақлиди фард
Иҷтиноб аз хӯрдани харбуза кард.
Ошиқӣ? Маҳкам шав аз тақлиди ёр,
То каманди ту шавад яздоншикор.
Андаке андар Ҳирои дил нишин,
Тарки худ кун, сӯи Ҳақ хиҷрат гузин.
Маҳкам аз Ҳақ шав, сӯи худ гом зан,
Лоту Уззои ҳавасро сар шикан.
Лашкаре пайдо кун аз султони ишқ,
Ҷилвагар шав бар сари Форони ишқ.
То Худои Каъба бинвозад туро,
Шарҳи «иннӣ ҷоъилун» созад туро.

Дар баёни ин ки худӣ аз суол заъиф мегардад

Эй фароҳам карда аз шерон хироҷ,
Гаштаӣ рӯбаҳмизоҷ аз эҳтиёҷ.
Хастагиҳои ту аз нодорӣ аст,
Асли дарди ту ҳамин беморӣ аст.
Мерабояд рифъат аз фикри баланд,
Мекушад шамъи хаёли арҷманд.
Аз хуми ҳастӣ майи гулфом гир,
Нақди худ аз кисаи айём гир.
Худ фуруд о аз шутур мисли Умар,
Алҳазар аз миннати ғайр, алҳазар!
То ба кай дарюзаи мансаб кунӣ,
Сурати тифлон зи най маркаб кунӣ.
Фитрате, к-ӯ бар фалак бандад назар,
Паст мегардад зи эҳсони дигар.
Аз суол ифлос гардад хортар,
Аз гадоӣ гидягар нодортар.
Аз суол ошуфта аҷзои худӣ,
Бе таҷаллӣ нахли Синои худӣ.
Мушти хоки хешро аз ҳам мапош,
Мисли маҳ ризқи худ аз паҳлӯ тарош.
Гарчи бошӣ тангрӯзу тангбахт,
Дар раҳи сели бало афканда рахт,
Ризқи хеш аз неъмати дигар маҷӯ,
Мавҷи об аз чашман Ховар маҷӯ.
То мабошӣ пеши Пайғамбар хиҷил,
Рӯзи фардое, ки бошад, ҷонгусил.
Моҳро рӯзӣ расад аз хони меҳр,
Доғ бар дил дорад аз эҳсони меҳр.
Ҳиммат аз Ҳақ хоҳу бо гардун ситез,
Обрӯи миллати байзо марез.
Он ки хошоки бутон аз Каъба рӯфт,
Марди косибро ҳабибуллоҳ гуфт.
Вой бар миннатпазири хони ғайр,
Гарданаш хамгаштаи эҳсони ғайр.
Хешро аз барқи лутфи ғайр сӯхт,
Бо пашизе мояи ғайрат фурӯхт.
Эй хунук он ташна, к-андар офтоб
Менахоҳад аз Хизар як ҷоми об.
Тарҷабин аз хиҷлати соил нашуд,
Шакли одам монду мушти гил нашуд.
Зери гардун он ҷавони арҷманд,
Меравад мисли санавбар сарбаланд.
Дар тиҳидастӣ шавад худдортар,
Бахти ӯ хобида, ӯ бедортар.
Қулзуми занбил сели оташ аст,
Гар зи дасти худ расад шабнам хуш аст.
Чун ҳубоб аз ғайрати мардона бош,
Ҳам ба баҳр андар нагун паймона бош.

Дар баёни ин ки чун худӣ аз ишқу муҳаббат маҳкам мегардад, қувои зоҳира ва махфияи низоми оламро мусаххар месозад

Аз муҳаббат чун худӣ маҳкам шавад,
Қувваташ фармондеҳи олам шавад.
Пири гардун, к-аз кавокиб нақш баст,
Ғунчаҳо аз шохсори ӯ шикаст.
Панҷаи ӯ панҷаи Ҳақ мешавад,
Моҳ аз ангушти ӯ шақ мешавад.
Дар хусумоти ҷаҳон гардад ҳакам,
Тобеъи фармони ӯ Дорову Ҷам.
Бо ту мегӯям ҳадиси Буалӣ,
Дар саводи Ҳинд номи ӯ ҷалӣ.
Он навопирои гулзори куҳан
Гуфт бо мо аз гули раъно сухан.
Хиттаи ин ҷаннати оташнажод,
Аз ҳавои доманаш минусавод.
Кӯчакабдолаш сӯи бозор рафт,
Аз шароби Буалӣ саршор рафт.
Омили он шаҳр меомад савор,
Ҳамрикоби ӯ ғулому чӯбдор.
Пешрав зад бонг: «Эй ноҳушманд,
Бар ҷилавдорони омил раҳ мабанд!»
Рафт он дарвеш сарафганда пеш,
Ғӯтазан андар ями афкори хеш.
Чӯбдор аз ҷоми истиқбор маст,
Бар сари дарвеш чӯби худ шикаст.
Аз раҳи омил фақир озурда рафт,
Дилгарону нохушу афсурда рафт.
Дар ҳузури Буалӣ фарёд кард,
Ашк аз зиндони чашм озод кард.
Сурати барқе, ки бар кӯҳсор рехт,
Шайх сели оташ аз гуфтор рехт.
Аз раги ҷон оташи дигар кушуд,
Бо дабири хеш иршоде намуд:
«Хомаро баргиру фармоне навис!
Аз фақире сӯйи султоне навис!
Бандаамро омилат бар дар задаст,
Бар матоъи ҷони худ ахгар задаст.
Боз гир ин омили бадгавҳаре
Варна бахшам мулки ту бо дигаре.»
Номаи он бандаи ҳақдастгоҳ
Ларзаҳо андохт дар андоми шоҳ.
Пайкараш сармояи олом гашт,
Зард мисли офтоби шом гашт.
Баҳри омил ҳалқаи занҷир ҷуст,
Аз қаландар афви ин тақсир ҷуст.
Хусрави ширинзабон, рангинбаён,
Нағмаҳояш аз замири кун факон
Фитраташ раншан мисоли моҳтоб
Гашт аз баҳри сафорат интихоб.
Чангро пеши қаландар чун навохт,
Аз навое шишаи ҷонаш гудохт.
Шавкате, к-ӯ пухта чун кӯҳсор буд,
Қимати як нағмаи гуфтор буд.
Нештар бар қалби дарвешон мазан,
Хешро дар оташи сӯзон мазан.

Ҳикоят дар ин маънӣ, ки масъалаи нафйи худӣ аз мухтареъоти ақвоми мағлубаи бани навъи инсон аст, ки ва ин тариқи махфӣ ахлоқи ақвоми ғолибаро заъиф месозанд

Он шуиидастӣ, ки дар аҳди қадим
Гӯсфандон дар алафзоре муқим.
Аз вуфури коҳ наслафзо буданд,
Фориғ аз андешаи аъдо буданд.
Охир аз носозии тақдир меш
Гашт аз тири балое синареш.
Шерҳо аз беша сар берун заданд,
Бар алафзори бузон шабхун заданд.
Ҷазбу истило шиъори қувват аст,
Фатҳ рози ошкори қувват аст.
Шери нар кӯси шаҳаншоҳӣ навохт,
Мешро аз ҳуррият маҳрум сохт.
Баски аз шерон наёбад ҷуз шикор,
Сурх шуд аз хуни меш он марғзор.
Гӯсфанде зираке, фаҳмидае,
Кӯҳнасоле, гурги борондидае.
Тангдил аз рӯзгори қавми хеш,
Аз ситамҳои ҳужаброн синареш.
Шикваҳо аз гардиши тақдир кард,
Кори худро маҳкам аз тадбир кард.
Баҳри ҳифзи хеш марди нотавон
Ҳилаҳо ҷӯяд зи аҳли кордон.
Дар ғуломӣ аз пайи дафъи зарар,
Қуввати тадбир гардад тезтар.
Пухта чун гардад ҷунуни интиқом,
Фитнаандешӣ кунад ақли ғулом.
Гуфт бо худ: «Уқдаи мо мушкил аст,
Қулзуми ғамҳои мо бе соҳил аст.
Меш натвонад ба зӯр аз шер раст,
Симсоъид мову ӯ пӯлоддаст.
Нест мумкин, к-аз камоли ваъзу панд
Хӯйи гургӣ офаринад гӯсфанд.
Шери нарро меш кардан мумкин аст,
Ғофилаш аз хеш кардан мумкин аст.
Соҳиби овозаи илҳом гашт,
Воъизи шерони хуношом гашт»
Наъра зад: «Эй қавми каззоби ашир,
Бехабар аз явми наҳси мустамир.
Моядор аз қуввати рӯҳонием,
Баҳри шерон мурсали яздонием.
Дидаи бенурро нур омадам,
Соҳиби дастуру маъмур омадам.
Тавба аз аъмоли номаҳмуд кун,
Эй зиёнандеш, фикри суд кун.
Ҳар ки бошад тунду зӯровар, шақист,
Зиндагӣ мустахкам аз нафйи худист.
Рӯҳи некон аз алаф ёбад ғизо,
Торикуллаҳм аст мақбули Худо.
 Тезии дандон туро расво кунад,
Дидаи идрокро аъмо кунад.»
Ҷаннат аз баҳри заъифон асту бас,
Қувват аз асбоби хусрон асту бас.
Ҷустуҷӯи азмату сатват шар аст,
Тангдастӣ аз аморат хуштар аст.
Барқи сӯзон дар камини дона нест,
Дона гар хирман шавад, фарзона нест.
Зарра шав, саҳро машав, гар оқилӣ,
То зи нури офтобе бархӯрӣ.
Эй, ки менозӣ ба забҳи гӯсфанд,
Забҳ кун худро, ки бошӣ арҷманд.
Зиндагиро мекунад нопойдор
Ҷабру қаҳру интиқому иқтидор.
Сабза помол асту рӯяд бор, бор,
Хоб марг аз дида шӯяд бор, бор.
Ғофил аз худ шав, агар фарзонаӣ,
Гар зи худ ғофил наӣ, девонаӣ.
Чашм банду гӯш банду лаб бибанд,
То расад фикри ту бар чархи баланд.
Ин алафзори ҷаҳон ҳеҷ аст, ҳеҷ,
Ту бар ин мавҳум, эй нодон, мапеч.
Хайли шер аз сахткӯшӣ хаста буд,
Дил ба завқи танпарастӣ баста буд.
Омадаш ин панди хобовар писанд,
Хӯрд аз хомӣ фусуни гӯсфанд.
Он ки кардӣ гӯсфандонро шикор,
Кард дини гӯсфандӣ ихтиёр.
Бо палангон созгор омад алаф,
Гашт охир гавҳари шерӣ хазаф.
Аз алаф он тезии дандон намонд,
Ҳайбати чашми шарарафшон намонд.
Дил ба тадриҷ аз миёни сина рафт,
Ҷавҳари ойина аз ойина рафт.
Он ҷунуни кӯшиши комил намонд,
Он тақозои амал дар дил намонд.
Иқтидору азму истиқлол рафт,
Эьтибору иззату иқбол рафт.
Панҷаҳои оҳанин безӯр шуд,
Мурда шуд дилҳову танҳо гӯр шуд.
Зӯри тан коҳиду хавфи ҷон фузуд,
Хавфи ҷон сармояи ҳиммат рабуд.
Сад мараз пайдо шуд аз беҳимматӣ,
Кӯтадастӣ, бедилӣ, дунфитратӣ.
Шери бедор аз фусуни меш хуфт,
Инҳитоти хешро таҳзиб гуфт.

Дар маънии ин ки Афлотуни юнонӣ, ки тасаввуфу адабиёти ақвоми исломия аз афкори ӯ асари азим пазируфта, бар маслаки гӯсфандӣ рафтааст ва аз тахайюлоти ӯ эҳтироз воҷиб аст

Роҳиби дерина Афлотун-ҳаким
Аз гурӯҳи гӯсфандони қадим.
Рахши ӯ дар зулмати маъқул гум,
Дар кӯҳистони вуҷуд афканда сум.
Ончунон афсуни номаҳсус хӯрд,
Эътибор аз дасту чашму гӯш бурд.
Гуфт: «Сирри зиндагӣ дар мурдан аст,
Шамъро сад ҷилва аз афсурдан аст.»
Бар тахайюлҳои мо фармонравост,
Ҷоми у хобовару гетирабост.
Гӯсфанде дар либоси одам аст,
Ҳукми ӯ бар ҷони сӯфӣ махкам аст.
Ақли худро бар сари гардун расонд,
Олами асбобро афсона хонд.
Кори ӯ таҳлили аҷзои ҳаёт,
Қатъи шохи сарви раънои хаёт.
Фикри Афлотун зиёнро суд гуфт,
Ҳикмати ӯ будро нобуд гуфт.
Фитраташ хобиду хобе офарид,
Чашми ҳуши ӯ саробе офарид.
Баски аз завқи амал маҳрум буд,
Ҷони ӯ ворафтаи маъдум буд.
Мункири ҳангоман мавҷуд гашт,
Холиқи аъёни номашҳуд гашт.
Зиндаҷонро олами имкон хуш аст,
Мурдадилро олами аъён хуш аст.
Оҳуяш бебаҳра аз лутфи хиром,
Лаззати рафтор бар кабкаш ҳаром.
Шабнамаш аз тоқати рам бенасиб,
Тоирашро сина аз дам бенасиб.
Завқи рӯидан надорад донааш,
Аз тапидан бехабар парвонааш.
Роҳиби мо чора ғайр аз рам надошт,
Тоқати ғавғои ин олам надошт.
Дил ба сӯзи шӯълаи афсурда баст,
Нақши он дунёи афюнхӯрда баст.
Аз нишеман сӯи гардун пар кушуд,
Боз сӯйи ошён н-омад фуруд.
Дар хуми гардун хаёли ӯ гум аст,
Ман надонам, дурд ё хишти хум аст.
Қавмҳо аз сукри ӯ масмум гашт,
Хуфту аз завқи амал маҳрум гашт.

Дар ҳақиқати шеър ва ислоҳи адабиёти исломия

Гармхун инсон зи доғи орзу,
Оташин хок аз чароғи орзу.
Аз таманно май ба ҷом омад ҳаёт,
Гармхезу тезгом омад ҳаёт.
Зиндагӣ мазмуни тасхир асту бас,
Орзу афзуни тасхир асту бас.
Зиндагӣ сайдафкану дом орзу,
Ҳуснро аз ишқ пайғом орзу.
Аз чӣ рӯ хезад таманно дам ба дам,
Ин навои зиндагиро зеру бам.
Ҳарчи бошад хубу зебову ҷамил
Дар биёбони талаб моро далил,
Нақши ӯ маҳкам нишинад дар дилат,
Орзуҳо офаринад дар дилат.
Ҳусн халлоқи баҳори орзуст
Ҷилвааш парвардигори орзуст.
Синаи шоъир таҷаллизори ҳусн,
Хезад аз Синои ӯ анвори ҳусн.
Аз нигоҳаш хуб гардад хубтар,
Фитрат аз афсуни ӯ маҳбубтар.
Аз дамаш булбул наво омӯхтаст,
Ғозааш рухсори гул афрӯхтаст.
Сӯзи ӯ андар дили парвонаҳо,
Ишқро рангин аз ӯ афсонаҳо.
Баҳру бар пӯшида дар обу гилаш,
Сад ҷаҳони тоза музмар дар дилаш.
Дар димоғаш нодамида лолаҳо,
Ношунида нағмаҳо, ҳам нолаҳо.
Фикри ӯ бо моҳу анҷум ҳамнишин,
Зиштро ноошно, хубофарин.
Хизр дар зулмоти ӯ оби ҳаёт,
Зиндатар аз оби чашмаш коинот.
Мо гаронсайрему хому содаем,
Дар раҳи манзил зи по уфтодаем.
Андалеби ӯ наво пардохтаст,
Ҳилае аз баҳри мо андохтаст,
То кашад моро ба фирдавси ҳаёт,
Ҳалқаи комил шавад қавси ҳаёт.
Корвонҳо аз дарояш гомзан,
Дар пайи овози нояш гомзан.
Чун насимаш дар риёзи мо вазад,
Нармак андар лолаву гул мехазад.
Аз фиреби ӯ худафзо зиндагӣ,
Худҳисобу ношикебо зиндагӣ.
Аҳли оламро сало бар хон кунад,
Оташи худро чу бод арзон кунад.
Вой қавме, к-аз аҷал гирад барот,
Шоъираш вобӯсад аз завқи ҳаёт.
Хуш намояд зиштро ойинааш,
Дар ҷигар сад наштар аз нӯшинааш.
Бӯсаи ӯ тозагӣ аз гул барад,
Завқи парвоз аз дили булбул барад.
Суст аъсоби ту аз афюни ӯ,
Зиндагонӣ қимати мазмуни ӯ.
Мерабояд завқи раъноӣ зи сарв,
Ҷуррашоҳин аз дами сардаш тазарв.
Моҳиву аз сина то сар одам аст,
Чун наботиошён андар ям аст.
Аз наво бар нохудо афсун занад,
Киштияш дар қаъри дарё афканад.
Нағмаҳояш аз дилат дуздад субот,
Маргро аз сеҳри ӯ донӣ ҳаёт.
Дояи ҳастӣ зи ҷони ту барад,
Лаъли уннобӣ зи кони ту барад.
Чун зиён пироя бандад судро,
Мекунад мазмум ҳар маҳмудро.
Дар ями андеша андозад туро,
Аз амал бегона месозад туро.
Хаставу мо аз каломаш хастатар,
Анҷуман аз даври ҷомаш хастатар.
Ҷӯи барқе нест дар найсони ӯ,
Як сароби рангу бӯ бустони ӯ.
Ҳусни ӯро бо садоқат кор нест,
Дар ямаш ҷуз гавҳари тафдор нест.
Хобро хуштар зи бедорӣ шумурд,
Оташи мо аз нафасҳояш фусурд.
Қалб масмум аз суруди булбулаш,
Хуфта море зери анбори гулаш.
Аз хуму минову ҷомаш алҳазар,
Аз майи ойинафомаш алҳазар.
Эй зипоафтодаи саҳбои ӯ,
Субҳи ту аз машриқи минои ӯ.
Эй дилат аз нағмаҳояш сардҷӯш,
Заҳри қотил хӯрдаӣ аз роҳи гӯш.
Эй далели инҳитот андози ту,
Аз наво афтод тори сози ту.
Ончунон зор аз таносонӣ шудӣ,
Дар ҷаҳон нанги мусалмонӣ шудӣ.
Дар раги гул метавон бастан туро,
Аз насиме метавон хастан туро.
Ишқ расво гашта аз фарёди ту,
Зиштрӯ тимсолаш аз беҳзоди ту.
Зард аз озори ту рухсори ӯ,
Сардии ту бурда сӯз аз нори ӯ.
Хастаҷон аз хастаҷониҳои ту,
Нотавон аз нотавониҳои ту.
Гиряи тифлона дар паймонааш,
Кулфати оҳе матоъи хонааш.
Сархуш аз дарюзаи майхонаҳо,
Ҷилвадузди равзани кошонаҳо.
Нохуше, афсурдае, озурдае,
Аз лагадкӯби нигаҳбон мурдае,
Аз ғамон монанди най коҳидае,
В-аз фалак сад шиква бар лаб чидае.
Лобаву кин ҷавҳари ойинааш,
Нотавонӣ ҳамдами деринааш.
Пастбахту зердасту дунниҳод,
Носазову ноумеду номурод.
Шеванаш аз ҷони ту сармоя бурд,
Лутфи хоб аз дидаи ҳамсоя бурд.
Вой бар ишқе, ки нори ӯ фусурд,
Дар Ҳарам зоиду дар бутхона мурд.
Эй миёни кисаат нақди сухан,
Бар аёри зиндагӣ ӯро бизан.
Фикри равшанбин амалро раҳбар аст,
Чун дурахши барқи пеш аз тундар аст.
Фикри солеҳ дар адаб мебоядат,
Раҷъате сӯи Араб мебоядат.
Дил ба Салмои Араб бояд супурд,
То дамад субҳи Ҳиҷоз аз шоми Курд.
Аз чаманзори Аҷам гул чидаӣ,
Навбаҳори Ҳинду Эрон дидаӣ.
Андаке аз гармии саҳро бихӯр,
Бодаи дерина аз хурмо бихӯр.
Сар яке андар бари гармаш бидеҳ,
Тан даме бо сарсари гармаш бидеҳ.
Муддате ғалтидаӣ андар ҳарир,
Хӯ ба карбоси дуруште ҳам бигир.
Қарнҳо бар лола по кӯбидаӣ,
Ораз аз шабнам чу гул шӯидаӣ.
Хешро бар реги сӯзои ҳам бизан,
Ғӯта андар чашман Замзам бизан.
Мисли булбул завқи шеван то куҷо?
Дар чаманзорон нишеман то куҷо?
Эй ҳумо аз юмни домат арҷманд,
Ошёне соз бар кӯҳи баланд.
Ошёни барқу тундар дар баре,
Аз куноми ҷуррабозон бартаре.
То шавӣ дархӯрди пайкори ҳаёт,
Ҷисму ҷонат сӯзад аз нори ҳаёт.

Дар баёни ин ки тарбияти худиро се мароҳил аст: марҳалаи аввалро итоъат ва марҳалаи дуввумро забти нафс ва марҳалаи саввумро ниёбати илоҳӣ номидаанд

Марҳалаи аввал: итоъат.

Хидмату меҳнат шиъори уштур аст,
Сабру истиқлол кори уштур аст.
Гоми ӯ дар роҳ камғавғостӣ,
Корвонро заврақи саҳростӣ.
Нақши пояш қисмати ҳар бешае,
Камхӯру камхобу меҳнатпешае.
Маст зери бори маҳмил меравад,
Пойкӯбон сӯйи манзил меравад.
Сархуш аз кайфияти рафтори хеш,
Дар сафар собиртар аз асвори хеш.
Ту ҳам аз бори фароиз сар матоб,
Бархӯрӣ аз «индаҳу хуснул маъоб.»
Дар итоъат кӯш, эй ғафлатшиъор,
Мешавад аз ҷабр пайдо ихтиёр.
Нокас аз фармонпазирӣ кас шавад,
Оташ ар бошад, зи туғён хас шавад.
Ҳар ки тасхири Маҳу Парвин кунад,
Хешро занҷирии ойин кунад.
Бодро зиндон гули хушбӯ кунад,
Қайд бӯро нофаи оҳу кунад.
Мезанад ахтар сӯи манзил қадам,
Пеши ойине сари таслим хам.
Сабза бар дайни нумӯ рӯидааст,
Поймол аз тарки он гардидааст.
Лола пайҳам сӯхтан қонуни ӯ,
Барҷаҳад андар раги ӯ хуни ӯ
Қатраҳо дарёст аз ойини васл,
Зарраҳо саҳрост аз ойини васл.
Ботини ҳар шай зи ойине қавӣ,
Ту чаро ғофил аз ин сомон равӣ?
Боз, эй озоди дастури қадим,
Зинати по кун ҳамон занҷири сим.
Шиквасанҷи сахтии ойин машав,
Аз ҳудуди Мустафо берун марав.

Марҳалаи дуввум: забти нафс.

Нафси ту мисли шутур худпарвар аст,
Худпарасту худсавору худсар аст.
Мард шав, овар зимоми ӯ ба каф,
То шавӣ гавҳар, агар бошӣ хазаф.
Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон,
Мешавад фармонпазир аз дигароп.
Тарҳи таъмири ту аз гил рехтанд,
Бо муҳаббат хавфро омехтанд.
Хавфи дунё, хавфи уқбо, хавфи ҷон,
Хавфи оломи замину осмон.
Ҳубби молу давлату ҳубби ватан,
Ҳубби хешу ақрабову ҳубби зан.
Имтизоҷи мову тин танпарвар аст,
Куштаи фаҳшо ҳалоки мункар аст.
То асои «ло илаҳ» дорӣ ба даст,
Ҳар тилисми хавфро хоҳӣ шикаст.
Ҳар кӣ Ҳақ бошад чу ҷон андар танаш,
Хам магардад пеши ботил гарданаш.
Хавфро дар синаи ӯ роҳ нест,
Хотираш маръуби ғайриллоҳ нест.
Ҳар кӣ дар иқдими «ло» обод шуд,
Фориғ аз банди зану авлод шуд.
Мекунад аз мосиво қатъи назар,
Мениҳад сотур бар ҳалқи писар.
Бо яке мисли ҳуҷуми лашкар аст,
Ҷон ба чашми ӯ зи бод арзонтар аст.
«Ло илаҳ» бошад садаф, гавҳар-намоз,
Қалби муслимро ҳаҷи асғар намоз.
Дар кафи муслим мисоли ханҷар аст,
Қотили фаҳшову бағю мункар аст.
Рӯза бар ҷуъву аташ шабхун занад,
Хайбари танпарвариро бишканад.
Мӯъминонро фитратафрӯз аст ҳаҷ,
Ҳиҷратомӯзу ватансӯз аст ҳаҷ.
Тоъате сармояи ҷамъияте,
Рабти авроқи китоби миллате.
Ҳубби давлатро фано созад закот,
Ҳам мусовотошно созад закот.
Дил зи ҳатто тунфиқу» маҳкам кунад,
Зар физояд, улфати зар кам кунад.
Ин ҳама асбоби истеҳкоми туст,
Пухтаӣ маҳкам агар Исломи туст.
Аҳли қувват шав зи дардӣ ё қавӣ,
То савори уштури хокӣ шавӣ.

Марҳалаи саввум: ниёбати илоҳӣ.

Гар шутурбонӣ, ҷаҳонбонӣ кунӣ,
Зеби сар тоҷи Сулаймонӣ кунӣ.
То ҷаҳон бошад, ҷаҳоноро шавӣ,
Тоҷдори мулки лоябло шавӣ.
Ноиби Ҳақ дар ҷаҳон будан хуш аст
Бар аносир ҳукмрон будан хуш аст.
Ноиби Ҳақ хамчу ҷони олам аст,
Ҳастии ӯ зилли исми аъзам аст.
Аз румузи ҷузву кул огаҳ бувад,
Дар ҷаҳон қоим ба амруллаҳ бувад.
Хайма чун дар вусъати олам занад,
Ин бисоти кӯҳнаро барҳам занад.
Фитраташ маъмуру мехоҳад намуд,
Олами дигар биёрад дар вуҷуд.
Сад ҷаҳон мисли ҷаҳони ҷузву кул
Рӯяд аз кишти хаёли ӯ чу гул.
Пухта созад фитрати ҳар хомро,
Аз Ҳарам берун кунад асномро.
Нағмазо тори дил аз мизроби ӯ,
Баҳри Ҳақ бедории ӯ, хоби ӯ.
Шайбро омӯзад оҳанги шабоб,
Медиҳад ҳар чизро ранги шабоб.
Навъи инсонро баширу ҳам назир,
Ҳам сипоҳӣ, ҳам сипаҳгар, ҳам амир.
Муддаъои аллама-л-асмостӣ,
Сирри субҳона-л-лазӣ асростӣ.
Аз асо дасти сафедаш маҳкам аст,
Қудрати комил ба илмаш тавъам аст.
Чун асо гирад ба даст он шаҳсавор,
Тезтар гардад саманди рӯзгор.
Хушк созад ҳайбати ӯ Нилро,
Мебарад аз Миср Исроилро.
Аз қум»и ӯ хезад андар гӯр тан,
Мурдаҷонҳо чун санавбар дар чаман.
Зоти ӯ тавҷеҳи зоти олам аст,
Аз ҷалоли ӯ наҷоти олам аст.
Зарра хуршедошно аз сояаш,
Қимати ҳастӣ гарон аз мояаш.
Зиндагӣ бахшад зи эъҷози амал,
Мекунад таҷдид андози амал.
Ҷилваҳо хезад зи нақши пои ӯ,
Сад Калим овораи Синои ӯ.
Зиндагиро мекунад тафсири нав,
Медиҳад ин хобро таъбири нав.
Ҳастии макнуни ӯ рози ҳаёт,
Нағмаи нашнидаи сози ҳаёт.
Табъи мазмунбанди фитрат хун шавад,
То ду байти зоти ӯ мавзун шавад.
Мушти хоки мо сари гардун расид,
3-ин ғубор он шаҳсавор ояд падид.
Хуфта дар хокистари имрӯзи мо
Шӯълаи фардои оламсӯзи мо.
Ғунчаи мо гулситон дар доман аст,
Чашми мо аз субҳи фардо равшан аст.
Эй савори ашҳаби даврон, биё,
Эй фурӯғи дидаи имкон, биё.
Равнақи ҳангомаи эҷод шав,
Дар саводи дидаҳо обод шав.
Шӯриши ақвомро хомӯш кун,
Нағмаи худро биҳишти гӯш кун.
Хезу қонуни ухувват соз деҳ,
Ҷоми саҳбои муҳаббат боз деҳ.
Боз дар олам биёр айёми сулҳ,
Ҷангҷӯёнро бидеҳ пайғоми сулҳ.
Навъи инсон мазраъу ту ҳосилӣ,
Корвони зиндагиро манзилӣ.
Рехт аз ҷаври хазон барги шаҷар,
Чун баҳорон бар риёзи мо гузар.
Саҷдаҳои тифлаку барнову пир
Аз ҷабини шармсори мо бигир.
Аз вуҷуди ту сарафрозем мо,
Пас ба сӯзи ин ҷаҳон созем мо.

Дар шарҳи асрори асмои Алӣ Муртазо

Муслими аввал шаҳи мардон Алӣ,
Ишқро сармояи имон Алӣ.
Аз валои дудмонаш зиндаам,
Дар ҷаҳон мисли гуҳар тобандаам.
Наргисам, ворафтаи наззораам,
Дар хиёбонаш чу бӯ овораам.
Замзам ар ҷӯшад зи хоки ман, аз ӯст,
Май агар резад зи токи ман, аз ӯст.
Хокаму аз меҳри ӯ ойинаам,
Метавон дидан наво дар синаам.
Аз рухи ӯ фол Пайғамбар гирифт,
Миллати Ҳақ аз шукӯҳаш фар гирифт.
Қуввати дини мубин фармудааш,
Коинот ойинпазир аз дудааш.
Мурсали Ҳақ кард номаш Бутуроб,
Ҳақ ядуллаҳ хонд дар Умм-ул-китоб.
Ҳар кӣ донои румузи зиндагист,
Сирри асмои Алӣ донад, ки чист.
Хоки торике, ки номи ӯ тан аст,
Ақл аз бедоди ӯ дар шеван аст.
Фикр гардунрас, заминпаймо аз ӯ,
Чашм кӯру гӯш ношунво аз ӯ.
Аз ҳавас теғи дурӯ дорад ба даст,
Раҳравонро дил бар ин раҳзан шикаст.
Шери Ҳақ ин хокро тасхир кард,
Ин гули торикро иксир кард.
Муртазо, к-аз теғи ӯ Ҳақ равшан аст,
Бутуроб аз фатҳи иқлими тан аст.
Мард кишваргир аз каррорӣ аст,
Гавҳарашро обрӯ худдорӣ аст.
Ҳар кӣ дар офоқ гардад Бутуроб,
Бозгардонад зи Мағриб офтоб.
Ҳар ки зин бар маркаби тан танг баст,
Чун нигин бар хотами давлат нишаст.
Зери пош ин ҷо шукӯҳи Хайбар аст,
Дасти ӯ он ҷо қасими Кавсар аст.
Аз худогоҳӣ ядуллоҳӣ кунад,
Аз ядуллоҳӣ шаҳаншоҳӣ кунад.
Зоти ӯ дарвозаи шаҳри улум,
Зери фармонаш Ҳиҷозу Чину Рум.
Ҳукмрон бояд шудан бар хоки хеш,
То майи равшан хӯрӣ аз токи хеш
Хок гаштан мазҳаби парвонагист,
Хокро аб шав, ки ин мардонагист.
Санг шав, эй ҳамчу гул нозукбадан,
То шавӣ бунёди девори чаман.
Аз гили худ одаме таъмир кун,
Одамиро оламе таъмир кун.
Гар бино созӣ на девору даре,
Хишт аз хоки ту бандад дигаре.
Эй зи ҷаври чархи ноҳинҷор тапг,
Ҷоми ту фарёдии бедоди санг,
Нолаву фарёду мотам то куҷо?
Синакӯбиҳои пайҳам то куҷо?
Дар амал пӯшида мазмуни ҳаёт,
Лаззати тахлиқ қонуни ҳаёт.
Хезу халлоқи ҷаҳони тоза шав,
Шӯъла дар бар кун, халиловоза шав.
Бо ҷаҳонӣ номусоъид сохтан,
Ҳаст дар майдон сипар андохтан.
Марди худдоре, ки бошад пухтакор,
Бо мизоҷи ӯ бисозад рӯзгор.
Гар насозад бо мизоҷи ӯ ҷаҳон,
Мешавад ҷангозмо бо осмон.
Барканад бунёди мавҷудотро,
Медиҳад таркиби нав зарротро.
Гардиши айёмро барҳам занад,
Чархи нилуфомро барҳам занад.
Мекунад аз қуввати худ ошкор,
Рӯзгори нав, ки бошад созгор.
Дар ҷаҳон натвон агар мардона зист,
Ҳамчу мардон ҷон супурдан зиндагист.
Озмояд соҳибн қалби салим,
Зӯри худро аз муҳиммоти азим.
Ишқ бо душвор варзидан хуш аст,
Чун Халил аз шӯъла гул чидан хуш аст.
Мумкиноти қуввати мардони кор,
Гардад аз мушкилписандӣ ошкор
Ҳарбаи дунҳимматон кин асту бас,
Зиндагиро ин як ойин асту бас
Зиндагонӣ қуввати пайдостӣ,
Асли ӯ аз завқи истилостӣ.
Афви беҷо сардии хуни ҳаёт,
Сактае дар байни мавзуни ҳаёт.
Ҳар кӣ дар қаъри мазаллат мондааст,
Нотавониро қаноъат хондааст.
Нотавонӣ зиидагиро раҳзан аст,
Батнаш аз хавфу дурӯғ обистан аст.
Аз макорим андаруни ӯ тиҳист,
Шераш аз баҳри замоим фарбеҳист.
Ҳушёр, эй соҳиби ақли салим,
Дар каминҳо менишинад ин ғаним.
Гар хирадмандӣ, фиреби ӯ мах(в)ар,
Мисли ҳур бо ҳар замон рангаш дигар.
Шакли ӯ аҳли назар нашнохтанд,
Пардаҳо бар рӯи ӯ андохтанд.
Гоҳ ӯро раҳму нарми пардадор,
Гоҳ мепӯшад ридои инкисор.
Гоҳ ӯ мастур дар маҷбурӣ аст,
Гоҳ пинҳон дар таҳи маъзурӣ аст.
Чеҳра дар шакли таносоӣ намуд,
Дил зи дасти соҳиби қувват рабуд.
Бо тавоноӣ садоқат тавьам аст,
Гар худ огоҳӣ, ҳамин ҷоми Ҷам аст.
Зиндагӣ кишт асту ҳосил қувват аст,
Шарҳи рамзи хаққу ботил қувват аст.
Муддаъӣ гар моядор аз қувват аст,
Даъвии ӯ бениёз аз ҳуҷҷат аст.
Ботил аз қувват пазирад шоми Ҳақ,
Хешро Ҳақ донад аз бутлони Ҳақ.
Аз «кун»-и ӯ заҳр Кавсар мешавад,
Хайрро гӯяд шаре, шар мешавад.
Эй зи одоби амонат бехабар,
Аз ду олам хешро беҳтар шумар.
Аз румузи зиндагӣ огоҳ шав,
Золиму ҷоҳил зи ғайриллоҳ шав.
Чашму гӯшу лаб кушо, эй ҳушманд,
Гар мабинӣ роҳи Ҳақ, бар ман биханд.

Ҳикояти навҷавоне аз Марв, ки пеши ҳазрати Сайид Махдум Алии Ҳуҷвирӣ (раҳматуллоҳу алайҳ) омада, аз ситами аъдо фарёд кард

Сайиди Ҳуҷвир махдуми умам,
Марқади ӯ Пири Санҷарро ҳарам.
Бандҳои кӯҳсор осон гусехт,
Дар замини Ҳинд тухми саҷда рехт.
Аҳди Форуқ аз ҷамолаш тоза шуд,
Ҳақ зи ҳарфи ӯ баландовоза шуд.
Посбони иззати Уммулкитоб,
Аз нигоҳаш хонаи ботил хароб.
Хоки Панҷоб аз дами ӯ зинда гашт,
Субҳи мо аз меҳри ӯ тобанда гашт.
Ошиқу ҳам қосиди тайёри ишқ,
Аз ҷабннаш ошкор асрори ишқ.
Достоне аз камолаш сар кунам,
Гулшане дар ғунчае музмар кунам.
Навҷавоне коматаш боло чу сарв
Вориси Лоҳур шуд аз шаҳри Марв.
Рафт пеши Сайиди волоҷаноб,
То рабояд зулматашро офтоб.
Гуфт: «Маҳсури сафи аъдостам,
Дар миёни сангҳо миностам.
Бо ман омӯз, эй шаҳи гардунмакон,
Зиндагӣ кардан миёни душманон.
Пири доное, ки дар оташ ҷамол,
Баста паймони муҳаббат бо ҷалол.»
Гуфт: «Эй номаҳрам аз рози ҳаёт,
Ғофил аз анҷому оғози ҳаёт.
Фориғ аз андешаи ағёр шав,
Қуввати хобидаӣ, бедор шав.
Санг чун бар худ гумони шиша кард,
Шиша гардиду шикастан пеша кард.
Нотавон худро агар раҳрав шумурд,
Нақди ҷони хеш бо раҳзан супурд.
То куҷо худро шуморӣ мову тим,
Аз гили худ шӯълаи Тур офарин.
Бо азизон саргарон будан чаро?
Шиквасанҷи душманон будан чаро?»
Рост мегӯям: адӯ ҳам ёри туст,
Ҳастии ӯ равнақи бозори туст.
Ҳар кӣ донои мақомоти худист,
Фазли Ҳақ донад агар душман, қавист.
Кишти инсонро адӯ бошад саҳоб,
Мумкиноташро барангезад зи хоб.
Санги раҳ об аст, агар ҳиммат қавист,
Селро пасту баланди ҷода чист?
Санги раҳ гардад фасони теғи азм,
Қатъи манзил имтиҳони теғи азм.
Мисли ҳайвон хӯрдан, осудан чӣ суд?
Гар ба худ маҳкам наӣ, будам чӣ суд?
Хешро чун аз худӣ маҳкам кунӣ,
Ту агар хоҳӣ, ҷаҳон барҳам кунӣ.
Гар фано хоҳӣ, зи худ озод шав,
Гар бақо хоҳӣ, ба худ обод шав.
Чист мурдан? Аз худӣ ғофил шудан,
Ту чӣ пиндорӣ фироқи ҷону тан?
Дар худӣ кун сурати Юсуф мақом,
Аз асирӣ то шаҳаншоҳӣ хиром.
Аз худӣ андешу марди кор шав,
Марди Ҳақ шав, ҳомили асрор шав.
Шарҳи роз аз достонҳо мекунам,
Ғунча аз зӯри нафас во мекунам.
«Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон
Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон.»2

Ҳикояти тоире, ки аз ташнагӣ бетоб буд

Тоире аз ташнагӣ бетоб буд,
Дар тани ӯ дам мисоли мавҷи дуд.
Резаи алмос дар гулзор дид,
Ташнагӣ наззораи об офарид.
Аз фиреби резаи хуршедтоб,
Мурғи нодон сангро пиндошт об.
Мояандӯзи нам аз гавҳар нашуд,
Зад бар ӯ минқору комаш тар нашуд,
Гуфт алмос: «Эй гирифтори ҳавас!
Тез бар ман карда минқори хавас.
Қатраи обе наям, соқӣ наям,
Ман барои дигарон боқӣ наям.
Қасди озорам кунӣ, девонаӣ,
Аз ҳаёти худнамо бегонаӣ.
Оби ман минқори мурғон бишканад,
Одамиро гавҳари ҷон бишканад.»
Тоир аз алмос коми дил наёфт,
Рӯи хеш аз резаи тобанда тофт.
Ҳасрат андар синааш обод гашт,
Дар гулӯи ӯ наво фарёд гашт.
Қатраи шабнам сари шохи гуле,
Тофт мисли ашки чашми булбуле.
Тоби ӯ маҳви сипоси офтоб,
Ларза бар тан аз ҳароси офтоб.
Кавкаби рамхӯи гардунзодае,
Як дам аз завқи намуд истодае,
Сад фиреб аз ғунчаву гул хӯрдае,
Баҳрае аз зиндагӣ нобурдае.
Мисли ашки ошиқи дилдодае,
Зеби мижгоне, чакидомодае.
Мурғи музтар зери шохи гул расид,
Дар даҳонаш қатраи шабнам чакид.
Эй, ки мехоҳӣ зи душман ҷон барӣ,
Аз ту пурсам: қатраӣ ё гавҳарӣ?
Чун зи сӯзи ташнагӣ тоир гудохт,
Аз ҳаёти дигаре сармоя сохт.
Қатра сахтандому гавҳархӯ набуд,
Резаи алмос буду ӯ набуд.
Ғофил аз ҳифзи худӣ як дам машав,
Резаи алмос шав, шабнам машав.
Пухтафитрат сурати кӯҳсор бош,
Ҳомили сад абри дарёбор бош.
Хешро дарёб аз эҷоби хеш,
Сим шав аз бастани симоби хеш.
Нағмае пайдо кун аз тори худӣ,
Ошкоро соз асрори худӣ.

Ҳикояти алмосу зуғол

Аз ҳақиқат боз бикшоям даре,
Бо ту мегӯям ҳадиси дигаре.
Гуфт бо алмос дар маъдан зуғол:
«Эй амини ҷилваҳои лозавол.
Ҳамдамему ҳасту буди мо якест,
Дар ҷаҳон асли вуҷуди мо якест.
Ман ба ком мирам зи дарди нокасӣ,
Ту сари тоҷи шаҳаншоҳон расӣ.
Қадри ман аз бадгилӣ камтар зи хок,
Аз ҷамоли ту дили ойина чок.
Равшан аз торикии ман миҷмар аст,
Пас камоли ҷавҳарам хокистар аст.
Пушти по ҳар кас маро бар сар занад,
Бар матоъи ҳастиям ахгар занад.
Бар сару сомони ман бояд гирист,
Баргу сози ҳастиям донӣ, ки чист?
Мавҷаи дуди ба ҳам пайпастае,
Моядори як шарори ҷастае.
Мисли анҷум рӯйи ту, ҳам хӯйи ту,
Ҷилваҳо хезад зи ҳар паҳлӯйи ту.
Гоҳ нури дидаи Қайсар шавӣ,
Гоҳ зеби дастаи ханҷар шавӣ.
» Гуфт алмос: «Эй рафиқи нуктабин,
Тирахок аз пухтагӣ гардад нигин.
То ба пиромуни худ дар ҷанг шуд,
Пухта аз пайкор мисли санг шуд.
Пайкарам аз пухтагӣ зуннур шуд,
Синаам аз ҷилваҳо маъмур шуд.
Хор гаштӣ аз вуҷуди хоми хеш,
Сӯхтӣ аз нармии андоми хеш.
Фориғ аз хавфу ғаму васвос бош,
Пухта мисли санг шав, алмос бош.
Мешавад аз вай ду олам мустанир,
Ҳар кӣ бошад сахткӯшу сахтгир.
Мушти хоке асли санги асвад аст,
Кӯ сар аз ҷайби Ҳарам берун задаст.
Рутбааш аз Тур болотар шудаст,
Бӯсагоҳи асваду аҳмар шудаст.
Дар салобат обрӯи зиндагист,
Нотавонӣ, нокасӣ, нопухтагист».

Ҳикояти шайху бараҳман ва муколамаи гангу ҳамола дар маънии ин ки тасалсули ҳаёти миллия аз маҳкам гирифтани ривоёти махсусаи миллия мебошад

Дар Банорас барҳаманде мӯҳтарам,
Сарфурӯ андар ями буду адам.
Баҳраи вофир зи ҳикмат доштӣ,
Бо худоҷӯён иродат доштӣ.
Зеҳни ӯ гирову нудраткӯш буд,
Бо Сурайё ақли ӯ ҳамдӯш буд.
Ошёнаш сурати анқо баланд,
Меҳру маҳ бар шӯълаи фикраш сипанд.
Муддате минои ӯ дар хун нишаст,
Соқии ҳикмат ба ҷомаш май набаст.
Дар риёзи илму дониш дом чид,
Чашми домаш тоири маъно надид.
Нохуни фикраш ба хун олуда монд,
Уқдае буду адам накшуда монд.
Оҳ бар лаб шоҳиди ҳирмони ӯ,
Чеҳра ғаммози дили ҳайрони ӯ.
Рафт рӯзе назди шайхи комиле,
Он ки андар сина парвардӣ диле.
Гӯш бар гуфтори он фарзона дод,
Бар лаби худ мӯҳри хомӯшӣ ниҳод.
Гуфт шайх: «Эй тоифи чархи баланд,
Андаке аҳди вафо бо хок банд.
То шудӣ овораи саҳрову дашт,
Фикри бебоки ту аз гардун гузашт.
Бо замин дарсоз, эй гардуннавард,
Дар талоши гавҳари анҷум магард.
Ман нагӯям аз бутон безор шав,
Кофирӣ? Шоистаи зуннор шав.
Эй амонатдори таҳзиби куҳан,
Пушти по бар маслаки обо мазан.
Гар зи ҷамъият ҳаёти миллат аст,
Куфр ҳам сармояи ҷамъият аст.
Ту, ки ҳам дар кофирӣ комил наӣ,
Дархӯри тавфи ҳарими дил наӣ.
Мондаем аз ҷодаи таслим дур,
Ту зи Озар, ман зи Иброҳим дур.
Қайси мо савдоии маҳмил нашуд,
Дар ҷунуни ошиқӣ комил нашуд.
Мурд чун шамъи худӣ андар вуҷуд,
Аз хаёли осмонпаймо чӣ суд?
Об зад дар домани кӯҳсор чанг
Гуфт рӯзе бо Ҳамола рӯди Ганг:
«Эй зи субҳи офариниш яхбадӯш,
Пайкарат аз рӯдҳо зуннорпӯш.
Ҳақ туро бо осмон ҳамроз сохт,
Пот маҳруми хироми ноз сохт.
Тоқати рафтор аз поят рабуд,
Ин виқору рафъату тамкин чӣ суд?
Зиндагонӣ аз хироми пайҳам аст,
Баргу сози ҳастии мавҷ аз рам аст.
» Кӯҳ чун ин таъна аз дарё шунид,
Ҳамчу баҳре оташ аз кин бардамид.
Гуфт: «Эй паҳнои ту ойинаам,
Чун ту сад дарё даруни синаам.
Ин хироми ноз сомони фаност,
Ҳар кӣ аз худ рафт, шоёни фаност.
Аз мақоми худ надорӣ огаҳӣ,
Бар зиёни хеш нозӣ, аблаҳӣ!
Эй зи батни чархи гардон зодае,
Аз ту беҳтар соҳили афтодае.
Ҳастии худ назри қулзум сохтӣ,
Пеши раҳзан нақди ҷон андохтӣ.
Ҳамчу гул дар гулситон худдор шав,
Баҳри нашри бӯ пайи гулчин марав.
Зиндагӣ бар ҷои худ болидан аст,
Аз хиёбони худӣ гул чидан аст.
Қарнҳо бигзашту ман по дар гилам,
Ту гумон дорӣ, ки дур аз манзилам.
Ҳастиям болиду то гардун расид,
Зери домонам Сурайё орамид.
Ҳастии ту бенишон дар қулзум аст,
Зирваи ман саҷдагоҳи анҷум аст.
Чашми ман бинои асрори фалак,
Ошно гӯшам зи парвози малак.
То зи сӯзи саъйи пайҳам сӯхтам,
Лаълу алмосу гуҳар андӯхтам.
Дар дарунам сангу андар санг нор,
Обро бар нори ман набвад гузор».
Қатраӣ? Худро ба пойи худ марез,
Дар талотум кӯшу бо қулзум ситез.
Оби гавҳар хоҳу гавҳарреза шав,
Баҳри гӯши шоҳиде овеза шав.
Ё худафзо шав, сабукрафтор шав,
Абри барқандозу дарёбор шав.
Аз ту қулзум гидяи тӯфон кунад,
Шикваҳо аз тангии домон кунад.
Камтар аз мавҷе шуморад хешро,
Пеши пойи ту гудозад хешро.

Дар баёни ин ки мақсади ҳаёти муслим эълои калиматуллоҳ аст ва ҷиҳод, агар муҳаррики он ҷоъуларз бошад, дар мазҳаби ислом ҳаром аст

Қалбро аз сабғатуллаҳ ранг деҳ,
Ишқро номусу ному нанг деҳ.
Табъи муслим аз муҳаббат қоҳир аст,
Муслим ар ошиқ набошад, кофир аст.
Тобеъи Ҳақ диданаш, нодиданаш,
Хӯрданаш, нӯшиданаш, хобиданаш.
Дар ризояш марзии Ҳақ гум шавад,
Ин сухан кай бовари мардум шавад.
Хайма дар майдони иллаллоҳ задаст,
Дар ҷаҳон шоҳид аланнос омадаст.
Шоҳиди холаш Набии инсу ҷон,
Шоҳиди содиқтарини шоҳидон.
Қолро бигзору боби ҳол зан,
Нури Ҳақ бар зулмати аъмол зан.
Дар қабои хусравӣ дарвеш зӣ,
Дидабедору худоандеш зӣ.
Қурби Ҳақ аз ҳар амал мақсуд дор,
То зи ту гардад ҷалолаш ошкор.
Сулҳ шар гардад, чу мақсуд аст ғайр,
Гар Худо бошад ғараз, ҷанг аст хайр.
Гар нагардад Ҳақ зи теғи мо баланд,
Ҷанг бошад қавмро ноарҷманд.
Ҳазрати Шайхи Миёнмири Валӣ,
Ҳар хафӣ аз нури ҷони ӯ ҷалӣ.
Бар тариқи Мустафо маҳкампае,
Нағмаи ишқу муҳаббатро нае.
Турбаташ имони хоки шаҳри мо,
Машъали нури ҳидоят баҳри мо.
Бар дари ӯ ҷабҳафарсо осмон,
Аз муридонаш шаҳи Ҳиндустон.
Шоҳ тухми ҳирс дар дил коштӣ,
Қасди тасхири мамолик доштӣ.
Аз ҳавас оташ ба ҷон афрӯхтӣ,
Теғро ҳал мин мазид» омӯхтӣ.
Дар Дакан ҳамгомаҳо бисёр буд,
Лашкараш дар арсаи пайкор буд.
Рафт пеши шайхи гардунпояе,
То бигирад аз дуъо сармояе.
Муслим аз дунё сӯи Ҳақ рам кунад,
Аз дуъо тадбирро маҳкам кунад.
Шайх аз гуфтори шаҳ хомӯш монд,
Базми дарвешон саропо гӯш монд.
То муриде, сиккаи симинбадаст
Лаб кушуду мӯҳри хомӯшӣ шикаст.
Гуфт: «Ин назри ҳақир аз ман пазир,
Эй зи Ҳақ оворагонро дастгир.
Ғӯтаҳо зад дар хайи меҳнат танам,
То гиреҳ зад дирҳамеро доманам»
Гуфт шайх: «Ин зар ҳаққи султони мост,
Он ки дар пироҳани шоҳӣ гадост.
Ҳукмрони меҳру моҳу анҷум аст,
Шоҳи мо муфлистарини мардум аст.
Дида бар хони аҷониб дӯхтаст,
Оташи ҷӯъаш ҷаҳоне сӯхтаст.
Қаҳту тоъун тобеъи шамшери ӯ,
Оламе вайрона аз таъмири ӯ,
Халқ дар фарёд аз нодорияш,
Аз тиҳидастӣ, заъифозорияш.
Сатваташ аҳли ҷаҳонро душман аст,
Навъи инсон корвон, ӯ раҳзан аст.
Аз хаёли худфиребу фикри хом
Мекунад тороҷро тасхир ном.
Аскари шоҳиву афвоҷи ғамим
Ҳарду аз шамшери ҷӯъи ӯ ду ним».
Оташи ҷони гадо ҷӯъи гадост,
Ҷӯъи султон мулку миллатро фаност.
Ҳар кӣ ханҷар баҳри ғайриллаҳ кашид,
Теғи ӯ дар синайи ӯ орамид.

Андарзи Мир Наҷоти Нақшбанд алмаъруф ба Вобои Саҳроӣ, ки барои мусалмонони Ҳиндустон рақам фармудааст

Эй, ки мисли гул зи гил болидаӣ,
Ту ҳам аз батни худӣ зоидаӣ.
Аз худӣ магзар, бақоанҷом бош,
Қатрае май бошу баҳрошом бош.
Ту, ки аз нури худӣ тобандаӣ,
Гар худӣ маҳкам кунӣ, пояндаӣ.
Суд дар ҷайби ҳамин савдостӣ,
Хоҷагӣ аз ҳифзи ин колостӣ.
Ҳастиву аз нестӣ тарсидаӣ,
Эй сарат гардам, ғалат фахмидаӣ!
Чун хабар дорам зи сози зиндагӣ,
Бо ту гӯям чист рози зиндагӣ.
Ғӯта дар худ сурати гавҳар задан,
Пас зи халватгоҳи худ сар бар задан.
Зери хокистар шарор андӯхтам,
Шӯъла гардидан, назарҳо сӯхтан,
Хонасӯзи меҳнати чилсола шав,
Тавфи худ кун, шӯълаи ҷаввола шав.
Зиндагӣ аз тавфи дигар рустан аст,
Хешро Байтулҳарам донистан аст.
Пар зану аз ҷазби хок озод бош,
Ҳамчу тоир эмин аз афтод бош.
Ту агар тоир наӣ, эй ҳӯшманд,
Бар сари ғор ошёни худ мабанд.
Эй, ки бошӣ дар пайи касби улум,
Бо ту мегӯям паёми пири Рум.
«Илмро бар тан занӣ, море бувад,
Илмро бар дил занӣ, ёре бувад».
Огаҳӣ аз қиссаи охунди Рум,
Он ки дод андар Ҳалаб дарси улум.
Пой дар занҷири тавҷеҳоти ақл,
Киштияш тӯфонии «зулмоти» ақл.
Мӯсии бегонаи Синои ишқ,
Бехабар аз ишқу аз савдои ишқ.
Аз ташаккук гуфту аз ишроқ гуфт
В-аз ҳакам сад гавҳари тобанда суфт.
Уқдҳои қавли машшоин кушуд,
Нури фикраш ҳар хафиро во намуд.
Гирду пешаш буд анбори кутуб,
Вар лаби ӯ шарми асрори кутуб.
Пири Табрезӣ зи иршоди Камол,
Ҷуст роҳи мактаби Мулло Ҷалол.
Гуфт: «Ин ғавғову қилу қол чист?
Ин қиёсу ваҳму истиқлол чист?»
Мавлавӣ фармуд: «Нодон, лаб бибанд,
Бар мақолоти хирадмандон маханд.
Пойи хеш аз мактабам берун гузор,
Қилу қол аст ин, туро бо вай чӣ кор?
Қоли мо аз фаҳми ту болотар аст,
Шишаи идрокро равшангар аст.»
Сӯзи Шамс аз гуфтаи Мулло фузуд,
Оташе аз ҷони Табрезӣ кушуд.
Бар замин барқи нигоҳи ӯ фитод,
Хок аз сӯзи дами ӯ шӯъла зод.
Оташи дил хирмани идрок сӯхт,
Дафтари он фалсафиро пок сӯхт.
Мавлавӣ бегона аз эъҷози ишқ,
Ношиноси нағмаҳои сози ишқ.
Гуфт: «Ин оташ чӣ сон афрӯхтӣ?
Дафтари арбоби ҳикмат сӯхтӣ.»
Гуфт Шайх: «Эй муслими зуннордор,
Завқу ҳол аст ин, туро бо вай чӣ кор?
Ҳоли мо аз фикри ту болотар аст,
Шӯълаи мо кимиёи аҳмар аст.
Сохтӣ аз барфи ҳикмат созу барг,
Аз саҳоби фикри ту борад тагарг.
Оташе афрӯз аз хошоки хеш,
Шӯълае таъмир кун аз хоки хеш.
Илми муслим комил аз сӯзи дил аст,
Маънии Ислом тарки офил аст.
Чун зи банди офил Иброҳим раст,
Дар миёни шӯълаҳо некӯ нишаст.
Илми Ҳақро дар қафо андохтӣ,
Баҳри ноне нақди дин дарбохтӣ.
Гармрав дар ҷустуҷӯи сурмаӣ,
Воқиф аз чашми сиёҳи худ наӣ.
Оби ҳайвон аз дами ханҷар талаб,
Аз даҳони аждаҳо Кавсар талаб.
Санги асвад аз дари бутхона хоҳ,
Нофаи мушк аз саги девона хоҳ,
Сӯзи ишқ аз дониши ҳозир маҷӯй,
Кайфи Ҳақ аз ҷоми ин кофир маҷӯй.»
Муддате маҳви такудав будаам,
Роздони дониши нав будаам.
Боғбонон имтиҳонам кардаанд,
Маҳрами ин гулситонам кардаанд.
Гулситоне, лолазори ибрате,
Чун гули қогаз сароби накҳате.
То зи банди ин гулистон растаам,
Ошён бар шохи Тубо бастаам.
Дониши ҳозир ҳиҷоби акбар аст,
Бутпарасту бутфурӯшу бутгар аст.
По ба зиндони мазоҳир бастаӣ,
Аз ҳудуди ҳис бурун ноҷастаӣ.
Дар сироти зиидагӣ аз по фитод,
Бар гулӯи хештан ханҷар ниҳод.
Оташе дорад, мисоли лола сард,
Шӯълае дорад, мисоли жола сард.
Фитраташ аз сӯзи ишқ озод монд,
Дар ҷаҳони ҷустуҷӯ ношод монд.
Ишқ Афлотуну иллатҳои ақл,
Беҳ шавад аз наштараш савдои ақл.
Ҷумла олам соҷиду масҷуди ишқ,
Суманоти ақлро Маҳмуди ишқ.
Ин майи дерина дар минош нест,
Шӯри «ё Раб» қисмати шабҳош нест.
Қимати шамшоди худ нашнохтӣ,
Сарви дигарро баланд афрохтӣ.
Мисли най худ рози худ кардӣ тиҳӣ,
Бар навои дигарон дил мениҳӣ.
Эй гадои резае аз хони ғайр,
Ҷинси худ меҷӯӣ аз дӯкони ғайр.
Базми муслим аз чароғи ғайр сӯхт,
Масҷиди ӯ аз шарори Дайр сӯхт.
Аз саводи Каъба чун оҳу рамид,
Новаки сайёд паҳлӯяш дарид.
Шуд парешон барги гул чун бӯйи хеш,
Эй зи худ рам карда, боз о сӯйи хеш.
Эй амини ҳикмати Уммулкитоб,
Ваҳдати гумгаштаи худ бозёб.
Мо, ки дарбони ҳисори миллатем,
Кофир аз тарки шиъори миллатем.
Соқии деринаро соғар шикаст,
Базми риндони ҳиҷозӣ баршикаст.
Каъба обод аст аз асноми мо,
Хандазан куфр аст бар Исломи мо,
Шайх дар ишқи бутон Ислом бохт,
Риштаи тасбеҳ аз зуннор сохт.
Пирҳо пир аз баёзи мӯ шуданд,
Сахра баҳри кӯдакони кӯ шуданд,
Дил зи нақши «ло илаҳ» бегонае,
Аз санамҳои ҳавас бутхонае.
Мешавад ҳар мӯдарозе хирқапӯш,
Оҳ аз ин савдогарони динфурӯш.
Бо муридон рӯзу шаб андар сафар,
Аз заруратҳои миллат бехабар.
Дидаҳо бенур мисли наргисанд,
Синаҳо аз давлати дил муфлисанд.
Воъизон, ҳам сӯфиён мансабпараст,
Эътибори миллати байзо шикаст.
Воъизи мо чашм бар бутхона дӯхт,
Муфтии дини мубин фатво фурӯхт.
Чист ёрон баъд аз ин тадбири мо?
Рух сӯи майхона дорад пири мо!

Алвақту сайфун

Сабз бодо хоки поки Шофеъӣ,
Оламе сархуш зи токи Шофеъӣ.
Фикри ӯ кавкаб зи гардун чидааст,
Сайфи буррон вақтро номидааст.
Ман чӣ гӯям сирри ин шамшер чист,
Оби ӯ сармоядор аз зиндагист.
Соҳибаш болотар аз уммеду бим,
Дасти у байзотар аз дасти Калим.
Санг аз як зарбати ӯ тар шавад,
Баҳр аз маҳрумии нам бар шавад.
Дар кафи Мӯсо ҳамин шамшер буд,
Кори ӯ болотар аз тадбир буд.
Синаи дарёи Аҳмар чок кард,
Қулзумеро хушк мисли хок кард.
Панҷаи Ҳайдар, ки Хайбаргир буд,
Қуввати ӯ аз хамин шамшер буд.
Гардиши гардуни гардон диданист,
Инқилоби рӯзу шаб фаҳмиданист,
Эй асири душу фардо, дарнигар,
Дар дили худ олами дигар нигар.
Дар гили худ тухми зулмат коштӣ.
Вақтро мисли хате пиндоштӣ.
Боз бо паймонаи лайлу наҳор
Фикри ту паймуд тӯли рӯзгор.
Сохтӣ ин риштаро зуннори дӯш,
Гаштаӣ мисли бутон ботилфурӯш.
Кимиё будиву мушти гил шудӣ,
Сирри Ҳақ зоидиву ботил шудӣ.
Муслимӣ? Озоди ин зуннор бош,
Шамъи базми миллати аҳрор бош.
Ту, ки аз асли замон огаҳ наӣ,
Аз ҳаёти ҷовидон огаҳ наӣ.
То куҷо дар рӯзу шаб бошӣ асир,
Рамзи вақт аз «лӣ маъаллаҳёд гир.
Ину он пайдост аз рафтори вақт,
Зиндагӣ сиррест аз асрори вақт.
Асли вақт аз гардиши хуршед нест,
Вақт ҷовид асту хур ҷовид нест.
Айшу ғам ошӯру ҳам ид аст вақт,
Сирри тоби моҳу хуршсд аст вақт.
Вақтро мисли макон густурдаӣ,
Имтиёзи дӯшу фардо кардаӣ.
Эй чу бӯ рам карда аз бустони хеш,
Сохтӣ аз дасти худ зиндони хеш.
Вақти мо, к-ӯ аввалу охир надид,
Аз хиёбони замири мо дамид.
Зинда аз ирфони аслаш зиндатар,
Ҳастии ӯ аз саҳар тобандатар.
Зиндагӣ аз даҳру даҳр аз зиндагист,
«Ло тасубуддаҳр» фармони Набист.
Нуктае мегӯямат равшан чу дур,
То шиносӣ имтиёзи абду ҳур.
Абд гардад ёва дар лайлу наҳор,
Дар дили ҳур ёва гардад рӯзгор.
Абд аз айём мебофад кафан,
Рӯзу шабро метанад бар хештан.
Марди ҳур худро зи гил бар мекунад,
Хешро бар рӯзгорон метанад.
Абд чун тоир ба доми субҳу шом,
Лаззати парвоз бар ҷонаш ҳаром.
Синаи озодаи чобукнафас,
Тоири айёмро гардад қафас.
Абдро таҳсили ҳосил фитрат аст,
Воридоти ҷони ӯ бенудрат аст.
Аз гаронхезӣ мақоми ӯ ҳамон,
Нолаҳои субҳу шоми ӯ ҳамон.
Дам ба дам навофарини кори ҳур,
Нағма пайҳам тоза резад тори ҳур.
Фитраташ заҳматкаши такрор нест,
Ҷодаи ӯ халқаи паргор нест.
Абдро айём занҷир асту бас,
Бар лаби ӯ ҳарфи тақдир асту бас.
Ҳиммати ҳур бо қазо гардад мушир,
Ҳодисот аз дасти ӯ суратпазир.
Рафтаву оянда дар мавҷуди ӯ,
Дерҳо осуда андар зуди ӯ.
Омад аз савту садо пок ин сухан,
Дарнамеояд ба идрок ин сухан.
Гуфтаму ҳарфам зи маънӣ шармсор,
Шикваи маънӣ, ки бо ҳарфам чӣ кор?
Зинда маънӣ чун ба ҳарф омад, бимурд,
Аз нафасҳои ту нори ӯ фусурд.
Нуктаи ғайбу ҳузур андар дил аст,
Рамзи айёму мурур андар дил аст.
Нағмаи хомӯш дорад сози вақт,
Ғӯта дар дил зан, ки бинӣ рози вақт.
Ёди айёме, ки сайфи рӯзгор,
Бо тавонодастии мо буд ёр.
Тухми дин дар кишти дилҳо коштем,
Парда аз рухсори Ҳақ бардоштем.
Нохуни мо уқдаи дунё кушод,
Бахти ин хок аз суҷуди мо кушод.
Аз хуми Ҳақ бодаи гулгун задем,
Бар куҳанмайхонаҳо шабхун задем.
Эй майи дерина дар минои ту,
Шиша об аз гармии саҳбои ту.
Аз ғуруру нахвату кибру манӣ,
Таъна бар нодории мо мезанӣ.
Ҷоми мо ҳамзеби маҳфил будааст,
Синаи мо соҳиби дил будааст.
Асри нав аз ҷилваҳо ороста,
Аз ғубори пойи мо бархоста.
Кишти Ҳақ сероб гашт аз хуни мо,
Ҳақпарастони ҷаҳон мамнуни мо.
Олам аз мо соҳиби такбир шуд,
Аз гили мо каъбаҳо таъмир шуд,
Ҳарфи «Иқраъ» Ҳақ ба мо таълим кард,
Ризқи хеш аз дасти мо тақсим кард.
Гарчи рафт аз дасти мо тоҷу нигин,
Мо, гадоёнро ба чашми кам мабин.
Дар нигоҳи ту зиёнкорем мо,
Кӯҳнапиндорем мо, хорем мо.
Эътибор аз «ло илаҳдорем мо.
Ҳар ду оламро нигаҳдорем мо,
Аз ғами имрӯзу фардо растаем,
Бо касе аҳди муҳаббат бастаем.
Дар дили Ҳақ сирри макнунем мо,
Вориси Мӯсову Ҳорунем мо.
Меҳру маҳ равшан зи тоби мо ҳанӯз,
Барқҳо дорад саҳоби мо ҳанӯз.
Зоти мо ойинаи зоти Ҳақ аст,
Ҳастии муслим зи оёти Ҳақ аст.

Дуъо

Эй чу ҷон андар вуҷуди оламӣ,
Ҷони мо бошиву аз мо мерамӣ.
Нағма аз файзи ту дар уди ҳаёт,
Мавт дар роҳи ту маҳсуди ҳаёт.
Боз таскини дили ношод шав,
Боз андар синаҳо обод шав.
Боз аз мо хоҳӣ нангу номро,
Пухтатар кун ошиқони хомро.
Аз муқаддар шикваҳо дорем мо,
Нархи ту болову нодорем мо.
Аз тиҳидастон рухи зебо мапӯш,
Ишқи Салмону Билол арзон фурӯш.
Чашми бехобу дили бетоб деҳ,
Боз моро фитрати симоб деҳ.
Ояте бинмо зи оёти мубин,
То шавад аъноқи аъдо хозеъин.
Кӯҳи оташхез кун ин коҳро,
3-оташи мо сӯз ғайриллоҳро.
Риштаи ваҳдат чу қавм аз даст дод,
Сад гиреҳ бар рӯи кори мо фитод.
Мо парешон дар ҷаҳон чун ахтарем,
Ҳамдаму бегона аз якдигарем.
Боз ин авроқро шероза кун,
Боз ойини муҳаббат тоза кун.
Боз моро бар ҳамон хидмат гумор,
Кори худ бо ошиқони худ супор.
Раҳравонро манзили таслим бахш,
Қуввати имони Иброҳим бахш.
Ишқро аз шуғли «ло» огоҳ кун,
Ошнои рамзи «иллаллоҳ» кун.
Ман, ки баҳри дигарон сӯзам чу шамъ,
Базми худро гиря омӯзам чу шамъ.
Ё Раб, он ашке, ки бошад дилфурӯз,
Беқарору музтару оромсӯз.
Корамаш дар боғу рӯяд оташе,
Аз қабои лола шӯяд оташе.
Дил ба дӯшу дида бар фардостам,
Дар миёни анҷуман танҳостам.
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман».
Дар ҷаҳон, ё Раб, надими ман куҷост?
Нахли Синоям, Калими ман куҷост?
Золимам, бар худ ситамҳо кардаам,
Шӯълаеро дар бағал парвардаам.
Шӯълае, ғоратгари сомони ҳуш,
Оташе афканда дар домони ҳуш.
Ақлро девонагӣ омӯхта,
Илмро сомони ҳастӣ сӯхта.
Офтоб аз сӯзи ӯ гардунмақом,
Барқҳо андар тавофи ӯ мудом.
Ҳамчу шабнам дидаи гирён шудам,
То амини оташи пинҳон шудам.
Шамъро сӯзи аён омӯхтам,
Худ ниҳон аз чашми олам сӯхтам.
Шӯълаҳо охир зи ҳар мӯям дамид,
Аз раги андешаам оташ чакид.
Андалебам аз шарарҳо дона чид,
Нағмаи оташмизоҷе офарид.
Синаи асри ман аз дил холӣ аст,
Метапад Маҷнун, ки маҳмил холӣ аст.
Шамъро танҳо тапидан саҳл нест,
Оҳ, як парвонаи ман аҳл нест.
Интизори ғамгусоре то куҷо?
Ҷустуҷӯи роздоре то куҷо?
Эй зи рӯят моҳу анҷум мустанир,
Оташи худро зи ҷонам боз гир.
Ин амонат боз гир аз синаам,
Хори ҷавҳар баркаш аз ойинаам.
Ё маро як ҳамдами дерина деҳ,
Ишқи оламсӯзро ойина деҳ.
Мавҷ дар баҳр аст, ҳампаҳлӯи мавҷ,
Ҳаст бо ҳамдам тапидан хӯйи мавҷ.
Бар фалак кавкаб надими кавкаб аст,
Моҳи тобон сар ба зонуи шаб аст.
Рӯз паҳлӯи шаби ялдо занад,
Хешро имрӯз бар фардо занад.
Ҳастии ҷӯе ба ҷӯе гум шавад,
Мавҷаи боде ба бӯе гум шавад.
Ҳаст дар ҳар гӯшаи вайрона рақс,
Мекунад девона бо девона рақс.
Гарчи ту дар зоти худ яктостӣ,
Оламе аз баҳри хеш оростӣ.
Ман мисоли лолаи саҳростам,
Дар миёни маҳфиле танҳостам.
Хоҳам аз лутфи ту ёре, ҳамдаме,
Аз румузи фитрати ман маҳраме.
Ҳамдаме, девонае, фарзонае,
Аз хаёли ину он бегонае.
То ба ҷони ӯ супорам хӯи хеш,
Боз бинам дар дили ӯ рӯи хеш.
Созам аз мушти гили худ пайкараш,
Ҳам санам ӯро шавам, ҳам озараш.

1 Ин байт аз Абдурраҳмони Ҷомӣ аст.  
2 Ин байт аз Мавлоно Ҷалолиддини Румист.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.