Аслам (Раҳматихудо) Додихудоев соли 1946 дар деҳаи Жовид таваллуд шудааст. Баъди хатми синфи 7 таҳсилро дар Донишгоҳи ҳунаромӯзии №11-и шаҳраки Чиптураи ноҳияи Ҳисор давом дода, онро соли 1964 хатм намуд. Соли 1965 ба Шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд.
Баробари таҳсил ӯ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буд. Аввал сохтмончӣ, челонгари заводи автомобилтаъмиркунӣ, муаллим, аз соли 1967 корманди рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва аз соли 1969 то соли 1992 дар Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба сифати муҳаррир барномаҳои мусиқии радио, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шӯъба, муовини сармуҳаррир, сармуҳаррири барномаи “Ахбор”-и телевизион шуда кор кард.
Бо ташаббуси ӯ дар телевизион барномаҳои “Ҳафта” (то имрӯз давом дорад) ва барномаи хеле машҳури “Негатив” ба тамошобинони ҷумҳурӣ пешкаш гардиданд. Соли 1992-1993 дар Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси калон фаъолият намудааст. Солҳои 1993- 1995 мухбири ширкати телевизиони байналдавлатии “Мир” ва аз соли 1995 то ин муддат сардори Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи “Ахбори бонки миллии Тоҷикистон” шуда кор мекунад.
Соли 1990 ба гирифтани унвони фахрии “Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон” мушарраф гардидааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед