Анушервон Назарзода

  anushh1Анушервон Назарзода 4 феврали соли 1999 дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Миср ба дунё омадааст. То синни 4 солагӣ (соли 2003) ҳамроҳи падару модараш дар Миср истиқомат дошт, баъд аз он бо модараш ба Тоҷикистон баргашт ва дар онҷо ду сол зиндагӣ карда, моҳи августи соли 2005 ба шаҳри Маскав — пойтахти Русия омад. Аз синни 7 солагӣ то синни 12 солагӣ дар мактаби таҳсилоти умумии рақами №17 шаҳри Маскав мехонд, ҳамеша барномаҳои варзиширо дар телевизион ва интернет пайгирӣ мекард, бештар муҳорибаҳои Фёдор Емеляненкоро бо шавқу ҳавас тамошо мекард. Хушбахтона, дар яке аз мусобиқаҳои навбатӣ мақоми аввалро ноил гашт ва аз дасти “охирин импротур” — Емеляненко ҷоиза гирифт. Пас аз дарсҳои мактаб, барои омӯзиши самбо ва дзюдо ба маркази варзиш ва омӯзиши «Самбо-70» мешитофт, ки яке аз барҷастатарин муассисоти пешрави Рудман — нахусти қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мебошад. Шогирди ӯ Виктор Астахов (устоди Анушервон), устоди хидматнишондодаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чанд карат қаҳрамони ҷаҳон, мураббии сахтгиру соҳибтаҷриба ҳамеша кӯшиш мекард, ки шогирдаш Анушервон номдору номбардори варзиш шавад. Сипас, Анушервонро, ки он замон ба синфи 5 мегузашт, ҳамчу шогирди ин мактаб пазируфтанд, то кунун дар ин кохи бузурги таҳсилу варзиш таҳсилоти миёнаи умумӣ мегирад ва машқу тамрин мекунад. Дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонад. Дар баробари В.Астахов ӯро Владимир Такташев — мураббии дараҷаи олӣ ва ҳамчунин мураббии ҷавон, варзишкор Дмитрий Клетсков — устоди варзиши Русия оид ба самбо, ки худ низ қаҳрамони ҷаҳон мебошад, машқу тамрин медиҳанд. 
anushn4 Мураббиёни Анушервон Виктор Астахов (устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС аз соли 1982; дорандаи ҷоизаи Ҷоми ИҶШС дар солҳои 1980, 1981, 1985; Қаҳрамони ИҶШС дар солҳои 1981, 1982, 1985; барандаи ҷоизаҳои қаҳрамонии ИҶШС дар солҳои 1977, 1979, 1984; Спартакиадаи халқҳои ИҶШС дар соли 1979; Қаҳрамони Аврупо оид ба самбо дар соли 1982; дорандаи ҷоизаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар солҳои 1980, 1981 ва суперҷом 1982; Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо 1981, 1982, 1984), Владимир Такташев (фориғутаҳсили РГУФК — Донишгоҳи Давлатии Русия оид ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, ҷавонон ва сайёҳат, мураббии дараҷаи олӣ), Дмитрий Клетсков (устоди варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ дар риштаи дзюдо; устоди варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ дар риштаи самбо; Қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба дзюдо; ҷои 1 дар мусобиқоти Аврупо оид ба  самбо; барандаи ҷоизаи қаҳрамонии Русия оид ба самбо ва дзюдо) мебошанд.
 Соли 2013 Анушервон барои ширкат дар мусобиқоти байналмилии наврасон оид ба самбо «Победа»  озими шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия гардида, бар ҳарифаш дар вазни 42 кило дастболо гашт. Худи ҳамин сол, дар вазни мазкур бори дигар дар ҳамин мусобиқа дар Санкт-Петербург ғолиб шуд. 
Соли 2014 Ӯ дар мусобиқоти байналмилии наврасон оид ба самбо «Победа» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дубора пирӯз гардида, ҷои аввалро ишғол намуд.
  anushn3Ба ин тартиб, соли 2013 Анушервон, ки дар вазни то 46 кило қувваозмоӣ мекард, роҳхат барои иштирок дар  Қаҳрамонии Аврупо оид ба самбо миёни наврасон ба даст овард ва дар шаҳри Ригаи Латвия бо намояндаи Гурҷистон Георги Ниязашвилӣ рақобат карда, ӯро бо як усули мубориза ва дӯстдоштааш маъруф бо “канарейка – фишор додани мушаки соқ” шикаст дода, унвони қаҳрамони Аврупо оид ба самбо миёни наврасонро соҳиб шуд. Ин аввалин пирӯзии ӯ дар арсаи байналмилӣ буд. Ҳамеша мурабияш — Владимир Такташев, ки  мураббии дараҷаи олӣ ба шумор меравад, мегуфт: “Чун аз зинаи мақомпоя фуруд омадӣ, ин ғалабаро фаромӯшт кун ва дар фикри ба даст овардани пирӯзиҳои минбаъда бош!”.
  Ин буд, ки ғолибияти чандин мусобиқоти Русия оид ба гуштини тарзи самбо ва дзюдоро ба даст овард ва ба мақомоти шойиста сазовор гардид.  28 моҳи майи соли 2014 пеш аз оғози нахустин қаҳрамонии ҷаҳон Анушервон азми Тоҷикистон кард, дар он ҷо пеши устодони варзида, ба вижа дар маҳзари устод Шарифи Сулаймон дар радифи варзишгарони номдори Тоҷикистон (чун Х. Хисравов ва ғ.) ба муддати 3 моҳ ҳунару истеьдод омӯхт. Ҳамин муносибатҳои инфиродии устодон ва дуои неки онҳо нисбати ӯ буд, ки то синни  15 солагӣ се бор қаҳрамони Русия миёни наврасон дар риштаи самбо ва ноибқаҳрамони ин кишвар дар риштаи дзюдо гашт.
  Анушервон, қариб як моҳ қабл аз мушорикаташ дар мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон бо мураббияш — Дмитрий Клетсков дар вилояти  Рязан (сбор) иқомати кӯтоҳ ҷиҳати тамрин дошт, ҳамвора ба Анушервони 15 сола кӯмак мекард то ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Лимассоли Кипр озод ва бо боварии комил қувваозмоӣ намояд. Бо тавфиқ аз ҷониби Худованд, дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон дар шаҳри Лимассоли Қибрис (Кипр) 6 декабри соли 2014 ба мақоми аввал шарафёб гашт, ба унвони нахустин қаҳрамони ҷаҳон дар торихи самбо дар вазни 46 кг  (дар синни 15 солагӣ) номашро сабт карду сазовори медалли тилло шуд.

anushh2
Анушервон бо падару аму

  Анушервон ғолиби ҷашнвораи (спартакиадаи) донишимӯзони Русия мебошад. Аз 20 то 23 июли 2015 дар шаҳри Армавири Краснодар ҷашнвораи варзишии (спартакиада) VII-уми донишҷуёни мактабҳои Русия оиди самбо баргузор шуд. Дар ин мусобиқа аз 45 мантақаи Русия 170 донишомӯз иштирок карданд. Анушервони Назарзода дар вазни 55кг бар ҳама ҳарифонаш пирӯз гашта, қаҳрамони ин мусобиқа шуд. Дар сабқати умумирусиягӣ дар шаҳри Кстовои вилояти Нижегород Анушервон дар ҳайати дастаи мунтахаби Маскав дар вазни 46кг. дар талоши ниҳоӣ бар намояндаи Ҷумҳурии Чувашистон Олег Петоров ғолиб омада, медали тиллоро ба даст овард. Дар мусобиқаи самбои наврасони ҷаҳон, ки дар шаҳри Нови Сади Сербистон баргузор гардид, дар вазни 56кг дар таърихи 15.10.2017 соҳиби ҷои аввал ва  қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон шуд.
 Умед дорем, ҷавонпаҳлавони номбардори ҳамдиёр Анушервон Назарзодаро, ки мояи фахри мову кулли миллат аст, дар рӯи зинаҳои балантарини шӯҳрати варзишӣ бинем.

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.