Анвои хат ва хушнависии форсӣ

Хутути шикаста

  Хутути шикаста ё иқломи ситта, ки аз онҳо ба унвони хутути усул ном мебаранд, дорои қавоид ва назми махсуси хеш буда, дар хушнависии исломӣ истифода мешаванд. Хутути шикаста аз муҳаққақ, райҳон, сулс, насх, риқоъ, тавқеъ иборат мебошанд. Падидоранда ё ҳадди ақал сомондиҳанда, муназзаҳкунандаи тамоми хутути шикастаро ташаббуси Абуалӣ ибни Муқлаи Шерозӣ медонанд. Ин хутут дар тарзи навишт ва ҷузъиёти қавоиди аслии хушнависӣ, ки ба усули дувоздаҳгонаи хушнависӣ маъруфанд, аз ҳам тафовут доранд. Усули дувоздаҳгона аз: таркиб, курсӣ, нисбат, заъф, қувват, сатҳ, давр, сауди маҷоз, нузули маҷоз, усул, сафо, шаън иборатанд. Аз аввалҳо дар русумулхати арабӣ ё форсӣ ду шеваи нигориш маъмул буд.

Хати муҳаққақ

  Муҳаққақ аз шеваи муҳими хаттотӣ буда, бархе аз муҳаққиқин онро падари хуттут (хатҳои арабӣ) гуфтаанд. Ин хат аз хутути асили исломӣ буда, ба хати кӯфии сода наздик аст. Дар ин хат шакли ҳарфҳо якдаст, якнавохт ва дуруштандом, бо фосилаи мураттаб ва бетадохули ҳуруф мебошанд.

Хати райҳон

  Хати райҳон баргирифта (муштақ) аз муҳаққақ аст. Он дорои вижагиҳои хати муҳаққақ буда, зарифтар аст ва онро ба гулу барги райҳон ташбеҳ кардаанд. Аз ин рӯ, онро чунин унвон кардаанд. Ҳарфҳо дар райҳон бориктар ва кӯчакандом мебошанд ва ин хатро барои суҳулати нигориш ва хулосанависӣ эҷод намудаанд.

Хати сулс

  Сулс яке аз анвои бисёр муҳими хушнависӣ буда, дар ороиши китобу катибаҳо бештар ба кор бурда шудааст. Сулс аз лиҳози қавоиду усул душвортарину комилтарин, вале зеботарини ин хутут аст. Ба ин хат “уммулхутут” – модари хатҳо лақаб додаанд. Дар хати сулс калимаҳо гоҳе ҷудогона ва гоҳе хеле дарун ба дарун, савор бар якдигар, дуруш ва ҷамътар навишта мешаванд. Дар ин хат ҳуруф хамида, каҷ навишта мешаванд. Ибдои ин хатро ба Ибни Муқла нисбат дода, Ибни Баввоб ва Ёқути Мустаъсимӣ дар такомули ин хат саҳми бузург доштаанд. Сулсро дар гузаштаву имрӯза барои навиштани қитъаот, пушти ҷилдҳо, унвонҳо, сарлавҳаи китобҳо, ҳаккокии сангу меҳробҳо ва ғ. истифода мебаранд.

Хати насх

  Хати насх, яъне нусхабардошта, аз хати кӯфӣ барои такмил ва бартараф кардани мушкилот ва навоқиси хати кӯфӣ бо изофа кардани эъробу ҳаракот ихтироъ шуд. Ин хат аз хатҳои қибтӣ ва суриёнӣ гирифта шуда, Ибни Муқла онро ба авҷи камолаш расонид. Ин хат яке аз навъҳои зебои хаттотӣ буда, дар сарзаминҳои исломӣ паҳн шуд ва то то имрӯз Қуръон ағлабан бо ин хат китобат мешавад.

Хати риқоъ

  Ин хат аз таркибу тағйири насху сулс эҷод шуда, шабоҳати зиёде ба тавқеъ дорад. Дуруштӣ ва захомати бештари ҳуруф дар тавқеъ онро аз риқоъ мутафовит мегардонад. Бо ин хати зебо катибаҳои зиёде навишта шуда, дар гузашта бештар ба нигориши китобҳои урфӣ ва мукотиботи шахсӣ ба кор мерафтааст.

Хати тавқеъ

  Ин хат зоҳиран ба сулсу риқоъ шабоҳат дорад. Дар он нисбат ба риқоъ ҳуруф дурушттар ва дорои захамоти бештар буда, қавсҳо ҳам камтар хамидаанд. Хати тавқеъ дар замони хилофати Маъмуни Аббосӣ ихтироъ ва баъдтар комил шуд. Ин хат ағлабан дар имзо ба кор мерафтааст ва ба ҳамин далел онро риқоъ (имзо) ном ниҳодаанд. Он бештар дар навиштаҳои муҳими ҳукуматӣ ва диӣ ба кор бурда шудааст.

Хати таълиқ

  Таълиқ ё тарассул шевае аз хушнависӣ, ки онро ирониён аз таркиби тавқеъу риқоъ таҳти таъсири хутути пешазисломӣ ба завқу рӯҳияи иронӣ ибдоъ кардаанд. Ин нахустин хате буд, бидуни зеру забару пеш барои навишти порсӣ ба кор бурда шуд. Таълиқ хати рӯ ба рӯ, муттасил буда, ҳуруфу калимаҳо якнавохт навишта намешаванд, гоҳе бузург, гоҳе реза навишта мешаванд. Ин хат дорои доира ва ҳуруфи мудаввар аст. Бо пайдоиши настаълиқ ва пас шикастаи настаълиқ ривоҷ ин хат коста гашт. Равнақи ин ду хат, ки дар заминаи таълиқ пайдо шуда буданд, ривоҷи таълиқро тақрибан боздоштанд. Ин хатро бештар котибон дар дарбору девонҳои ҳукуматӣ барои навиштани номаҳо, фармонҳо истифода мебурданд.

Хати настаълиқ

  Калимаи настаълиқ аз вожаҳои насх ва таълиқ шакл гирифта, яке аз шеваҳои хушнависӣ аст, ки дар Ирон ташаккул ёфта, бештари хатнависони иронӣ бо ин хат ҳунарнамоӣ карда ва мекунанд. Бо ин хат ағлбан матнҳои адабӣ ва ғайримазҳабии форсӣ навишта шудаанд. Он яке аз шеваҳои зебои хушнависӣ буда, онро “арӯси хутути исломӣ” унвон кардаанд. Миралии Табрезӣ настаълиқро таҳти қонуну қавоиди хушнависӣ дароварда, такмил дод, то он ба ҳадди хати мустақил ва қобили рақобат бо хутути шашгона расид. Баъдан, Мир Амод хушнависи иронӣ ин шеваро такомул дода, ба дарбори Кӯрагониёни Ҳинд, Усмониёни турк ва Қоҷориён роҳ ёфта, осори арзандае бо ин хат падид омад. Ду сабки мутафовити он, яке шеваи Ҷаъфари Табрезӣ ва Азҳари Табрезӣ, ки баъдҳо Султоналии Машҳадӣ онро комилтар кард, дар Хуросону атрофи он ва шеваи Абдураҳмони Хоразмӣ, ки пас аз ӯ фарзандонаш Абдураҳиму Абдукариму пайравонаш онро ривоҷ доданд, дар бахшҳои ҷанубу ғарби Ирон зоҳир шуданд. Дигаре аз ситораҳои дурахшони осмони хушнависии настаълиқ Миралии Ҳиравӣ буд.

Хати шикастаи настаълиқ

  Шикастаи настаълиқ навъи зебо, навтарин аз хутути хушнависии исломӣ ва аз ибдои ирониён аст. Бисёре аз шаклҳои он аз шикастани хати настаълиқ гирифта шуда буд, онро шикастаи настаълиқ номиданд. Ин хат ҷузъиёте аз таълиқу настаълиқро (тунднависии таълиқу зарофату зебоии настаълиқро) ба худ гирифта, хате дар миёни ин ду аст. Иддае Муртазоқулихони Шомлу (ҳокими Ҳирот) ва бархе дигар Муҳаммад Шафеи Ҳиравиро падидорандаи ин хат медонанд. Баъдан Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ шикастаи настаълиқро ба авҷи аълои такомул расонидааст.

Хаттотон

Абуалӣ ибни Муқлаи Шерозӣ

  Абуалӣ Муҳаммад бини Алӣ бини Ҳусайн бини Абдуллоҳи Шерозӣ маъруф ба Ибни Муқла (272-328ҳ, 886-940м) адиб ва хушнавиши машҳур дар Байзои Форс ба дунё омада, дар замони халифаи аббосӣ Муқтадир Биллоҳ ба вазорат расид ва ба сабаби тӯҳмати ҳасудон аз вазифа барканор гардид. Аз Бағдод ба зодгоҳаш баргашт. Баъди шӯриш алайҳи Муқтадир ва суқути ӯ Алқоҳир Биллоҳ ба хилофат ва Ибни Муқла дар замони ӯ дубора ба вазорат расид. Баъди чанде боз бо тӯҳматҳои атрофиён халифа ӯро аз вазорат бартараф кард. Боз дар пайи шӯриш Алқоҳир  Биллоҳро аз тахт ба зер оварда, чашмонашро кӯр карданд ва писараш Аррозӣ Биллоҳро ба тахт расонданд ва дар замони ӯ Ибни Муқла боз ба вазорат расид. Вале бори саввум низ бо тӯҳмати бадхоҳон аз вазифа халъ шуда, таҳти озору шиканҷа қарор гирифт ва дасти росташ аз бадан бурида шуд. Пас ба навиштан бо дасти чап тамрин кард ва ба гуфти шоҳидон дар ин кор низ муваффақ шуда, ҳатто қаламро ба оринҷи дасти рост баста менавиштааст.
  Бештари таърихнигорон Ибни Муқларо аз нахустин ташаббускорони хушнависии исломӣ ном бурда, ӯро нахустин касе медонанд, ки китобатро ба як ҳунар табдил дод. Дар воқеъ ӯ ба баррасӣ ва низомбахшӣ ба хутути роиҷи замони худ хутути шикастаро муназзам карда, қоидабандӣ кард. Ибни Муқла хутути шашгонаи исломиро қоидабандӣ карда, дар такмили аввалияи ин хутут таъсир гузошт. Ӯ хати муҳаққақро аз хати кӯфӣ ва насхи қадимӣ берун кашида, қоидаманд кард. Пас хати райҳонро эҷод кард, баъд аз он хати сулсро аз райҳон ахз карда, қоидаманд сохта, ба шакл додани хати насх пардохт. Ӯ Қуръоне бо хати насх китобат кард ва муҳаққақу райҳониву кӯфиро дар сари сураҳо қарор дод ва хост китобати Қуръон бо соири хутут фарқ дошта бошад, хатаи тавқеъро эҷод кард. Ибни Муқла барои зебоии хат 12 қоида таъйин кард, ки ба усули дувоздаҳгонаи хушнависӣ маъруф буда, то ҳол эътибор доранд. Ин сул аз: таркиб, курсӣ, нисбат, заъф, қувват, сатҳ, давр, сауди маҷоз, нузули маҷоз, усул, сафо, шаън иборатанд. Пас аз Ибни Муқла афроде чун Муҳаммад бини Самсонӣ, Муҳаммад бини Асъад роҳу равишу сабки ҳунарии ӯро фаро гирифта, як сада баъд Абулҳасан Алӣ бини Ҳилол маъруф ба Ибни Баввоб ин шеваро аз онҳо омӯхта, тамоми хутутеро, ки Ибни Муқла офарида буд ба камол расонид.

Ибни Баввоб

  Абулҳасан Алӣ бини Ҳилол маъруф ба Ибни Баввоб (ваф 1022 ё 1031м дар Бағдод), мулаққаб ба “Қиблатулкитоб” яке аз маъруфтарин хушнависони исломӣ буда, шеваҳои падидовардаи ӯ дар хушнависӣ дар тӯли дусад сол то ҳангоми истилои муғул берақиб буданд. Таърих ва ҷои дақиқи тавлиди ӯ мушаххас нест. Бархе ӯро иронӣ ва бархе араби ироқӣ донистаанд. Бештари ҳаёти хешро дар Бағдод гузаронида, муддате дар Шероз низ зистааст. Аз шогирдони Ибни Муқла Муҳаммад бини Самсонӣ, Муҳаммад бини Асъад ҳунар омӯхта, шогирдони ӯ Муҳаммад ибни Абдулмалик, Саид Қосим ва шогирдони эшон Аҳмад бини Фазлуллоҳи Туркистонӣ, Абдулмӯъмин бини Сафиуддини Исфаҳонӣ ҳунари ӯро ба Ёқути Мутаъсимӣ мунтақил карданд, ки силсилаи хушнависони форсу арабу турк ба ӯ мерасанд.
  Ибни Баввоб дар хушнависӣ қавоиди навин ба вуҷуд оварда, мизони санҷиши ҳуруфро таҳти қоидаи “нуқта” даровард, ки то имрӯз дар ағлаби хутут риоят мешавад. Хати насх тавассути ӯ ташаккул ва такмили ниҳоӣ ёфт, ба тадриҷ хати роиҷи тамоми сарзаминҳои исломӣ гардид ва имрӯз ҳуруфи чопии муосири арабию форсӣ бо ин хат тарроҳӣ шудаанд. Ӯ дар наққошӣ, китобороӣ, тазҳиб, хушнависӣ устоди моҳир, воизи дарбор, амину китобдори китобхонаи амири дайламӣ ва дар арабӣ адиби тавоно буд.

Ёқути Мустаъсимӣ

  Ҷамолиддин Абулдар Ёқути Мустаъсимии Бағдодӣ мулаққаб ба Қиблатулкитоб (ваф 698ҳ) аз аҳли Ҳабаш буда, дар хушнависӣ аз Ибни баввоб татабӯъ кардааст. Ӯ дар равиши хушнависӣ ва тарошидану буриши қалам тағйироте ворид кард. Хатҳои мухталифи исломиро қодабандӣ кардааст. Ӯ марди адиб, фозил, шоир ва аз тарбитдидагони халифаи охирини аббосӣ Мӯътасим Биллоҳ будааст, ба ин далел худро “Мӯътасимӣ” номидааст. Баъд аз оне, ки Қиблатулкитоб лақаб гирифт, ҳар рӯз ду ҷузъ аз Қуръонро навишта, дар моҳе ду Қуъръони комилро ба поён мерасонид. Дар поёни китоб шумори Қуръони китобат кардаашро қайд мекард. Аз он Қуръонҳо шумораҳои чаҳор, сесад ва шашсадро дидаанд. Аз ӯ ба унвони бузургтарин хушнавис дар нигориши хати сулс ном мебаранд.

Хоҷа Тоҷиддини Салмонӣ

  Хоҷа Тоҷиддин Салмонии Исфаҳонӣ (ваф897ҳ) хушнависӣ барҷаста дар хати таълиқ буда, аксари муҳаққиқон бар он назаранд, ки хати шикастаи таълиқро ӯ офаридааст. Агар офарандаи он ҳам набошад, нахуст касест, ки ба он сару сурати комил дода, таҳти қоида даровард. Ӯ дар таълиқ ва хутути шикаста ҳам устод буд. Дар замони салтанати Султон Абусаиди Курагонӣ зистааст.

  Асотиди барҷастаи сулс: Ёқути Мустаъсимӣ, Абдуллоҳи Сайрафӣ, Мирзо Ҳусайни Бойсунқаро, Абдуллоҳ Таббохи Ҳиравӣ, Мулло Алобек, Хайриддини Маръашӣ, Асадуллоҳи Кирмонӣ, Умари Ақтаъ, Султон Иброҳим Мирзои Темурӣ, Абдулҳайи Халутӣ, Абдулбоқии Табрезӣ.
Муосир: Аҳмад Наҷафии Занҷонӣ, Абдулҳамид Маликулкаломӣ, Муҳаммадалӣ Ғаравии Котиб, Ҳабибуллоҳи Фазоилӣ, Муҳаммад Муваҳҳиди Ҳусайнӣ, Муҳаммад Абдурризоӣ, Саидмуртазо Нуҷумӣ, Аббоси Мисбоҳзода, Муҳаммадризо Қанбарӣ, Абдулсамад Самадӣ, Муҳаммад Неъматӣ.
Усмонӣ: Ҳамдуллоҳи Омосӣ, Аҳмадқараи Ҳисорӣ, Ҳасан Чалабӣ, Ҳофиз Усмон, Мустафо Роқим, Исмоил Зуҳдӣ, Маҳмуд Ҷалолиддин, Мустафо Иззат, Муҳаммад Шафиқбек, Маҳмуд Ёзар, Мустафо Ҳалим, Ҳомид Омадӣ.
Суронӣ ва лубнонӣ: Иброҳим Аррафоъӣ, Комил Албобо, Насиб Макорим.
Ироқ: Ҳошим Муҳаммади Бағдодӣ, Муҳаммад Сабрии Ҳилолӣ, Абдулғанӣ Абдулазиз, Маҳдӣ Ҷабурӣ.
Афғонистон: Саид Муҳаммад Эшон Алҳусайнии Афғонӣ, Саид Муҳаммад Довуд Алҳусайнӣ, Саид Муҳаммад Саиди Ҳусайнӣ, Саид Ҳимоятуллоҳи Ҳусайнӣ, Саид Муҳаммад Сиддиқи Ҳусайнӣ, Азизуддин Валъкилии Фуфалзоӣ, Аъзамӣ, Беҳансӣ, Роду, Мир Алӣ Аттори Ҳиравӣ.
  Асотиди маъруфи таълиқ: Хоҷа Абулъол, Ҳасан бини Ҳусайни Форсӣ, Аҳмад бини Али Шерозӣ, Мансур бини Муҳаммади Баҳбаҳонӣ, Султоналии Машҳадӣ, Дарвеш Абдуллоҳ Муншии Балхӣ, Наҷмиддин Масъуди Совӣ, Шаҳобиддин Абдуллоҳ Марвориди Кирмонӣ (Баёнии Кирмонӣ), Хоҷа Тоҷи Сулаймонӣ (Сулаймонӣ), Муҳаммад Исфизорӣ, Иброҳими Астарободӣ, Хоҷа Ихтиёриддини Муншӣ, Абдулҳай Муншии Астарободӣ, Ҳусайнали Бек, Хоҷа Мирак Муншии Кирмонӣ, Искандарбек Муншӣ, Муҳаммадкозим, Валлоҳи Исфаҳонӣ, Лутфалӣ Садрулафзал.
Таълиқнависони усмонӣ: Маҳмуд Тупхонлу, Иброҳим Фоиқ, Исмоил Осим, Саидмуҳаммад Маҷидӣ, Ахрас, Муҳаммад Асъад, Мустафо Ҷудат.
Муосир: Ҳабибуллоҳи Фазоилӣ, Муртазо Абдурасулӣ.
  Асотиди настаълиқ: Мир Алии Табрезӣ, Мирзо Ҷаъфари Табрезӣ, Азҳари Табрезӣ, Султон Алии Машҳадӣ, Мир Алии Ҳиравӣ, Абдураҳмони Хоразмӣ, Абдураҳим Анисии Хоразмӣ, Султон Алисабзи Машҳадӣ, Султон Али Қоинӣ, Султон, Муҳаммади Нур, Султон Муҳаммади Хандон, Мир Аммори Ҳасанӣ, Алиризои Аббосӣ, Абдурашиди Дайламӣ (Рашидо)
Гавҳаршод (духтари Мир Аммор), Абдулҷаббори Исфаҳонӣ, Ҳоҷӣ Ҷамол бини Малики Шерозӣ (Ҷамол), Нурои Исфаҳонӣ, Меҳроби Бек, Миряҳёи Исфаҳонӣ, Абутуроби Исфаҳонӣ (Туробо), Муҳаммадсолеҳи Исфаҳонӣ, Муҳаммадҳусайни Табрезӣ, Бадеуззамони Табрезӣ (фарзанди Алиризои Аббосӣ), Муҳаммадҳусайни Кашмирӣ, Муҳаммадмӯъмини Кирмонӣ, Абдураҳими Анбаринқалам, Ҳасани Шомлу, Асадуллоҳи Шерозӣ, Аббоси Нурӣ, Аҳмадшомлу Машҳадӣ, Фатҳалӣ, Ҳиҷоб, Висоли Шерозӣ, Мирҳусайни Хушнавис, Абдураҳими Афсар, Мирзо Муҳаммад Иброҳими Теҳронӣ (Мирзоаму), Абдулҳамиди Маликулкаломӣ, Мирзо Ғуломризо Исфаҳонӣ, Мирзо Ризои Калҳур, Амодулкитоб, Алиакбар, Пагоҳи Қазвинӣ, Кайхусрави Хурӯш, Аббос Ахавайн, Ғуломҳусайни Амирхонӣ, Абосилати Содиқӣ, Ҳоҷ Ҳусайнхони Шеркаванд.
  Асотиди шикастаи настаълиқ: Муртазоқулихони Шомлу (ҳокими Ҳирот), Муҳаммадшафеи Ҳиравӣ (маъруф ба Шафео), Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ, Муҳаммадризои Исфаҳонӣ, Мирзо Ғуломризои Исфаҳонӣ, Мирзо Кӯчаки Исфаҳонӣ, Саид Алиакбари Гулистона, Мирзо Ҳасани Кирмонӣ, Муҳаммад Иброҳими Қумӣ, Муҳаммадалӣ Вафои Исфаҳонӣ.
Муосир: Ядуллоҳ Кобулии Хонсорӣ, Ғуломризо Машъашъӣ, Муҳаммад Ҳусайни Атторчиён, Муҷтабо Маликзода, Ҳусайни Файзободӣ.
Асотиди насх: Аҳмади Найрезӣ

Ашраф Акрам. Мавод бо истифода аз Википедиё — донишномаи интернетӣ таҳия шудааст.

Намунаи хат ва хушнависӣ:

1 Назар

  1. Ассалому алайкум муаллифоний «Анвои хат ва хушнависии форсӣ» бо Шумо ташаккур маълумотҳойи хели хуб нависта баҳраманд кардетон. Ин маълумотҳотонро ба «Бухоро хаттот» телеграм мисли намунаҳоро ирсол кардам ва админи ҳамин канал ҳастам (Як назар кунет ва аъзо шавет). Бо Шумо чихел маълумотҳоро аст бо тарихи хаттотҳойи Бухоройи шариф ба ман ирсол кунет. Бо камоли эҳтироми сипос Ҳусайн Бухорий. Хуш бахт бошед.

  2. Ассалом алайкум! Ман аз шахри Истаравшан дорандаи хати шикаста монанди хати настаьлик мебошам аммо онро барои хондан мушкили кашида истодаам агар ба ман ёрдами хешро мерасонидед миннатдор мешудам. Номери тел 927078147. 988784949

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.