Амаки Самад зодаи Водхуди Ванҷ ва истиқоматкунандаи Душанбешаҳр аст. Ба амри тақдир дар ҳафтсолагӣ мубталои марази чашм гашта, аз биноӣ маҳрум мегардад. Ӯ нобиноест, ки дар умури оиладорӣ ва худсозӣ бо қувваи худ муваффақ гаштаст. Таҳсилкарда, ботақво, ширинсухан ва ҷаҳонгашта аст. Ягона ванҷии шатранҷбоз аст, ки байни нобиноён ҷоизадори чандин мусобиқоти ватанию байналмилалӣ мебошад. Дар мусобиқоти шатранҷ тақрибан, тамоми кишварҳои собиқи шӯравиро сафар карда аст. Ҳатто биноҳоро ба осонӣ мағлуб мекардааст.
Алифбои Бройлро, ки барои нобиноён аст, ба маҳорат мехонад ва менависад. Ҳатто бо ин хат китоби Қуръон дорад. Худ панҷ вақт ба масҷид рафта меояд. Ба сабаби ахлоқи накӯ, одобу суханварӣ дар байни аҳли масҷид ва ҳамсояҳо эҳтироми хосса дорад. Ҳама дӯсташ медоранд. Ҳамаро аз овоз ном ба ном мешиносад. Амаки Самад мегӯянд, ки ягона дуои ман аз Парвардигор инаст, ки маро монанди дигар нобиноён мӯҳтоҷу талабанда накунад. Камолиддин Бозӣ.
Назари хешро иброз кунед