Алӣ Сафаров соли 1935 дар деҳаи Вишхарвак дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна аз соли 1954 то соли 1959 дар факултаи зоотехникии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон таҳсил намуда, бо анҷоми он фаъолияти меҳнатиаш чунин сурат гирифтааст: соли 1959-1963 дар ноҳияи Дарвоз ба ҳайси сарзоотехник, 1963-1964 сарзхоотехники хоҷагии намунавии “Коммунизм”-и ноҳияи Ванҷ, 1965-1967 сарвари Управленияи истеҳсолии ноҳияи номбурда, 1967-1971 раиси колхози ба номи Лоҳутӣ ва солҳои 1971-1985 ба ҳайси директори совхози ба номи Федченко ифои вазифа кардааст.
Ғолиби мусобиқаи сотсиалистии вилоят Алӣ Сафаров дар кори ба даст даровардани ҳосили баланди картошка, шир, тухм, пашм ва чормағз пешсафиро мунтазам нигоҳ медошт. Ба туфайли меҳнати намунавӣ Алӣ Сафаров соли 1987 бо ордени “Нишони фахрӣ” мукофотонида шуд. Дар тӯли фаъолияти меҳнатии хеш, то ба нафақа баромадан (1985), Алӣ Сафаров борҳо ба депутатии шӯрои ВМКБ ва ноҳиявӣ интихоб гардидааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.
Рохбари мардумписанд
Дар тӯли фаъолияти кории шаффоф, роҳбарияти созандаи ин марди арзанда ҳама вақт як фазои гарми кории пурҷӯшу хурӯш танинандоз будаст. Таҳти роҳбарияти ин марди сахтгир ва дар мавриди хеш дилсӯз, ростқавлу поквиҷдон даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим ва садҳо гектар заминҳои бекорхобида ободу шодоб гардонида шуда буданд. Соҳаҳои чорводорӣ ва зироаткорӣ ба маротиб чанд рушду нумӯъ карда буданд.
Заҳматҳои софдилонаи Алӣ Сафаровро дар рушди соҳаи хоҷагии халқ ба назар гирифта, ӯро ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1978 бо “Нишони фахрӣ”сарфароз гардонида буд. Алӣ Сафаров айни замон дар зодгоҳ, дар деҳаи Вишхарвак давлати пирӣ меронад ва дар ҳамаи масъалаҳои рӯзмарраи ин деҳа ҳамчун шахсияти аз таҷрибаҳои зиндагӣ баҳрабурда саҳмгузор аст.
Аз даргоҳи Парвардигори яктову беҳамто барои ин марди наҷибу накӯсиришт умри дароз ва саломатии бардавомро талабгорем!. Азиз Қадамов.
Назари хешро иброз кунед