Рӯзи 27-уми июли амимсол (2017) ай Роғ тлифонм каран, ки яке ай ҷасадоера, ки як рӯз пеш да як ҳодисаи нохши автомобилӣ дар Хоки дегдун зери Ванҷов шиябӣ, дар ростаи застави Пайшанбиобод ов бадар караст. Бобама фавран хабардор карм, ки наминхел гапгапай то занг зана мардми Вотхдаву хдмун қати акаму чанд ҷиян саросема бай ҷои гфтагира рафта расием. Воқеан, як духтараке, ки дар мошин зери ов шиябӣ (худованд ҷоша ҷаннат гардуна ва сабри ҷамил бда бай наздикоша) дар дминаи Ванҷов дар як ҷои касногзар намудор бӣ, ки ов оста-оста дарё шиестаабӣ ва хавфи канда бурани ҷасада торафт зиёдтар мекар.
Дар як муддати кӯтаак раи мошини рости амин ҳодиса при мошин шӣ ва одамо тӯда-тӯда ай ҳамай деҳоои ноҳия ҷаҳм шин. Намоёндоои ҳкуматам ай млисаву балнисаву ҳолатои фавқулодаву ғайраҳо ҳузур доштан, аммо, мутаассифона, бинобар сабаби набидани одитарин абзорои касбии халоскнӣ ягон кас ҷуръати пеши ҷасад рафтан намекар. Воқеъан, ам то пеши ҷасад рафтан пр хатарнок бӣ. Ов дшоха мешӣ ва як ҷазирааки майдаак ташкил мекар, ки марҳумара дар лаваки амун ҷазираак берун карабӣ. Ҳама ёрдам каран мехостан, некӣ ичкас ҷуръат намекар, ки қадами якма бзана. Фақат тагу тор мерафтем ва лави ову нақша мекашием. Мардми Роғам ай убар планпову банду чӯву адёл оварабин, некӣ тамоман раи ҳала намиёфтан.
Дар амин вахт Садиров Акрам — яке ай ҷавонпаҳлавонои шнохтаи мову шмо, ҷавони бағайрату баҷуръату тавакалбархдову хдотарс рӯ зо ва бе ягон дудилагӣ шиму кртара бадар кару қати як бародари га, ки мн рости гап мешносмшу нуму насабша намедунм, ки дар ҷурат ай Акрам кам нест, қадами нахста гзошт. Ва амун ови дар ҳайни ҷӯшу хрӯш ва дар як калапосариву тезӣ дукаса амта ростако ова тавакалбархудовандона убур карану ҷасада ва сон пӯшундан ва якбараш карану ай хавфи овшиян озодш каран. Баъдтар дастаи ҳолатҳои фавқулодаи вилоятӣ низ, ки Хдо хайршун бда ҳозир шин ва бо қайқи касбишун ба Акрамино пайвастан ва ҷасада ва бари Роғ берун каран.
Манзур ай мавзуи мн фақат як чзай. Тавакалбархдоӣ, ҷавонмардӣ ва ҷуни хда дар хатар гзоштан ба хотири дстгирии як ҳамватану ҳамдиёру хешу табору шнос. Олӣ шоҳидо медунан, ки бачааки дуйма ов чандбор 5-10 митрӣ чк дохту бур, аммо ва фазли Худованд бо раҳо шӣ ва дар кӯмак тохт. Акрама ва амун ҷӯраш касе агар намешнохт, бшносаш – қаҳрамони зндае, ки амин шаву рӯз дар байни мо зндгӣ дора. Қаҳрамони ҚАҲРАМОН, сазовортар ай ҳама ифтихорномаву сипосномаву таърифу тавсифномаҳо… Камолиддини Бозӣ.
Акрампахлавони
Карамон