Аз Шоқирғиз то Исмоилшо

  Таърихи сиёсии Дарвози охири асримиёна монанди дигар сарзамину давлатҳои минтақа аз ҳудуди қонунмандиҳои замони парокандагии феодалӣ берун будан наметавонист. Муборизаи беисти намояндагони сулолаи ҳукмрон барои соҳиб гаштан ба тахти шохӣ, кӯшиши хонигариҳои ҳамсоя барои зери тасарруфи худ даровардани кишвар сабаби харобии мулк, торочу гирифтори қашшоқии мардуми бе ин ҳам аз камзаминию мушкилоти табиати кӯҳистон танқисии иқтисодӣ дошта мегаштанд. Албатта аз диди бартарияти давлати мутамарказ ин парокандандагии халқи тоҷикро ба давлатчаҳои хурд ва муноқишаи доимии миёни онхо бояд маҳкум кард. Вале воқеъияти парокандагии феодалиро сарфи назар кардан, маънии ба қонунияти замон сарфаҳм нарафтанро дорад. Аз ин рӯ ба задухӯрдхои доимии байни давлату давлатчаҳои мансуби як халқ, маду чазри ҳудуди онҳо амри таърих буда, дер ё зуд рӯй додани онҳо ва ба тағйири муносибатҳои иқтисодӣ, костагии хочагии натуралӣ, вусъати муносибатҳои молию пулӣ, инчунин, ба дарки зарурати тамаркузи давлат аз чониби халқу ҳокимони он вобастагии қавӣ дорад. Аз ин мавкеъ набояд задухӯрду талошҳои ин давлату давлатчаҳоро барои дифои нигаҳдоштани истиқлолият аз ҳамқавмони соҳибмулк ё дар мавриди мусоиди тасарруфи онҳо ва ба ҳудуди маъмурии худ дароварданашон аз дарачаи дарки зарураи имрӯзаи нигоҳдоштани ягонагии Ватан дид. Ин хусуматҳову рақобатҳоро воқеъияти замони парокандагии феодалӣ тақозо мекард.
  Дар ин самт сухан ронда, боз аз як ҳақиқат набояд сарфи назар кард, ки дар мавриди талоши ачнабиёни бегонанажод баҳри тасарруфи кишвари онҳо, баҳри дифоъ аз озодии хеш сокинони ин давлатчаҳо ва ҳамсояшонро ба ҳам муттаҳид месохт. Агар имконияти мустақиман бо душман чангиданро надошта бошанд (дурӣ аз майдони набард, надоштани иқтидори ҳарбию иқтисодии муносиб, барои хуручи мустақил ширкат дар амалиётҳои ҳарбӣ) ҳам, ҳаддалимкон ба онҳо кӯмак мекарданд. Ҳадди ақал ба бародарони аз таъқиботи душман ба ин чо фирор намудаву чон ба саломат бурда сарпаноҳ дода, захираи бе ин ҳам но- кифояи ғизоии худро бо ҳам медиданд. Таърихи Дарвоз дар ин масъала намунаҳои зиёде дар ихтиёр дорад.
  Ҳангоми шиносоӣ бо таърихи Дарвоз, гарчи дар даст далели мӯътамаде надорем, аз мазмуни ахбори пароканда бармеояд, ки шоҳ ба талаби гурӯҳи мухолифин, алалхусус дар мавриди чун қувваи ҷиддии воқеӣ будани он итоат мекард. Ин гуна изҳороти рӯирости мардум ҷиҳати маҳкум кардани кирдори беҷои шоҳ, аз ҷумла дар мавриди аз меъёри муқаррари зиёд гирифтани андоз ва худсарии амалдорони дарбор дар иҷрои дигар маҷбуриятҳои низоми феодалӣ зоҳир мегардид, то андозае аз мавҷудияти ҷузъиёти соддаи демократияи феодалӣ дарак медиҳад. Албатта, чунин ихтилофи миёни шоҳ ва фуқаро бе мудохилаи намояндагони наздики дарбор аз авлодони сулолаи ҳукмрон, ки барои тахт талош мекарданд, рӯй намедод. Гоҳо ин ихтилофҳо ба андозае тезу тунд буданд, ки ба табдили соҳибони тахти шоҳӣ оварда мерасонданд. Дар чунин ҳолатҳо гурӯҳе аз тарафдорони талабгори нави тахт ба болои кӯҳи пушти қалъа баромада, бо тамоми овоз дод мезаданд: «Баро шоҳ, мо туро намехохем!»[1]. Ҳолатҳое буданд, ки шоҳ мачбуран ба ин талаб итоат мекард.
  Давлати шоҳии Дарвоз монанди дигар мулкҳои ҳамсоя дуру дароз дар ҳолати суботу оромӣ қарор гирифта наметавонист. «Ҳеч гоҳ дар замони ҳокимияти шоҳони маҳаллии Дарвоз, — менависад Г.А.Арандаренко, — кӯҳистониён оромиро намедонистанд, гоҳо дар натичаи кашмакашу задухӯрдҳо хешони наздики ҳокимон музофотҳои алоҳидаи мамлакатро (Хулоз, Вахиё, Ванч) зери итоати худ гирифта, бо ёрии ҳамдигар Қалъаихумбро ишғол мекарданд, гоҳо дар натичаи кӯшишҳои пайгиронаву ғаюрона ба шоҳ муяссар мешуд, ки мулкҳои ҳамсоя — Шуғнонро бо Рӯшон, Қаротегин, Балчувонро, зери итоати худ дароранд, дар онҳо низ ҳамеша олигархияи бенизом ҳукмронӣ дошт ва ин имкон медод, то дарвозиҳои тоқатовар нақшаҳои ғоратгаронаи ҳокимони худро ба ҷо оваранд»[2].
  Ин талошҳои бардавом намояндагони хонадони шоҳӣ, ки аксаран бо задухӯрдҳо анҷом меёфтанд ва кӯшишҳои вусъат додани қаламрави мамлакат аз ҳисоби мулкҳои ҳамсоя барои мардум нафақат бори гарони моддӣ, балки чоннисориҳои зиёд ба вуҷуд меоварданд. Агар ба ин боз ҳуҷумҳои фоҷиабору ғоратгаронаи хонигариҳои қавитару дуру наздикро зам намоем, вазъи ниҳоят сангину тоқатшикани рӯзгори аҳли заҳмат бараъло равшан мегардад. Ин гаронии тоқатфарсои зиндагиро фақат тамкину тоқати зодагони озодипарасти кӯҳсорон бардошта метавонистанд.
  Гарчи маводи муътамаде аз зиндагии ҳар яке аз шоҳони Дарвоз ва сиёсати ичтимоиашон дар даст надорем, ҳамин ахбори ками дар ихтиёр доштаамон бешак аз вазъи номусоиди сиёсӣ ва иҷтимоии давлату давлатдорон шаҳодат медиҳад. Полковник Г.А. Арандаренко ва капитан П.А. Кузнетсов ба маълумоти ба даст овардаашон такя карда, кӯшиш ба харч додаанд, ки ҳаддалимкон соҳибони тахти шоҳии охири асрҳои  миёнаи Дарвозро муайян намоянд. Г.А. Арандаренко «аз овардани маълумоти пурра доири Дарвози баъди ҳукмронии Шоқирғиз худдорӣ намуда, фақат шоҳони асилзодаву қадиминасли» асри Х1Х-ро қаламдод намудааст. Ба ақидаи ӯ дар хотираи халқ номи Мизробшо (1812-1822) боқӣ мондааст. Баъди ӯ чунин соҳибтахтон Дарвозро идора кардаанд: Шотурк (1822-1830), Иброҳимшо (1830-1837), Султоншо (1837-1845), Исмоилшо писари Иброҳимшо (1845-1863), Шоидарвоз писари Исмоилшо (1863-1870) ва шоҳи охирин Сирочуддин писари Султоншо (1870-1876)[3].
  П.А.Кузнетсов, шояд бо сабаби дар бораи солҳои ҳокимияти шоҳони Дарвоз маълумоти дақиқ надоштан, аз таъйини замони ҳукумати онҳо сарфи назар намуда, фақат солҳои ҳукуматашонро, аз сӯҳбат бо донандагони куҳансоли маҳаллӣ пешкаши хонандагон менамояд. Вале асоси ривоятии ахбор қимати маълумоти ин муаллифро коста нагардонид, чунки алҳол аз ин беҳтару бештар далеле дастрас нест. Аз ин рӯ, зарурати бозгӯии ин ахборро мантиқи ин китоб тақозо менамояд. П.А.Кузнетсов аз шахсияти барҷаста будани Шоқиргиз ёдовар шуда, рочеъ ба ҳокимияти ворисонаш ва шоҳони минбаъдаи Дарвоз ин маълумотро, ки аз иқтибоси пуррааш худдорӣ кардан мушкил аст, пешниҳод кардааст:
  «Баъди Шоқиргиз бародарзодааш Маҳмудшо ба сари тахт омада, 60 сол салтанат кардааст. Дар давраи ӯ Бадахшон, Вахон ва Шуғнон аз Дарвоз ҷудо шуда, аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора карда мешуданд. Аз ҳамин давра Вахон ва Шуғнон вобаста ба иқтидору нуфузашон, ба Бадахшон хироҷ медоданд, ба замми ин ҳамасола ба хони Кӯқанд тӯҳфаҳо мефиристоданд. Шоҳи навбатии Дарвоз бародари Маҳмуд Танаи Фузашо буд, ки ҳамагӣ 4-5 сол ҳукмронӣ намудааст. Баъди вафоти ӯ писари Махмудшо Мухаммадхоншо соҳиби тахт эълон шуд, вале бо сабаби хурдсолиаш мамлакатро амакбаччааш Мизробшои Калон идора мекард. Дере нагузашта ӯ Муҳаммадхонро кушта пурра ҳокимиятро ба дасти худ гирифт. Мизробшо 15 сол ҳукм ронда, аз худ хотираи неке боқӣ гузоштааст. Баъди вафоти Мизробшо идораи давлат ба дасти бародари модариаш Шоидарвоз гузашт, ки 8 сол ҳукм рондааст. Ӯ одами ниҳоят бадҷаҳлу маккор ва сарватпараст будааст. Сипас, ба тахт писари Шоидарвоз Шотурк соҳиб шуда, 5 сол ҳукмронӣ кард. Ӯро бародараш Мизробшои кӯчак (Мизробшои хурдӣ — Ҳ.П.) иваз намуд, ки 2 сол соҳиби тахт буд. Баъдан бародари калонии ӯ Шосулаймонхон ба сари ҳокимият омада, 7 сол ҳукмронӣ кардааст. Сипас бародари Мизробшо Иброҳимхон соҳибтахт шуда, 13 сол салтанат рондааст. Баъди ӯ писарамакаш Султон Маҳмудшо 9 сол давлатдорӣ дошт. Дар давраи ӯ хони Қӯқанд Махмуд Мадуллохон (Мухаммад Али хон ё Мадалихон — 1822- 1842 — Ҳ.П.) бо шоҳи Дарвоз дар ҳолати низоъ буда, бо сардории Муҳаммад Машир атолиқ ба самти Қаротегин лашкар кашид. Он замон Қаротегин дар тобеъияти Дарвоз буд. Дар наздикии Ғарм бо қӯшунҳои Дарвоз задухӯрди сахт ба амал омад. Кӯшунҳои Дарвоз ба он тарафи Сағирдашт ақибнишинӣ намуданд. Аз Сағирдашт Муҳаммад Машир ба Қалъаихумб сафир фиристода, ба дарбори Қӯқанд рафтани Султон Маҳмудшоро талаб кард. Дар сурати ичро нашудани ин амр ӯ ваъда дод, ки Қалъаихумбро хароб хоҳад кард. Султон Маҳмудшо ноилоҷ ба тарафи Қӯқанд барои вохӯрӣ бо хон ба сафар баромад, вале дар роҳ, дар наздикии Шоҳи Мардон вафот ёфт»[4].
  Яке аз мушоҳидачиёни ин ҳодисаҳо, Қори Эмомалӣ бо тахаллуси Комӣ (ваф. 1855) ба ин воқеаҳо таваччӯҳ намуда, дар «Таърихи манзума», нокомии шоҳи Дарвоз Султон Маҳмудшоро чунин қаламдод кардааст:
Чун муқобили шоҳи Фарғона, 
Бар сари Ғарм боша (д) Дарвоз. 
Шуд нагашта ҳанӯз сафи қиттол,
Рост оҳанги ҳарб ношуда соз.
Шоҳи Дарвоз карда рӯ бар пушт, 
Пушт бурду бедилон ҳамроз. 
Гашта бигрехт баҳри таърихаш, 
Комӣ аз гайбам омад ин овоз: 
Сохт аз Ғарму Ҳоиту Сарипул, 
По зи ҳар як бурун шаҳи Дарвоз. 
  Барои сарфаҳм рафтан аз ин санаи таърихии воқеа Комӣ шарҳашро чунин овардааст: «Махфӣ мабод, ки ҳар як аз ибораи «Ғарм» ва лафзи «Ҳоит» ва ҳарфи пе, ки ба исқоти матлаи «Сарипул» иборат аз он аст, ба манзили моддаи торих воқеъ шуда ва ишорат намуда ба исқоти се ҳарфи зо, ки ба интиқоди матлаи «пои шоҳи Дарвоз» иборат ишорат ба он аст, аз маҷмӯи маводи мазкур. Пас маҳсул ҳазору дусаду чиҳилу нӯҳ хоҳад буд, ки адади торихи мазкур аст»[5]. Санади 1249 ҳичрӣ, ки Комӣ ба он ишора намудааст, ба соли 1833/34 милодӣ баробар аст.
  Ин санад ё ба қавли Комӣ мегӯяд: «Таърихи фатҳи билоди Қаротегин», боз дар абёти ӯзбекии асари мазкур чунин ба такрор омадаанд:
Фатҳу нусрат ила Фаргона сипоҳ Ғарм ӯза, 
Етгоҷ улмулк улди мафтуҳ шаҳи Дарвоз доғ
Ким қилиб идбора иқболин бадал Ғарм устидин, 
Қочти тошлаб ҳар на борин узни илоб беяроқ
То хирад устоди таърихин деди Комӣ менга, 
Юғуранда Ғарм дан торти шаҳи Дарвоз аёг. 
  Комӣ шарҳи таъйини санади ишорашударо чунин овардааст: «Мутаъаҷҷиб мабод, ки ибораи Ғарм моддаи таърих воқеъ шуда ва ишорат намуда, ба дахли лафзи йу, ки шонздаҳ адад аст дар он ва ҳам бо исқоти ҳарфи зо, ки ба интиқоти матлаи «пои шоҳи Дарвоз» ишорат ба он аст аз он. Пас маҳсули ҳазору дусаду чиҳилу нуҳ хоҳад буд, ки адади таърихи матлуб аст»[6].
  Ин муаллиф санади вафоти шоҳи Дарвоз Султон Маҳмудшоро, ки ноилоҷ ба назди хони Қӯқанд сафар карда, дар роҳ фавтида буд, дар ду қитъаи дигар чунин овардааст. Қитъаи аввал:
Ба азми остонбӯсии шоҳи мулки Фаргона, 
Шаҳи Дарвоз чандин кӯҳу дарё ва давон бигзашт. 
Вале бо хокбӯси боргоҳи хусравӣ восил,
Нагашта, ҷон ба дасти ҷонситон дод, аз ҷаҳон бигзашт. 
Пайи таърихи фавташ сар ба ҷайби фикр мебурдам, 
Ҳамин як байти мавзун аз хаёли ман равон бигзашт: 
Шаҳи Дарвоз андар мулки Хӯцанд омаду аммо,
Миёни шаҳрро нодида аз ҷону ҷаҳон бигзашт. 
  Ва шарҳашро чунин овардааст: «Пӯшида намонад, ки ин чо моддаи таърих мутандида воқеъ шуда, яке лафзи «шоҳи Дарвоз», дигаре иборати «мулки Қӯқанд» ва ишорат воқеъ шуда ба исқоти ҳарфи ҳо, ки «миёни шаҳр» ибора аз он аст. Ва ҳам ба исқоти лафзи «ҷони чаҳон» баъд аз таркиби модайни мазкурайн. Пас, маҳсул ҳазору дусаду панҷоҳу панҷ хоҳад буд, ки адади таърихи вафоти шоҳи мазкур аст»[7]. Санади овардаи Комӣ ба соли 1839/40 милодӣ рост меояд.
Ин санад дар қитъаи дуввум чунин омадааст:
Ҳар кӣ дар ин дори фонӣ омад аз дасти аҷал, 
Аз ҷаҳон ӯ норасида бар сари мақсуд рафт. 
Дошт дар дил шоҳ Маҳмуд, ин ки созад дар ҷаҳон, 
Дида худро дар рикоби шаҳриёр ӯ зуд рафт. 
То ки андар мулки Хӯқанд омад аз Дарвоз, лек 
Аз шаҳи Фарғона нодида атову ҷуд рафт. 
Яъне андар роҳ ҷоми марг аз дасти аҷал, 
Нӯш карду аз ҷаҳон, он оқибатмаҳмуд рафт. 
Баҳри таърихи вафоти ӯ хирад гуфто, ки нест 
Васфи беҳад гар бигӯӣ: оқибат Маҳмуд рафт. 
  Шарҳашро чунин овардааст: «Пӯшида намонад, ки (дар) ибораи «оқибат Маҳмуд рафт» моддаи таърих воқеъ шуда, наваду шаш адад, ки «васфи беҳад» ишорат ба он аст соқит шавад, низ ҳазору дусаду панҷоҳу панҷ ҳосил ояд»[8]. Яъне дар ин ҷо низ Комӣ дубора ба соли 1255 ҳичрӣ ишора намудааст, ки ба соли 1839/40 баробар меояд.
  Аз мазмуни ин мисраъҳо, ба ғайр аз таъйини соли амалиёти ҷангии Дарвозу Қӯқанд дар Қаротегин, ки бо ғалабаи лашкари Қӯқанд анҷом ёфт ва вафоти шоҳи Дарвоз Султон Маҳмудшо боз ду хулосаи дигар бармеояд: аввалан, онҳо хусусияти мадҳӣ дошта, далел бар онанд, ки муаллиф яке аз хизматгузорони дарбори хон буда, нисбати шоҳи Дарвоз бадбиниашро пинҳон надоштааст. Сониян, фосилаи байни ҷангу даъвати шоҳи Дарвоз ба Қӯқанд қариб ҳафт сол мебошад. Аз ин фосилаи нисбатан тӯлонӣ хулосае бармеояд, ки эҳтимол шоҳи Дарвозу хони Қӯқанд дуввумбора байни ҳамдигар амалиёти чангӣ доштаанд. Дар ин маврид аз мавчудияти хусумати тӯлонии тарафайн низ набояд сарфи назар кард. Ба ҳар ҳол ин далел аз мавҷудияти зиддияти тӯлонии миёни шоҳони Дарвозу хонҳои Қӯқанд мебошад.
  Аз хусуси муносибати сиёсии Дарвозу Қӯқанд ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар таъсису ташаккули хонигарии Қӯқанд ё Хӯқанд мавқеи точикони Қаротегин, Дарвозу Ванч, дигар шоҳигариҳои Помири Ғарбӣ (Рӯшон, Шуғнон, Вахон) ва Бадахшон ниҳоят назаррас будааст. Академик Б. Ғафуров аз хусуси дар асри XVIII пайдо шудани заминаҳои ҳалкунанда барои ташкилёбии хонигарии Қӯқанд сухан ронда, аз чумла қайд кардааст: «Дар ин роҳ қадами нахустинро Олимхон (1800 — 1810) гузошт. Ӯ бо мақсади баромадан аз тобеияти ашрофи ҳарбии феодалӣ дастаҳои махсуси низомӣ ташкил намуд, ки комилан аз точикони кӯҳистон — дарвозиҳо, қаротегиниҳо ва шуғнониҳо фароҳам омада буд. Ин даста вазъияти имтиёзнокро соҳиб гардида, дастаи асосии қӯшуни аз аҳолии маҳаллии ӯзбек ташкилшуда ҳисоб мерафт[9].
  Чунин сафарбаркуниҳои ихтиёрӣ ва баъзан иҷбории (дар ҳолатҳои ғалабаи муваққатӣ) точикони кӯҳистон дар замони ҳукмронии Умархон (1810-1822) ва Мадалихон (1822-1842) низ васеъ мушоҳида мешуданд. Аз доираи чунин сарбозони кӯҳистонӣ дар хонигарии Қӯқанд баъзан шахсиятҳои баландмартабаи ҳарбӣ ва сиёсӣ мебаромаданд. Яке аз чунин шахсиятҳо лашкаркаши бомаҳорати хони Қӯқанд Қаноатшоҳи парвоначӣ буд. Аз рӯи баъзе ақидаҳо ӯ аз намояндагони хонадони шоҳҳои Дарвоз буда, бо кадом сабабе дар хизмати Мадалихон қарор доштааст. Қаноатшоҳ солҳои 1846 — 1847 ҳокимии шаҳри Туркистонро ба ӯҳда доштааст.
  Нуфузу эътибори Қаноатшоҳ дар ҳаёти сиёсии хонигарии Қӯқанд махсусан солҳои 50-60-ум хеле боло рафт. Дар ин солҳо чун ҳокими Тошканд борҳо ба қаламрави қирғизу қазоқҳо юриш кардааст. Борҳо ба ҳайси фармондеҳи қӯшуни Қӯқанд ба ҳучуми отрядҳои ҳарбии рус ҳангоми забти қалъаҳои Уч Алмато, Тухмак (Токмак), Аштек (Кастек) муқобилияти бобарор намудаст. Қаноатшоҳро Худоёрхон соли 1862 барои гуфтушунид ба Бухоро фиристод. Дар Бухоро ӯ қурбони хусумати сиёсии байни хони Қӯқанду амири Бухоро гашта, кушта шуд[10]. Ин худ мисоли равшанест, аз мавқеи муҳими точикони кӯҳистон дар ҳаёти сиёсии тамоми минтақа. Аз китоби “Таърихи Дарвоз”-и Ҳ.Пирумшоев.
[1] Арандаренко Г.А. Дарваз и Каратегин. — С.145.
[2] Дар ҳамон чо. — С.145-146.
[3] Ҳамон чо. — С.146.
[4] Кузнецов П.А. Дарвоз. — С.3-4.
[5] Комӣ. Таърихи манзума. Фонди дастхатҳои Институти осори хаттии АИ РТ. — № 204. — С.38а — 38б.
[6] Ҳамон чо. — С.38б. — 38б.
[7] Ҳамон чо. — С.69б — 70а.
[8] Ҳамон чо. — С.70а — 70б.
[9] Ғафуров Б.Ғ. Точикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. Китоби дуюм. — Душанбе: «Ирфон»,1985. — С. 99.
[10] Тарчума бо забони аз порчаи дастхати Мулло Ниёз Муҳаммад Қӯқандӣ «Таърихи Шоҳрухӣ» // Кыргызстан — Россия. История взаимоотношений (XVII-XIX вв.). Сборник документов и материалов. — Бишкек: «Илим», 1998. — С. 236. — Прим.1.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.