Абдураҳим Раҳимов номзади илми физикаю математика, ходими калони илмӣ Абдур1 маи соли 1931 дар деҳаи Баравни деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ, дар оилаи барзгар ба дунё омадааст. Аз сабаби барвақт даргузаштани падараш (1942) ҳанӯз дар давраи наврасиаш бо машаққати рӯзгор рӯ ба рӯ гардид. Мактаб-интернати шаҳри Хоруғро соли 1948 бо баҳои аъло ба итмом расонда, ҳамин сол ба шӯъбаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки ба тозагӣ таъсис ёфта буд, дохил шуд. Вале танқисии зиндагӣ имкон надод, ки ин ҷавони шавқманди дониш таҳсилро идома диҳад. Ӯ ба зодгоҳ баргашта, муддати се сол ба сифати муаллимм мактаби миёнаи нопурраи деҳа ба хонандагон сабақ медиҳад.
Соли 1951 А.Раҳммов ба Институти дусолаи муаллимтайёркунии назди Домншкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г.Шевчонко дохил гардида, баъд аз хатми он соли 1953 бо роҳхати Вазорати маориф барои кор ба ноҳияи Ҳисор фиристода шуд. Баъди як соли шӯғли муаллимӣ, соли 1954 ӯ ба шӯъбаи физикаи факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатми он соли 1959 дар Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ ба сифати ходими илмӣ ба кор шурӯъ намуд. Пас аз як сол ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон даъват шуда, ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи физика то соли 1966 ифои вазифа дошт.
Бо сабаби маҳдудияти имконоти пешбурди корҳои тадқиқотӣ дар донишкада солҳои 1966-1969 А.Раҳимов ба шӯъбаи аспирантураи назди Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, барои гузаронидани кору таҷрибаи илмӣ-тадқиқотӣ ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Москва ба номи Н.К.Крупская тавсия гирифт. Бо гузаштани мӯҳлати аспирантура, соли 1969 барои идомаи фаъолияти корӣ ба Институти физикаю химияи АИ Тоҷикистон баргашта, то соли 1978 вазифаҳои мухталиф — ходими хурд, ходими калони илмӣ, котиби илмии Институтро ба зимма дошт.
Соли 1974 А.Раҳимов рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Тадқиқ намудани хосиятҳои акустикии қатори гомологии эфирҳои холестерин дар ҳудуди мавҷудияти мезофаза” дар шаҳри Москва дифоъ намуда, ҷиддан кори тадқиқотиро дар ин самт идома медиҳад.
Бо роҳбарӣ ва ширкати бевоситаи ӯ дар Институт нахустин корҳои тадқиқотӣ дар соҳаи омӯхтани хосиятҳои физикии объектҳои ниҳоят аҷоиб моеъкристаллҳо гузаронида мешавад.
Натиҷаи ин, бо супориши Кумитаи илм ва техникаи назди Шӯрои Вазирони СССР дар соли 1972 ба мӯҳлати се сол (то соли 1975) дар назди Институт мавзӯи иловагӣ барои ба таври комплексӣ омухтани физикаи моеъкристаллҳо ба роҳ монда шуда, дар назди яке аз лабораторияҳои он “Гурӯҳи тадқиқоти моеъкристаллҳо” ташкил карда мешавад, ки роҳбарии онро А.Раҳимов ба зимма мегирад.
Натиҷаи ин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки хеле назаррас мебошад, дар шакли як қатор мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла як кори ихтироотӣ дар маҷаллаҳои илмии марказии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои дигари хориҷӣ нашр гардида, инчунин дар шакли ҳисоботи ниҳоӣ ба мақсади амалӣ гардонидан, дар соли 1976 ба Кумитаи илм ва техникаи онвақта пешниҳод карда шуданд.
Баъди таъсис ёфтани филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе дар вилояти Қӯрғонтеппа, А.Раҳимов ба он ҷо даъват шуда, аз моҳи июли соли 1978 ӯ ба ҳайси муовини директор ба кор шурӯъ намуд. Аз моҳи октябри соли 1980 то 1986 ба сифати директор ва солҳои 1986-1993 ба ҳайси декани факултаи филиал ва баъди мустақилятДонишгоҳи давлатии ба номи Н. Хусрав адои вазифа менамояд. Саҳми шахсии ӯ, махсусан дар солҳои аввали ташкилшавӣ ва бунёдгузории ин муассисаи таълимию-илмӣ, ҳамчун роҳбар назаррас аст. Аз ҷумла, бо ташаббус ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи ӯ, филиал то соли 1986 як қатор омӯзгорони ботаҷрибаву унвондорро даъват намуда, соҳиби як бинои нави дуошёнаи таълимӣ ва ду бинои чорошёна барои донишҷӯён шуд. Қариб сад нафар омӯзгорону кормандон бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд.
А. Раҳимов аз аввали соли 1993 инҷониб ба вазифаи корманди илмӣ (ба таври шартномавӣ) ва ҳоло дар як вақт ҳамчун муовини директор оид ба корҳои умумӣ ва техникии Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ адои хизмат дорад. Ӯ ҳамеша дар корҳои ҷамъиятй фаъолона ширкат меварзад. Аз ҷумла, дар ду даъват ҳамчун депутати вилоят, муовини раиси Правленияи вилоятии ҷамъияти “Дониш” интихоб шудааст. Миёнаи солҳои 90-уми асри XX муовинии раиси Кумитаи иттифоки касабаи Академияи илмҳоро ба ӯхда дошт. А.Раҳимов ба солорсолӣ нигоҳ накарда, фаъолияту қобилияти баланди кориашро нигоҳ медорад.
А. Рахимов барои хизматҳои арзандааш дар тарбия ва тайёр намудаии кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, бо нишони сарисинагии Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси СССР “Барои хизматҳои шоёни меҳнатӣ” ва медалу ифихорномаҳо қадр карда шудааст.(Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).
PS: Устод Абдураҳим Раҳимов дар соли 2011 аз олам гузаштанд.
Абдураҳим Раҳимов
Абдураҳим Раҳимов (1931-2011) дар деҳаи хушманзараи Баравни ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маьлумоти ибтидоиро дар деҳааш гирифта, маьлумоти миёнаро дар интернати маркази ноҳияи Рӯшон соҳиб шуд. Пас Омузишгохи омӯзгории шахри Хоруғро хатм кардааст. Муддате дар мактаби деҳаҳои Баравн ва Даштак ба шогирдон дарс гуфтааст.
Аввали солҳои 50-ум ба факултаи филологии ДМТ ҳуҷҷат супурда, донишҷӯ мешавад. Бо сабаби мушкилоти оилавӣ таҳсилро тарк карда, дар зодгоҳ муаллими мешавад. Баьди 1-2 сол боз ҳуҷҷатҳояшро ба ДМТ ба факултаи физика месупорад. Донишгоҳро бомуваффақият хатм менамояд. Ӯро ба ҳайси аспирант ба кор ба Донишгоҳ омӯзгории пойтахт мефиристанд.
Устод Абдураҳим Раҳимов кори худро ҳамчун муаллими калон дар ДДОД ва Донишшоҳи кишоварзӣ идома медиҳад. Охири солҳои 70-ум устод рисолаи номзадии худро дар мавзи “Физикаи молекулави” дар Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи Ломоносов ҳимоя мекунад. Ҳамзамон корманди Иститути астро-физикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
Соли 1978 шӯъбаи ДДОТ дар шаҳри Қургонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) таьсис ефт ва устодро ба ҳайси декани Факултаи физика ва математика ба он ҷо фиристоданд. Соли 1982 ба вазифаи масьулиятнок, ректори ДДОТ дар Қурғонтеппа таьин мегардад. Аз соли 1988 то соли 1992 бошад, декани Факултаи физика ва математика буд. Солҳои баьд номзади илмҳои физика ва математика, досент Абдураҳим Раҳимов ба ҳайси раиси иттифоқи касаба ва корманди Институти физикаи Академияи улуми Тоҷикистон то охири ҳаёт фаьолият намуд.
Имрӯз шогирдони устод дар ҳамаи соҳаҳо на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар берун аз он кору фаьолият мекунанд ва ҳамеша аз ӯ бо некӣ ёд менамоянд. Хизматҳои устод бо унвони “Аълочии маорифи Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон” ва дигар ордену ифтихорномаҳо қадр гардидааст.
Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!
Мо шогирдон аз устод Абдураҳим Раҳимов ба некӣ ёд мекунем. Ёдат ба хайр, Устоди меҳрубон!. Давлатмир Юнусзода.
Борхо аз сухбати ин марди начиби диерамон шарафеб шуда будам.
Рухашон шоду ёдашон гироми бод!
Муаллим. Абдурахим. Рахимов шахсияти бузург муаллими хоксору халим дар. Донишкада обуруи калоне дошт. Олими. Физика ва математика буд. Рухаш шоду охираташ обод бошад. Устоди гиромикадро. Мо шогирдонаш хама вакт бо неки Номи. Устод. Абдурахим. Рахимовро ба ед меорем. Едат ба хайр. Устод
Ҳар,ки бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эьтибор.
Домани устод гиру шод щав,
Андаке хизмат куну устод щав!
Мо то имрӯз ҳарчи шудем,аз заҳмати чунин устоди сахтгир ва дар навбати худ меҳрубону ҳалим шудем. У худ як мактаби инсоният буд.!Рух,ат шод бод,Устоди Бузург!