Абдулло Назаров

  AbdlnazАбдулло Назаров соли 1908 дар деҳаи Мудехарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Саводи ибтидоиро дар назди муллои деҳа гирифта, ҳанӯз аз давраи наврасӣ шӯғли меҳнат доштааст. Яке аз аввалин узви комсомолу ҳизб. Соли 1933 1939  раисии деҳшӯрои Ровандро ба ӯҳда дошт. Дар курси тайёр намудани роҳбарони муассисаҳои вилояти Ғарм таҳсил намуда, солҳои оянда фаъолияти меҳнатии А.Назаров ин тавр ҷараён гирифтааст: солҳои 1939 1953 раиси колхози ба номи Куйбишеви, Каганович, 1953 1960 ҷонишини раиси колхози “Съезди 20 партия”, соли 1960 1968 корманди хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ.
  Дар ҳама вазифаҳои ба зиммааш гузошта, Назаров Абдулло фаъолияти баланди маъулиятшиносӣ нишон дода, борҳо ғолиби мусобиқа эълон шудааст. Маҳз ҳамин хизмати намунавӣ буд, ки ӯ ба ордени “ Байрақи Сурхи Меҳнат”, медалу ифтихорномаҳо соҳиб гаштааст. Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.