Достони Ванҷ
Ман зи Ванҷам, зи домани хуршед,
Аз дили қуллаҳои гардунсо.
Аз замине, ки мардхез бувад,
Аз диёри таронаи воло.
Кӯҳи ӯ пуштибони марзи худ аст,
Мардҳояш далели Рустами Зол.
Обҳояш ҳаётбахшанда,
Чун дили халқи хеш софу зулол.
Ман зи Ванҷам, ки ибтидои ҳаёт,
Дар ҷаҳон аз ҳамин замин сар шуд.
Ҳунари дасти одами хокӣ,
Зинат оварду хок гулшан шуд.
Сохт Ҷамшед аввалин хона,
То бурудат ба кас зиён накунад.
Бо қасам чанд ҷо миёнро баст,
Ки замин рашки сад ҷинон накунад.
Домани Ван* нахуст инсонро,
Лутф бахшиду дар канор гирифт.
Об аз ӯ ҷорӣ гашту рӯи замин,
Сифату зайни навбаҳор гирифт.
Аз ҳамин тангҳо ба ҳомун шуд,
Обу бо ӯ талошу санъату кор.
Қад кашиданд боғу роғу чаман,
Ҳосили меҳнати сиғору кибор.
Аз ҳамин гӯшаи назарногир,
Шуғли Одам ҷаҳон музайян кард.
Ҳунар орост корҳои бузург,
Санъати хешро мубайян кард.
З-ин сабаб кӯҳсори танги ниҳон,
Гашт гаҳвораи нумӯи башар.
Шарафу шони тоҷикон гардид,
Боғҳо дода ранг-ранг самар.
Шояд ин шуд далели он, ки ҳама,
Рамзи ободӣ обро донист.
Меҳнату ҷаҳдро физуда бар он,
Офарид он чи баҳри мо боқист.
Ванҷи ман марз дар дили санг аст,
Сатҳу бурҷаш кирои ченак нест.
Арзаш ар камтар аст аз фарсанг,
Тӯлаш афзун зи чанд милак нест.
Ганҷзой аст, ҳар ваҷаб хокаш,
Баракат дорад аз Худои бузург.
Гашта манзури турку аҳли фаранг,
З-ин сабаб дар назар шудаст сутург.
Маъдану ганҷи қаъри куҳсораш,
Ванҷро шӯҳра дар ҷаҳон карда.
Бо хати зар навишта номашро,
Ин як аз чашми он ниҳон карда.
Ман зи Ванҷам, аз он замин, ки дар он,
Ному нанг аст зевари мардон.
Рӯ натобад ягон касе зи набард,
Гарчи донад сар омадаст замон.
Модари даҳр зубдатуларзаш,
Хонда, онро макони хосон кард.
Тоираш шоҳин асту бозу ҳумо,
Зилли ҳар як шараф ба инсон кард.
Чуғди манҳусро дар ин водӣ,
Аз Худои бузург нест гузар.
З-ин сабаб нури бахт мерезад,
Дар шаби тору рӯз шамсу қамар.
Ин диёри шарифи ҷаннатфан,
Гӯшаи марзи Тоҷикистон аст.
Шак набошад ба ваҳдати ҳарду,
Тоҷикистон тан асту вай ҷон аст.
Ман зи Ванҷам, зи гулшани сангин,
Аз дили санги меҳрбори Ватан.
Санги вай зайни Тоҷикистон аст,
Ман як аз ҳофизони ин гулшан.
* Ван – номи қулла дар ноҳияи Ванҷ. Салом Нуриёни Баравнӣ.16 марти 1998.
Қасидаи Ванҷ
Ванҷи ман, чун ганҷи ноёбам туӣ,
Ҷаннати бедориву хобам туӣ.
Чун замини «мардхезӣ» аз азал,
Зодгоҳи Модару Бобам туӣ.
Ванҷи ман, бе ту набояд зиндагӣ,
Дар канорат пой бар санг суфтам,
Дар канорат молбонӣ кардам,
Хоки покатро ба мижгон рӯфтам.
Ванҷи ман, гар аз барои дигаре
Бошӣ гар оғозу анҷоми ҳаёт,
Аз бароям мархами ҷониву бас,
Аз бароям чу хаёти бемамот.
Ванҷи ман, сарчашмаи оби зулол,
Аз ту бар водӣ равон оби халол,
Ёд меояд, ки гохи тифлиам,
Менамудам тар зи он лаб бемалол.
Ман ба оби чашмаат нони чавин,
Тар намуда мениҳодам бар даҳон,
Таъми ин нони ҷаву оби зулол,
Нақш бар санг аст дар хотир ниҳон.
Ванҷи ман, ай ганҷи бепоёни ман,
Ай замини поки бобоёни ман,
Гарчи дур аз оғуши гармат манам,
Ман аминам, ки туӣҷуёни ман.
Ванҷи ман, ҷӯёи ту ҳастам мудом,
Рӯз дар бедориву шабҳо ба хоб,
Лаҳзае ғофил наям аз ёди ту
Худ зи худ пурсида худ гӯям ҷавоб.
Ванҷи ман, ҳастӣ нишони зиндагӣ,
Ҳам нишони ишқи беолоишам,
Ҳам нишони меҳри поки модарам,
Дар канораш тифливу осоишам.
Ванҷи ман, аз ту сари болои ман,
Аз ту бешу андаку волои ман,
Фохирам дар ҳар куҷо бо номи ту,
Чун ту ҳастӣ манзилу маъвои ман
Ванҷи ман, хезам зи хобам ҳар саҳар,
Дар намозам аз Худои меҳрубон
Илтиҷо созам, ки дорад дар паноҳ
Хоки поки Ванҷи манро дар амон. Наврӯзи Гулзод
Ванҷ
Дар деҳи кӯҳистони Ванҷ,
Аз хок ҳам беш аст санг.
Дар пойдории ҷаҳон,
Бо ҷони мо хеш аст санг.
Аз санг девори баланд,
Аз санг айвони кушод.
Дар боғҳои серсанг,
Аз санг сархони кушод.
Санг аст дар Пойимазор,
Аз санг лавҳи гӯрҳо,
Аз чашми моҳи шоми деҳ,
Бар санг лағжад нурҳо.
Дар домани кӯхи баланд,
Бе санг марзи танг нест.
Сад шукр, аммо мардумаш
Дилтанг ё дилсанг нест.
Дар деҳи кӯҳистони Ванҷ,
Гар нест дарёи калон…
Дар доманаш мепарварад,
Дарёдилони ташнаҷон! Нуқраи Суннатниё.
Ванҷи ман
Сӯи хоки рӯҳбахшат саҷда орам, Ванҷи ман,
Эй ҷалолу маснади пурифтихорам, Ванҷи ман.
Нури яздон метаровад аз нигоҳи мардумат,
Кинаи шайтониро дар дил надорам, Ванҷи ман.
Шӯри шеър ангехтӣ андар ниҳодам ҷовидон,
Аввалину охирин омӯзгорам, Ванҷи ман.
Шеваи номардумӣ аз баҳри ту бегона аст,
Сарзамини мардхезу марддорам, Ванҷи ман.
Андар ин дунёи пуршӯру қиёмат ғайри ту,
Ман надорам такягоҳе, такядорам, Ванҷи ман.
Сураи нурат бихонам ман миёни зулмате,
Офтоби нурбахшу нурборам, Ванҷи ман.
Лаҳзаҳое ки гузашт андар лаби домони ту,
Беҳтарин ганҷинаи умрам шуморам, Ванҷи ман.
Роҳ паймудам зиёду ҳосилам ҷуз ғам нашуд,
Оқибат бар ҷониби ту рӯ биорам, Ванҷи ман.
Домани ин шаҳрро як рӯз бигзорам равам,
Рӯи домони шарифат сар гузорам, Ванҷи ман! Шаҳрияи Аҳтамзод.
Эй Ванҷи ман
Сарнавишти ман туӣ, эй Ванҷи ман,
Гулбихишти ман туӣ, эй Ванҷи ман.
Дар канори гарми ту гаштам калон,
Чун сиришти ман туӣ, эй Ванҷи ман.
Гаштаи обод, эй Ванҷи дилам,
Мардумат дилшод, эй Ванҷи дилам.
Шеъри нав орам бароят ҳадяе,
Бо туям дилшод, эй Ванҷи дилам.
Дар лаби домони ту эҳё шудам,
Ошиқи шеъри чахонноро шудам.
Чун шунидам лаҳҷаи шевои ту,
Шоири дилдоваву гӯё шудам.
Ванҷи ман, эй шеъру эй достони ман,
Қуллаҳоят қуввате бар ҷони ман.
Мисли чонаш дуст дорад, Ҳайдарат,
Баски ҳасти нанги ман, имони ман! Ҳайдар Маҳмадзода.
Ванҷи ман макони ганҷ аст
Ванҷи ман гарчи макони ганҷ аст,
Мо вале бе ганҷу дому донаем.
Дар миёни аҳли хеш бегонаам,
Андаруни хонаам бехонаам.
Ин чи даври шӯр бар мо омада?
Кӯҳзодам лек, беошёнаам.
Кишти моро ҳеҷ ҳосиле нашуд.
Дар миёни киштзор бедонаам.
Нозпарвар нозанин аз мо рамид,
Субҳу рӯзу шом варо пазмонаам.
Рӯй овардам ба сӯи майкада,
Соқӣ гуфт, бе соғару паймонаам,
Гуфтам, ки н-омадам майхорагӣ,
Бе хӯри ратли гарон мастонаам,
Дидани дидори он ёр омадам ,
Дар суроғи ҷону ҳам ҷононаам.
Бо хаёлаш майпарастӣ мекунам,
Бода маъшуқ асту ман парвонаам.
То набинам рӯи дилоромро,
Ҷуғди беболе ба ҳар вайронаам.
Ёр бо ағёр чун майл кардааст,
Ин бувад тақдиру обу донаам.
Ванҷи ман гарчи макони ганҷ аст,
Мо вале бе ганҷу дому донаем.
Алавӣ риндона мегӯяд сухан,
Банда бар он Холиқи ягонаам. Абдулқодир Алавӣ.
Аз Ванҷи пур аз ганҷу пур аз эҳсонам
Ман тоҷикаму зодаи кӯҳистонам,
Аз Ванҷи пур аз ганҷу пур аз эҳсонам.
Ҳарчанд зи оғуши Ватан берунам,
Дар ишқи Ватан сина бувад бирёнам.
Ман тоҷикаму тоҷи каёнӣ ба сарам,
Не пеши касе ду даст дар пеши барам.
Онам, ки замона панди некам додаст,
Аз баҳри Ватан зи ҷони ширин гузарам.
Ман тоҷикаму силоҳи дастам қалам аст,
Авроқи китобатам чу майдони ғам аст
Шамшери аду ҳамеша болои сарам,
Дар сина алам, оҳ алам, оҳ алам аст.
Ман тоҷикаму маслаки ман эҳсон аст
Дар ғурбату ҷоям кулбаи эҳзон аст.
Гӯянд: «равад ҳар он чӣ аз дида бирафт»,
Не, не, ғалат аст, Ватан бароям ҷон аст.
Ман тоҷикаму як дину имон дорам,
Дар ҳифзи Ватан гузаштан аз ҷон дорам.
Шукронаи хоки Тоҷикистон гӯям,
З-ин доди Худо ба даст гиребон дорам.
Ман тоҷику аз рӯю риё бехабарам,
Бо чашми адаб сӯи ҳама менигарам.
Бо сангдилони даҳр набвад назарам,
Охир, дигарам, ман дигарам, ман дигарам.
Ман тоҷикаму адаб чу пероҳани ман,
Лутф аст ҳамеша мояи гулшани ман.
Ҷуду караму меҳру вафо маслаки ман
Бо ин ҳама маҳв мешавад душмани ман.
Ман тоҷикаму ҳаме баландпарвозам,
Дар даҳр бувад ном танинандозам.
Не дидаи танг дораму не тангназарам,
Не сокини даштаму на тирандозам.
Ман тоҷикаму ҷаҳон зи ман обод аст,
Аз ман адабу меҳру вафо бунёд аст.
Аз ман сифати ишқ ба дунё омад,
Аз ман ҳама ҷо адолату ҳам дод аст. Абдулқодир Алавӣ. 27.04.2015. Маскав
Хоки мардхез
Ванҷам, туӣ ягона саро дар ҷаҳони ман,
Ту хоки мардхези ману паҳлавони ман.
Кӯҳсори саркаши ту, ки сартоҷи оламанд,
Дорад ба дил чи гавҳару ганҷи равони ман.
Эй Ванҷи бостон, ки туӣ хонаи умед,
Эй рамзи ифтихори замину замони ман.
Шому саҳар ба гӯш бихонад суруди дил,
Аз ҳар дара чу шаршараҳои равони ман.
Гулчеҳрагони сарвқаду симпайкарат аҷаб
Бирбуда сабру тоқату тобу тавони ман.
Мардони саркаши ту ба майдони ҳарбу зарб,
Ёд оваранд Рустами шери жаёни ман.
Он олимони фозилат андар ҷиҳоди илм,
Машҳур гашта дар ҳама давру замони ман.
Аз раҳмати Худост, ки дори чунин мақом,
Эй ахтари баланди ман, эй Каҳкашони ман.
Эй хоки поки боби ману зодбуми ман,
Ҷавлонгаҳи таронаи ман, достони ман.
Барчида доман арчиву рафтам зи хоки ту,
Бар гӯшаи ҷаҳони ҳама бенишони ман.
Шаҳди каломи модарӣ андар канори ту
Омӯхтам, ки ҷилва кунад бар ҷаҳони ман.
Боис ба ифтихори қуруну замонаӣ,
Эй ҷовидон замини ман, эй осмони ман.
Розу ниёз сӯи Худованд мекунам,
То ки « Намозгоҳ» шавад хокдони ман.
Рух молам аз барои ниёиш ба хоки ту,
Эй маҳди ифтихори ману Ориёни ман.
Васфи туро бигуфта басе шоирони даҳр,
Ман гӯямат ки: «Ванҷ туӣ қалбу ҷони ман».
Васфи туро бигуфт Алӣ, эй диёри Ванҷ,
Васфи диёри Ёриву пири Замони ман.
Баъд аз вафот ҳар ки маро ёд мекунад,
Хонад дуое бар сари хоку равони ман. Абдулқодир Алавӣ.
Сарзамини нози ман
Язгулом, эй маншаи эъҷози ман,
Сарзамини ифтихору нози ман.
Ҳар куҷо бошам ҳаме бо ёди ту,
Дар тапоиш аст дили дамсози ман.
Дар канорат ман ба дунё омадам,
Дар фазоят пар занад шаҳбози ман.
Мезанам бонги муҳаббат дар ҷаҳон,
То расад бар осмонҳо рози ман.
Язгулом, эй минбари озодагон,
Мояи табъи суханпардози ман.
Марҳабо, эй кишвари нуру сафо,
Бо ту пайванд аст сӯзу сози ман.
Чашмаҳоят ком ширин мекунад,
Ҳамнаво бо шеваи овози ман.
Эй нигине, дар дили Боми Ҷаҳон,
Марзу буми хиттаи Дарвози ман.
Ин Алӣ болида мегӯяд сухан,
Язгулом, эй маншаю оғози ман. Абдулодир Алавӣ.
Ту биё ба диёри Ванҷам
Ту биё, ай ёри ҷонӣ ба диёри Ванҷи ганҷам,
Ба диёри нозанини зарнисори Ванҷи ганҷам.
Ба само буса дорад лаби қуллаи баландаш,
Бетамом нуқрафом аст кӯҳсори Ванҷи ганҷам.
Шараёни раг-раги ман руди Ванҷи беқарор аст,
Бартар аз оби ҳаёт аст чашмасори Ванҷи ганҷам.
Шираи гачкамолаш ба ҳазор дард доруст,
Дурри канзи шифо аст гули хори Ванҷи ганҷам.
Чормағзи дастшиканду тути ровании шаҳдаш,
Зеби хони мардумон аст ба диёри Ванҷи ганҷам.
На бути фариштаҳусне, на ҷамоли ҳусни турке,
Нарасад ба зебу зиннат ба нигори Ванҷи ганҷам.
Ғами дил мебарояд зи насими субҳгоҳаш,
Дили мурда зинда гардад зи баҳори Ванҷи ганҷам.
Ту биё ба ошёни сарбаланди Боми Олам,
Ба макони мардхези номдори Ванҷи ганҷам. Алохуҷа Сурхов.
Дили Ванҷ
Ба худо кони ғурур аст, ғурур аст – дили Ванҷ,
Соф бо ранги булур аст, булур аст – дили Ванҷ.
Сардмеҳрӣ набувад шеваи мардони вафош,
Дар муҳаббат чу танур аст, танур аст – дили Ванҷ.
Чин ба абру назанад, ҳар ки равад пеши дараш,
Ба худо табли сурур аст, сурур аст – дили Ванҷ.
Шӯҳрату шавкати олам написандад зи азал,
Чавҳараш мазраи нур аст, банур аст – дили Ванҷ.
Дар алифбои саводаш сухан аз макр набуд,
Дар амонат чӣ сабур аст, сабур аст – дили Ванҷ.
Содабунёдии ӯ ҳосили волоназарист,
Ба худо барқи шуур аст, шуур аст – дили Ванч…
Ба худо кони ғурур аст, ғурур аст – дили Ванҷ,
Соф бо ранги булур аст, булур аст – дили Ванҷ. Иззатманд Саломов.
Ванҷи ман
Ванҷи ман, эй ганҷи ман, эй чораи бечорагон,
Охирин умеди ҳар овораи бехонумон.
Ванҷи ман, эй ҷои некон, зодгоҳи покмардон,
Сарзамини ориён, эй меҳани гарданкашон.
Ҳар кӣ ҳар ҷо кард юриш, баҳри озодии хеш,
Ҷуз диёри Ванҷи ман, ӯро нагирад кас ба ҷон.
Чун наёристанд, сабри зулму ҷаври рӯзгор,
Ҷо гузиданд аз ҳама олам ба Ванҷи бостон.
Гар ҳама дарвозаҳо шуд банд бар рӯи касе,
Ванҷ бикшояд канорашро, ки эй фарзанди ҷон.
Сӯи ман бихром, то гирам туро ман дар канор,
Чун ҷигарбандам туро ман парварам, гирам ба ҷон.
Ҳамчу модар мекашад, дар бар ҳама озодаро,
Ин дижи бас устувори мардуми озодаҷон.
Чеҳраи пурнури ҳар ванҷӣ гувоҳӣ медиҳад,
К-ӯст фарзанди ҳақиқии нажоди ориён.
Ҳар якеро ҳаст фарри чеҳраи оринажод,
Тухмаи худ ҳеҷ нолуданд бо тӯрониён.
Паҳлавонон, шербастон, синапаҳнон ҳар куҷо,
Ворисони Рустаму Золи Заранд андар ҷаҳон.
Кӯдак аз гаҳворагӣ омӯзиши гуштӣ кунад,
Хатм шуд гуштӣ ба номи ванҷиёни паҳлавон
Дар силаҳшӯрӣ чу Кова, дар шуҷоъ Исфандиёр,
Кай тавонад буд ҳамсанги шуҷои ванҷиён?
Мешавад худ туъмаи ҳам каргасу зоғу заған,
Ҳар касе хоҳад кунад азми набарди ин макон.
Ҳам ба қадри кас расанду арҷ доранд пандро,
Мисли ванҷиён надидам нуктасанҷу хушбаён.
Бо каломи турку узбак ҳеҷ нолуда лисон,
Ҳифз карда қарнҳо покиза тоҷикӣ забон.
Ҳар куҷо ҳаст ар ба шери Рӯдакиву пири Тӯс,
Вожаи нобе, ки гум гашт аз забони мардумон.
Зинда оварда варо аз дурдасти рӯзгор,
Бегазанд аз кӯраи торих, пок андар забон.
Ҳар кӣ донад шеваи Ванҷ, ӯ бидонад Рӯдакӣ
Гуфта бо ин шева шеъри «бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»¹.
Ҳар яке андар балоғат, ё фасоҳат Саъдиянд,
Базлагӯянду сухансанҷанду ҳам нозукбаён.
Дар сухандониву ҳазлу дар ҷидолу гуфтугӯ,
Мот созанд Бӯаливу Саъдиву юнониён.
Шоириро дӯст доранд, шоиронро дӯсттар,
Баски шоиртабъ ҳастанду басе ширинзабон.
Ҳам зи лутфи эзиди поку зи обу хокипок,
Боз рӯяд ванҷии покизаи озодаҷон.
Эй ватандори муборакпай, ту бас покизаӣ,
Бо гуноҳу маъсият ҳаргиз маёло ҷисму ҷон.
Қиссаи Ҳотам шунидӣ, лек Ҳотамро надидӣ,
Гар ту хоҳӣ зинда дидан, Ҳотами Тайро аён.
Сӯи Ванҷи мо биё, то зиндааш бинӣ кунун,
Дар ҳама Ванҷу ба ҳар деҳеву дар ҳар хонадон.
То ки гирандат ба бар ҳамчун бародар дар канор,
«К-ай туӣ, тоҷи сарам, эй нури чашми мизбон.
То чу дил дар синаам ҷоят диҳам, бар дидаам
Мардумак бошиву пурнур аз вуҷудат ошён».
Ҳар чӣ бошад дар бисоташ, он нисори ту кунад,
Оварад аз он чӣ андӯхтаст, пешат армуғон.
Хонаи ҳар ванҷие гардад бароят хонаат,
Баҳри ҳар як хонае гардӣ азизу меҳрубон.
Ҳотами Тай дар сахо ангушти ҳайрат мегазад,
Гар бибинад ин ҳама ҷуду карам аз ванҷиён.
Эй Худовандо, ту Ванҷу ванҷиёнро ҳифз кун,
Рез бар ин хок, файзатро, Худои меҳрубон!
Ванҷро обод гардону муборак доимо,
Раҳмати худро чу борон, рӯи Ванҷи ман фишон!
Мардуми онро бибахшо, раҳнамунишон бикун,
Баҳри эшон, кун зи лутфи бекаронат соябон.
Аз карам, умре чу обу ризқи бепоён бидеҳ!
Дил бидеҳ аз нури имони Худо партавфишон.
Дар ҷаҳон омурз морову ба шафқат кун назар,
Оқибат, кун манзили моро биҳишти ҷовидон. Фирдавсии Нуралиён. Қоҳира, 2010.
Ванҷ
Сарои ҷаҳон зинда бо номи Ванҷ,
Навои дилу дида ҳамгоми Ванҷ.
Ақиқ асту ёқуту лӯълӯъи ноб,
Ба шоми ҷаҳон ахтару моҳтоб.
Чу шерони ванҷӣ ба ному шукӯҳ,
Диловар ба майдону собит чу кӯҳ.
Чу Рустам пуровоза рӯйи замин,
Ба рӯҳу ба нангу ба номусу кин.
Ба Мисру ба Ирону Русу ба Чин,
Сафиранд, ҷӯёи илманду дин.
Яке қанди мисрӣ дигар ангубин,
Ба Ванҷ оваранд армуғони яқин…
Кунун зиндаам зиндае то абад,
Нависам ба номат зи илму адаб
Манам пури Рустам зи Бунайзамин,
Ғазалхону шеъру суханофарин … Раҳмоналӣ Рустамалии Ванҷӣ.
Чӣ гӯям ман аз ин зебогиҳоят,
Аё эй Ванҷ мулки пур фасона.
Худоям бар ту ончӣ ҳадя кардаст,
Ки дар рӯйи замин бошӣ ягона!
ДАВЛАТМИР ЮНУСЗОДА.
ВАНҶИ МАНУ ГАНҶИ МАН.
Эй диёри мардхезу сарзамини пур зи ганҷ.
Манбаи илҳоми ман бошад, саропо мулки Ванҷ!
Ташнагиям ман зи рӯди Ванҷобат бишканам,
Ваъдаи меҳрат бидодам,то абад ӯ нашканам.
Саҷда орам ҳам ба кӯҳу ҳам ба хокат эй диёр.
Дӯст дорам ман табассум,хандаи зебо нигор!
Боғу бӯстонат диёрам ҳаст саропо пур зи ганҷ,
Сарзамини номдорам, ифтихорам мулки Ванҷ!
ДАВЛАТМИР ЮНУСЗОДА
ЗОДГАҲАМ, ВАНҶ!
Ванҷи пурганҷам саропо ,
Дӯст дорам дараву дашти туро,
Кӯҳҳою теппаи пасти туро,
Обҳои шӯху софи чашмаҳот,
Ҳам ғизолу оҳуи масти туро,
Шӯхиҳои марди Водхудӣ,ширин,
Ванҷи болоят саропо, дилнишин,
Мулки Рохарват диёри дилбарӣ.
Язгуломат водии
мардонагӣ.
Эй диёри мардхезам шод бош,
Хонаи умеди ман обод бош!
ДАВЛАТМИР Юнусзода
АНДЕШАИ ВАНҶӢ
Бо кӯҳ ҳамнавояму бо санг ҳамнишин,
Ман марди кӯҳситонияму фарди ростин.
Чун кӯҳ сарбуландаму чун чашмааш ба ҷӯш,
Чун оби наҳрҳош равонам пурхурӯш!
Давлатмир Юнусзода.2019 сол
ДАРВОЗАИ ВАНҶИ МО БУВАД БОЗ,
“ВАНҶИ МОРО АЗ ҚАДИМ ГӮЁ,КИ БЕДАР СОХТАНД.”
ДӮСТОНРО Ӯ НАМУДА ДОИМО ОҒӮШИ ГАРМ.
ДУШМАНОНАШ ОМАДАНД,ҲАМ ҶОНУ ҲАМ ТАН БОХТАНД.
ДАВЛАТМИР ЮНУСЗОДА
Бисёр хуб