Усто Давлатшо

  Давлатшо Рабиев пас аз Усто Шехи амакаш пешаи аҷдодиро, ки онҳо аз косибони аҳли Даҳбеди Самарқанд буда, пас аз сокин шудан дар деҳа, дар маҳаллаҳои Дуву Перва ва шохае дар маҳаллаи Торваи Мурғутга бо худ овардаанд, идома додааст. Усто Давлатшо яке аз устоҳои маъруф ва машҳури қаламрави Дарвоз буд. Маснуоти сохтаи ӯ то гӯшаҳои қаламрави он рафтаву талабот дошт. Ӯ оҳангари моҳир буда, маснуоти сохтааш хеле сифат баланд доштаанд. Арадоси (доси арра-арра барои дарави хору бутта) сохтаи ӯ дар деҳа дар дасти Беҳзоди Қудрат ба ёдгор мондааст ва он зоҳиркунандаи маҳорати устогӣ ва сифати кории ӯ мебошад. Арадос аз намо гӯё дар зовут сохта шудааст. Дар деҳа алфозе мисли “тавари Вустодавлатшо”, “смбатавари Вустодавлатшо”, “кланди Вустодавлатшо”, “каноҷи (метин) Вустодавлатшо”, “ҳадардоси Вустодавлатшо”, “ташу тешаи Вустодавлатшо” ва ғайра зиёд ба ёд овардаю шунида мешуд, ки далели шӯҳрати устогию маҳорати кории ӯ буд. Усто Давлатшо тамғаи молии хешро дошта, онро дар рӯи маснуоташ мегузоштааст. Дар ҳамон аррадос (дар расм) он мавҷуд аст.
  HdosdavsoУсто Давлатшо устои ҳамакора буда, натанҳо дар оҳангарӣ, дар дигар корҳо низ маҳорату шӯҳрат доштааст. Аз беҳтарин устоҳои чӯбтарошу деворгари замони хеш дар минтақа будааст. Сутун, санҷ, дару тиреза, пулчӯбиҳои хонаҳои сохтаашро тарошидаву бо кандани нақш зинат медодааст. Яке аз мутахасcисони асосӣ дар сохтани катахона (хонаҳои истиқоматӣ) ва брғавҷ (хонаи дар болои ғӯлачӯбҳои ғафс аз замин баланд сохташуда) будааст. Дар ёд дорам, ки боре дар замони мактабхонӣ муаллимони мактаб барои даргиронии оташи бухориҳои синфҳо дар фасли зимистон ҳезуми хушк шикаставу тайёр мекарданд ва мо ба онҳо кӯмак мекардем, дари кӯҳнаи аз чӯби чормағз сохтаро оварданду шикастанд. Дари хубсохт буду рӯяш гулшорӣ карда шуда буд. Чӯби кӯҳнашудаи чормағз ба ҳадде сахт буд, ки дами табарҳоро мегардон, ниҳоятан онро ба заҳмате шикастанду пора карданд. Тахтаҳои он ба ҳам бо мехи чӯбӣ аз чормағз ба ҳам васл карда шуда буданд ва гуфтанд, ки ин дар сохтаи Усто Давлатшо асту чӯби чормағз сахту кӯҳан гаштааст. Назорраи шикастани он дар он ҳангом таассури куштани ҷонзодеро дар зеҳнам мемонд. Дар он дар тамғаи молии усто кандакорӣ гардида буд.
  Дар он замон кафшҳои чӯбин дар мавриди истифода қарор доштаанд ва Усто Давлатшо устои маъруфи кафштарош буданд. Дар осорхонаи мактаби деҳа ду ҷуфт кафши чӯбини сохтаи усто, як калону як кӯдакона дар замони мактабхонии мо мавҷуд буданд, ки ба гуфте ба кадом осорхонае бурда шудаанд. Бар зами ин, Усто Давлатшо аз устодони беҳтарини чармгари минтақа буданд. Чарми ҳайвонотро коркард намуда, аз он чоруқ медӯхтанд. Чоруқҳои дӯхтаи ӯ мисли дигар маснуоташ сифати баланд ва талаботи зиёд доштанд. Ҳамчунин, бандбоф, крчу сабадбоф, чолёбсоз, қафассоз, дутортарош, созандаи асбобҳо барои кандакорӣ, санги осиётарош, хулосатан, устои ҳамакораи моҳир дар ҳама навъҳо будаанд.
  Усто Давлатшо дар коркарди чӯб назир надоштааст. Бино ва хонаҳои сохтаашро бо дару сутуну пулчӯбҳои мунаққаш зеб медодааст. Кандакори хеле моҳир будааст. Мададбег Нӯъмонов нақл намуданд, ки Рӯзибоев ном олиме дар он замон барои навиштани китоб дар бораи ҳунарҳои мардумӣ мавод ҷамъ меовардааст ва бо Идрис Нӯъмонов, яке аз ходимони маъруфи даври пеш, ки дар деҳаи Ғӯмас муаллим будаанд, ба дидани Усто Давлатшо ба Мдехарв меоянд. Усто бо таш (тешаи бузург) дар ҳоли чӯбтарошӣ будааст. Олим хеле тарсида, аз ҳамроҳон илтимосу илтиҷо кардааст, ки мӯйсафедро зуд боздоред, ки бо тешаи калон пояшро хоҳад бурид. Ҳоли ӯ боиси хандаи ҳама гаштааст. Пас аз ошноӣ бо кору ҳунари усто изҳори ҳайрату таҳсин карда, арз намудааст, ки касеро дар маҳорати ҳунармандӣ аз Усто Давлатшо беҳтар надидааст. Ӯ дар китоби хеш “Умелые руки человека» дар бораи усто маълумот дарҷ кардааст.
  Усто Давлатшо марди тануманду бузургҷуссаву нерӯманд будааст. Ба қавли Мададбег Нӯъмонов, омӯзгори маъруф ва яке аз ашхоси фозили деҳа дарозии кафи дасташ қариб ба 30 см баробар будааст. Паҳлавони гӯштингир буда, пушташ ба замин нарасидааст. Ӯ нақл намуд, ки боре дар Саддаи Техарв маъракаи гӯштингирӣ баргузор гаштааст, Усто Давлатшо ҳама паҳлавонони маъруфро мағлуб намуда, Бобои Ниҳмон тоқияшро дар сари ҷавгончӯб гузошта, ҳамчун рамзи ҳарифталабӣ даври майдон гашта, мегардонад, вале касе бо бародарзодааш, яъне Давлатшо ҷуръати ба майдон баромадан намекунад. Боре дигар дар маъракаи гӯштингирӣ дар Лангар Усто Давлатшо дувоздаҳ ҳарифи хешро бо тахтапушт зада, эҳсос намекунад, ки пояш луч аст. Иматпаҳлавони машҳур, ки ҷуссаи шабеҳи ӯ дошт, хоҳарзодаи онҳо буд. Усто Давлатшо дар ҳама намудҳои варзиши давр маҳорати хос доштааст. Бо шикорчӯб ба масофаи дуру баланд мепаридааст.
  Усто Давлатшо се духтар ва як писар доштанд.  Духтарони ӯ Салима (фарзандонаш Васила (Ғафурова), Фазила, Соима, Наим), Санифа (фарзандонаш Мурод ва Ҳикматризо), Назрбибӣ (ҳамсари Мулло Гурминҷ, фарзандонаш Калон, Саид, Аълохӯҷа, Давлат) ва писарашон Амирҷон мебошанд. Амирҷон дар синни ҳафтодусесолагии  усто ба дунё омадааст. Усто Давлатшо тибқи ахбори академик Пирумшоев дар соли 1963 дар синни 78 солагӣ аз олам гузаштаанд. Ашраф Акрам.

1 Назар

  1. Ассалому алейкум. Хоҳишмандам, маълумоти хонаводагиро дар бораи Усто Давлатшо ҳам зам кунед, хонданбоб мешавад. Агар хато накунам, писари Усто Давлатшо бардаму саломат ва барҳаётанд.

    • Алайкум салом! Бале, фарзанди эшон ҳастанд. Ба маҳзи мулоқоту сӯҳбат бо ӯ маълумот, иншоаллоҳ, изофа хоҳад шуд.

  2. Фарзандони Худорахматии Санифа ду нафари дигар амаки Х,ак,ризо ва апаи Зарафо дар дехаи Гармчашма ба дунё омананд.Фарзандони амаки худорахмати Мирзо.

  3. Фарзандони Санифа: Ҳақризо,Зарафо, Зулфия (аз шавҳари аввали Санифа – Мирзо, Зиёвиддини Гармчашма) ва Мурод, Таманно, Ҳикматризо (аз ҳамсари дуввумаш Гиёев Шердили Поймазор).

Добавить комментарий для Меҳмон Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.