Мулло Боев яке аз афроди мӯътабари диёр, омӯзгори варзида, инсони шариф, тамоми умрашро сарфи таълиму тарбияи насли наврас карда, ҳаёташро ба рушди маорифи кишвар бахшида аст.
Мулло Боев соли 1932 дар деҳаи Ғӯмаси ноҳияи Ванҷи ВМКБ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳ ва мактаби миёнаро дар мактаб-интернати деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон гирифтааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1950 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (дар он замон ба номи Ленин ва ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил ҳуда, факултаи таърих ва филологияи онро дар соли 1954 бо муваффақият хатм кард.
Мулло Боев аз ҷумлаи аввалин хатмкунандагони ин даргоҳи маърифат аз ноҳияи Ванҷ ва минтақа ба шумор меравад. Фаъолияти кориашро дар мактабҳои ноҳия оғоз карда, қариб 56 сол ба омӯзгорӣ машғул буд. Шогирдони зиёде тарбия карда, аз худ номи неке ба ёдгор гузоштааст. Шикастанафс буду хоксор, ҳалиму меҳрубон, аммо дар айни замон сахтгиру ҷиддӣ. Ба хониши шогирдону фарзандонаш таваҷҷуҳи зиёд дошт.
Мулло Боев соҳиби унвонҳои “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, “Муаллими хизматнишондода” ва ифтихорномаву нишонҳои зиёди ифтихорӣ буданд. Устод дар таърихи 27 сентябри соли 2018 аз олам даргузаштанд. Маълумот аз Хилватшоҳи Маҳмуд.
Як сол пурра гашт, ки ба раҳмати Худо рафтӣ….
Худованд қабратро равшан ва пурнур гардонад ва боғе аз боғҳои Ҷаннат табдил диҳад ва дар охират насиби ҷанати Фирдавс бигардонад …
ПАДАР!
Сармояи зиндагӣ нерӯбахш ва қувати дили фарзандон мебошад.
ПАДАР – авалин муъалим ва тарбиятгар ва сутуни хонадони фарзандон аст, ки дар ҳаёт ва зиндаги нақши муҳимеро ишғол мекунад.
ПАДАР – қиблагоҳ умед ва хоҳишу орзуҳои фарзандон аст, ки хушиҳо ва дилхушии кӯдакӣ ва наврасӣ дар канори ин мард ва тавонмандиаш оғоз меёбад, ки шоистаи хизмат ва ҳурмату эҳтироми хосе бояд бошад, ки ОФАРИДАГОР бандагонашро барои ҳурмат ва иззати волидайн ва розигиашон мефармояд.
Чуноне ки Худованд дар каломи покаш мефармояд: “Барои Ман ва барои волидайнатон шукргузор бошед, баъди итоъати АЛЛОҲ бузургтарин итоъат – итоъати волидайн мебошад, ки дар Ҷанат низ муяссар мегардад, ба Ҷаннати ҷовидонае ворид гардед, ҳамроҳи падарон ҳамсарон ва фарзандони накӯкоратон”. Қуръон сураи Раъд.
Инчунин пайомбари гироми мефармояд: “Ҳар касе дидаву дониста худашро ба ғайри падараш насаб диҳад дар ҷаҳанам аст” (Бухорӣ).
Падар низ болои фарзандон ҳаққу ҳуқуқҳои зиёде дорад, ки аз ин амалҳо ва зиёда вобастагӣ доранд:
фарзандашро номи хуб номгузорӣ кунад;
агар писар дошта бошад, бояд, ки хатна кунад;
алм омӯзонад, ки соҳиби илму ихтисосу касбе гарданд;
агар қобилят ва шароит дошта бошад, фарзандашро бояд хонадор кунад, ки ин охирин ва беҳтарин орзуи ҳар як падар мебошад.
Хушнудии волидайн дар хушбахтии фарзандон аст.
Мо фарзандон доимо бояд кушиш кунем, ки дастёри падарон бошем ва хизмати падаро ба ҷой биёрем то ризой АЛЛОҲи Зулҷалолро дарёбем, зеро хушнудии волидайн розигии Худованд аст.