Луғатномаи ванҷӣ

А

Авгор – беҳолу бемадор

Аврун — абрӯ

Авсақол — калонгап

Авогрфта – ҳавобаланд

Аводаа – ҳавобаланд кардашуда

Агане — вагарна

Ағба — оқиба, кӯтал

Ай — аз

Ай ко бӣ — аз куҷо буд

Ай койи га — ба кадом ваҷҳ

Ай ҷойи га — аз дигар ҷо

Айқирун — фиғон, мағал

Алавна – зуд, фавран

Алвона – як навъи шафтолу

Алоҳал – аз ҳад зиёд тез

Аманда — ҳамин ҷо, дар ин ҷо

Амғал – дар ҳоли ҳозир

Амғалак –ҳоло, алъон

Амза — ҳамин қадар, миқдор

Амқа – ҳамон қадар

Амолӣ – ҳозир, алъон

Амтава – ҳамин тавр

Амтарай — ҳамин тавр аст

Амтарӣ – ҳамин тавр

Амута — ҳамин тавр

Амчигул — ҳамчун гул, монанди гул

Анда — ин ҷо

Анде – дар ҳар ҳол, ҳар чӣ бошад

Аранге – ба зур, ба душворӣ

Арх рехтан – ваҷаррос задани бадан

Аспи ғӯл – барги зуф

Афк — гиреҳ

Афлок — фалак, холӣ

Ахман (яхман) – навъи бутаи мевадор

Ахс – хира, якрав

Ахса – атса

Б

Бадар шӣ — берун шуд

Бай мова — тарафи мо

Бай монӣ — дар мо ҳам

Бай мофре — тарафи поён

Бандига – ҷои ҷудошавии ҷӯйбори фаръӣ

Бат – навъи таъом аз орду равған

Батар — бадтар

Бахши чӣ — барои чӣ

Бахя — дарз

Бган — бигӯянд

Бдума – медонам

Бдуме — медонам

Бедам — тешаи бе дам, тешаи кунд

Бебандов – худсар, дайду, бекас

Бебун — бепоён

Бева — зани бе шавҳар

Бедармун —  саросема

Бехнур – беодоб

Бзмӯ – мӯи буз, пашм

Бзмӯгник – серпашм, сермӯ

Бзнов — оби чакка, ки аз халта чакад

Бӣ — буд, будаст, бошад

Бидабаст -будааст

Бим — будам

Бим — тарс

Бима — омад

Бқ — кулӯла

Блӯл – булӯр, кулӯла

Блӯлксар — кулӯласар

Блҳдӣ – молидани нарбуз хешро ба модабуз ба хотири бордоргардонияш

Бнг — бом

Боба — падар

Бобияк – гули қоқу

Бовуд – номи деҳа

Бодбарк – бодбарак (бозичаи кӯдакона)

Бодхрк – як навъи паранда

Боёв – алафи пасмондаи ҳайвонот

Брғавҷ – биное, ки дар болои чӯбҳо сохта мешвад

Бу — бошад, ки…

Бунига – номи деҳа

Бушол – навъи дарахтбутта

Бӯр – доринчинӣ,хинг

Бӯзбала — тануманд

Бӯт – аъзои барҷаста (мисли лаб)

Бӯтк — барҷасталаб

Бӯтӣ — мӯза

Бчк — бикӯб, бизан

В

Ваам — бо ҳамин

Ваам дасти чапум — бо ҳамин дасти чапам

Вагар — гардиш

Вагармш — қурбонаш шавам

Важғап – ба шикам афтодан, афтидагӣ, якҷо монда

Ванван – номи деҳа

Вардама – калону фарбеҳ шудан

Вардорш кашӣ — дунболагираш кард

Вардошт — бардошт

Ватрақта гӣ (бгӣ) — дар ҷоят ист (шин)

Вахез – бархез

Веда — бемаънӣ

Венога — ногаҳон

Верун – вайрон

Верунварастӣ – вайронкорӣ, харобкорӣ

Вех — бех, бунёд

Вехӣ — тамоман

Взнич — алаф

Влнга — шӯъла

Влҷа — нақда

Вндӣ – ноаҳл, унсногир

Вожидан — гуфтан

Вожк – ресмон

Вофир — фаровон

Врев — каҷ

Всто – усто

Вштиё — иштиҳо

Г

Ганҷур — ганҷхона

Гар – орд

Гаров — ордоба

Гво — гувоҳ, шоҳид

Гена — бозии бачагона, амсоли буҷулбозӣ

Гишхун – номи деҳа

Главшун — сурхча

Го-го — гоҳ-гоҳ

Гоҷела – беҳудапурс, якрав

Грзак – тана ва гули ревоҷ

Грича – як миқдори кам аз чизе

Грм – чашмаки чӯб, гурм

Грмвара – чӯби чашмакдор

Грмайман — дар як ҷо истодан, тануманд

Грмбаст — гулдурос

Грмбаст давӣ -тез давид

Грна – дар як ҷо монда, беҳаракат

Грун — гарон, вазнин

Гт — мағлуб

Гудапияр — падарлаънат

Гӯлабата — бе ақл

Гӯлмаза — нимширин

Гӯлоғайн – одами сода, аблаҳнамо

Гӯрсухта – гунаҳкор, муҷрим

Гӯшчапар — ростгӯш

Гшна — гурусна

Гшнапушт – аз насли фақир

Ғ

Ғайжд — чиркин, олуда

Ғайждун (ғайд-ғайдун) — кӯдакон

Ғал – ҳозир, ҳоло, ҳамин дам

Ғалвожк – навъи паранда

Ғапгӣ – гашта, рехта

Ғапучуқ – маҷак

Ғармаш – навъи гиёҳ

Ғарфа – таом аз гӯшту нон

Ғдора — кӯзача

Ғеморӣ — шилқин

Ғеш – пораи сабза бо решаю хок, ки бо бел канда шавад

Ғлбк – акка, алошақшақа

Ғмк — дам, нафас

Ғндал — ғунда

Ғов – ғавғо, ҷанҷол

Ғордаҳан — даҳанкалон

Ғравсиян – андармон шудан

Ғравчк – майда-майда шуда

Ғрмба – кӯфта, майдакарда

Ғрӯ — гиреҳ

Ғулу — ғулув, зиёда, аз ҳад берун

Ғӯмаяк – номи деҳа, зодгоҳи Мулло Ёр

Д

Дагарун – мушту лагадкӯб

Дамбаста — хира, дамгирифта

Дамдор — азиз, меҳрубон

Дамтос – гарми нороҳат; аз гамӣ фавтидан

Дамот – озод нафасгиранда

Дангоса — пакар,беҳунар

Даҳанвазан — калонгап

Даҳани ҳамак – худдонам, ақлак

Дбанд – мӯҳраи гардан

Девназочк — девонаавзоъ

Девол — девор

Дегтолак – зарфи думчадор барои обгирӣ

Диёр — маҳал, зодгоҳ

Диёр — намоён, чашмрас

Диёргӣ — ба чашм намоён, чашмрас

Дим — дидам

Диянӣ — дидорбинӣ

Дмблагӣ – зарфи думчадор барои обгирӣ

Дмтроқ – ходадум

Дмсих — бардоштадум

Дравзин — айвон

Дрозхашк — дарозпой

Друнгрфта — дарунгирифта

Друнзқ – ғаму ғуссаи ниҳонӣ

Дрягӣ — даридагӣ

Дсмӯза — даспӯшаки чармӣ барои хордарав

Дспарунӣ — дастпаронӣ

Ду – деҳа

Дук – борик (пои дук – пои борик)

Дук — олати ресандагӣ

Дӯкун — дӯкон

Думӣ — медонӣ

Дуно — доно

Дух — дуд

Ж

Жамаг – номи деҳа

Жғарва — вайрона

Жғарян – чаппа шудан

Ждарт – дар ҷо монда, беҳаракат

Жег – якрав, гапношунав

Жқиян – зер кардан, фишор додан

Жмблӣ — кирми аз намй пайдошуда

Жмқ — сахт

Жовиян — хоидан

Жовуд – номи деҳа

Жовян — хоидан

Жоғар — иллате, ки аз вайронии хун дар гардан пайдо мешавад

Жт – ҳисси кароҳат пас аз пурхӯрӣ

Жувуқ каран – пахш кардан

Жуж – навъи дарахт бо меваҳои майда

Жӯлиян — ҷунбидан

З

Зааст — задаст

Заг – ботлоқ, сабзазори тару намдор

Зарбед – як навъи бед

Зард — зарди гули хор, зарди залич (парранда), зарди заъфарон

Зғум – асбоб, олат

Земорчк – ниҳоят талх (заҳри аз мор чакида)

Зқян — ғам хурдан

Зқок — ғамхӯр

Змба — теппача, баландӣ

Змбарзқ – поймолкунӣ

Знк — дам, знкта бгӣ — даматро гир

Знкгрфта – дам ба дарун дошта, хомӯш

Знӯғ – доду фарёд

Зо – зад

Зон — заданд

Зор — дилбастагӣ, муҳтоҷӣ

Зош — зад

Зрвиян — зорӣ, илтиҷо

Зрнд — гирдоб

Зровиян – беҳолу мадор гаштан

Зу – танобе, ки аз рӯдаи чорво гиранд

Зуун — забон

Зхм – якрав, дарунгирифта

И

И — ин

Ибара — ин тараф, ин сӯ

Иқа — ин қадар

Инай — ин аст

Инс — одам

Ита — ин хел, ин тавр

Ита-ута – ин тавру он тавр

К

Кабиян — нӯшидан

Кабме — менушам

Кабуд — кабуди нил, нилобигун

Кад – хона

Кайик – тахтае, ки бар сақф зананд

Калачигос – бо сар поида нигаристан

Калкот – гаранг

Камбағалпочк — харобапой

Каноҷ — зоғнӯл

Капар – обкаду, носкаду

Капол –косаи сар, калонсар

Карай — кардаӣ

Ката — калон

Катанвола — бисёрхор

Катахашк — дарозлинг

Кафтар – кабутар

Кашолапайк – либосу попӯши ҷанда пӯшида

Кашян — кашидан, бурдан.

Кифо — кофӣ

Кзомзӣ – созиш; тавтеа

Кландк – чизи росту кӯтоҳ

Клмба — ғафс

Клӯхч – як навъи бехмева

Кме — мекунам, кардан

Кнск — хасис

Кос — шифти хона

Коспил – шифти бино

Кравсиян – ташнагӣ ё гушнагӣ беҳолу мадор гаштан аз

Кравск — ташна

Крбед – як навъи бед

Крйег — алафи индов

Крк — мурғи курк, мокиёне, ки барои ҷӯҷабарори болои тухм мешинад

Крмдор – бесабру қарор

Крндиян – сарзинш кардан; хоридан

Кробк – кирмаки обӣ, бисёробнӯш

Круш – навъи гиёҳ

Крч – саби бузург

Крҷк — гунҷишк

Кт — нӯл задан, минқор задан.

Куналов – беқарор, шӯх

Кунвахалак – зиддият, рақобат

Кундарманд — бетоқат

Кӯк — дарз

Кӯпсар — бузургсар

Кӯросопсоп – мисли кӯр ламсида ҷустан

Кшин – либосу сурати номуратаб

Қ

Қайза – истода

Қайт – бадманиш; шӯх

Қамчинак – тана ва гули ревоҷ

Қап – чанг

Қар – қаҳр

Қаравна – хешованд

Қарна — ҳадяе, ки барои каси қаҳркарда диҳанд

Қарндия — хабаркаш

Қарчағайн –мурғи шикории шоҳинмонанд

Қатғ – қаймоқи шир

Қимбобо – касеро дар гардан савор кардан

Қлач – дӯстдори хӯрдан

Қлғ – ташаккур

Қлмсқ – дӯғзанӣ, пӯписа

Қлп хӯран – ғарқ шудан

Қмбел – миқдори зиёди оби ҳаракаткунанда

Қнтӯла – пораи гулӯлашакли барфӣ

Қоп — ҷувол

Қопчқ – ҷуволи пури сарбаста

Қотрма – сахту дурушт

Қоқсандал – харобапой

Қрзмб – анбӯҳ, фаровон

Қрмб — санглох, сангтӯда

Қрна – зоғ

Қрт — кулӯла, лунда

Қртқ – нойи нафас

Қрч — соф, холис

Қрҷқ – пурбор, дарахти пурмева

Қӯлпоқ – обила, варам

Л

Лав — лаб

Лавлесӣ – ба чизе аз дурӣ ҳавас кардан

Лавпртик – бо лабон истеҳзо кардан

Лавунд- марди муҷаррад, марди ҳузарб

Ладо — навозиш

Лақ – яра

Лақа – чипор, хол-хол

Лақиян – сергапӣ кардан

Лақича – шӯх, ҳазлбоз

Лақҷгӣ – ҳазл, шӯхӣ

Лақоча – суст, ларзон

Лаҳн — забон, шева

Латолмбӣ — латукӯб

Лачар – маккор, фиребгар

Лғайсум — лагадкӯб

Лғат — лагат, шаллоқ

Лингӣ – рӯймоле, ки дар камар банданд

Линҷ – рухсор

Лифа – банди шалвор

Лич — луч, бараҳна

Личак — беизо, бепарда, бешарм

Лқиян – ҷумбидан

Лқок – ҷумбанда, суст

Лмбиян – лат кардан

Лоқ – либос, пӯшок

Лӯв — фарёд, овоз баровардан

Лувӣ — лӯбиё

Лӯла — теппа, баландӣ

Лфчк – сип-сиёҳ

Лхш – лағжон; қаллоб

М

Мағлеск – ришк; хурдакак

Мажлунбед – беди маҷнун

Майдун — майдон

Мак — гардан

Макиян — макидан

Манг — ғарами ҳезум

Манҷа — кат

Марак – мардак

Махов – одами хира, ногапгир

Маҷлун – Маҷнун

Мевом — мефорадам, мехоҳам

Мега — мегӯяд

Мегара — мешавад

Мемун — меҳмон

Мерава — меравад

Мерам — меравам

Месора — роҳи маро мепояд

Мешапат — шапидан, пошидан, задан

Млаак – ҳудҳуд

Млобӯтбӯтак – ҳудҳуд

Мн — ман

Мнгак – як навъи бехмева

Мндқ — кӯтоҳқад

Мндоқ – кундаи дарахти бурида

Мнҷр – изҳори заъф

Мобуз — модабуз

Мрчк – мӯрча

Мткин – санги гирд, санги кулӯла

Мтфрӣ – пакана, кӯтоҳқад

Мӯкӣ – навъи пойфзол аз чарм

Мура – мурда

Муранӣ – заиф, сустандом

Мҷрим — гунаҳгор

Мшти пар – бечора, бепушту паноҳ

Н

Набӣ — набуд

Набим — набудам

Набимӣ — намебинӣ

Навма – наомад

Навоистан – нахостан

Навомам — намехоҳам

Навомем — намехоҳам

Надуме(а) — намедонам

Нажғар — нагард, на афт, нағел

Назир — ҳамранг, монанд

Намзаак — камтар

Нарайӣ — раҳо наёфт

Нахме — намехӯрам

Нахо — наход

Наҷӯме — намеҷӯям

Нашӣ — нашуд

Нваҷо — новаҷо, ҷои мондани дег, табақу карсон

Нвохтан – дашному носазо гуфтан

Нжлк – ҷин, аҷина

Нжук – нола, фиғон

Нила — пилк, шахнила — хирачашм

Нқс — зиёновар

Новардун – новаи обрез

Новк – олат барои ҷуфт

Новомеш — намехоҳад

Нозманӯл – пурнозу карашма

Носрӣ — бурда, пора

Нумаке — андаке

Нумакеш бду — андакаш бидеҳ

Нумияк — камтар

Нхм – захми хурд

Нхпарӣ – навъи нони равғанӣ

Нхшр – кавша, нухшор

Ншлқ — бало, офат

Ншун — нишон, осор

О

Ов — об

Овзғеб – барги зуф

Овла — обила

Овринг — роҳи мушкилгузари кӯҳӣ

Ой даан — партофтан

Олак — бе қадру қимат

Олӣ — ҳоло, ҳамин дам

Осиёббило – наъ парранда

Оши тпа – оши бурида

Ошкӣ – ресмон

П

Пак — бозии кӯдакона, ки дар сурб ё курғошим порчаи пусти бузро насб карда, пеши по зананд

Пакар – гаранг, маст

Пақ – кӯтоҳқад, пакана

Пақ каран – пинҳон шудан

Пақ-пақ рафтан – хам шуда рафтан

Палӣ — паҳлу

Палпанг – хуриш аз омехтаи туту мағз

Паплағ – навъи гиёҳи шифобахш

Пархата – саросема, худро гумкарда

Патаёк – беҳолу мадор афтода

Пах заан – пахш кардан

Пахсунтан – хушк шудан (масалан: шири гов)

Пдшк — пашм (бӯи пдшк — бӯи пашми сӯхта)

Пияр — падар

Плафта — ёва, гапи бе маънӣ

Плхч – лахча

Подар – подарӣ, пояи дар

Покашелак – аз пой кашола кардан

Поргӣ — дарбеҳ

Пореса – шифти оғил

Поте(о)лк – пойкӯбӣ кардан, почазанӣ

Почаканда – почадарида

Ппи дев – ғуррие, ки дар танаи дарахтон барояд

Пр — пур

Прахча – шикастапора, реза, пора

Првойгӣ – аз гуруснагӣ ба марг қариб расида

Првоян — аз гуруснаги ба ҳалокат расидан

Птев шиян – махлут шудан; унс гирифтан

Птик — паҳн

Птк — пӯк, чӯби кирмхӯрда

Птрман – барфтӯда

Птхус — чангу ғубор

Пун — поён

Пуч –саргини мол

Пуча — зулф

Пӯш – навъи бутта

Пхник – жӯлидамӯй, пахмоқмӯй

Р

Рабат — қатор

Рав – номи деҳа

Рағд — замини холии бе ягон ҷиҳоз

Раша – қитъаи замини алафҳои худрӯй

Рндоқ – холӣ аз коҳу алаф, бемӯй

Роғак — маҳал

Рохарв – номи деҳа, маркази Ванҷ

Рохиян – бо душворӣ роҳ рафтан, роҳ рафтан

Роҷа – қатор

Рт – кандан

Рп заан – мижа задан

Рп буран – каме хоб кардан

Рӯварӯ – рӯ ба рӯ

Рӯдапочк – дарозлинг; заифпой

Рӯк — рахдор

Рӯфчк – аъзои ба рӯдаҳо часпида

Ршқа — юнучқа

С

Сагдрун – касе, ки кафшу либосаш тез медарад

Саглес – як навъи омос

Сағоч – санги паҳну тунук

Сангбаста – шахшуда, беҳаракат

Сандал – чоруқ, пойафзол

Сап – ҳал, хока

Сапи гар – як каф орд

Сапиян – хӯрдани маводи хурокии хокаӣ

Сап-сапак – оҳиста-оҳиста

Сардова – ҳавзи хунук, таҳхона

Сари ду — сари деҳ  (номи маҳала)

Сарполиса – чӯби сақфи бино

Саҳмота — сода, нодида

Саҷҷода – ҷойнамоз

Сбилмунда – бесоҳиб, дар роҳ монда

Селова — шамшер, ханҷари дудама

Сепист — талқони себ

Сивун — сӯҳон

Скл – навъи гиёҳ

Склиян – нопадид шудан

Смбаи тавар – қундоқи табар

Смбак — пойкӯбӣ

Смсабил – нобакор

Смсакатӣ – нобакор

Смсӯла – пебӯшбела андохтан

Снд – ҳаромзода

Сндалоқ — бадзот

Сндун — сандон

Сни ко — ба куҷо, ба кадом тараф

Сноч – кема

Содалавҳ — содадил

Солчк – тухми мӯрча

Сопян – ламс кардан

Сп — торик

Сп — нобино, кӯр

Спафиян – макидан

Ст — хок

Сувайдо — гарди чашм, нишон

Суд — фоида, баҳра

Сӯзунка – газна

Слк — роҳ, тариқат

Суро — сарой (номи маҳалла)

Сӯқ – ҳарис, сертамаъ, носерам

Сфеднила – сафедии ашмонаш бештар

Схалчк – мондаи гиёҳи даравида

Т

Тава — бад, одами мумсик

Талқун – кӯфташудаи меваи хушк

Тармарг — ҷавонмарг

Тарҳавло – навъи ҳалво

Тахтамарг – паҳну сахт

Таш – потеша, тешаи калон

Тефтан – поймол кардан

Тғмт – кӯфтаи мағзу мавизу қанд

Тламбӯқ — фарбеҳ

Тлаяк — сагбача

Тлқ – бешарм, густох

Тмба – поя, зер кардан

Тмхч – гарми нороҳат

Тмч — талху турш

Тоқишлик — кулоҳи куҳна

Торстора – чӯби сақфи бино

Трғза – ғазаб, тундӣ

Тринг – чобук, чаққон, ҳунарманд

Тринҷиян – сахт кашидан, таранг кардан

Трихта — таранг

Трихтанила – бешарму ҳаё

Тркӣ – навъи гӯсфанди бузургу фарбеҳ

Тқлӣ – гӯсфанди ҷавон

Трнаг – калтак

Трсқ – кулӯла, фарбеҳ

Тум — туам

Тутпист — тути дар осиёб орд карда, талқони тут

Тӯжиян – азоби рӯҳӣ кашидан

Тӯрпӣ — барзагов

У

Убго – номи деҳа

Угам (вугам) — он гоҳ

Ума — модар

Ума — омад

Умам — омадам

Уман -омаданд

Ун (вн) — он

Урбаг – калтак

Уфтаст — афсӯс, уфтаст кар — афсус хӯрд

Ф

Фалҳос — сода, бе фаҳм

Фар — ҳайвони бе насл

Фарбӣ – фарбеҳ

Фархи сар — фарқи сар

Фач — бемаза

Фдинг – луч, холӣ

Фис – оби бинӣ

Фиток — ҳуштак

Фиҷол — обпар, шаршараи сунъӣ

Фияк — шонаи китф

Фияки овдиӣ — як навъ олоти деҳқонӣ, ки аз чӯб дар шакли шонаи китф месозанд.

Фияки барфрӯвӣ – бели чӯбин

Фк — манаҳ

Фкчхт – бовиқор, ҳавобаланд

Флқ — ҳозир шудан

Флқаст гристан — якбора гиря кардан

Флс – бешарм, дарундаро

Флхок – чормағзи бепӯст

Флхос – роҳгум, фақир

Фохтанӯл — паҳнбинӣ

Фравҷов — оби баъди шустушӯи дегу табақ

Фрнӣ — оби ордолуд

Фртунтан – дам кашидан

Фрфрок — чапагардон

Фрчрафта — ранграфта

Фрҷа – фурсат

Фс — дурӯғ

Фсмола – нозунуз, таъхиркорӣ

Х

Хамб — ҳамвор, боғи хамб — боғи ҳамвор

Хамбо – ромшуда, гапшунав

Хафлӯла – хафе, ки аз даҳон барояд

Хашк – ниҳояти ҳар ду по

Хдма — худамро

Хелян — хелидан

Хинг — хинги кавй, хинги лозур

Хинглав — сипурз

Хлёв – кафки даҳани ҳайвон

Хлптӣ – нобакор

Хмгӣ — майда, нонреза

Хмрч – лахча

Хмча — навда

Хочк – пасмондаи себи хӯрда

Хпк — майда, гард, зарра

Храме — мехурад

Храхӯра — бодхурда, ранҷур, пес

Хрме — мехурам

Хрндиян – сарзаниш кардан

Хрптӣ — ношуд, беҳавсала

Хртап – ғафсу фарбеҳ

Хрхпк – хушкшуда, сабук, хароб

Хср — падарарӯс

Хуб бе ҷрм шияй? — Хуб бедард шудай?

Хумтӯла – хом, нопухта

Хунасӯхта — бехонумон

Хуш – хушдоман

Хӯлова – кафки даҳан

Хчк — пешобдон

Ҳ

Ҳавагарм – садқа шавам

Ҳайб –айб, нуқс

Ҳалалот — фарёд, шавкун

Ҳалқапут – торҳое, ки дар сақф падид оянд

Ҳане – ҳино

Ҳапуков — атола, оби ордолуд

Ҳарадос – дос барои даравидани буттаҳо

Ҳатр – навъи рақс

Ҳаҷинамакнда – васвосӣ, хаёлӣ

Ҳелагарӣ — азиз, меҳрубон

Ҳоҷала – дарозқади харобандом

Ҳшбура – ҳушбурда

Ч

Чавал — каҷпой

Чавгад — катаки мурғон

Чалла – хонаи мурғон

Чалш — дурага

Чалтев – дар лой гаштан

Чамгӣ – каҷшуда, тофташуда

Чанголак — хаскашак

Чанза – чӣ қадар

Чапалқ – пачақ

Чаплоқ — ҷомаи дарида

Чапуш – модабузи ҷавон

Чармк — чарс, далер

Чатоқ – фиребгар, маккор

Чахиян — афшондан

Чахмохсанг – сангест, ки бо он оташ даргиронанд

Чахопо – беҳуда

Чахт — каҷ

Чахтк – одами каҷпой

Чаяст – ҳангома, сару садо

Чач заан – чанг задан

Чачи лал – тӯдаи саргии чорво барои поруӣ

Чи кме — чи мекунам

Чку пк – изу чора

Чқрбел – бели паҳну дарунаш чуқур

Чловян – дар об роҳ рафтан

Члфс – дурӯғгӯй, одами беҳунар

Чнграк – чорғов нишаста

Чндун — чиндон

Чова – чи тавр

Чова — чигуна

Чок – навъи паррандаи шабгард, гирдчашм

Чолк – шохи буридаи арча барои таёр намудани насвор

Чошиян — чошидан

Чпқ – маҷақ

Чпл — бедандун

Чр – навъи парранда, ҳушёр

Чрақсиян – аз хунукӣ сӯхтани андом

Чртк – мизроб

Чу каран – зур задан, қамчин зада рафтан

Чу кн — шитоб кун, ҳамла кун

Ҷ

Ҷавин — нони аз орди ҷав пухташуда

Ҷал – тез

Ҷал – тез, тезтар

Ҷаҳт — даъват тӯй, зиёфат

Ҷачлав – лабони ба ду ҷониб каҷ

Ҷвозк — ҳован

Ҷғел — чигил, дарида

Ҷебор — ҷӯйбор

Ҷела – беморие, ки пӯстро мехӯрад

Ҷелахӯра – мубталои ҷела

Ҷилак — латтапора

Ҷинҷ – ғиҷим, оҷинг

Ҷжбқ – майда, пакана

Ҷлдқ — айёр, беизо

Ҷлинг – тунук, нозук

Ҷлингов – оби тунуки камравғани таом

Ҷлқ — лабрез, пур

Ҷрм — ҷирм, дард

Ҷрт — боди мухолиф

Ҷрту прт — даму ҳавсала

Ҷувун – ҷавон

Ҷӯгун — чавгон

Ҷун — ҷон

Ҷундарнок — беқарор, беадаб

Ҷундарҳалқ – ҷон ба ҳалқомада

Ҷҳ – гурусна, носерам

Ш

Шавгад – хона барои шабгузаронӣ

Шавдег – хуроки аз шаб пухташуда

Шавкӯр – хирабин, нимбино

Шал — ланг

Шамантлоқ – гиёҳи бехдори хӯрданибоб

Шамар – беҳолу мадоргашта

Шамбар – якҷомонда, дар як ҷо қарор гирифта

Шаппа – химчаи буттаи кӯрт

Шарабара – чизу чора

Шаст — олати моҳигирӣ

Шаст — чолокӣ, чобукӣ

Шатто – маккор, фиребгар

Шахек – дарахти мевадори пурхор

Шахин — орди нахӯд

Шахов – хуб об додани оҳани тафсонда

Шаховоз  — баланду паҳновоз

Шахч – замини нокорида

Шбр – хабар, дарак

Шғ – шиғ, хордевор

Шғнӣ — шуғнонӣ

Шӣ — шуд

Шила – пора, хӯса

Шим — шудам

Шира — ордоба

Ширбат – таом аз ширу орду равған

Шкана – таом аз гӯшту нон

Шлик – кӯҳна

Шлм – шилим, шираи гиёҳи шифоӣ

Шлми влчак – навъи гиёҳи шифоӣ

Шлмк – часпак

Шлмтк — хом, бе таъм

Шмшқ — шилқин

Шндк – харобу чолок

Шола – ҳалқаи симин барои рамаи чорпо

Шолга – ҳавлии хона

Шомар — шаҳмард

Шотӣ – нардбон

Шплтк — лағжон

Шплтоқ – урён, кал

Шриғ – химча, навдаи дарахт барои задани ҳайвон

Шт — бех, бунёд

Штала – мулоим, беқувват

Штк — мулоим

Штқарӣ – шилқин, шахси номақбул

Э

Эвар — бародари шавҳар

Эвол — убол

Элаксманун — беҳудагардӣ

Эмун — имон

Эстаан — истодан

Эфтаан — афтидан

Эфтагӣ — нони дар танур афтида

Ю

Юқ – ноаҳл, унсногиранда

Я

Ява — боло, баландӣ,

Як тарӣ – каме, андак

Яктрва – ба як тараф моил, каҷ

Яла — кушода

Янда — ин ҷо

Яфре — поён, пастхамӣ

(Фароҳамоваранда Ашраф Акрам. Шарҳи ағлаби вожаҳо аз устод Басир Расо).