Зебуннисо Давлатова соли 1941 дар деҳаи Жамаги деҳшӯрои Язғуломи ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш баъди мактаби миёна ба ҳайси котиби аввали Кумитаи комсомоли ноҳияи Куйбишеви вилояти Қӯргонтеппа (феълан Хатлон) оғоз ёфт. Солҳои 1960-1968 дар Донишкадаи тиббии ба номи ибни Сино ва ординатураи клиникии назди кафедраи ҷарроҳии умумии назди донишкада таҳсилу такмили ихтисос намуд.
Сипас фаъолияти касбии З.Давлатова ин тавр ҷараён гирифт: солҳои 1968-1973 ҷарроҳи муолиҷиахонаҳои (поликлиника) рақами 6,7 шаҳри Душанбе, 1974-1984 ординатори касалхонавии шӯъбаи шикастабандии касалхонаи клиникии ҷумҳуриявии рақами 3-и шаҳри Душанбе, 1984-1998 дар асоси конкурс ассистенти кафедраи ҷароҳатҳои латхӯрда ва радоди (травмотологӣ ва ортопедӣ) Донишкадаи тиббии Тоҷикистон.
Дар тамоми давраи фаъолияти касбӣ ӯ худро мутахассиси дараҷаи олӣ, табиби ҳозиқ ва инсони комил нишон дод. Ӯ ба ҳазорҳо беморон дармон бахшидааст. Чун омӯзгор ба садҳо ҷавонон нозукиҳои касби ҷарроҳӣ ва дониши назариявию таҷрибаи амалӣ додааст.
Хизмати тӯлонии табиб З. Давлатова бо чандин ифтихорномаҳои давлатӣ қадр шудааст. Ӯ дар ҳолати баланди дараҷаи фаъолият қарор дошт, вале марги бемаҳал (соли 2003) ин фаъолиятро қатъ намуд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).