Дар тӯли таърих абарқудрату императориҳо барои амалӣ сохтани аҳдофу касби манофеъ густохона ва бо иғвову тавтиъа шӯру даргириҳо, ғасбу ғоратгариҳо, қатлу кушторҳо барпо карда, бар сари миллионҳо инсон машаққату мусибат меоранд. Ду ҷанги ҷаҳонӣ дар нимаи аввали асри XX аз ҷумали чунин ҳаводиси мудҳише буданд, ки бо вуҷуде дар Аврупо иттифоқ афтоданд, асароташон ба ақсои олам расиданд.
Мардуми мо ҳам аз ин ҳаводис барканор намонданд. Бошандагони кӯҳистон аз ҳамли заҳамоти ҷанги аввали ҷаҳонӣ ба сабаби дуриву дастнорасӣ раҳиданд ва мардуми шаҳрнишини минтақа аз таъсири он барканор намонданд. Аммо дар замони ҷанги дуввум ҳамчун шаҳвандони шӯравӣ дар он ширкат дошта, ҳазорон ҳамватан кушта, ҳазорон захмию маъюбу беаъзо шуданд ва хонаводаҳояшон ранҷ бурданд.
Аз деҳоти диёр бархеро ба майдони ҷанг ва баъзеро барои кӯмаку пуштибонӣ ба ақибгоҳ бурданд, ки азобу машаққати он мисли ҷанг буда, онҳо ҳамчун ширкаткунандагон дар ҷанг қаҳрамонанд. Ҷавонмарду миёнасолу ҳатто баъзе солрафтаҳоро аз зану фарзанд ҷудо карда, дар шароити сахти зисту меҳнат нимпӯшидаву нимгурусна дар тӯли соатҳои тӯлонӣ кор мефармуданд, ки баъзе ва дар бисёр ҳолот бештар дар он ҷоҳо мефавтиданд.
Бошандагони деҳаи Мудехарв Иброҳим писари Одина, Ризвон писари Набӣ, Ирон писари Бидон, Ҷура писари Хуҷа, Торак писари Шо, Суннат писари Неъмат ба баталиони ақибгоҳ даъват мешаванд. Аз онон Суннат писари Неъмат солрафтатар ва фарзанди бештар доштааст. Мардум хоҳиши пас гардондани ӯро мекунанд, намояндагони мақомот намепазиранд.
Ҷавонмарди бо ору виқор Мулло Фозил писари Шех, ки муҷаррад будааст, арз мекунад, ки марди солрафта тавони меҳнату машаққатро надорад, агар мусибате ба сараш ояд, фарзандонашро кӣ саробонӣ мекунад?. Пас худашро ба ҷои ӯ номнавис карда, ба ҷои Суннат писари Неъмат меравад ва дар он ҷо вафот мекунад.
Онҳоро ба Варзоб бурда, дар кони ангишт кор мефармоянд. Дар шароити сахти кӯҳистон, бидуни васоили фаннӣ, бо олоти дастӣ ангишт канда, пуштора мефаровардаанд. Бо либосҳои тунуку дарида, шиками нимгурусна, бо ғизои номуносиб, дар хунукиҳои фасли сармо бемору бемадор шуда, бисёре аз аъзои баталион дар он ҷо фавтидаанд. Аз ҷумла, Ризвон писари Набӣ ва Иброҳим писари Одина ва Мулло Фозил писри Шех дар ҳамон ҷо фавтида, дафн карда мешаванд.
Ҳангоми бозгашт Ҷура писари Хуҷа дар ағбаи Кутезак дар болои мошин аз заъфи меҳнат ва либоси ношоист ҳамроҳ бо чанд нафар вафот мекунанд ва дар деҳаи Дебастаи водии Ғунд ба хок супурда мешаванд.
Аз онҳо Ирон писари Бидон ва Торак писари Шо бемору бемадор, бо ранҷу заҳмат ба деҳа бармегарданд ва то охири умр аз дарду кулфати кашида аз он меҳнати пурзаҳмат ранҷ мебаранд. (Мақола бар асоси маълумоти Наим Иброҳимов ва Мададбек Нӯъмонов гирдоварӣ шудааст).
Назари хешро иброз кунед