Ашъори Мулло Ёри Ванҷӣ
Вахти тамошо бидабаст
Агане аз сари ку вақти тамошо бидабаст,
Кори Турсун¹ ҳамааш ҳелаи беҷо бидабаст.
Оқибат ҳосили кораш раҳи Вахё бидабаст,
Ҷанги Дарвоза бдохтаст Карими катасар²,
Ки ба ин умаданш аҳмақи гумро бидабаст.
Ҳайфи он рӯзи даводав, ки набим Қалъаи Хум,
Агане аз сари ку вақти тамошо бидабаст.
Нисфи мардум, ки бимурданд таги тири камун,
Сабаби чанди дигар тармаву сармо бидабаст.
Мурдаи мардуми Дарвоза ба шотӣ барамен,
Бурдани мурдаи узбак ба ҷуволо бидабаст.
Мн бдуме, ки та Зоғурсира оврез каран,
Тарси дунё ҳамааш дар дли онҳо бидабаст.
Амзашун зон, ки паси глханашон гашта ҳалок,
Ванҷӣ бай узбака як марги муфоҷо бидабаст.
Мрдара бор каран мардуми узбак ба ҷвол,
Ту гумон мекунӣ, ки харбзасавдо бидабаст.
Ёрии сурхсар ин байта барое мегуфт,
То бган мардуми Дарвоз, ки мирзо бидабаст.
¹Турсун ва ²Карим — гумоштагони манғития дар шоҳигарии Дарвоз.
Аҷаб ҳолм батар шӣ
Мслмуно аҷаб ҳолам батар шӣ,
Ки бахту толеҳм дар кӯҳу ҷар шӣ.
Надим дар ҳмри хд як соати нек,
Ба ҳар млке, ки рафтм шӯру шар шӣ.
Ба ҳар кас лофи якрангӣ задм ман,
Ба мн дшмантарай ай каждми зар шӣ.
Ба боғи хамб бмундм остаҳак по,
Бвардоштм, ки мағзоям бадар шӣ.
Ба ҳар хуна, ки рафтм соҳиби ун,
Анз дар пога бим, ки йӯ бадар шӣ.
Бдонм як лави нун то бхрдм,
Нволам дар макм чн лки дар шӣ.
Бхӯрм ов ай болош зо қрт,
Ки повунтар брафту тмбатар шӣ.
Бшундм беди манҷнун сар кар ангет,
Бдохтм харбуза йӯ кажкапар шӣ.
Чаро Ёрӣ зи бахти хеш нолӣ?
Ки толеъ дар азал ин буду бар шӣ.
Чунин оҳанг буд
Дар забони Ёрӣ азбаски чунин оҳанг буд,
Мадҳи миру қозиву муллову муфтӣ нанг буд.
Ҳокимони давр андар ишрату кайфу сафо,
Зиндагии мардуми бечора бо ҳар ранг буд.
Воизон аз минбару меҳроб буданд вазъхон,
Дар амал аъмолу хушон ҳилаву найранг буд.
Баҳри ҷавлони саманди Ёрии оташзабон,
Осмону домани бурҷу бари Ванҷ танг буд.
Сарвро бунёд сӯхт
Дар чаман аз рашки қаддат сарвро бунёд сӯхт,
То кунад ёд аз хиромат қомати шамшод сӯхт.
Оташи ишқат зи бас к-аз манқали дил шӯъла зад,
Дар гулӯ ҳангоми қатлам ханҷари ҷаллод сӯхт.
Фитратам азбаски расвоипараст афтодааст,
Фазъи бебоконаи ман шеваи иншод сӯхт.
Ҳеҷ кас тӯҳматнишони доги маҳрумӣ мабод,
Бесутунро сина бар ҷон кандани Фарҳод сӯхт.
Аз фиреби ҷилваи дунёи дун, Ёри, маноз,
К-ин арӯси бевафо сад хонаи домод сӯхт.
Ноумедам аз мулки Бухор
Ноумедам ҳама аз мулки Бухор,
Нимараҳ мондаам бо дидаи чор.
Мулку авзои малик бегона,
Н-омадам ҳамдиёри хеш дучор.
По куҷое кашему сар ба куҷо,
Набувад пеши чашм гайри губор.
Мо гариби диёри хештанем,
Бар гарибон куҷост сабру қарор.
Ку шиносу даре, ки сар кӯбем,
Дида осоишоте як миқдор.
Соддалавҳӣ бас аст, эй Ёри,
Лутф з-ин мардумон умед мадор.
Бори реҳлат ба мулки дигар банд,
То ки гардӣ зи бахт бархурдор.
З-ин гиряам мақчуд чист?
Гар ман ошиқ нестам, з-ин гиряам мақсуд чист?
Ашки сурху, ранги зарду, оҳи дардолуд чист?
Пои дил дар қайди занҷири муҳаббат мубталост,
Чун кунам тадбири кор, эй дӯстон тадбир чист?
Умрҳо шуд сояосо ҷабҳа фарши роҳи туст,
Боз мепурсӣ, ки рухсори ту гардолуд чист?
Васли ёрам даст доду доманаш додам зи каф,
З-ин пас акнун судани дасти надомат суд чист?
Теғ бар сар, доғ бар дил, дар вафодорӣ чу шамъ,
Фарши таслимам дигар, табъи ту нохушнуд чист?
Оташи рухсораат гар ҷони Ёриро бисӯхт,
Бар хати мушкинат эй моҳ, инфиъоли дуд чист?
Ёриро кӣ кушт?
Эй маро аз дарди ишқат безиён, бесуд ҳам,
Эй зи ишқат ҳосили ман дӯстон падруд ҳам.
Ишқбозӣ гарчи расвоист, аммо кас чу ман,
Ошиқи расво набудасту нахоҳад буд ҳам.
Ёди айёме, ки бо ҳам комронӣ доштем,
Рӯзгори васл рафту толеъи масъуд ҳам.
Гаҳ диламро хун кунӣ, гаҳ оварӣ ҷонам ба дард,
Эй дили хунин фидоят, ҷони дардолуд ҳам.
Ишқ гӯ, з-ин пас ба ҷонам тӯҳмати холӣ мабанд,
Ишқи оташбор дорам, синаи пурдуд ҳам.
Он ситамгар то ба кай гӯяд, ки Ёриро кӣ кушт?
Баҳри қатлам кард ишорат, балки худ фармуд ҳам.
Худнамоиро надонистам
Чу гул андар чаман ман худнамоиро надонистам,
Чу булбул шӯру афғону навоеро надонистам.
Ба поям шӯълаи шамъи муҳаббат ҳамчу парвона,
Шудам хокистару қалбошноиро надонистам.
Агарчанде, ки дар олам надидам ошноиро,
Вафо кардам ба ҳар кас, бевафоиро надонистам.
Ба гардун ҳамчу Маҷнун соддалавҳ афтодаам, Ёрӣ,
Ба ҳар ёре, ки дил бастам, ҷудоиро надонистам.
То ту шудӣ зӣ ман ҷудо
Эй гули боғи дилбарӣ, то ту шудӣ зи ман ҷудо,
Сабру сукун зи дил ҷудо, рӯҳ шуда зи тан ҷудо.
Шарҳи камоли ишқро карда зи оташи ҷигар,
Синаи Бесутун ҷудо, тешаи Кӯҳкан ҷудо.
То ба чаман даромадӣ, аз қаду орази ту шуд,
Хор ба дил, қадам ба гул, сарв ҷудо, суман ҷудо.
Юсуфи мириҳуснию аз паи як назораат,
Карда ғулу(в) аз ҳар тараф мард ҷудову зан ҷудо.
Маснади тарки дилхушӣ тарки алоиқ асту бас,
Каш-каши даҳр ҳар тараф, гар шудам аз Ватан ҷудо.
Даъвии пучи муддаӣ, Ёрӣ махар ба ними ҷав,
Нисбати сеҳр дон ҷудо, мартабаи сухан ҷудо.
Маро шайдои олам кардаӣ
Аз арақ то бар гули рухсор шабнам кардаӣ,
Андалебосо маро шайдои олам кардаӣ.
Кишвари дил бо сипоҳи дарду ғам бигрифтаӣ,
Ишратободам ҳама тороҷи мотам кардаӣ.
Хору зорам куштаӣ, дар хоку хун афкандаӣ,
Ин сазои ман, ки ошиқ гаштанат кам кардаӣ.
Куштаи рашкам, ки дур аз ман рақиби шумро,
Дар ҳарими васл, мегӯянд маҳрам кардаӣ.
Гуфтам андар дида ҳамчун мардумак ҷоят диҳам,
Ваҳ, чӣ созам чун нигаҳ аз дидаҳо рам кардаӣ.
Балки даври орази моҳат хати мушкин дамид,
Ҳамчу қурбони шаби айдам муҳаррам кардаӣ.
Тири мижгонат зи баҳри куштани Ёрӣ бас аст,
Тоқи абрӯро чаро з-ин сон тунукдам кардаӣ.
Карм потелк янда
Мани дармунда ҳарчанде, ки кардм потелк янда,
Нагардид ҳосилум як пилтаи тоқишлик янда.
Ҳама дар ин замуна соҳиби нунанду ҳам ҷума,
Мани фалҳос бод кабме ва ранги бодхрк янда.
Агар накнм чу чаплоқи ҷғелма поргию чиргӣ,
Бмрме охир ай личӣ зимистуни хунук янда.
Дилм мега, бхез чу кн бра бай млки обода,
Чи естмӣ баҳри як қошқ ҳапкови тунк янда?
Брафтан блблон ай боғ рӯи жужу вужнда.
Заам важғап, кнм қоп-қоп чун мурғи крк янда,
Бифармим як тари отолае ман як сапи орда,
Ҳанӯз як қурт нахурда мешава сад кас флқ янда.
Наёфтаст ранги ман хрптие ҳар ҷо худовандо,
Ба ғайр аз шира як носри ҷавини шлмтк янда,
Накан ҷоне дар ин дунё, ғами амдо махур Ёрӣ,
К-аз аввал то ба охир кас наёфта рзқи худ янда.
Худовандо зӣ ман бошӣ Ту розӣ
Худовандо, зи ман бошӣ ту розӣ,
Нигаҳ дор аз хурӯши қавми қозӣ…
На тарс аз қозиву на аз раисам,
Малул аз муфтии мазҳарнависам.
Ки шон гаштанд бо эшон мушавваш,
Асо дар дасту бар кӯрон асокаш…
Агар хоҳед, ки ёбед ин тариқа,
Зи ман расму нишони ин фариқа,
Нигини табъ дар ангушт созед,
Пас он гаҳ сӯи Ёрӣ мушт созед.
Занед бар рӯи худ ҳар як ду-се бор,
Ки то огаҳ шавед аз назму ашъор.
Чун мазраи Рохарви мо
Чун мазраи Рохарви мо,
Як гӯшае обод нест.
Аз гӯли мо донотаре,
Дар Мисру дар Бағдод нест.
Зинҳор бо ӯ барвабар,
Бо қрчиаш пӯлод нест,
Шасти таши устоияш,
Дар тешаи Фарҳод нест.
Фурсати маҳшар ҳам нест
Чун қадат дар чамани даҳр санавбар ҳам нест,
Ба узори ту муқобил гули аҳмар ҳам нест.
Ин на дайрест, ки оҳи дили садпораи ман,
Интиқом аз ту кашад, фурсати маҳшар ҳам нест.
Соқиё бода биёвар, ки дар ин хилвати хос,
Мӯҳтасиб нест рақиби касу ахтар ҳам нест.
Ба тавоне бирасад он ки чи мазмун дорад,
Номаи шавқи ту бар боли кабӯтар хам нест.
Сафҳаи рӯи ту, ҷоно, чи бало хушрақам аст,
Ки хати сабзи варо ҳоҷати мистар ҳам нест.
Нисбати лаъли лабатро ба шакар натвон кард,
Ки ба ширинии ӯ нисбати шаккар ҳам нест.
Хун шав, эй нола, зи андӯҳи зиёнкории ман,
Ки дил аз каф шуду дилдор муяссар ҳам нест.
Ёриё, давлати васле, ки ту дорӣ, ҳошо,
К-ин дам аз ҳазрати султони Музаффар ҳам нест.
Биё, Ёрӣ, та ай Дарвоз бхезем
Ғал ун ҷуни шрин ай дар бадар шӣ,
Навои андалебун зери пар шӣ.
Ҳавалободи днёра надуме,
Охирободи днё боди хар шӣ.
Брафтан блблон ай боғу бустон,
Ки крҷк пеши глҳо нағмагар шӣ.
Чӣ чр-чр мекнӣ, эй хоҷа крҷк,
Нмози шум шавкӯрак бадар шӣ.
Биё, Ёрӣ, та ай Дарвоз бхезем,
Ки манғит ума ай Шғнун бадар шӣ.
Ханҷари ҷаллод сӯхт
Дар чаман аз рашки қаддат сарвро бунёд сӯхт,
То кунад ёд аз хиромат қомати шамшод сӯхт.
Оташи ишқат зи бас к-аз манқали дил шӯъла зад,
Дар гулӯ ҳангоми қатлам ханҷари ҷаллод сӯхт.
Фитратам аз баски расвоипараст афтода аст,
Вазъи бебоконаи ман шеваи иршод сӯхт.
Ҳеҷ кас тӯҳматнишони доғи маҳрумӣ мабод,
Бесутунро сина» бар ҷон кандани Фарҳод сӯхт.
Бар фиребу ҷилваи дунёи дун чандин маноз,
К-ин арӯси бевафо сад хонаи домод сӯхт.
Сарнавишти Ёрии бечора дар эҷоди халқ,
Қисматаш ин буд, чандин чора кард, барбод сӯхт.
Ишқи оташбор дорам
Эй маро аз дарди ишқат не зиён, не суд ҳам,
Эй зи ишқат ҳосили ман, дӯстон падруд ҳам.
Ишқбозӣ гарчи расвоист, аммо кас чу ман,
Ошиқи расво набудасту нахоҳад буд ҳам.
Ёди айёме, ки бо ҳам комронӣ доштем,
Рӯзгори васл рафту толеъи масъуд ҳам.
Гаҳ диламро хун кунӣ, гаҳ оварӣ ҷонро ба лаб,
Эй дили хунин фидоят, ҷони дардолуд ҳам.
Ишқ гӯ з-ин пас ба ҷонам туҳмати хомӣ мазан,
Ишқи оташбор дорам, синаи пурдуд ҳам.
Он ситамгар то ба кай гӯяд, ки Ёриро кӣ кушт?
Баҳри қатлам кард ишорат, балки худ фармуд ҳам.
Охир чаро нагрехтӣ?
Эй гашта рӯзи равшанам бе меҳри рухсоратшабак,
Дар баҳри ғам саргаштаам дур аз барат ҳамчун самак.
3-ин гулшани беҳосилӣ чун ғунчаам хунинҷигар,
То шарҳи ҳоли худ кунам, ку аҳли розу маҳрамак?
Ҳаргаҳ хаёлосо шавад тарзи такаллумҳои ту,
Пошида гӯё дам ба дам бар синаи решам намак.
Фарсудаҷисму лоғарам чандон, ки тарсам баъд аз ин,
Созад фалак номи маро аз сафҳаи эҷод ҳак.
Хуршедосо аз ғамат бар ман даме ором не,
Субҳ аст Рохарвам ватан, шом аст яъне Ғӯмаяк.
Гаҳ Юсуфоҳангӣ кунад, гоҳе Масеҳомашрабӣ,
Мавҷи сиришкам бар замин, ҷавлони оҳам бар фалак.
3-он дам, ки аз мулки адам мондам ба ин олам қадам,
Як дам наёсудам зи ғам, умрам расида сивуяк,
Ёрӣ, аз ин беҳудамулк охир чаро нагрехтӣ?
Пеши шалоқи нокасон мондӣ ҳаме монанди пак.
Гурезон шуда рафтем
Дардо, ки асири рухи хубон шуда рафтем,
Парвонаи он шамъи шабистон шуда рафтем.
Ҷамъияти дилро талабидем ба олам
Аз дасти фалак чокгребон шуда рафтем.
Аз ҷавру ҷафои туву аз таънаи ағёр
Аз Ванҷзамин сахт гурезон шуда рафтем.
Дар водии ишқи ту қаландар шуда Ёрӣ
Доманзада дар чӯлу биёбон шуда рафтем.
Мақсуд чист?
Гар ман ошиқ нестам з-ин гиряаам мақсуд чист?
Ашки сурху ранги зарду оҳи дардолуд чист?
Пои дил дар қайди занҷири муҳаббат мубталост,
Чун кунам тадбири кор, эй дӯстон, беҳбуд чист?
Умрҳо шуд соядори ҷабҳа хоки пои туст,
Боз мепурсӣ, ки рухсори ту гардолуд чист?
Теғ бар сар, доғ дар дил, дар вафодорӣ чу шамъ,
Фарши таслимам, дигар табъи ту нохушнуд чист?
Шеваи ишқу пас он гаҳ фикри мастурӣ хатост,
Кисвати маҳбуби моро рабти тору пуд чист?
Васли ёрам даст доду доманаш додам зи даст,
3-ин пас акнун судани дасти надомат суд чист ?
Оташи рухсораат гар ҷони Ёриро бисӯхт,
Бар хати мушкинат, эй маҳ, инфиоли дуд чист?
Чун қадат санавбар ҳам нест
Чун қадат дар чамани даҳр санавбар ҳам нест,
Ба узори ту муқобил гули аҳмар ҳам нест.
Сафҳаи рӯи ту ҷоно чи бало хушрақамест,
Ки хати сабзи варо ҳоҷати мистар ҳам нест.
Ин на дерест ки оҳи дили садпораи ман,
Интиқом аз ту кашад, фурсати маҳшар ҳам нест.
Соқиё бода биёвар, ки дар ин хилвати хос,
Муҳтасиб нест рақиби касу ахтар ҳам нест.
Ба ниёзе нарасад он ки чи мазмун дорад,
Номаи шавқ, ки дар боли кабутар ҳам нест.
Нисбати лаъли лабатро ба шакар натвон кард,
Ки ба ширинии ӯ нисбати шакар ҳам нест.
Хун шав, эй нола зи андуҳи зиёнкории ман,
Ки дил аз каф шуду дилдор муяссар ҳам нест,
Ёриё, давлати фақре ки ту дорӣ, ҳошо,
Ин дам аз ҳазрати султони Музаффар ҳам нест.
Қомати дилҷӯсташ
Шухи бебоке ки қатли бегуноҳон хӯсташ,
Ҷони сад соҳибдил инҷо бастаи як мӯсташ.
Гул зи рухсораш хиҷил, сунбул зи зулфаш мунфаъил,
Сарвпо дар гил зи рашки қомати дилҷӯсташ.
Гар ба пеши чашми масташ ҷон фидо созам равост,
3-он ишоратҳо, ки бо ман дар хами абрӯсташ.
Аз чи рӯ хуршеди тобон бо ту созад ҳамсарӣ,
Ё ду ҷаъди анбарин ё наргиси ҷодусташ?
Новаки хунрези мижгонаш паи қатлам кифост,
Аз чи рӯ, ё раб, надонам ранҷа дар бозӯсташ?
Мазҳари рӯяш, ки андози нигаҳро ёр нест,
Куштаи рашкам аз он к-оина рӯ бо рӯсташ.
Сардмеҳриҳои хубон рӯзи Ёрӣ тира кард,
Домани саҳро сувайдо аз рами оҳусташ.
Ба май саҷҷода рангин кун
«Ба май саҷҷода рангин кун»,
Маро чун Ҳотами Чин кун.
Ба марғи хеш мотам кун,
Дилу ҷон маҳрами ғам кун.
Ғами саргашта яксон кун,
Ҷаҳон бар хеш осон кун.
Ба роҳи каҷ марав ҳаргиз,
Машав гумроҳи гавҳар низ.
Гаҳе дарё, гаҳе дурр шав,
Гаҳе булбул, гаҳе гул шав.
Ба хатти гулрухон бингар,
Бисӯзон хомаву дафтар,
Ба пеши зулф нозе кун,
Дили худро намозӣ кун.
Саре бар азму ҷӯш афкан,
Ҷаҳоне дар хурӯш афкан.
Ба риндӣ хирқа дар бар кун,
Сару савдои дилбар кун.
«Гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад,
Зи роху расми манзилҳо.»
Қалам бар гир, эй Ёрӣ,
Агар лаҳне равон дорӣ,
Санои Хоҷа Ҳофиз гӯ,
Ба сад шукреву мӯ бар мӯ.
Кунад гар Хоҷа имдодат,
Расад лутфе ба эҷодат.
Бувад к-аз роҳи такроре,
Ба умқи шевану зорӣ.
Бигирӣ унс бар дилҳо,
Биёбӣ роҳи маҳфилҳо.
Дар мавҷи раги сангам
Ба сар аз ҳасрати оинаи дидор оҳангам,
Лаби захме намоён аст дар мавҷи раги сангам.
Чу шамъ аз мазраъи офат назири мо чӣ мепурсӣ?
Ҳама бар дӯш барқам, сели ашкам, шӯъла дар чангам.
Чӣ лутфе, гар ба ёдам пур кунӣ паймонаи ҳасрат,
Ки дар даврат чу гул соғар ба дасту зор шуд рангам.
Хаёл андешаи хомеву фикри маснаде дорад,
Чӣ фикру оташе дорад хаёли нашъаоҳангам.
Ба фасли гул чу шабнам гоҳ аз худ меравам, Ёрӣ,
Ки бо бедаступоӣ низ дар рафтан намелангам.
Донистам
Лиқои умри одам бевафо будаст, донистам,
Ҳама кораш ба худкомӣ ҷафо будаст, донистам,
Саросар мулку манзил бевафо будаст, донистам,
Аёлу зан ба ҷон ҳамчун бало будаст, донистам,
Чу дил бастан ба симу зар хато будаст, донистам.
Ҳавои ишрати дунё ҳавас будаст, агар донӣ,
Ки меҳнат андар ин дунё абас будаст, агар донӣ,
Муҳиби шарбати дунё магас будаст, агар донӣ,
Куҷо мурғони доно дар қафас будаст, агар донӣ,
Вафое дар паи некӣ ҷафо будаст, донистам.
Паи нафсу ҳаво доим ҳарису мубтало будам:
Ба меҳнат рӯзу шаб аз умри худ як дам наёсудам,
Ки аз рӯи ҷаҳолат дӯст аз душман наёзмудам,
Ҳаёту зиндагониро ба роҳи фисқ мебурдам,
Маро иблиси малъун дар қафо будаст, донистам.
Накарда дар ҷаҳон ман хизмати аҳли хирадмандон,
Набурдам баҳраи обе зи ҷӯбори ҷавонмардон,
Зи файзи фозилон файзе маро ҳосил нашуд чандон,
Ғариқи баҳри исёнам ва аммо бандаи раҳмон,
Ба кирдори бадам ҳукми қазо будаст, донистам.
Маро ҳоло худат аз ҳамнишинонам ҷудо кардӣ,
Ба чандин кулфату дарду балоҳо мубтало кардӣ,
Зи хешу ақрабо, ёру бародарҳо ҷудо кардӣ,
Муқими банди ғам, охир гирифтори бало кардӣ,
Чунин андар азал ҳукми қазо будаст, донистам.
Карими ламязал аз қудрати покат умед дорам,
Ба чандин ҷурмҳо ман илтиҷо бар даргаҳат дорам,
Агар чанде гунаҳгорам, умед аз раҳматат дорам,
Туӣ дар ҳарду олам меҳрубон ёру мададгорам,
Раҳобахшандаат, Ерӣ, сафо будаст, донистам.
Васфи баҳор
Ақл мегӯяд, биё, ин нолаи дил гӯш дор,
Бишнавед ёрон, ҳикоят мекунам ман аз баҳор.
Дар ҷаҳони бевафо шояд бимонад ёдгор,
Ҷони худро аз барои номи Ҳақ созам нисор,
Ман бибӯсам хоки пои майпарастони баҳор.
Чун баҳор ояд, бубахшояд дарахтонро самар,
Себу бодому анору меваҳои лабшакар,
Ҳамд мегӯяд ҷамеи ҷонвар бар якдигар,
Ин замин чун парниёни сабз гардад дар назар,
Файз борад дар замин аз қатраборони баҳор.
Э баҳор, одам будӣ гар, мешудам ман навкарат,
Шамъ дар олам наӣ то гаштаме гирди сарат,
Маскану роғат надидам, мешудам хоки дарат,
Саҳни гулҳоро назар кардам, будандӣ чокарат,
Чун қалам сар мебарорад дар найистони баҳор.
Чамъи махлуқон ба зикри Ҳақ нишаста саф ба саф,
Як тараф гул дидаму фарёди булбул як тараф,
Навҳаи дилдодагону ҷилваи гул як тараф,
Хубрӯён дар тамошо, чатри сунбул як тараф,
Ақлу ҳушу ҷону тан созед қурбони баҳор.
Навбаҳор омад зи пешам рафт монанди ҳубоб,
Ман ба бедорӣ бидидам, ё магар дидам ба хоб.
Кас намонад дар ҷаҳон аз хурдани ҷоми шароб,
Эй Худо, эҳсон намо осонӣ дар рӯзи ҳисоб,
Ақлу ҳушамро рабуда нозанинони баҳор.
Ҷои булбул солҳо будӣ гулистони ирам,
Пои гул дар хор банду шиква кардӣ дам ба дам,
Нолаи булбул шунидам ман ба вакти субҳидам,
Лахти хунин аз ҷигар мерехт чун борони ғам,
Зор менолам ба сӯги ҳамнишинони баҳор.
Файзи тобистон нарафта бо накӯӣ бар абас,
Дар хурӯш омад замин аз гармии бисёр бас,
Нест дар гӯшам садое ғайри овози ҷарас,
Пар сари болини хобам базмҳо дорад магас.
Дар ҷаҳони бевафо серӯза меҳмонӣ баҳор.
Тирамоҳ ояд ба ранги пир тобад бӯстон,
Вас дарахти сабз оваҳ, рафта дар коми хазон,
Ғунчаи бодоми гулрезаст, бингар аргувон.
Боғ сар то по хазон, ҳайрон бимонда боғбон,
Бенишоне рангу бӯ аз ному унвони баҳор.
Сардии дӯзах ба дунё зад, зимистон офарид,
Аз насими ҷаннаташ бингар гулистон офарид.
Сабзаву себаргаро аз оби борон офарид,
Лоларо аз доғи дил андар биёбон офарид.
Олами ҳастӣ мутеъ бошад ба фармони баҳор.
Чун зимистон мерасад, дилгир мегардад чаман,
Ларзаи бетаб заифонро канад ҷон аз бадан.
Ҷои булбулро бигирад ғулбаву зоғу заған,
Дар сари оташ шавад ҷанге миёни марду зан,
Э дареғ аз ҷилваи серӯза даврони баҳор.
Ман надонам Ёриё, бар дил чӣ армон доштӣ,
Тухми шодӣ дар замини бевафоӣ коштӣ.
Ҷангҳо дорад фалақ, бо кас накарда оштӣ,
Донаи шодӣ нагун шуд, бори ғам бардоштӣ,
Мерасӣ оё ба ин ғам то ба домони баҳор?
Умри худ кӯтоҳ мебинам
Дар ин дунёи дун худро аҷаб гумроҳ мебинам,
Ягон коре накарда рӯзи худ бегоҳ мебинам.
Зиҳӣ онон ки дар дунё бикарданд кори уқборо,
Накарда ҳеҷ коре худ миёни чоҳ мебинам.
На савму на салот аз ман, на ҳаҷу на закот аз ман,
Ба баҳри бекарон худро аҷаб гумроҳ мебинам.
Дар ин дунёи беҳосил, ба фисқи узр ман монеъ,
Чи ҳосил гар ки худро чун саги даргоҳ мебинам.
Ба айёми ҷавонӣ қадри умри худ надонистам,
Кунун дар вақти пирӣ умри худ кӯтоҳ мебинам…
Худовандо, ту Ёриро ба вақти марг имон деҳ,
Ки худро аз сагони осии даргоҳ мебинам.
Моҳлиқои Зниф
Душ дидам санаме мева ба домонаш дошт,
Гарави мулки Яман уқда ба зулфонаш дошт.
Чашми ҷодуи варо дидаму ҳайрон гаштам,
Маҳви хотир нигаҳи бесарусомонаш дошт
Қад чу сарвеву даҳон пиставу бинӣ чу алиф,
Норҳо пеши бару хол занахдонаш дошт.
Ӯ маро диду бихандид, вале ҳеҷ нагуфт,
Тири ишқаш ба дилам хаставу ҳайронаш дошт.
Маскани он санами моҳлиқо буд Зниф,
Лоиқи ҷонишинаш Водхуди ҷононаш дошт.
Қосидо, кам ҷӯ сифоти маи гулранг аз ӯ,
Ёрии шоири муҷрим ба дил армонаш дошт.
Кам-кам
Зи хӯи бад шудам бо дарду меҳнат мубтало кам-кам,
Шудам аз сарбаландӣ паст ҳамчун хоки по кам-кам.
Ба ҳар сӯ меравам, Борӣ Худоё, ёрӣ бар ман кун,
Фатири қоқ хӯрда гаштаам бе мағзи по кам-кам…
Чӣ ҷӯӣ аз қазо роҳи гурезу чораву тадбир?
Зи аъмолат шавӣ оҳир гирифтори бало кам-кам.
Зи дарди чашм, Ёрӣ, гиря пеши Ҳақтаолло кун,
Ки шояд аз карам бахшад туро рӯзе шифо кам-кам.
Ҳайфай
Дусад корай дар ин дунё,
Маро андар назар ҳайфай.
Ба чашми пиразан сурма,
Сухан гуфтан ба кар ҳайфай.
Ба дасти тифл додан гул,
Либоси мард бар номард,
Яке зини мурассаъро,
Задан бар пушти хар ҳайфай.
Ба Дарвоз нест деҳқонӣ,
Ба афғон не мусулмонӣ,
Ба мулки Ванҷай арзонӣ,
Ба шуғнӣ тути тар ҳайфай.
Касе, ки бо худои худ,
Худои хеш нашносад,
Забону чашму гӯшу тан,
Ду дасту пову сар ҳайфай.
Моҷарои шайху мурид
Биё қосидо худ ба азми шитоб,
Ҳикоят кунам аз дари осиёб.
Миёни яке пири кору мурид,
Шуда моҷарое, ки бояд шунид…
Муридаш бигуфто: маро навбат аст,
Гар оӣ ба пешам, сазоят лат аст.
Зи дасти аёлат ба ҷон омадам,
Дарунам ба сӯзу давон омадам.
Бидонам, ки шайхиву пири сулук,
Мабодо бидозам ба поят алук.
Агар шеванат то ба афлок раст,
Намонам расонӣ ба кафчок даст.
Агар таҷангиву ҳам пири ғӯл,
Намонам барӣ даст бар сӯи дӯл.
Мурид зад ба по шайхи ноҷурро,
Чу гурге биёрад хари бӯрро.
Зи зарби лагадкӯбиҳои мурид,
Ба гирди табан шайх ҳамедавид.
Ёбуи лангу кӯчаи танг
Насиб аз зиндагӣ шуд ёбуи ланг,
Бару ҷавлонгоҳаш кӯчаи танг.
Чи гӯям ман, ба ин умри дурӯза,
Бидидам зиндагониро ба ҳар ранг.
Зи бахту толеи баргашта ин сар,
Задам бар ҳар дареву пой бар санг.
Ба ҳар мулке ки рафтам, ҷумла дидам,
Шаб аз оромӣ дуру рӯз бе ранг.
Ниҳоди ин ҷаҳони мо саросар,
Будаст олуда бо ҳар буғзу найранг.
Ба умре ҳаст Ёриро ба гардан,
Сипоре бас гарону танг отанг.
Дар ситоиши амир
Эй шаҳаншоҳи малоиклашкари гардунвиқор,
Ахтари бурҷи саодат, моҳи авҷи ифтихор,
Офтоби дину миллат, сояи парвардигор,
Фахри даврон, қурратулайни шаҳаншоҳи Бухор.
Бод доим аслу наслу тахту бахтат барқарор,
Қасри иқболат ба таъйиди зафар маъмур бод,
Дидаи бахт аз ғубори мақдамат мақбул бод,
Номи некат чун садо дар шаш ҷиҳат машҳур бод,
Дар саховат Ҳотами Тай бар дарат муздур бод,
Дар шуҷоат дастбусат Рустаму Исфандиёр…
Дар ситоиши шоҳи Дарвоз
Аё, эй он ки дилҳоро зи ёдат мояи шодӣ,
Ғубори хоки поят тӯтиёи чашми ободӣ,
Дили ғамдидаи мардум ту додӣ аз ғам озодӣ,
Аз он рӯзе қадам бар арсаи Дарвоз бинҳодӣ,
Чу ваҳм овораи дашти адам шуд зулму бедодӣ.
Раиятпарварӣ шуд хатм бо номат ҷаҳонбоно,
Ба даврони ту олам гашт хуррам, шод давроно,
Ҷаҳон чун нақш то зери нигинат шуд ба фарно,
Чу Нушервони одил дар тариқи адл, султоно,
Ба гӯшат мерасад ҳар дам садои анти лоҳонӣ.
Бад-ин тамкинсалоят ҳар тараф наззора месозӣ,
Дили бадхоҳ аз теғи сиёсат пора месозӣ,
Ҳазорон чораҷӯи ҳукмро бечора месозӣ,
Чу шоҳин баткаполонро зи мулк овора месозӣ,
Ту акнун, эй шаҳо, шунқори насли одамизодӣ.
Зи ҷуди ҳимматат дарёст маҳви гавҳарафшонӣ,
Ба дониш сад Фалотуне биёбонмарди нодонӣ,
Ба сират чун Сулаймонӣ, ба сурат Юсуфи сонӣ,
Хиҷолатпарвар аз акси ту бошад нусхаи Монӣ,
Ба тасвири рухат ҳайратрақам сад килки Беҳзодӣ.
Дуои давлатат гӯем то дар ҷисм ҷон бошад,
Тариқи хидматат пӯем то дар тан тавон бошад.
Ҷаҳондорӣ ба номат бод илоҳо то ҷаҳон бошад,
Бадандеши ту ҳар кас андар ин дорулмакон бошад,
Ба фарқаш бод ё раб, тешаи хунрези фарҳодӣ.
Шаҳаншоҳо, ба мадҳат гарчи гуфтам шеъри ломазмун,
Бикун авфам, ки ҳастам ғунчаосо бо дили пурхун,
Мани Ёрӣ зи бахти норасои хештан акнун,
Хиҷолатпарвари яъсам ба зери гунбади гардун,
Ки дорам табъи чун оби равону толеи бодӣ.
Янда
Наҷу, эй бехабар, як майдаи нуму ншун янда,
Набимӣ ай саҳар бозе, ки гуман одамун янда.
Таъин дуниста бим, ки ин клетӣ ҷои хрсунай,
Надуме ай қадим бахши чӣ уман одамун янда…
Бтарс ай хови пуржоғар, ки венога друни пӯст,
Бмунй унгамак тарвозаи питу сутун янда.
Ваам як нвола боқлӯгини қоқт мекнӣ ҳалқа,
Шкам омос, қуртқ дам, ду поят сарнгун янда.
Хамуш, Ёрӣ, дар ин фачмулк охир чанд менолӣ,
Надорӣ раҳ, ки бгрезӣ, бшин ай дарди ҷун янда.
Чӣ чора кунам
«Тан гирифтам, зи санги хора кунам,
Дили бетобро чи чора кунам?»
Ҳокимони замона тизи харанд,
Хешро з-ин миён канора қунам.
Гар расад зӯри даст дар танашон,
Салаву ҷома пора-пора кунам.
Дар қазо рафтаву зи танҳоӣ,
Сол чанд аст, ки истихора кунам.
Дар раҳи вораҳӣ зи кулфату ғам,
Бар Худову Расул зора кунам.
Ёрӣ дар ресмони сабҳаи умр,
Донаи ашкро қатора кунам.
Ихлос нест
Чун маро бар сӯфиёни ин замон ихлос нест,
Ҳарки ихлосаш бувад, аз бандагони хос нест.
Хурдани сӯфира бинӣ ҳушт ай сар мепарад,
Ҳеҷ гови оғулӣ монанди ӯ алмос нест.
3-инҳоре тори мӯе з-ӯ маҷӯ, к-аз мумсикӣ,
Нос дорад дар капар, аммо бигӯяд нос нест.
Пога моломоли саргинасту аз фарти харӣ,
Чавгади мрғун варанги хонааш ифлос нест.
Тозагӣ амдо маҷӯ Ёрӣ зи табъи сӯфиён,
Як сари мӯ тозагӣ аз погааш то кос нест.
Ҳамчу мурғи крке
Ҳамчу мурғи крке раҳгзараш кт мезад,
Бенаворо ҳама дам кӯдаки хрпт мезад.
Пешпо одами бетолеъи кулфатзадаро,
Ранги як тоқишлик кӯсаву ҳам рт мезад.
Тешаи бе дами айёму таши кунди фалак,
Фуқароро ҳама ҷо аз бару аз шт мезад.
Ёрӣ дар кашмакаши манғиту саркардаи Ванҷ,
Ба димоғу даҳану чашми фалак ст мезад.
Хунрез аст
Олам аз шӯру шари манғитиён лабрез аст,
Ханҷари наҳси замон аз ду бараш хунрез аст.
Аз бари кӯҳу даман роҳату осоиш рафт,
Хирману кӯфаи мазлум ҳама ҷо бе без аст.
Навбаҳор омадаву лек ба ҳар ҷо бошад,
Ҷони мардум ба гарав гарчи ҳаво гулбез аст.
Ёрӣ осоише аз умр ба Дарвоз маҷӯ,
Ки дар ин ҷо дами селоваи даврон тез аст.
Наҷӯме
Файзу футӯҳи дониш ай бехабар наҷӯме,
Ҷурғоту ширу қаймок ай гови фар наҷӯме.
Доим ниҳоли худрӯ тумчасту талх меваш,
Кори қабули мардум ай бепадар наҷӯме.
Аз хом пухтакорӣ чашми талаб надорум,
Тутписте дар ҷвозк ай тути тар наҷӯме.
Ҳастум ва як-ду лқма парвардаи қаноат,
Нволаи даҳанпур шому саҳар наҷӯме.
Мегӯм шеъри холис, ранги халоиқига,
Ай гову хар навомем, лоқу лапар наҷӯме,
Ҳастум ҳамеша Ёрӣ дар ҷӯстуҷӯи мазмун,
Ҳамранги мардуми Зинг дар кӯча хар наҷӯме.
Эй ҳелагарӣ
Умрҳо шуд, ки гирифтори тум, эй ҳелагарӣ,
Ҳама дам ташнаи дидори тум, эй ҳелагарӣ.
Ранги парвона надорум ба касе майлу ҳавас,
Моили оташи рухсори тум, эй ҳелагарӣ.
Рӯз дар пеши дарт мисли сагон нуж кнам,
Шав ҳама дар паси деволи тум, эй ҳелагарӣ.
Нест ҳечи ғамум ай евару шӯи сияҳут,
Талхакаф ай хши қимори тум, эй ҳелагарӣ.
Рама мепояву месораву қаҳрш храме,
Ёри дилталху длафгори тум, эй ҳелагарӣ.
Ғами ишқи ту мна бефараи давр караст,
Ҷигари хаставу бемори тум, эй ҳелагарӣ.
Ёрии мазлуму бечорара ғамгин карай,
Ба ҳазор доғ харидори тум, эй ҳелагарӣ.
Ҳолм батар шӣ
Мусулмоно, аҷаб ҳолм батар шӣ,
Ки бахту толеам дар кӯҳ ҷар шӣ.
Надим дар умри хд як рӯзи бе ғам,
Ба ҳар млке ки рафтм, шӯру шар шӣ.
Ба ҳар кас лофи якрангӣ задм ман,
Маро душмантар ай каждуми зар шӣ.
Ба боғи хамб мундум остаак по,
Билағжидум ки мағзоям бадар шӣ.
Ба ҳар хуна, ки рафтум, соҳиби он,
Ҳануз дар пога бим, к-ӯ бадар шӣ.
Бидонум як лави нуне ки бхрм,
Нвола дар глу чун лки дар шӣ.
Бхӯрум ов ай боло бзом курт,
Ки поюнтар брафту тумбатар шӣ.
Бшундум беди маҷнун, сар кар ангет,
Бдохтум харбза, ӯ каҷкапар шӣ.
Чаро Ёрӣ, зи бахти хеш нолӣ?
Ки толеъ дар азал ин буду бар шӣ.
Чӣ нжлқ бӣ
Мусулмоно, чӣ нжлқ бӣ, ки Рохарв овар ай румун,
Хрокмун оши боқлӯгину тарси жоғар ай рӯмун.
Ҳамин ову чалу борундагӣ бай зқяна бас бӣ,
Зааст бозига фкри мурани гову хар ай рӯмун.
Ба хоки даҳр яксон гаштаам чун таҳпаликоҳе,
Лғайсум мекунад як подаи гову хар ай рӯмун.
Таги хешат маҷақмун кардай, охир чӣ зулм аст ин,
Ту эй деволи заҳмат, иқа бисёр нажғар ай рӯмун.
Ба ранги тухми крмк паҳлигардун рағди қоқнда,
Ба ҳар дам золи дунё мешапад хокистар ай рӯмун.
Таги бори ғами дунё ба ранги тагдарӣ, Ёрӣ
Стм мондем амзо, боз мезад подар ай рӯмун.
Навомем ғалак
Мачаке ай ду лави ёр навомем ғалак,
Шалпари зорму гуфтор навомем ғалак.
Занакун ҷамъ шиян мағзшакӣ дар шлақак,
Бевабозор дар ин кор навомем ғалак.
Боша чарми бқагов ай алами лойора,
Чоруқу мӯзаи блғор навомем ғалак.
Чнграк шставу чшмом ҷлқ дар хуна,
Оши берӯғани бозор навомем ғалак.
Хаставу зору ғабучк ба таи бори ғамм,
Санамо, вуч накн, ай тор навомем ғалак.
Орифи маънӣ ҳама карда ай ин млк фирор,
Суҳбати қавми дилозор навомем ғалак.
Блблу қумрӣ, ки жӯлидапару бол шиян,
Баҳси крҷк ба сари хор навомем ғалак.
Ёриё, чақ-чақу дспарниву кашталгирӣ,
Бо длу синаи авгор навомем ғалак.
Ало, эй Ванҷ
Ало, эй Ванҷ, расво мекунӣ нағзак, макун, баркун,
Карӣ рт мижаву аврӯ, биёву ришма ҳам хр кун.
Гарангободи Рохарвт ба мо бисёр таҷанг умад,
Надорум қуввати жоғар, биёву Маймана сур кун.
Надонистем шукри неъмату инай сазои мо,
Фалак амяндамун партофт, гуфт: «оли тавамр кун»
Дили мо чун ҳавас маъзур бишкаст аз ғами даврон,
Ту метунӣ ки кавшерш ба қалҳину нашодир кун.
Чӣ парво дорӣ, эй аблаҳ, ту аз неку бади олам,
Ва ранги гов ишкам пур куну шав хезу нхшр кун.
Ҷунун ғоратгари халқаст дар бозичаи дунё,
Ту дандун кун паноҳу генаи ғайждуна туфср кун,
Биё Ёрӣ, зи дасти сӯҳбати ин қавми дангоса,
Ва ранги абр бигрезу фиғон монанди тундр кун.
Мна бесару сомун карай
Ғал бдуме, ки ту ҷун, злфа парешун караӣ,
Мнаки хрптка бесару сомун карай.
Амза зрвиму хапак шк-шки шк шим ба дарт,
Ови чшмм зи ғами буса чу Ҷайҳун карай.
Ба азизуну бзргуну калони Дарвоз,
Мни саҳмотаи дилхастара ҳайрун карай.
Ошиқи шефта Ёрист, нагӯ к-ай Ванҷай,
Ба хдо, ки мна дилбаста чу Маҷнун карай.
Брафтм сап-сапак
Брафтм сап-сапак андар Сари ду,
Ки Наврӯзм бдо як аспи ёбу.
Чунон рохим, ки ай Гишхун бадар шим,
Ба тавларзаву сармо сар ба сар шим.
Бгфтмшун, ки эи ёрон муборак,
Куҷо реме ақиби мо қаторак?
Нигаҳшун мекунум ҳар чор ҳастанд,
Ҳашарвор аз қафоям роҷа бастанд.
Таву тавларзаву сардарду сармо,
Ҳама як, Ёрии бечора танҳо.
Водхд ва дли хд шӣ
Ай шӯру шару тақдир,
Ай дсти ҷавону пир,
Ҳай валвала барпо шӣ,
Кори фачу беҷо шӣ.
Ай мардми гарданкаш,
Не риш раҳӣ не фаш.
Мир ай ҳамааш гт шӣ,
Водхд ва сари хд шӣ.
Насиби мо нашӣ
3-айшу нишоти ин ҷаҳон,
Ай молу мулки бегарон,
Ҳеҷ насиби мо нашӣ.
3-ангуру нону харбза,
Тути шрини хушмаза,
Ҳеҷ насиби мо нашӣ.
Ай маскаву ширу панир,
Ҳалвои бодому фатир,
Ҳеҷ насиби мо нашӣ …
Ай меҳри маҳруёни Ванҷ,
К-ар як ба ин мулканд ганҷ,
Ҳеҷ насиби мо нашӣ.
Ноҳисобдун
Шдам ай гшнагӣ дар роҳ,
Ба айёми хазон.
Ай дари содадиле,
Брдаи нуне талабон.
Соҳиби хуна бгфтм,
Ки ба мн деҳ дарак,
Ай шарикуну хару
Хингила, э гшнамарак.
Ай кҷо омадаеву
Сни ко дар сафаре.
Гшнаву тшнаи ин ра,
Ҳаматун чанд нафаре?
Гфтамш, Ҳотами Тойӣ ту:
Ва пштканда харак,
Мнму амраи мн,
Нӯкари ша, Ванҷимарак.
Зани ун сода, ҳақи
Чорқаса нунм дод,
Тӯшаи ра шда вофиру
Расидм ба мрод.
Оли фамим чо кме
Аспо заам дар млки Ванҷ
Ин байтро иншо кме,
Рангм ва ранги заъфарон,
Мн ақлу фаҳм якҷо кме.
Жоғар карам мсли капар,
Ай одамӣ гаштм бадар,
Имрӯз ай рӯзи дигар,
Сад хандаи беҷо кме.
Дар маърака оҳанчкун,
Ай мнда боло шинамен,
Мн бо ҷамеъи кӯдакун,
Буҷилма харболо кме.
Дука ббин ай ростӣ,
Пешқапаи чармк задаст,
Днё ва ранги чармкай,
Оли ки фамим, ҷо кме.
Мардони сахитабъи Бунай
Мардони сахитабъи диёри Бунай,
Гар даст расад, кунам навозиш бо най.
Дарёи саховатанду кӯҳи ҳиммат,
Доранд ҳавои лутф андар рагу пай.
Ёрй ба ҳузурашон забонкӯтоҳам,
Ин некиашон чи сон ба ҷо ораму кай?
Рӯ магардон
Санами гулрухаки марворӣ,
Рӯ магардон ба худо аз ёрӣ.
Аҷабе нест, ки дар рӯзи мабод,
Пухтакор аст, биёяд коре.
Нест молешу ба охир ёбад,
Дилаки санги туро бо зорӣ.
Як раҳе ноз куну чашм андоз.
Бо лаби ханда ба сӯи Ёрӣ.
Назира
Агар он шӯхи дарвозӣ ба даст орад дили моро,
Ба тори гесуяш бахшам дилу ҷону сару поро.
Ба ҷонон ҳарчӣ бахшам ман зи мулки хеш мебахшам,
На чун Ҳофизи Шерозӣ Самарқанду Бухороро…
Агар меҳмон шавад, ҷонро ба иқдомаш фидо созам,
Ба пояндозиаш бахшам Раву Жовуду Убгоро …
Нашӣ парвот
Ғамндат чова ҳолм, ту напрсӣ дилбарм яхпк,
Нашӣ парвот ай хуни дилу чашми тарм яхпк.
Чӣ медунӣ, ки чанд вахт ай бароят ҷун каме охӣ,
Биё доманкашун як бор бай тори сарм яхпк.
Угам флхок ворӣ дар таи мткин бчк сарма,
Каполндам чи сивое ббин мағзи сарм яхпк.
Чи саргардуниҳову навҳа дорад ай ғамт Ёрӣ,
Чу симобе ҳаросун гаштаам оромӣ не яхпк.
Фикри хато
Салаву фаш ба сарут нозебост,
Риши паҳни чапарут доми балост.
Суханат ланҷу фачу бе маънӣ,
Бидарӣ домани мантиқ чапу рост.
Ба авом гӯй ҳаме муллоям,
Дам фрӯ бар, ҳама ин фикри хатост.
Шасти шахкамон
Дар Жамаг аз шасти тири Шахкамон¹,
Селаи нахчирро набвад амон.
Аз камонаш бе хатое меравад,
Тири ӯ бар сайду аз мо осмон.
Паҳлавонмардӣ ба номаш хатм шуд,
Дар Бадахшон зӯриаш шуд достон,
Ҳақтаоло додаасташ сад ҳунар,
Ёриё, устоияш андак мадон.
¹Аз рӯи нақли усто Шайхи Одина бобокалонаш Шахкамон — паҳлавон ва сайёди моҳир аз Жамаги Язгулом — шарикдарси Ёрӣ буда аст.
Фош мегӯем
Фош мегӯм, ки ай дстаи зебосанаме,
Канда шӣ риштаи умед зи ҷону танме.
Ови чашмм ба раҳи дилбари бе меҳру вафо,
Амтаре рехт, ки дар дида намундаст наме.
Ёриро марҳамат аз моҳвашон нест умед,
Ай парӣ нест бай. одам сари лтфу караме.
Зиндагиро сомон нест
Зиндагиро низому сомон нест,
Дард афзуну лек дармон нест,
Заррае шафқате ба даврон нест,
Ҳиммате дар ниҳоди мирон нест.
Аз азал моми чархи каҷрафтор …
«Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест».
Насиҳат гӯш дор
Омадам бар хонаат бо хоҳиши парвардигор,
Э бародар, назди ман шин, ин насиҳат гӯш дор.
Тезиву тундӣ макун ҳаргиз ту дар рӯзи баҳор,
Орзуи мо ҳамин аст, ки ду гул гирад қарор,
Мекунад камбудиҳо маълум ба пешат рӯзгор,
Арзи ҳолатро бигӯям наздат имрӯз ошкор…
Гила аз умр
Ҳолу аҳволи парешон дорам,
Шиква аз толеъу даврон дорам.
Ҳеҷ як банда ба додам нарасид,
Сели хуноба ба домон дорам.
Ёрӣ аз ҷавру ситамҳои замон,
Гила аз умр фаровон дорам.
Нома аз ғурбат
Рафтем бо сад сӯзи дил,
Чун аз диёри Ғӯмаяк,
Як умр маҳрум мондем,
Мо аз канори Ғӯмаяк.
Чандон, ки андар ғурбатем,
Дар дил намонад орзу,
Бинем агар бори дигар,
Фасли баҳори Ғӯмаяк.
Шояд, ки рӯзе мерасад,
Бо боли мурғи номабар,
Ин номаи сарбаста бар
Хешу табори Ғӯмаяк.
Бар дида аз ғам пуроб,
Онро, ки андар ғурбат аст,
Бошад ба ҷои тӯтиё,
Хоку ғубори Ғӯмаяк.