Алифбекпаҳлавон

  Алифбек Ширинбеков дар байни беҳтарин паҳлавонони диёри худ мақоми хосаро соҳиб аст.
  Ба доираи васеи минтақавӣ баровардани гӯштии ноҳияи Ванҷ бо номи ӯ то дараҷае вобастагӣ дорад. Ин марди майдонзеб, соли 1930 дар деҳаи Вравз, дар оилаи деҳқони асил Ширинбек Одаминов ба дунё омадааст. Тифливу бачагии паҳлавони оянда, ба давраи мушкилтарини анҷоми сохтмони колхозӣ, замони мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки нодори ва гуруснагӣ махсусан дар кӯҳистон зиёдтар эҳсос мешуд, рост омадааст. Вале ба ҳамаи мушкилиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, дар ниҳоди ин писарбача завқи варзиш, алалхусус анъанаҳои гӯштии аҷдодй ҳамоно бедор мешуду аз дигар шуғлҳои бачаги боло мегирифт.
  Баъди хатми мактаби 7-солаи деҳот ӯ чун аъзои колхоз бевосита ба меҳнати кишоварзӣ машғул шуд.
  Ҷуссаи паҳлавонона, қувваи ҳайратовари табиӣ, меҳнатдӯстиву ростқавлӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонии ин ҷавоми навхат ба роҳбарони экспедитсияи геологие, ки солҳои 40-50-ум ва солҳои минбаъда дар Ванҷ тадқиқот мебурданду ба ҷамъоварии баъзе ҷинс ё маъданҳои кӯҳӣ аз қабили кварс машғул бу данд, маъқул афтоду ӯро ба корҳои мавсимӣ даъват намудамд Таи чанд сол ӯ тобистон ба фаъолияти экспедитсия шарик мешуду зимистону баҳор ба корҳои кишоварзиву рӯзгордории хона. Кӯҳгардӣ (албатта, бо бори вазнини геологй дар пушт) қобилияти ҷисмонии ӯро такмил медод. Бо ташаббуси сарварони экспедитсия ӯ баъдтар курси махсуси тарконандагиро дар Душанбе гузашта, дар қатори мутахассисон мегузарад.
  Шавқу рағбати гӯштӣ ӯро барвақт ба майдони қувваозмой баровард. Ҳарчанд ҷои мувофиқи бевосита ба машқи касбӣ набошад ҳам, ӯ пайваста бо ҳамсоягону калонсолони ҳаваси варзишдошта ба таври нимшӯхию нимҷиддӣ кашмакаш намуда, аз усулҳои оддитарини гӯштӣ хабардор шуд.
  Баъди дар маъракаҳои гӯштӣ иштирок намудан, ба зудӣ шӯҳрати паҳлавониаш дар тамоми Вилояти мухтори Бадахшон паҳн шуд.
  Амалҳои муқаррарии Алифбек аз қувваи бузурги ҷисмонии ӯ шаҳодат медоданд. Боре тарозуи колхозро аз як деҳа ба деҳаи дигар, ки тахминан 12 км. масофа ва дорои пайроҳаи пиёдагарди кӯҳӣ будааст, мебарад. Қисса чунин аст: Алифбеки ҷавон пайдо шуда, баъди боодобона салому алайк кардан, аз парешонхотирии саркор пурсон мешавад ва мақсадро мефаҳмад. Алифбек ба сарҳисобчӣ рӯ оварда мегӯяд: Ака хиҷил нашавед тарозуро ман мебарам. Дар ҳолате ки ҳеҷ боварии шоҳидон намеомад, ӯ бо банд тарозуи 110 кило вазн доштаро яклухт ба ҷои таъиншуда мебарад. Ҳангоми аз даргови бекӯпруки Мотравн аз сангпар ҷаҳида гузаштани Алифбек мардони бебор ҷаҳида гузаштан натавонистанд.
  Дар вақти обхезии тобистон даргови Вравз дарёи пурталотуми миёнаҳаҷми кӯҳиро мемонд. Дар ин фасл яке аз ҳамдеҳагони Алифбек хостааст, ки халтаи гандумро, ки дар хар бор карда буд аз об гузаронда ба хона барад. Вале маркаби бечора аз ҷараёни об тарсида ба шаттаю шаллоқи соҳибаш нигоҳ накарда, ҳамоно якравӣ мекарду пеш намерафт. Алифбек ин манзараро хуб тамошо карда, бо завқ хандиду рафта маркабу борашро ба болои шонаҳояш бардошта озод аз дарё гузаронид. Лаҳзаҳое, ки Алифбек дар ҳолати нимҷиддию нимшӯхӣ пуштора чанд ҷавони ҳузарбро якҷоя озод бардошта ба ҷои дигар бурдааст, кам нестанд.
  Ӯ дар ҳақиқат ҷавони майдонзеб буд. Ҷуссаи рустамона, чеҳраи нуронй, лабони доимо пуртабассумаш аз самимияти ботинии ӯ нисбати одамон дарак медод. Фурӯтанию хоксории ӯ то ҳадди хандаовар ба назар мерасид. Дар ҷамъомадҳои ҳамдиёрон рост истода хизмат мекард, ҳезум кашида алов мемонд, ҳатто ба ҷавонони аз худ чанд сол хурд чой мекашиду бо ҳурмат хизмат мекард. Дар деҳа касе боре ғазаболуд будани ӯро надидааст. Ба ҳама хурду калон якхела, муносибати ниҳоят самимона дошт.
  Яке аз хотираҳои дигареро, ки рафиқонаш нисбати фаъолияти он ҷавонмард ёдовар мешаванд, чунин аст: Рӯзе экспедитсияи геологӣ барои таркондани кӯҳпораи ба маъдани дар қабати ӯ буда тараддуд дошт, Алифбек ду халта маводи таркандаро ба пушт бардошта ба ҷои муайяншуда бароварданӣ шуд. Барои ин харсангеро ба путку мисрон кафонда поин ғелондан лозим будааст. Алифбек ба ҳамкоронаш “ин кор кирои чанд кас иҷро мекардагӣ нест”, гуфта, ҷавоб додааст.
  Онҳо поинтар рафта дар лаби чашмае баҳузур дам гирифта, рӯзро бегоҳ кардаанду баъди тараддуди ба лагер баргаштан ба ёдашон омадааст, ки Алифбек баъди анҷоми кор бояд мефуромаду ҳамроҳ мерафтанд, вале аз чӣ бошад, ки аз ӯ дарак нест. Ду нафар аз ҳамкорон омада бинанд ӯ бо рӯи арақшор зӯр зада харсангро аз ҷояш ҷунбонданист. Онҳо наздиктар омада фаҳмонданӣ шуданд, ки имрӯз бевақт шуд, пагоҳ омада сангро кафонда аз роҳ дур мекунему баъд маводи таркандаро ба ҷои лозимӣ мегузорем. Алифбек бо рӯи арақолуду қиёфаи ҷиддй ба онҳо нигариста мегӯяд: — Охир ман ӯро кайҳо кафондааму вале ӯ маро капидааст, сар намедиҳад. Ҷӯраҳо ҳайрон шуда, — чӣ хел қапидааст? — гуфта суол кунанд, ҷавоб надода, ҳамоно зӯр мезад. Онҳо пештар омада диданд, ки дар ҳақиқат ӯ сангро кафондан хостааст, дар он сангпораеро чун фона гузорад, вале ба ҷои фона се ангӯшти дасти чапаш ба кафи санг даромадан замон санг ҷафс шуда онҳоро маҳкам зер кардааст. У ба ҷои ба ёрй ҷеғ задаи, хостааст, ки худаш беташвиш додани дӯстон панҷаҳояшро раҳо намояд. Дӯстон аз шикастани панҷаҳояш хавф бурда саросема вор бо мисрон кафи сангро васеъ карданд. У панҷаҳояшро кашида дид, ки аз шиддати фишор кабуду хеле варамидаанд. Ба дар ди ҷонкоҳ аҳамият надода, ба дӯстон нигариста, — Ӯ, санги падарлаънате, маро дар ин ҷо то пагоҳ нигоҳ доштанӣ будааст, гуфту баъд панҷаҳояшро нигоҳ карда: — Инҳоро бинед, мисли каллаи ғук бетабъу хунук шудаанд, — гуфтааст ва худ бо завқ хандида. Яке аз ҷӯраҳо, ки ин ҳолро дида беихтиёр оби чашмаш баромадааст, ба рафиқи дигараш ишора карда: — Ина бинед, ба ҷои он, ки додаш ба осмон дакка хурад, механдад, — гуфтааст.
  Ҳангоми нав чун паҳлавон шинохта шудан, бо тавсияи баъзе аз ихлосмандон, муллои деҳа, хешу ҳамсояи Алифбек, марди хеле саводноку мӯътабар Охунди Балаҷон, ки ҳама бо эҳтиром “Охунд”-аш ном мебурданд (ёдаш ба хайр), барои аз чашми бад эмин будан ва ҳамеша дар гӯштӣ дастболо шудан, барояш тӯморе навишта додааст. Боре дар аснои сӯҳбат, вақте сухан аз доимо ғолиб омадани Алифбек рафтааст, Охунд хостааст, ки дар ин ҷода аз хизмату саҳми худаш ёдовар шавад. У аз он гап кушодааст, ки паҳлавонии Алифбек аз шарофати ҳамон тӯмор аст. Алифбек, ки худ дар сӯҳбат ҳузур доштааст, бо завқ хандида, бо як самимияти беғаш гуфтааст: Охунд шумо хуб содда будаед, агар тӯморҳои шумо ёрдам кунанд, пеш аз ҳама ба худатон ёрдам мекунанд. Аз чӣ бошад, ки хонаатон пури тӯмору худатон дар зарпечак пешпо хӯрда, рӯйнокӣ меафтед. Инро шунида ҷаҳли Охунд боло мегираду галтакчӯбро гирифта ба сӯяш ҳуҷум мекунад. Алифбек аз болои суфа хез зада ба кӯча медавад. Охунди Балачон дар ҳолате, ки аз ақибаш метохт, дар сари роҳ пешпо хӯрда меафтад. Афтидани Охундро дида Алифбек оқиб гашта ба пешаш метозаду ӯро саросемавор болои даст бардошта, узр мепурсад.
  Азбаски дар вилояти Бадахшон барояш рақиби мувофиқе ёфт намешуд, бо даъвати шиносону мухлисон, ба иди ҳосилот, ки ҳама сол баъди ғунучини пахта дар водии Вахш хеле бошукӯҳ мегузашт ва дар мусобиқаҳои гӯштӣ беҳтарин ҷавонон аз мин- тақаҳои гуногуни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна омада, қувваозмой мекарданд, бо Мухтор ном паҳлавони шинохтаи вилояти Бадахшон ба он ҷо мерафтанд.
  Аввалин маротиба дар чунин маъракаи калони гӯштӣ соли 1957 иштирок намуда, аз болои тамоми паҳлавонони номии вилояти Қӯрғонтеппа ва намояндагони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон ғалаба мекунад.
  Соли 1958 дар мусобиқаи ҷумҳуриявие, ки дар бинои сирки марказй гузаронда шуд, паҳлавонони машҳур Ҳамид ва Эргашро мағлуб сохт. Ҳамон сол дар водии Вахш аз болои Мухаммадӣ ва Қудрат ном паҳлавонон ва Дусапаҳлавони ӯзбекистонӣ, ки гуё мағлубиятро надида буданд, дастболо шуд. Номи Алифбекпаҳлавон баъди чунин корнамоӣ дар тамоми Тоҷикистон ва баъзе вилоятҳои кишвари Осиёи Миёна маълуму машҳур гашта буд.
  Алифбек ҳарчанд дар муқоиса бо баъзе ҳарифонаш, ки 140- 150 ва аз ин зиёд вазн доштанд, он қадар азимҷусса набуд, (тахминан 97 кг. вазн дошт), вале бартарии назарраси қувваи ҷисмонӣ, чобукӣ ва усулҳои тозаи гӯштигирӣ имконияти ғалабаи ӯро аз болои ҳарифонаш бечунучаро таъмин мекард. Усули дӯстдоштаи ӯ пасҳалуқ буд (бо мувофиқ омадани фурсат ба паси пойи ҳариф бо як ҳаракати тез бо теға ё кафи пой задан). Ин усулро сутбанд ҳам мегӯянд.
  Шоҳидони гӯштии Алифбекпаҳлавон бо ғолиби мусобиқаи гӯштии тарзи озоди Иттиҳоди Шӯравӣ, нахустин устоди варзиши ИҶШС аз Тоҷикистон Азалшоҳ Олимов, ки дар миқёси умумииттифоқ шӯҳрати баланд дошт, дар мусобиқаи ҷумҳуриявии дар шаҳри Хоруғ барпогардида, чунин менигоранд: Алифбекпаҳлавон, ки дар замин озодона ба гӯштӣ гирифтан одат карда буду дар Хоруғ бояд дар болои қолини гӯштӣ (ковёр), ки доирааш дар назари паҳлавонони рустоӣ хеле танг менамуд, бо рақиби ниҳоят номдору ҷиддӣ Азалшоҳ Олимов гӯштӣ мегирифт. Азалшоҳ, ки ба гӯштии касбӣ машғул буду пайваста машқ мекард, барои афтондани рақибаш Алифбек аз ҳама усулҳо истифода ме- бурд, вале ҳама гӯё бетаъсир буданд. Паҳлавони ванҷӣ ҳам суст намеомад. Аввал бо шунидани таърифу тавсифи сардовар оиди ғолибияти Азалшоҳ дар мусобиқаҳои умумиттифоқӣ ва байналхалқӣ Алифбек андаке ба ҳарос афтода бошад ҳам, баъди як-ду талош гирифтан фаҳмид, ки нисбати ин паҳлавони расмӣ қувваи муносиб дорад. Акнун ӯ ба ҳуҷум гузашт. Вале Азалшоҳи ботаҷриба ҳар замон илоҷе ёфта, худро берун аз майдон кашида, баъд меафтид, ки доварон онро ба ҳисоб намегирифтанд. Аз ин рафтори ҳариф Алифбекпаҳлавон асабонӣ шуда, боре ӯро дудаста аз гардан капиду ба байни майдон кашола карда, афтонданӣ шуд. Дар ин асно ҳуштаки довар баланд гашт. Вале Алифбек сар намедод. Довар ночор ҳуштакро баландтар карда, бо ишораи даст, ба паҳлавон мефаҳмопд, ки ғайри қоида амал мекунад ва сар диҳад. Алифбек бошад, ҳарифро маҳкам дошта, дар ҳолате, ки зӯр задп афтонданӣ буд ба довар нигариста: “Чӣ чур-чур мекунӣ, нав васлаш (яъне — қулаяш) доштаам, мехоҳӣ ки боз берун гурезаду афтиданашро ҳисоб накунӣ”.
  Баъди боз чанд талоше вақт ҳам буд шуду гӯштии ин ду паҳлавони номиро сифр бар сифр эълон карданд. Чунин лаҳзаҳои хушгуфтории беғашона, кушодадилии орифона, ҷиддияту масъулиятшиносӣ, дар ҳаёти Алифбекпаҳлавон кам набуданд.
  Мутахассисоне, ки бевосита бо Алифбекпаҳлавон шиносоӣ доштанд, қайд мекунанд, ки он қувваи ҷисмонӣ ва он ғайрату ҷуръати дар ниҳоди ӯ буда, бешубҳа имкон медоданд бо андаке машқи муназзам дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дастболо гардад.
  Риштаи умри Алифбекпаҳлавон дар айни камолоти варзишӣ, соли 1963 ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Ӯ дар сохтмони рӯде, ки бояд дашти Торӯғро обёрӣ мекард ба сифати тарконанда кор мекард. Дар аснои яке аз таркишҳо зарб хӯрда, пояш ғеҷиду ба қаъри ҷарӣ сарозер афтида ҳалок гардид.
  Ҳамдиёрону доираҳои расмии ноҳия барои абадӣ гардондани хотираи ин марди асил бе ҳеҷ дудилагӣ дар маҷлиси 10 июни соли 1994 барпошуда, дашти Торӯғ ва рӯдро ба шарафи вай дашти Алифбекпаҳлавон номгузорӣ карданд. Умед ҳаст, ки ҳамдиёронаш хотираи шарифи ин мардро бо гузоштани нимпайкара бар сароби дашт абадӣ гардонанд. (Аз китоби «Ванҷ» — Ҳ. Пирумшоев).

Алифбекпаҳлавон

  Агар аз паҳлавонони номвари гузаштаву имрӯзаи замини мардхез — Ванҷи пурганҷ ном барему Алифбекпаҳлавонро сарфи назар намоем, як саҳифа ё як таърихи паҳлавонии Ванҷзамин холӣ хоҳад монд. Ҳар нафари ин диёр агар паҳлавониву қувваозмоии ӯро дида бошад, аз ӯ чун як таҳамтани беҳамто ёдоварӣ мекунад.
  Бемашқу тармим дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ борҳо иштирок карда, шарафи ноҳия ва ВМКБ-ро баланд бардоштааст. Яке аз ҳарифони асилаш, ки ба сӯҳбаташ мушарраф гаштаам, Путсикпаҳлавон доим аз Алифбекпаҳлавон чун ҳарифи арзанда ва паҳлавони муваффақ ёд меовард. Ёди ин паҳлавон гиромӣ ва хонаи охираташ биҳишт бод!. Давлатмир Давлатов.

1 Назар

  1. Худорахмати беҳтарин паҳлавонони замонаш будааст.Вале сад афсӯс дар синни 33 солаги дунёро падруд гуфт.Бардари хурдиаш Шодмонбег Ширинбеков хам хеле пахлавони хуб буд.Ҷояшон ҷаннат бод.

  2. Беҳтарин паҳлавонони Водхуд Устоди Варзиши СССР оид ба Дзюдо ва Самбо Хочи Сайдали Назмишоев ва Устоди Варзиши СССР оид ба гӯштини тарзи озод худораҳмати Аҳмад Беков ҷиянҳои Алифбег паҳлавон ҳастанд.

  3. Худованд шоистаи ҷаннаташ гардонад!
    Раҳматӣра соло 62 ё 63 дар Рохарв майдун брума иш кас чени йӯ ёфт нашӣ! Баъд вазури малими раҳматии Суннат Зиннатова хезунтан.Вно дӯсту рафиқ,ки бин ай таҳти дл гӯштин нагрфтан.Неки ҳаракатои хуби гӯштина ншун дону дрангшн ҳисоб каран!

  4. Худо рахматаш кунад . Дар солхои пахлавони дар ш.Душанбе дар бинои Сирки давлати мусобика мегузаштаст дар вазни сангин пахлавон аз Рашт номашро зикр кардаанд баромада майдонро давр мезанад , дар дохили бино чавонмардони диери Ванч низ будаанд аз чумла и онхо рахматии Алиф пахлавон ин шахси хушсимо ва кавиирода бо лахчаи Водхуди хамеша гап мезадааст, ва мегуяд ки ман бо ин пахлавон гушти мегирам чунин гуфтаст мн бгима амина бзама ин бачахои дига аз чумла Киргизбек пахлавони Ванчи ба у гуфтааст ,ки харгиз ракиби ту азимчуса аст ва мабодо.. нее гуфтаст Алиф касам бгима бзамаш дига ноилоч дуо додан аммо пахлавони Рашти идао кардааст,Ки аввал забонхат нависад то вакти лат хурдан Ман чавобгар нестам баьд мегирем, ва доварон низ кабул кардан. Алиф чунин чавоб додааст ба Худо мн арзара бнависма бгима амина бзамаш . Хама тамошобинон дар тахаллука афтоданд, ки чи мешуда бошад. Дар давра пахлавонон ба хам бархурданд ва дар як даст Алиф харифро чунон ба давра мезанд,Ки аз чой дертар бар мехезад, тамошобинон аз баски мухлисони пахлавони Рашти будан эьтироз карда талаб кардан,ки аз нав гушти гиранд ,аммо пахлавони Рашти азбаски кувваи дасу бозуи Алифпахлавонро хис карда буд хеста дасти Уро бардошта чунин мегуяд агар дах бори дигар хам гирам маро мегалтонад.
    Ин ёде аз сухбатхои мардони хамсабаки рахматии Алифпахлавон буд.

  5. Ин дар моҳи май 1962-ум буд. Соли 1963 Амаки Алиф гузашта шуд. Ман дар гӯштин будам, катии акаи Амрихудо Тирандозов рафта будам. Дигар амин ки ҳам амаки Алим ва ҳам муаллими Суннат ай Водхуд (муалими Сунҳат ай Баравн, Хирмано). Дар он вакт паҳлавоне, ки қатиш бояд гирад, дар Помир набуд. Рахматӣ Имат Палвон ай 60 гузашта буд. Чӯпона зада буд, метарсид.
    Ман пеши акаи Амрихудо 11 сола кудак. Дар палимун Субадор тағоиш гуфт Алифбек Сунҳата назан. Гӯштин гирифтан. Муалими Суҳат зурш зад, ки гиребони чакмани Амаки Алиф дрӣ. Бисёр шӯх бӣ. Гуфт, ки Сунҳата ва мн зурш намераса чакмана чанде друнд. Ин гӯштини принципиалӣ набуд ва ду водхудӣ барои мардуми Ванҷ бозӣ нишон даданд. Доимо шими голифеи ҷигариранг дошт. Пош бузбала. Ҷояш чаннат бошад. Омин.!

    • Амувахт полвони Дарвозу Ванҷу Рушонам бдан,ба фикрм,барое,ки ин ноҳияҳо дар якҷогӣ Ванҷ нум доштан!

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.