Ховар Холинов

  Xovarxolin1Ховар Холинов яке аз ашхоси барӯманди диёр буда, умри хешро ба таълиму тарбия бахшида, таҳти устодӣ ва раҳбарии ӯ афроде парвариш ёфтаанд, ки дар ҷомеаи кишвар саҳм гузошта, хадамоти арзанда анҷом додаанд. Ба туфайли пешаи пуршараф, маҳорати кордонӣ, донишу хулқу атвори шоистаи инсонӣ ин марди шариф дар зиндагии хеш обрӯву эътибор касб намуда, мардум танҳо аз кирдори некаш ёдовар шуда, амале хилофи инро аз ӯ ёд надошта, дар нисбаташ эҳтироми бузург доранд. Ӯ ва афроде монанди ӯ ба ҷаҳд тамоми донишу нерӯро ба нафъи ҷомеа сарф мекарданд, манофеи умумро ба шахсӣ тарҷеҳ медоданд, самараи заҳматро медиданд ва онро ҳамчун мукофоте бар хеш мепазируфтанд. Ба ин тариқ аз хеш номи нек гузошта, мӯҷиби ифтихори авлод гаштанд.
  Ховар Холинов дар соли 1930 дар деҳаи Старғи ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ ва асосӣ дар зодгоҳ барои идомаи таҳсил ба ноҳияи Рӯшон рафта, мактаби миёнаи деҳаи Баррӯшонро хатм намудааст. Ӯ нақл намуданд, ки дар соли 1949 онҳо 23 нафар хонанда аз ноҳияи Ванҷ ба интернати давлатӣ дар назди мактаби Ленини деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон рафтанд. Интернат дар замони онҳо 150 нафар хонанда дошт. Ҳамаи он 23 нафар ба зами се нафар хонандаи маҳаллӣ дар як синф мехонданд. Аз он 23 нафар фақат 5 кас натавонист мактаби олиро хатм намояд, боқӣ ҳама маълумоти олӣ гирифта, дар соҳаҳои гуногун хизмату фаъолият намуданд.
  Баъди хатми мактаб дар соли 1951 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро дар соли 1956 бо ихтисосӣ таърихшинос хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ як сол дар деҳаи Гишхун дар мактаби ба номи Киров муаллимӣ карда, дар соли 1957 мудири мактаби деҳаи Дуршер (Мдехарв) таъйин гардида, то соли 1967 дар он ҷо кор кард.  Баъдан, аз соли 1967 то замони нафақа, соли 1990 ба ҳайси мудири мактаби деҳаи Мурғутга фаъолияти корӣ намуд.
  Заҳматҳои шоистаи Ховар Холиновро дар замони шӯравӣ, дар соли 1976 бо унвони “Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон” қадр кардаанд. Ӯ иштирокчии “Съезди XVIII Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон”, чандин конференсияҳои  вилоятию ҷумҳуриявӣ буда, ду маротиба вакили мардумии вилоятӣ ва се маротиба ноҳиявӣ интихоб шудааст.
  Ховар Холинов бо ҳамсарашон Аҳмадова нӯҳ фарзанд, се писару шаш духтарро ба воя расонидаанд: Нисоро, Фотеҳ, Гулчеҳра, Гулҷаҳон, Гулрухсор, Гулғунча, Саодат, Олим, Динор. Аз маърифату накӯхулқии ҳамаи онҳо зоҳир аст, ки онро таҳти тарбияи ин марди фозил бузург шудаанд. Яке аз духтаронашон Гулчеҳра Холинова солҳост, ки ба ҳайси духтури занонаи амбулаторияи тиббии ҷамоат ифои вазифа дорад ва дар бадали ахлоқи хубу кори шоиста обрӯю эътибори хоссаро касб кардааст.
  Устод ҳоло дар синни 88 солагӣ қарор доранд. Агарчанде пойҳояшон заъф доранд, ҷисмашон солим аст. Ҳофиза, шунавоӣ, биноии хуб доранд. Аз хурдӣ то ба пириро ба ёд дошта, сӯҳбат бо марди боилму фарҳанг лаззату кайфияти вижа дорад. Ашраф Акрам. 

Ховар Холинов

  xovarxolinХовар Холинов соли 1930 дар деҳаи Старғи деҳшӯрои Рованди ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Шарҳи ҳолаш хеле оддию ҷиддист. Баъди хатми мактаби миёна Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихчӣ соли 1956 хатм карда, аз ҳамон давра соли то соли 1990 (то ба нафақа баромадан) директории мактаби деҳоти Дуршер ва Мурғудгаро ба зимма дошт. Барои самаранок пеш бурдани таълиму тарбия дар мактаб соли 1976 Х.Холинов ба унвони ифтихории “Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон” сарфароз гаштааст. Ҳамчунин хизмати намунавию тӯлониаш бо медалу ифтихорномаҳои дараҷаи умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ қадрёбӣ шудааст.  (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.