Иқбол Қаландаров

  iqbqalandrИқбол Қаландаров соли 1934 дар деҳаи Лахши деҳшурои Водхуд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Баъди анҷоми таҳсили мактаби миёна ва хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши Шӯравӣ ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ дар деҳаи Пшихарви деҳшӯрои Водхуд кор кард. Солҳои 1960-1965 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дониш андӯхта, чанде ба ҳайси муаллими мактаби миёнаи рақами 16-и колхози “40-солагии Октябр”-и ноҳияи Колхозобод кор кард. Аз соли 1974 то соли 1993 дар вазифаи директори мактаби номбурда кору фаъолият дошт. Мактаб дар солҳои сарварии ӯ яке аз мактабҳои пешқадами ноҳияву вилояти Қӯрғонтеппа ҳисоб меёфт.
  Дар давраи мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, соли 1993 аз тарафи маҳалгароёни ашадӣ ва иртиҷопараст ин марди асил, омӯзгоре, ки дар дилаш ба ҷуз меҳри одаму беҳтарин хислатҳои инсониро дар ниҳоди ҷавонон коштан чизи дигаре намеғунҷид, бераҳмона ба қатл расонда шуд. Вале ӯ намурдааст. Шогирдон, номбардоронаш мактабро ба номаш гузошта, хотираашро абадӣ гардондаанд. Қотилон бошанд, ҳеҷ гоҳ дар ҳисоби зиндаҳо ҷой нахоҳанд ёфт.  (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.