Воқеаи мудҳише, ки дар субҳи рӯзи аввали моҳи август ба вуқӯъ пайваст, аҳли диёрро такон дод. Худраве, ки аз пойтахт ба ҷониби Ванҷ равон буд, дар мавзеи Яхчипуни Шӯробод сарозер ба дарёи Панҷ афтода, бо мусофиронаш ғарқ шуд. Дар натиҷа, се мард, ду зан ва як кӯдак қурбони ин ҳодиса шуда, чанд рӯз аст, ки ҷасади фавтидагонро ҷустуҷӯ доранд.
Фавтидагон мансуб ба як хонадон, яке аз муаллимони обрӯманди диёр, сокини деҳаи Чихох Садриддин Асоев бо бародару духтару набера, хоҳарзодаи сокини пойтахташон ва ҷавонзани хешовандашон аз деҳаи Мудехарв буданд. Ҳодиса дар рӯзи 1 августи соли 2019 дар мавзеи номбурда, дар маҳалли дур аз сукунату назар ба сабабҳои норӯшан дар соати панҷи саҳар рух додааст. Мақомоти дахлдор ва ҷавонмардони диёр дар маҳалли ҳодиса қарор дошта, ғарқшудагонро ҷустуҷӯ доранд. Ҳоло, ки мавсими серобӣ ва ошуфтагии ин дарёи пуртуғёни кӯҳӣ аст, адои корҳои ҷустуҷӯи дар соҳилҳои он мушкил аст.
Асозодаҳои Чихох дар диёр як хонаводаи маъруфанд. Афроде аз ин хонавода дар ҷомеа хидматгузору обрӯдору соҳибиззатанд. Дар умум, аҳли ин хонавода мардуми бофаҳму фарҳангу одобу хушхулқанд ва касеро ба бадномию бадрафторӣ аз ин хонавода ном намебаранд.
Ин хонавода дар пеш нияти ҷашну шодмонӣ доштанд. Устод Садриддин ба хотири тӯи фарзандашон ба пойтахт омада буданд. Пас аз анҷоми корҳо бо аҳли хонавода: бародару духтару набера ва хоҳарзодаашон ба сӯи диёр раҳсипор гаштанд. Эшонро дар деҳа хешу ақрабо, ки аз Русистону дигар манотиқи кишвар ҷамъ омада буданд, интизорӣ мекашиданд, то ҷашни сурур – хонадоршавии писарашонро оғоз кунанд.
Вале ба амри тақдир дар лаҳзае ҷашни шодӣ барои ин хонадон ба маросими ғаму мотам табдил шуд ва аҳли диёрро маҳзуну мағмум намуд. Ақрабо ба нияти шодмонӣ ҷамъ омада буданд, аммо дар сӯгу мотами устоду ақрабояш нишастанд. Аҳли ин хонавода рӯзҳои сахтро паси сар менамоянд, ки сабру таҳамуллашон хеле сангин аст, Худованд таҳмили мусибаташонро тасҳил гардонад!.
Чунин рӯзҳо ба сари хонаводаи дигар, ки бо ин хонавода қаробати хешовандӣ дорад, омадааст. Индираро чанд рӯз қабл хостгорӣ намуда буданд. Баъди тавофуқ маъракаашро гузарониданд ва барои дидорбинӣ бо волидайну ақрабо ба зодгоҳ мерафт, баъди чанд рӯзе бояд бармегашт ва ҷашни арӯсияш дар пойтахт баргузор мешуд. Муддате аз волидайн дур буд, ӯ худ пазмону ақрабо пазмони ӯ буданд. Аз ҳаракаташон ба ҷониби зодгоҳ хабар доданд, хонавода мунтазиру дар тараддуди омаданаш шуданд.
Интизори ҳар замоне расиданаш буданд, вале ҳеҷ ба деҳа намерасид. Падару модар раҳ мепоиданд, хоҳаракону додаракон (ӯ сарфарзанди оила буд) ба шунидани овози мошине ба ҷониби роҳ медавиданд, аммо маъюсона бармегаштанд. Волидайн дар рафтори ҳамдеҳагон шакку тардид карданд ва дар лаҳзае аз бенишон гаштани мошин хабар ёфтанд, ҳоли зори эшонро одам на тоби дидан ва на орои тавсиф кардан дорад…
Мардуми дар маърака Индираро дида таъриф аз зебоии духтари Беҳзод мекарданд. Ба эҳсос аз айёми хушбахтӣ ӯро чеҳра шукуфта ва рӯҳ болида буд. Бо ҳавасу сурур роҳи зодгоҳро пеш гирифт, волидайну ақрабо аз омаданаш масрурӣ мекарданд, иштиёқ доштанд зудтар духтари зебояшонро бинанд, вале сафари арӯсаки барно то ними роҳ буд…
Ниҳоят ҳузнангезу риққатовар назару наззора ба ҳоли писарони хурдсоли падаргумкарда буд, ки худ ғаму алам ниҳон дошта, сари модари ғамзадаро ба канор гирифта, сила намуда, орому таскин дода, бо чунин синусол матонату ҷавонмардӣ меварзиданд…
Худованди муътаол ба ин хонаводаҳо дар таҳаммули мусибат сабру бардошт насиб кунад, гузаштагонро раҳмату мағфират намояд ва дар ивази мусибаташон аҷри азим ато фармояд ва боқиро аз чунин рӯзҳои сахт эмин дорад!.
Мебояд ба ҷавонмардоне, ки эҳсоси масъулияти инсониву хешутаборӣ намуда, барои ҷустуҷӯи фавтидагон заҳмат мекашанд ва дар ин рӯзҳо мусибатдидагонро ёриву шарикӣ мекунанд, изҳори таҳсин намуд!.
Мо ҳамдиёрон бо ин хонаводагон ғамшарикем!.
Худовандо ,рухашон шод бошад ва хамдардии маро бипазиред мардуми Ванчзамин,чун дар рухсати будам ва нав ба торнома даромадам.Худовандо чунин мусибатро ба касе нишон надихад!