Деҳаи Гишхун

  Деҳа дар гӯйиши мардум Гшхун. Яке аз калонтарин деҳаҳои Ванҷзамин аст. Дар қисмати соярӯяйи дарёи Ванҷоб, рӯ ба рӯйи маркази ноҳия – шаҳраки Рохарв воқеъ аст. Худи мардуми деҳа ва сокинони сарбаланди Ванҷ номи онро Гшхун талаффуз мекунанд, ки ба назари мо ҳам дар навишт ҳамин шакл дуруст аст. Зеро ин номвожаҳо дар забони гуфтугӯйи мардум ба ҳамин шакл садо медиҳанд. Аммо дар асноди расмӣ баъди Ҳукумати Шӯравӣ номи ин деҳаро Гишхон, Гишхун ва Гушхун менавиштанду менависанд. Гӯё дар ин вожа садонокҳо афтода бошанд, аммо ин шакли хулоса кардан бар асоси кадом як тадқиқоти илмӣ сурат нагирифта, танҳо бар асоси тахминҳо қабул шудааст. Чунин иштибоҳ дар навишти номи бисёр деҳаҳои Ванҷ ва кулли навоҳии кишвар, ки аслан номҳову вожаҳои қадимаи суғдиву бохтарӣ мебошанд, содир шудааст. Масалан, деҳаҳои Вскроғро Ускроғ, Скадро Сикад, Бовудро Бовид, Жовудро Жовид, Чхохро Чихох, Шрговадро Ширговад, Мдехарвро Мудехарв, Ғҷовастро Ғуҷоваст менависанд. Дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ деҳаи Виткунро Виткон, Арнохунро Арнохон ва дар ноҳияи Айнӣ деҳаи Туминро Томин менависанд, ҳарчанд мардуми маҳаллӣ онҳоро дар шакли асл талаффуз мекунад. Аслан маънои ин вожаҳоро касе намедонад, вале гӯё бо илова кардани садонокҳо дорои кадом маъное мешуда бошанд. Вақте бо шумули садонокҳо ба худ ҳеҷ маъное намегиранд, пас аз рӯйи илм ва мантиқ ин шева хато ва нодуруст мебошад. Хубтар аст, ки номи деҳаҳо дар шакле, ки мардум дар гуфтугӯй истифода мекунанд, дар ҳамин шакл навишта шавад.
  Тавре гуфтем маънои аксари номвожаҳои деҳаҳои Ванҷро касе намедонад. Аз нигоҳи илмӣ мушаххас кардани маънии онҳо хеле мушкил аст ва шояд барои ин зарурат набошад. Аммо дар миёни мардум ба ҳар гунае номи ин деҳаҳо маънидод мешавад. Масъалан мардуми деҳаи Гшхун, ки дар Ванҷ бо меҳмондории хеле густардаи худ машҳуранд, бар ин асос баъзе солхӯрдаҳо вожаи Гшхунро ба ибораҳои гӯшае аз хон ё гӯшаи хон наздикмаъно ва ҳаммаъно медонанд. Яъне дар ин деҳа ҳамеша хон ё дастархон гушуда будаасту мебошад. Баъзеҳо баргирифта аз таркиби дувуми ин вожа, таркиби хун тахмин мезананд, ки дар гузашта инҷо ҷанг ва хунрезӣ мешудааст. Вале ин маънидод карданҳо низ тахмине беш нестанд ва ҳамоно мисли аксари номвожаҳои қадимаи паҳлавӣ маънии Гшхун номушаххас боқӣ мемонад.

Чанд ҳарфе аз таърих

  Гшхун аз нигоҳи таърихӣ шояд хеле куҳан набошад. Чун сокинони ин деҳа ҳамагӣ аз панҷ ё шаш пушти авлоди худ, ки дар ин деҳа зиндагӣ кардаанд ёд медиҳанд. Чун кӯҳистон ҳеҷ вақт манбаи тамаддун ва рушди инсонҳо ва миллатҳо набудааст. Балки ба ин мавзеъҳо мардум бар асоси шароитҳои таърихиву сиёсӣ ҳиҷрат кардаанд ё аз фишору таъқиб паноҳ бурдаанд. Аммо аз нигоҳи дигар, баъзе бозёфтҳои таърихӣ ва далелҳои дигари забоншиносиву ҳодисаҳои иҷтимоӣ ба ин андеша моро водор мекунанд, ки гӯёи ин деҳа ва умуман Ванҷ таърихи чандинҳазорсола доранд. Ҳанӯз шоир ва файласуфи шаҳри тоҷик Носири Хисрав дар асри XI аз Ванҷ бо таъбири «Ванҷи ману ганҷи ман» ёд мекунад. Яъне ун замонҳо Ванҷ хеле обод будааст. Гузашта аз ин, боқӣ мондани номи мавзеъҳо ва деҳаҳо дар шакли бохтарӣ ва омезиш наёфтани онҳо ба арабӣ ва фарҳанги исломӣ, ба мо ин ҳақро медиҳад, ки бигӯйем, то дар ин деҳаҳо ҳанӯз мардум қабл аз ислом ҳам зиндагӣ мекардаанд. Чун дар бораи қадимияти ин деҳаҳо тадқиқоти илмӣ ва бостоншиносӣ сурат нагирифтааст мо ҳам ба ҳамин иктифо мекунем. Аммо таърихшиносон ва сайёҳону экспидиторҳои рус дар авохири асри XIX ва ибтидои асри XX дар навиштаҳояшон аз деҳаи Гшхун ва яке аз деҳаҳои асосии Ванҷ будани он ном бурдаанд.
  Деҳаи Гшхун аз нигоҳи истротежӣ дар гузашта, то замони ҳукумати Шӯравӣ барои мирҳои (ҳукуматдорони Ванҷро то ҳукумати Шӯравӣ мир мегуфтанд) Ванҷ хеле муҳим будааст. Чун ин деҳа дар лобалои маркази Ванҷ ҷойгир аст ва аз нигоҳи табииву ҷуғрофӣ каме баландтар аз маркази Ванҷ мебошад дар қисмати поёнии деҳа моил ба дарёи Ванҷоб қалъаи деҳа мавҷуд будааст.То ҳол ин мавзеъро мардуми деҳа бо номи Қаълаи куна (куҳна) ном мегиранд. Аммо бар асоси режими фарҳангситез ва мухолиф ба арзишҳои суннативу миллии мо-режими коммунистии шӯравӣ дар ҷойи ин қалъа фермаи вақти колхоз ташкил мешавад. Ин қалъа барои мирҳои Ванҷ чун як дидбонгоҳи ҳарбиву амниятӣ хидмат мекардааст. Дар замони мирӣ, деҳаи Гшхун чун воҳиди маъмурии мирохурӣ будаву дар он Мирохур-баробар ба раиси ҷамоати ҳозира мансаб доштааст. Ба тобеъияти ин мирохурӣ деҳаи Ғӯмаяк (зодгоҳи шоири шаҳир Мулло Ёри Ванҷӣ) низ шомил мешудааст. Ман ҳамчун фарзанди ин деҳа номи ду Мирохури ахири деҳа Юсуфбек ва Хушмуҳаммадро медонам.
  Ванҷ, ки то замони суқути давлати Манғитиҳои Бухоро ва ғасби ин давлат аз ҷониби русҳои болшавикӣ мустақилияти худро нигоҳ медошт, борҳо мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст. Аз ҷумла муҳаққиқи варзидаи таърихи ин диёр, академик Баҳодур Искандаров чунин менависад: «Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи пиряхи Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст».
  Манғитҳо ҳам борҳо кӯшиши ғасби Ванҷро кардаанд. Азҷумла баъди ғасби Осиёи Миёна аз ҷониби Русияи подшоҳӣ Амир Музаффари манғит бо ризояти Генерал Губернатори Туркистон Кауфман ба Бухорои Шарқӣ лашкар кашида, бекигариҳои Бухорои Шарқиро тадриҷан тобеъ менамояд. Охирин шоҳи Дарвоз ва писараш Афзалшоҳ дар ин муҳориба алайҳи неруи манғитҳо, ки ба он Худойназар сардорӣ мекард шикаст хурда ба Ванҷ ақибнишинӣ мекунад. Танҳо неруҳои ихтиёрии дар Ванҷ таъсисёфта ҳуҷуми Худойназарро ба шикаст мувоҷеҳ мекунанд ва неруи манғитҳо дар маркази Ванҷ-деҳаи Рохарв ва Гшхун шикаст мехӯранду ба Дарвоз бозпас мегарданд. То имрӯз гӯрҳои кушташудагони ин лашкари манғитҳо дар Гшхун боқист. Ин лашкар, ки аз ҳисоби неруҳои шикастхӯрдаи бекигариҳои Ҳисор, Балҷувон, Кӯлоб, Қаротегин такмил ёфта буд дар Ванҷ ба шикасти шадид сар мехӯранд. Дар дашти Гшхун. Дар мавзеи Дашти убара (Дашти он тараф) як қабристони ин лашкари шикастхӯрда воқеъ аст, ки мардум то ҳол онро қабристони кофирҳо мегӯянд. То имрӯз дар ин қабристон аз ҳисоби мардуми маҳалӣ кассе ба хок супурда нашудааст ва мардум ба ғосибони диёрашон ба ҳаде нафрат доштаанд. Ки онҳоро ҳатто кофир ном мебурдаанд.

Мардуми бо ҳурмату дӯстдори мемун (меҳмон)

  Номи ин зерунвон аз мисраи дувуми як шеъри шоири Ванҷзамин Додарбеки Азорабек аст, ки дар мавриди ин шеър баъдтар хоҳем гуфт. Аммо ғараз аз гузоштани ин зерунвон ибрози назар дар мавриди мардум ва ва баъзе хусусиятҳои деҳа аст.
  Мардуми деҳаи Гшхун мисли тамоми сокинони Ванҷ ба куллӣ тоҷиканд. Аз кадом манотиқи мантақаи Тоҷикзамини таърихӣ ба инҷо омадаанд, далели таърихӣ дар даст нест. Вале аксари мардум гузаштагони худро аз Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои бузургу фарҳангиву таърихии тоҷикон медонанд. Аммо ин нукта муҳим аст, ки ин мардум дар воқеъ тоҷиконеанд, ки аз марказҳои бузурги фарҳангу тамаддун бар асари ҳодисоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва таърихи мунҷар ба тарки макони зист шудаанд. Ин аст, ки чеҳраи тоҷикӣ ва гӯйишу вижагиҳои забони қадимаи порсиро то кунун ҳифз кардаанд. Аз нигоҳи омезиш ҳам ба ҳиҷ миллату халқи дигаре махлут нашудаад. Вале ин нукта ҳаргиз иддао бар ин нест, ки тоҷикони тоза фақат дар кӯҳистон боқӣ мондаанд. Балки барои боқӣ мондани тоҷик ба унвони як миллат ҳамеша шаҳрҳо ва марказҳои фарҳангу тамаддун ва тиҷорат хидмати арзишманд гузоштаанд. Аз ин рӯ, вақте сухан дар бораи омезиш наёфтани мардуми кӯҳистон меравад, ҳаргиз ба манзалаи боло гузоштани онҳо нест ва набояд бошад.
  Мардуми деҳа мисли дигар сокинони Ванҷ расму русуми миллӣ ва диниро эҳтиром мегузоранд ва ин арзишҳоро то имрӯз зинда нигоҳ медоранд. Наврӯзро чун ҷашни бузурги миллӣ бо як салобату нафосат ва вижагии оид ба худ таҷлил мекунанд. Чун мардуми мусалмон рукнҳои диниро иҷро ва гиромӣ медоранд. Хусусан, масоили ахлоқӣ ва иффатро ба унвони як арзиши тағйирнопазир занҳояш хеле мукаррам медонанд. Пиромуни номус ва покдоманӣ ба ҳайси олитарин меъёри арзишгузорӣ ва шинохти як зан суҳбат мекунанд. Ҳарчанд аз тамаддун ва фарҳангҳои имрӯзу роиҷ таъсир пазируфтаанд, лекин ҳамоно номус асоситарин меъёри муайянкунандаи ахлоқ барои мардум маҳсуб мешавад.
  Дар гуфтори мардуми Гшхун вижагие, ки аз шеваи дигари мардуми Ванҷ мутафовит аст, истифодаи як навъи феъл мебошад. Дар забоншиносӣ(шевашиносӣ) ин ҳодиса бисёр нодир аст. Мардуми деҳа як силсила феълҳоро тарзе корбурд мекунанд, ки дигар сокинони Ванҷ онро такрор намекунанд. Ба унвони мисол: нахма (намехӯрам), нарама (намеравам), нагӯма (намегӯям), нагима (намегирам), надма (намедиҳам), нашима (наменишинам), нахезма (намехезам). Тибқи дастурот (грамматика) дар забони тоҷикӣ асосан пешванд (преффикс) пеш аз реша (ҳиссаи аслии калима) меояд. Аммо дар ин ҳодиса мебинем, ки пешванд қабл аз решаи калима омадааст ва аслан ҳамон шакли забони китобии классикист. Яъне нахма-менахӯрам, нашима-менашинам, нарама-менарвам ва мисли ин. То ҳатто сокинони Ванҷ мардуми Гшхунро баъзан бо чунин шакли гуфтор ҳазл низ мекунанд, ки гшхунчиёи нахмаву нарама.

Гшхуни имрӯз

  Ҳоло ин деҳа яке аз зеботарин деҳаҳои Ванҷ аст. Бо деҳаҳои Скад, Убаридаргов, маркази ноҳия-Рохарв, Пуни Ҷӯгунӣ, Бовуд, Ғӯмаяк ва ҷамоати Язгуломи ноҳия ҳаммарз аст. Аслан аз шаш маҳалла иборат аст. Сари ду (деҳ), Шаъно, Таги арча, Сстан (Сиистон), Бест ва Зулмобод. Вале баъзе маҳаллаҳо ба маҳаллачаҳо тақсим мешаванд. Масалан Бест ба Паси лӯла ва Боғои повун, Зулмобод ба Даҳани дара, Сворбанд ва Тагпала. Ҳоло деҳа зиёда аз 200 буна (хонавода, хоҷагӣ) ва бештар аз 2 500 аҳолӣ дорад. Дорои мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (рақами 17), хонаи маъданият, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, масҷиди панҷвақта ҳаст. Инчунин дар деҳа даҳ мағозаи хурду калон ва ду толори сақобозӣ вуҷуд дорад. Ин деҳа хеле замини кам дорад ва мардум асосан ба зироаткорию чорводорӣ иштиғол меварзанд. Гшхун бо тамоми масоҳаташ аз се чашма обёрӣ мешавад. Ин чашмаҳо хеле оби мусаффову ширин доранд, ки то ҳатто мардуми Ванҷ «оби Гшхун думгир аст» мегӯянд. Яъне аз ғояти лаззат ва кайфиятбахшӣ нӯшидани оби деҳа думболагир мешавад ва нӯшандаро мунҷар ба ин мекунад, ки ҳамвора бинӯшад. Чашмаҳои деҳа ҳамагӣ дар мавзеи Мазорҳо (ба истиснои чашмаи Бест) маъқар доранд. Дар мавзеи Мазорҳо як дарахти азими арча ҳаст, ки мардум бар асоси боварҳои суннатӣ онро асои ҳазрати Бурх мегӯянд. То солҳои наздик мардум назди он рафтаву аз Худо омӯрзиши гуноҳ ва кушоиши кор талаб мекарданд. Ҳатто пеши он хайру худойӣ низ мекарданд. Ин деҳа дорои ду дара бо номҳои Гшхунӣ ва Слткавӣ мебошад. Дараҳо ба сифати чарогоҳи баҳориву тобистонаи чорвои мардум ва макони шикору манбаи ҳезуму алаф хизмат мекунанд. Ин дараҳо низ мавзеъҳое доранд, ки номи онҳо аз калимаҳои бохтарӣ иборат аст. Масалан Блмсӣ, Шибаро, Шимғов, Сдгав, Чқигаҳ ва монади инҳо. Аз дараи Гшхунӣ ба ҷамоати Язгуломи ноҳия роҳи пиёдагарди тобистона вуҷуд дорад, ки замонҳои пеш ва ҳоли ҳозир мавриди истифода аст.
  Дар деҳа хоктӯдаҳои аз ҳамворӣ дар баландии то панҷоҳ метр воқеъ ҳастанд, ки мардуми Ванҷ онҳоро лӯла мегӯянд. Ин лӯлаҳо ба сифати қабристон истифода мешаванд. Далели ба сифати қабристон истифода шудани ин лӯлаҳо сарфаи замин низ будааст. Ҳар кадоме аз ин лӯлаҳо бо номи чеҳраҳои маъруфи авлодҳое, ки дар онҳо мадфунгаштаанд номгузорӣ шудаанд. Масалан, муҳаққиқи рус Бубнова дар асараш «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Помири Ғарбӣ (Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон)» бар асоси тадқиқоти А. З. Розенфелд (соли 1949) номи ин лӯлаҳоро чунин менависад: лӯлаи Шофархиддин, лӯлаи Акбаршо, лӯлаи Давлатбег, лӯлаи Шер, лӯлаи Маҳкам ва лӯлаи Муллонурмуҳаммад. Инчунин лӯлаи Ғмбк низ ҳаст. Баъзе аз заминҳои ин деҳа ном доранд, ки маънои қисме аз заминҳо маълум нест. Масалан замини Зарнег, Ҷавчияк, Говкуш.

Фарзандони номвари деҳ

  Деҳаи Гшхун дар домани худ фарзандони донишманду хизматгореро парварда, ки дар сатҳи ноҳияву вилоят ва ҷумҳуриву берун аз он шӯҳрат доранд ва хизмат кардаанд.
  Аз қадим дар ин деҳа мардони фозилу донишманд ва таҳсилкардаи мадрасаҳои Самарқанду Бухоро будаанд. Аз ҷумла донишмандоне чун Муло Тоҳири Гшхунӣ (нахустин устоди Муллои Ёри Ванҷӣ), Мулло Мудин, Сӯфӣ Хоркаш, Мулло Муҳаммадзамир ва Мулло Мурод то ҳол дар пиндору хотироти мардум ёд мешаванд. Муломуҳаммадзамир аз таъқиботи неруҳои қудратии Шӯравӣ ба Афғонистон ҳиҷрат мекунад. Мулломуродро дастгир мекунанд ва ҳангоми бурдан ба маркази ҷумҳурӣ дар деҳаи Ёзғанди ноҳияи ҳозираи Тавилдара ба таври мармуз мемирад. Маълум нест, ки ӯро мекушанд ё худ мемирад. Ба ҳар ҳол қурбонии репресияи Сталинӣ шуда. Аз миёни фарзандони ин деҳа Насрин Идибеков (раҳмати Худо бар равони покаш) номзади улуми фалсафа, аз муҳаққиқони аввалини фалсафаи Насриддини Тусӣ (назарияи озодии ирода дар фалсафаи Тусӣ мавзӯи рисолаи номзадияш буд ва рисолаи анҷомнашуди дуктуроаш ҳам ба ин масъала-Назарияи озодии ирода дар фалсафаи Шарқу Ғарб оид буд), номзади улуми биология, дотсенти факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ Розиқбек Забиров (дар арафаи4 ҳимояи рисолаи дуктуро), доктори улуми тибб, мудири шуъбаи бемориҳои чашми Маркази миллии тиббии кишвар Муҳаммадҷон Неъмонов чун олимони борикназар ва сермаҳсул дар ҷоемаи илмии кишвар шинохта шудаанд. Инучунин фарзандони ин деҳ Сулаймон Валиев, аз аввалин муаллимони ноҳия, корманди воломақоми ҳизбӣ, раиси ноҳия (солҳои 1951-1954) ва аввалин муовини раиси вилояти Бадахшон (1946-1949) аз Ванҷ, Даравгаршоҳ Шамсиддинов, прокурори ноҳия ва 5 ноҳияи дигар кишвар дар замони Шӯравӣ, Назарбек Ширинов прокурори чанд ноҳияи кишвар, аз ҷумла Данғара барои ободии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ кору фаъолият кардаанд (Худованд ҳамагии ишонро шоистаи ҷаннат бигардонад).
  Дар бахши мақомоти қудратӣ: Туйғун Гулов (полковники амният, аз ҷавонтарин полковники амният дар сартосари Шӯравӣ. Дар амалиётҳои вижаи Шуравӣ дар Афғонистон ба ҳайси яке аз нафарони калидӣ бо муваффақ иштирок кардааст. Дорандаи мукофоти зиёди ҳукумати Шуравӣ барои амалиёти муваффақона дар Афғонистон ва аз номзадҳои фиребхурдаи раиси Кумитаи амнияти Тоҷикистони дар замони Шӯравӣ), Зулфиқор Наҷмонов (аз аввалин кормандони НКВД дар Ванҷ), Азизбек Назрибеков (полковники хизмати дохила, сардори ШКД-и ноҳияҳои Ёвон ва Ванҷ), Розиқбек Назрибеков (полковники хизмати дохила, сардори ШКД-и ноҳияи Сино, Файзобод, шаҳри Хоруғ. Инчунин сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ, сардори шӯъбаи алайҳи ҷиноятҳои терроризму бандитизми ВКД, муовини сардори Раёсати ҷиноятҳои созмонёфта(УБОП)-и ВКД, сардори муҳофизони НБО Роғун), Содиқ Тойимастов (подполковники умури дохила), Давлат Назрибеков, Давлатшо Дарозов (подполковники хизмати дохила), Мирзо Нуров (подполковники хизмати дохила), Хушдил Ниёзов (корманди фахрии прокрутари генералӣ), Назар Бурхвалишоев (майори хизмати дохила), Сарабек Шодиев (подполковник, сардори ШКД-и Ванҷ), Назришо Тоҷибеков (подполковник, сардори ШКД-и Ванҷ), Сарашо Ҳамудов (полковники амният, сардори шӯъбаи амният дар шаҳрҳои Қурғонтепа ва муовинати умури амниятии ИДМ дар Осиёи Марказӣ), Зғердавлат Шайхонов (полковники мудофиа, фармондеҳи комендатураи ҳарбии Бадахшон), Давлатҷон Маҳмадҷонов (полковники мудофиа, сардори бахши таълими Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон), Зиребун Аҳмадов (подполковники амният), Гулмир Маҳмадбеков (подплковник, сардори шуъбаи ҷиноятҳои ахлоқии РКД шаҳри Душанбе), Карим Нусратов (корманди фахрии умури дохила), Бек Беков (майори мудофиа дар неруҳои мусаллаҳи Русия), Ҳабиб Ғиёсов (сардори умури ковтукови ҷиноии ШКД шаҳри Чкалов).
  Иштирокчиёни ҷанги Шӯравӣ алайҳи фашизми Олмон (ба ибораи таърихнигории Шӯравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ): Бурҳон Мудинов, Зиёратулло Нусратов ва Ҷангӣ Беков. Ҳар се баъди ҷанг боз дар ноҳия ва ҷумҳурӣ фаъолиятҳои густарда доштаанд. Ҷангӣ Беков дар китобхонаи марказии ноҳия кору фаъолият дошта ба унвони китобдори хизматнишондодаи Тоҷикистон шарафёб шудааст. Зиёратулло Нусратов дар чандин ноҳияҳои кишвар ба сифати машваратчии суди халқӣ ва раиси суди халқӣ кор кардааст.
  Директорони маткаби деҳа: Назокат Кабутов, Умаршо Шеров, Эшон Муродов, Кишвар Нуралишоев, Давлат Иқболов, Муҳаммадшариф Ҷорубов, Муллоҷон Муродов, Козим Дравов, Азизхон Ниёзов, Сурайё Шонасурддинова, Аброр Сурхов.
  Муаллимони варзидаву шинохтаи деҳа: Улфатшоҳ Нодиров, Нуралишо Шеров, Сулаймон Валиев, Умаршо Шеров, Пӯлод Қаландаров, Раҳмихудо Маҳкамов, Қаландар Иқболов, Ақризо Иқболов, Ғазал Зардов, Алфайз Зардов, Гулнамо Ҳисочаева, Анвар Давлатсайидов, Анвар Бурхвалишоев, Муҳаммадшариф Ҷорубов, Муллоҷон Муродов, Азам Маршоев, Козим Дравов, Амирхон Ниёзов, Кишвар Нуралишоев, Эшон Муродов, Ёдгоршо Шеров, Ғайратшо Иқболов, Савлат Иқболов, Аброр Сурхов.
Хатиби масҷиди деҳа: Мулло Мурод Бачонаев.
  Шоирон ва ҳунармандону эҷодкорони деҳа: Валӣ-аз ҳофизони расмии Мирҳои Ванҷ, бародарон Умаршо Шамсиддинов ва Дравгаршо Шамсиддинов аз хонандаҳои шашмақом дар Ванҷ, Қаландар Иқболов, Мазорӣ Ғиёсов, Раҳмон Фаёзов, Неъмон Фаёзов, Кишвар Нуралишоев, Ғазал Зардов (шоири мардумӣ).
  Кормандони мудирияти корхонаҳо ва хизматчиёни давлатӣ: (онҳое ки болотар зикр нашудаанд) Қувват Маҳкамов-мудири шуъбаи ақди никоҳ дар ҳукумати вақти ноҳия, Анвар Бурхвалишоев-директори Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия, Сӯфӣ Бурхвалишоев-сардори шуъбаи андози ноҳия, Азимҷон Шамсиддинов-мудири шуъбаи ҷавонон ва феълан муовини раиси ноҳия, Нағзибек Назрибеков-сардори Неругоҳи барқии ноҳия ва алъон менеҷери ширкати «ПамирЭнерҷӣ» дар Ванҷ, Саъдӣ Алаёров-сардори Ҷамъияти матлуботи ноҳия, Худойҷу Ниёзов- сардори Ҷамъияти матлуботи ноҳия, Мазорӣ Ғиёсов-мудири Фурудгоҳи ноҳия, Бахтибек Иматшоев-сардори Раёсати назорати санитарию эпидемологии шаҳри Душанбе, Ҳоҷӣ Султон Замиров-корманди воломақоми Вазорати энергетикаи кишвар ва раиси ҷамъияти мардуми Гшхун дар Душанбе, Маҳмадшои Алӣ-директори генералии корхонаи манзилии шаҳри Душанбе, Зевар Назокатов-мудири шуъбаи алоқаи ноҳия, Зиннатшо Шеров-сардори корхонаи обу корези шаҳри Чкалов, Умрон Ҳисочаев-аъзои Раёсати Заводи алюминии Тоҷикистон, Ширин Бозичаев-корманди воломақоми Заводи Алюминии Тоҷикистон, Табарукшо Валив-сардори шуъбаи кадрҳои институи «Тоҷикзаминсоз»-и Кумитаи давлатии заминсозии Тоҷикистон, Алифшо Иқболов-сардухтури шабакаи санитарию эпидемологии ноҳия, Раҳмоншо Тораков-сардухтари шабакаи санитарию эпидемологии ноҳия, Диловар Давлатов-21 соли раиси Кумитаи варзиши ва тарбияи ҷисмонии назди ҳукумати Ванҷ ва азизони дигар ки шояд номи некшон ба хотираам наомада.
  Духтурони варзидаи деҳа: Бахтибек Имматшоев, Муҳаммадҷон Нуъмонов, Назрихуҷа Амрихудоев, Мунаввар Нуралишоев, Меҳрнур Ҷорубов, Холмуҳаммад Ҷонбеков.
  Устоҳои чирадасти Гшхун: Усто Файёз, Усто Назришо, Усто Ҷебадор, Усто Надир.
  Шикорчиёни маъруфи деҳа: Ҳисорӣ, Ҳисоча паҳлавон ва бузкаши номӣ, Суфиҷрӯв, Рӯба, Усмон Ҳисочаев, Хол Вазиров, Салоҳиддин Сулаймонов, Раҳматулло Наҷмонов, Сайдаҳмад Нуров, Холиқ Фаёзов.
  Варзишгарони деҳа: Диловар Давлатов – устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ, қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон, дорандаи 40 медал барои се ҷойи аввал ва аввалин ҳоҷии сокини Гшхун. Сайидбек Фаёзов-устоди варзиши Тоҷикистон, Садир Фаёзов, Кадхудо Ниёзов, Алишер Давлатов-устоди варзиши Тоҷикистон, Аммониддин Хушов, Шавкат Иқболов-ҷоизадори мусобиқоти варзишии сатҳи ҷаҳонӣ, қаҳрамони дудафаъинаи Тоҷикистон аз рӯйи гуштини самбо дар вазни мутлақ, Хуршед Улфатшоев, Мақсад ва Меҳвар Дравов (устоди варзиши Тоҷикистон)-ҳо ва дигарон.

Авлодҳои маъруфи Гшхун  

  Мардуми маҳаллаи Сари ду ҳамагӣ аз як авлоданд. Авлоди Латифу Самиҳ – аз калотарин авлод дар Гшхун, дар се маҳала: Сстан, Бест ва Тагпала зиндагӣ мекунанд. Авлоди Давлатбего (дар Шаъно), авлоди Юсуфбек (дар Шаъно, Сстан ва Бест), авлоди Сӯфӣғанӣ (дар Таги арча ва деҳаи Убаридаргови Ванҷ), авлоди Муҳамадҷалил (дар Таги арча, Зулмобод ва деҳаи Роғи Ванҷ), авлоди Валӣ (дар Бест), авлоди Вазировҳо (дар Зулмобод), авлоди Тоймаст (дар Бест) ва ғайра.

Гшхун дар баррасиҳо

  Шоири шаҳир ва клоссики Ванҷ Мавлоно Мулло Ёри Ванҷӣ аслан дар мавриди деҳаи Гшхун дар эҷодиёташ аз нуқтаи назари манфӣ бархӯрд мекунад. Ин нуқтаназари шоир тавре дар Ванҷ ҳама медонанд ифодакунадаи мавқеият ва баъзе ғаризаҳои инфиродии шоир будааст, ки аз нигоҳи ахлоқӣ зикри онро инҷо ҷоиз намедонем. Аммо аз Мавлоно Ёрӣ ба баъд ҳамагӣ мардуми Ванҷ Гшхунро сутудаанд. Пеш аз ҳама дар Ванҷ ин нукта маъмул аст, ки «майлс дар райёну зиёфат дар Гшхун». Яъне ба ин маъно, ки маҷлисҳоро меҳмонони деҳаҳои дигар дар маркази ноҳия мегузаронданду шабхобрав ё зиёфатро дар Гшхун ихтиёр мекарданд. Шоири шодравон Додарбеки Азорабек дар васфи ин деҳа хеле хуб шеъре дорад, ки ҷавобияе ба Мавлоно Ёрӣ мебошад. Чун шеърро аз ҳофизаам менависам шояд иштибоҳҳое ҳам зимни навиштан содир кунам, ки аз хонадагони азиз пӯзиш мехоҳам:

Ёриё бархезу як бор Гшхунро ббин,
Мардуми боҳрмату дӯстдори мемунро ббин.
Ту зи Рав ё Ғумаяк сар, ки ба Гшхун мениҳӣ,
Дар Сари ду дам бзан маъвои гластунро ббин.
Нафрату Маҳмадшариф оянд ба наздат пешвоз,
Подароз дар кат бшину роҳати ҷунро ббин.
Ширу қаймоқу асал дар хонаи ҳар мизбон,
Клчаҳои рӯғаниву ғавсии нунро ббин.
Гӯш деҳ бар савти ҳофизони ин мулки куҳан,
Нағмаи кабки ҳилоли дашту ҳомунро ббин.
Дод задӣ ай беваҳои бесари Сангеви худ,
Сархамии хоҳари бонози Гшхунро ббин¹…

¹(ббин ба маънии бибин, бибинед)

Баъзе ногуфтаҳои дигар

  Гшхун як ҷойи ҷамъомади суннатӣ дорад, ки мардум онро Дари анбор мегӯянд. Аммо сокинони куҳансол онро Дари Масҷид мегӯянд. Инҷо, ки ҳоло анбори колхозӣ мавҷуд аст, дар собиқ масҷиди панҷвақтаи деҳа ҷойгир будааст. Аммо ҳукумати динбезору фарҳанги тоҷикикуши Шӯравӣ ҷойи он анбори колхоз сохт. Дар ин ҷой мардуми деҳа одатан дар баҳор ҷамъ меоянд суҳбатҳо меороянду хурӯсҷангу тухумҷангу кабкҷанг ва бозиҳои дигари варзишӣ созмон медиҳанду тамошо менамоянд. Аҷиб ин аст, ки инҷо фақат мардони   деҳ ҷамъ мешаванд.
  Хусусияти дигари деҳа ин аст, ки яке аз калонтарин деҳаҳои Ванҷ буда, танҳо аз оби чашма обёрӣ мешавад.
  Модарону хоҳарони гиромиву азизи Гшхун бо ахлоқу иффату покдоманӣ дар тарбия, маросимҳои суннативу милливу динии деҳа ва ободияш саҳми чашмгир доранд, ки сазовори дастгирӣ ва шоистаи ситоишҳои зиёданд. Худованд бузург ҳамагии мардуми деҳаро нигоҳбон бошад ва ободиву хуррамии он ба пешрафту ободии Тоҷикистони азиз чун давлати миллии тоҷикон боис гардад.
  Чанд нуктаи дигар дар охир пиромуни муалифи навишта, каминаи камтарин. Иршод Сулаймонӣ, хатмкардаи факултаи журнализми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2007 бо дипломи аъло. Аз соли 2008 то кунун ба ҳайси устод ва аспиранти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар мавзуъи «Проблемаҳои ташаккули журналистикаи сиёсии тоҷик» барои дарёфти унвони номзади илмҳои сиёсатшиносӣ рисолаи номзадӣ менависад, ки дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Ҳамзамон ба сифати муҳаррири идораи барномаҳои фарҳангии Родиёи Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш», сардабири ҳафтаномаи сиёсии «Миллат», муҳаррири рӯзномаи ҷамиятиву сиёсии «ИмрӯзNews» ва муовини сардабири маҷалаи давлатии «Бонувони Тоҷикистон» фаъолияти рӯзноманигорӣ доштаасту дорад. Аз соли 2005 узви Конфедератсияи байналмилалии рӯзноманигорон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Иршод Сулаймонӣ.

Расмҳо:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.