Деҳаи Бунига

  Бунига деҳаи зебоманзар дар Водхуд аст. Деҳаи Бунига 21 км дур аз маркази ноҳия дар самти роҳи мошингарди Ванҷ – Душанбе ҷойгир мебошад. Ин деҳа нуқтаи пасттарин ва гармтарини ноҳияи Ванҷ мансуб меёбад.
  Бунига зодгоҳи шоир, журналисти хушсухан, аъзои Иттиҳоди нависандагон ва журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ТОҶИКИСТОН, собиқ муҳарири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» Басир Расо мебошад. Иқлими деҳа барои парвариши лимӯ, апелсин, анор, анҷир ва хурмою бодом мувофиқ аст. Шуғли асосии мардуми деҳа зироаткорӣ, чорводорию боғдорӣ мебошад. Дар ин деҳа кони мармари маъруфи Ванҷ воқеъ аст.

Расмҳои деҳа:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.