Таваккал Ишратбеков

  Таваккал Ишратбеков 10 январи соли 1957 таваллуд шудааст. Соли 1978 факултаи физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев) бо дипломи аъло хатм намудааст. Дар солҳои донишҷӯӣ котиби кумитаи комсомолии факулта ва гирандаи степендияи ленинӣ будааст.
  Соли 1979-1992 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа ба ҳайси муаллими калони кафедраи физика, мудири кафедра ва ҷонишини декан кор кардааст.
  Солҳои 1993-1994 дар Шӯъбаи маорифи Ванҷ методисти физика ва математика, муаллими Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев кору фаъолият бурдааст.
  Аз соли 1994 дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа кор намуда, ҳоло ҷонишинии сардори донишкада оид ба таълимиро ба ӯхда дорад.
  Мақолаҳои зиёди илмӣ ва чандин дастурҳои илмӣ-методи таълиф намудааш рӯи чоп дидаанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

1 Назар

  1. Муаллим Тавакал Ишратбеков аз зумраи яке аз беҳтарин шахсиятҳо,омӯзгору донишмандони диёри Ванҷи пурганҷ ва ҷумҳурӣ мансуб меёбанд.Устод дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа(ҳоло Бохтар) байни ҳамкорон ва донишҷӯён аз эҳтироми хосае бархурдор буданд.Дар Донишкадаи олии Вазорати Мудофиа ва Вазорати мудофиаи кишвар низ соҳибэҳтиром буданд.Чун бо ҳамдарсон дар тамос шавам,пеш аз ҳама аз Устод пурсон мешаванд ва аз ӯ ба некӣ ном мебаранд.Саломату сарбаланд бошӣ устод,аз Шумо мо дониши хуб ва одаму одамгариро омӯхтем!

Добавить комментарий для ДАВЛАТМИР ДАВЛАТОВ Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.