Суқути ҳавопаймо

  Рӯзи 28 моҳи августи соли 1993 буд. Ба донишгоҳи шаҳри Хоруғ дохил шуда будам ва интизории оғози таҳсилро мекашидам. Дар деҳае дуртар аз шаҳр мезистам. Аз танҳоию дилтангӣ ранҷ мебурдам ва он рӯз барои боло бурдани ҳолати рӯҳӣ ба шаҳр рафта, дӯсти ҳамдиёру ба донишгоҳ тозадохилгаштаамро дар донишгоҳ вохӯрда, дар шаҳр гаштугузор намудем.
  Аз гашти тӯлонӣ дар ҳавои гарм хаста гашта, азми бозгашт ба деҳа намудам. Вақти пас аз зуҳр буд. Ба истгоҳи нақлиётӣ, ки дар бари бозор воқеъ ва шулуғтарин ҷои шаҳр буд, омадам. Ногаҳ садои тунду баланди афтидани чизи вазнине аз дур садо дод ва ҷунбуҷӯше дар шаҳр оғоз гашт. Мошину одамон ба ҷониби поён мешитофтанд. Мардум даҳшатзада шуда, аз ҳодисаи мудҳише ҳамдигарро хабар медоданд. Ман забони мардумро тамоман намефаҳмидам ва аз чанд ҷавонмард тавзеҳи ҳодисаро хостам, аммо онҳо китф дарҳам кашиданд. Дигар ҷуръати пурсидан накарда, аз паси тӯдае ба боркаше часпида, ба болои он баромада, ба ҷониби фурудгоҳ рафтам.
  Фурудгоҳу даври он пур аз одам гашта буд, гӯё ҳама аҳли шаҳр ба он ҷо рехта буд. Мардум ошуфтаву саросема буданд. Аз ҷонибе навҳаи зану мард ба савту лафзи мутанавеъ баланд гашта буд ва барои фаҳми ҳодиса ба он тараф рафтам. Шитобон аз миёни издиҳом гузаштаму дар пеши назар манзараи мудҳише дидам. Ҷасадҳои кафанпечро, ки бори нахуст дар ҳаёт медидам, мувофиқ ба маҳали сукунат дар майдоне қатор мекарданд. Ҷасадҳоро дар матои сафед печида, сару нӯгашонро баста буданд ва аз бадани бархе ҳанӯз хун чакида, қитъаҳое аз кафанашонро сурх намуда буд. Дар паҳлӯи баъзе ҷасадҳои бузург дидани ҷасадҳои хурди кафанпеч, ки ҷасадҳои тифлон дар бари модаронашон гузошта шуда буданд, манзараро дар пеши назар маҳзунтару мудҳиштар ҷилва дода, хеле риққатоваранда буд…
  Аз он ҷо рӯ гардонида, ба сӯи маҳали тасодуф рафтам. Ҳавопаймо дар хушкие дар байни дарахтони хурди ангат ва ду шохаи дарё афтода, аҷзои дохили он ба замин рехта буд. Ҳавопаймо аз фурудгоҳ баланд шуда, ба иллати изофаборӣ иртифоъ гирифтан натавониста, ба замин афтода, кафида буд. Аз фурудоҳ фосила ва иртифои зиёде нагирифта буд, ин онро аз инфиҷор наҷот дода буд ва дар он сурат фоҷиа ваҳшатноктар аз ин гардида буд. Бору банди мусофиронро аз дохил кашида, дар бари ҳавопаймо тал зада буданд, ки андозаи он анқариби ними ҳавопаймо хеста буд.
  Шохоби ҷониби фурудгоҳ хурдтар буд ва мошини зиреҳпӯши артиши рус ба ин тарафу он тараф гузар карда, одаму ашёро мегузаронд. Дар кори бартарафсозии авоқиби садама асосан аскарони ин артиш бо олоту таҷҳизоти хеш фаол буданд. Ба гуфти мардум ба ҳавопаймои тамғаи ЯК-40, ки 32 ҷои нишаст дорад, бо фишори ҷанговарон 84 нафарро бо бағочашон ба он бор намуда, дучори садамаи иҷборӣ намуданд. Аз ин 84 нафар ҳама дар ҷои садама ва танҳо халабоне дар беморхона ҳалок гаштанд. Ашраф Акрам.

1 Назар

  1. Қисаи бисёр дарнок бародар Акрам, ҳамкурси шумо Абдураҳмон аз Язгулом, мо ҳам шоҳиди ин ҳодиса будем, Худо нигоҳбони шумо бошад.

Добавить комментарий для Абдураҳмон Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.