Саидшо Моилов

  moilsaidСаидшо Моилов 15 июни соли 1928 дар маҳаллаи Чорбоғи деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Дар хурдсолӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи бародари калониаш Моилов Раҳматшо ба воя расидааст. Соли 1946 мактаби миёнаи ба номи Ленинро хатм намуд. Солҳои 1946-1951 дар факултаи забону адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе идомаи таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намуд. Ӯ яке аз аввалин (дар қатори Абдулкарим Каримов) шахсони маълумоти олидор дар ВМКБ ҳисоб меёбад. Бо роҳхати Вазорати маориф С.Моиловро ба шаҳри Хоруғ барои оғози фаъолияти корӣ дар курси такмили ихтисоси муаллимони Кӯҳистони Бадахшон фиристоданд. Сипас фаъолияти касбии муаллим ба тариқи зер сурат гирифт: солҳои 1953-1954 муаллими мактаби рақами 5-и ноҳияи Ванҷ, 1954-1957 директори мактаби миёиаи ба номи Крупская, 1957-1960 директори хонаи бачагони ноҳияи Вамҷ, 1961-1973 мудири қисми илмии мактаби рақами 4, 1974-1981 дирсктори мактаби рақами 5. С.Моилов аз соли 1982 то охири ҳаёт дар ҳамин мактаб кор карда, ба тарбияи насли наврас машғул буд.
  Хизматҳои Моилов Саидшоро дар соҳаи таълиму тарбия ба назар гирифта, ба ӯ унвонҳои ифтихории “Аълочии маорифи халқи ҷумҳурй”, “Аълочии маорифи халқи ИҶШС” ва чандин ифтихорномаҳои сатҳи иттифоқй ва ҷумҳурнявй сарфароз намудаанд. Соли 1998 бо қарори Шӯрои депутатҳо ва қарори ҳукумати ноҳияи Ванҷ, ки онро ҳукумати Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ кардааст, барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи маориф мактаби рақами 5 ба исми ӯ – мактаби таҳсилоти ҳамагонии ба номи Моилов Саидшо сабти ном шудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.