Муҳаббатшо Иматшоев

mhabatshoimacho  Муҳаббатшо Иматшоев яке аз паҳлавонони номии солҳои 50-60-уми асри XIX ҳисоб меёфт. У соли 1940 дар оилаи деҳқони камбағали деҳаи Водхуд ба дунё омад. Бахти кӯдаки хурдсол омад накарда, аз падару модар маҳрум монд. То охири солҳои 40-ум дар тарбияи хешу табор буда, баъди хатми мактаби 7- сола, озими ноҳияи Калхозобод шуд, ки дар онҷо низ хешу ақрабои муҳоҷиршуда кору фаъолият доштанд, хонишро идома дода, ба маълумоти миёна соҳиб гардид.
  Ҳанӯз дар солҳои наврасй нисбати ҳамсолонаш чобуку устувор буда, дар маъракаҳо гӯштӣ мегирифт. Ҳамин тариқ, Муҳаббатшо ҳунари гӯштигириашро дар ҷамъомаду мусобиқаҳои идона сайқал дода, ба майдони васеи варзиш баромад. Ӯ хеле чолоку нотарс буд. Бо ҳар вазне, ки рост меомад, гӯштӣ мегирифту албатта, дастболо мешуд. Қариб 10-сол дар мусобиқаҳои вилоятӣ касе ӯро наафтондааст.
  Ғолиби чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ Муҳаббатшо бисёр майдонзеб буд. Ӯ танҳо ба майдон барои гӯштӣ намебаромад. Мутрибон инро нағз медонанд, ҳангоми ба майдон баромаданаш мусиқии дилангезе менавохтанду ӯ рақсида гӯштӣ мегирифт. Ҳамчунин ҳофизи хушовоз буда, бештар бо сурудҳои афгонӣ, эронӣ ва ҳиндӣ иштиёқ дошт.
  Ҳоло ин паҳлавон ба солорсолии худ нигоҳ накарда, ба касби дуредгарию деворзанӣ шуғли доимӣ дошта, фаъолияти муҳнатиашро идома медиҳад. (Аз китоби “Ванҷ”- Ҳ. Пирумшоев).

1 Назар

  1. МУҲАББАТШОҲ ПАҲЛАВОН.
    Рӯзе, аз деҳаи Лугад хостам ба деҳаи Вравз равам, роҳ аз пеши хонаи амаки Муҳаббатшоҳ мегузарад. Чун чашмаш ба ман афтод, ба хотири дустиҳое, ки бо падарам дошт фарёд кард.Давлатмир бачаи ҷура инҷо биё. Манҳам чизе нагуфта ба назди он, ки болои манҷа ( кат ) нишаста буд рафта, салом дода нишастам. Ӯ аз дустиҳое,ки бо падарам доштанд, бо неки ёд мекарданд. Маро ҳиси кунҷкобиям боло гирифта, аз саргузашташ пурсидам. Вай як оҳе кашиду ба нақл сар кард. Давлатмир амак ман соли 1940 дар деҳаи Даштак ба дунё амадаам. Дар хурди авал аз Падар маҳрум шудам, Мадарам низ чанде баъд аз фироки Падарам сухта аз олам гузашт. Баъд дар тарбияи хешу табор мондам, дар зодгоҳ мактаби 7- соларо хатм намуда. Чун тагоҳоям дар ноҳияи Калхозобод ( хозира Балхӣ) зиндаги мекарданд, роҳи онҷаро пеш гирифта, дар онҷо мактаби миёнаро хатм кардам.Чун бачаи чакону зирак будам, дар мусобикаҳои гуштин, ки дар туию маҳракаҳо мешуд,иштирок мекардаму бештар голиб мешудам.Дар махфилҳои давлатие, ки гуштин мешуд, ҳунарнамои мекардам.Акнун номам вирди забонҳо буд. Чун ба майдон мебарамадам дастҳоро парешон карда чанд бор гирди майдон даврзанон ракс мекардам. Садои оҳанги мутрибон баланд мешуду, қарсақу ҳуштоқи мухлисан танинандоз. Ҳарифан яке паси ҳам омада, нокам бар мегаштанд. Дар вилояти Қургантеппа (ҳоло Багтар Хатлон)солҳои 55-65- ум беҳтарин будам. Маҳорати баланди айёри низ доштам. Азинру ба зодгоҳ баргашта, ба ана амин янгаи Сурайёт, ки дар наздамон буду, суҳбати самимии моро гуш мекад, нигоҳе намуда, ҳарду зери лаб механдиданд, хонадор, шудам. Аммо боз гуштинро давом додам, чандин бор дар мусобиқаҳои ноҳиявию вилояти иштирок намуда, голиб омадам,ва ба шухи гуфт, ки дар сини шумо гунҷишкро дар ҳаво меқапидам. Чун ин суханҳоро руи қагаз меорам,пеши назарам симои вориси Рустами достон, дар навбати худ марде, ки ба гайр аз ин ҳунарҳо дошт чун Ҳофизи, Кандакори, Деворгари меояд. У марде буд, ки нақши дастони моҳираш дар ҳар хонай Водхуд эҳсос мешавад. Меҳри ту ба дида буд, ба дилҳо рафтаст. Ёдат ба хайр Муҳаббатшоҳ паҳлавон.
    Ровӣ: Давлатмир Давлатов.

Добавить комментарий для Давлатмир Давлатов Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.