Басир Расо

  rasobӮ ҳанӯз вақти акнун оғози фаъолияти меҳнатӣ намуданаш солҳои 1948-1949 ба ҳайси пионервожатийи калони хонаи бачагон ва мактаби миёнаи маркази ноҳияи Ванҷ ба номи Ленин, солҳои 1949-1951 мудирии шӯъбаи мактабии Кумитаи комсомоли ноҳияи Ванҷро ба ӯҳда дошт, ки ин аз корманди сиёсӣ оғоз ёфтани фаъолияти меҳнатиаш дарак медиҳад. Солҳои 1951-1956 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, баъди хатми он фаъолияташ дар чунин самтҳо идома ёфтааст:
  Солҳои 1956-1959 – ходими адабӣ, котиби масъули маҷаллаи «Хорпуштак»; 1952-1962 – мудири шӯъбаи адабиёт ва санъат, котиби масъули рӯзномаи «Маориф ва маданият»; солҳои 1962-1964 – котиби масъули маҷаллаи «Хорпуштак»; 1964-1977 – муҳаррир (он вақт муҳаррири аввал ё сармуҳарриро бо ҳамин унвон ишора мекарданд). Билохира, солҳои 1977 – 1991 ва аз миёнаи солҳои 90-ум баъди аз нав эҳё шудани «Хорпуштак» то охири ҳаёт сармуҳарририи ҳамин маҷаллаи ҳаҷвиро ба зимма дошт.
  Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Дар боргоҳи нур», «Нидои дӯст», «Инқирози 20-30», «Баҳори орзӯ» ва ғайра ба табъ расидаанд.
Устод Басир Расо адибест, ки дар назми тоҷик соҳибравия буда, усулу услуби ба худ хоси эҷодиро касб кардааст. Аз ин рӯ, гарчӣ то имрӯз таҳлилгарони хосаи худро надошта бошад, ҳам, аз ҳама муҳим, назми дилчаспаш ба қалби хонандагон роҳ ёфтаву мухлисони зиёдеро пайдо кардааст. Ин худ далелест, ки дер ё зуд таҳлилгарони шеъри ин адиби бо тамоми мафҳумаш тавоно, пайдо хоҳанд шуд, ва мақоми устодро дар адабиёти муосир равшан хоҳанд гардонд.
  Ашъори адиб аз рӯи вазну қофия ва банду басти ба назм хосбуда, дар қолаби ниҳоят маъмули классикӣ эъҷод шуда бошад, ҳам аз воқеияти замони Шӯравӣ, ки устод зодаи он буд, дар канор монда наметавонист ва табист, ки ин таъсир дар он то андозае эҳсос мешавад. Вале ин таъсир ҳаргиз ҷаззобияти шеъри адибро коста нагардондааст. Албатта, имрӯз меъёрҳои баҳодиҳи ба арзишҳои назми замони Шӯравӣ дар қолабҳои дигар ифода ёфта, нисбат ба эҷодиёти он давра хурдагириҳои мунаққидони навбаромад, бараъло ба назар мерасад. Вале ҳамаи онҳо муваққатию бепояаанд, зеро назме, ки ба ғайр аз ҷаззобияти лирикӣ боз нерӯи созандагиро дар ҷомеа бедор карда метавонад, шаҳодатест аз бузургӣ ва санъати шеърофарии барои замон созгори адиб. Аз рӯи чунин меъёри баҳодиҳӣ, устод Басир Расо дар назми муосири тоҷик ба мақоми хоса соҳиб гаштааст.
  Гарчи аз ҷиҳати равия, жанр, мазмун, интихоби мавзӯъ, доираи шеърофарии Басир Расо ниҳоят доманадор буда, дар ҳаҷми як гузориши мухтасар ғунҷондани он аслан, номумкин бошад ҳам, вале ҳатто аз нигоҳи сатҳӣ низ равияҳои ба назми адиб хос буда, равшан ба назар мерасанд.
  Дар шеърҳои лирикиаш ӯ бо як ҳассосияти том анъанаҳои ба жанри ғазал ва тарзи классикии эъҷоди он содиқ мондааст. Ин дар шеърҳояш «Баски аз лутфи рӯш маҳҷурем», «Маҳбуби дилҳо паймон надорад» «Ҳавас аст», «Интизорӣ», «Бо ёди ту», «Дил мубталостӣ», «Дармоне на- монд», «Дил хун намудаем», «Биншин нафасе, ки бо ту коре дорам», «Дил чун ниёзманд ба он як нигоҳи туст», «Гар биёи ба тағофул саҳаре хонаи мо», «Диле ку, к-аз ғамат дилхун набошад», «Эй дил ҳавои дилбари номеҳрубон макун» ва ғайра бараъло ба назар мерасад.
Барои эъҷоди чунин ғазал монанди «Дил мубталостӣ» дар воқеъ истеэъдоди ниҳоят баланди азалӣ доштан лозим аст.

Гул дар чаман, ки моили нашъунамостӣ,
Як ҷилвае зи ғамзаи он маҳлиқостӣ.
Гуфтам ғариби навҳагарам аз фироқ, гуфт:
Гар нест шӯру валвала ошиқ чаростӣ? …
Гуфтам гул аст оразу дил санги хораест,
Гуфто ба нозу ишва, ки ҳарфе баҷостӣ.
Дилдодаат Расо зи ғаму ҳаҷри оразат,
Дар ҳар куҷо бувад, ба дили мубталостӣ.

Ё дар ғазали «Дармоне намонд»:

Маҳваши бераҳми моро аҳду паймоне намонд,
Дарди бедармони моро ҳеҷ дармоне намонд.
Аз бари мо бо итобу ишваю бо ноз рафт,
Баҳри нури дидаи мо гарди домоне намонд.
Дар раҳи нозаш ҳазоронаш чу ман уфтодае,
Соҳирӣ бингар, варо ҳоҷат ба пайконе намонд.
Ғарқи нозе сарвари ҳусну малоҳат аз фироқ,
Васлхоҳонро куҷо донад гиребоне намонд.
Монда дур ин чанд рӯзе аз руху наззорааш,
Ақлу ҳуш аз мо чӣ мепурсӣ, ки имоне намонд.

Ё дар «Биншин нафасе, ки бо ту коре дорам»:

Биншин нафасе, ки бо ту коре дорам,
Аз ҳиҷри рухат ба дил ғуборе дорам.
Дер омадаиву зуд бармегардӣ,
Сабре бинамо шиква ҳазоре дорам.
Нашкуфт ба шохае гуле аз гулбун,
Сад захм ба дил зи неши хоре дорам.
Бар чеҳраву сина доғҳои рангин,
Бар рашки ҳазор лолазоре дорам.
Дур аз ту фитодаеву дар ҳалқаи ғам,
Шабҳои дароз ҳоли зоре дорам.

Чунин нафосати сухан дар дигар шеърҳои лирикии устод бараъло эҳсос мешавад. Боз барои намуна:

Эй ғорати дил, к-ин нафас андар бари моӣ,
Аз баҳри Худо гӯй, чунин хуб чароӣ?
Бар оламиён шамс агар сар занад аз шарқ,
Хуршеди ман, аммо, ки ту аз ғарб бароӣ.

Ё:

Навбаҳор омаду сарсабз диёру чаман аст,
Мурғи дил аз қафаси танг раҳо бояд кард.
Ҷон ба қурбони ҳамоне, ки замоне гӯяд,
Гӯш бар нолаву фарёди Расо бояд кард.

Дар ашъори устод Басир Расо ғояҳои ватандӯстӣ, муҳаббати пок нис- бат ба диёраш ва табиати дилкаши он мавқеи хоса доранд. Ин дар шеърҳои «Диёри меҳр», «Чи зебост диёр», «Кӯҳ», «Ҷӯйбори Лахш», «Рози Панҷ», «Чашмаҳо», «Бар он чӣ фахр карда тавонӣ», ки ба зебогии Душанбе бахшидааст, «Эъзоз дидам» ва ғайра хеле барҷаста таҷассум ёфтааст. Масалан, дар шеъре, ки ба шукӯҳу шаҳомати Душанбе бахшидааст, шоир мегӯяд, ки ифтихори шаҳр нафақат бояд қасрҳои куҳану муҷассамаҳои бостониаш бошад. Пойтахти мо гарчӣ шаҳри ҷадид асту нишонае аз қадим надошта бошад ҳам нишондиҳандаи заҳмати ҳамватаноне аст, ки дар як муддати кӯтоҳ ба бунёди чунин шаҳри ҳозиразамон ноил гаштаанд ва аз он бояд ифтихорманд буд. Шоир аз ҷумла мегӯяд:

Ин шаҳр навбиност, нишон аз куҳан маҷӯ,
Дар он нишони ҳеҷ мазору манор нест.
Фахри ту аз гузашта яке хиштпораест,
Моро валек фахр зи санги мазор нест.
Бинмо нигоҳи нек, дар ин боғшаҳри мо,
Бар он чӣ фахр карда тавонӣ, шумор нест.
Ҷои харобдеҳи Душанбе ба чашми мо,
Шаҳри азим гашт, магар ифтихор нест?…

Ё шеъри «Ҷӯйбори Лахш» аз ҳамин ситоиши меҳнат аст:

Ба алҳақ, муддаои марду зан шуд ҷӯйбори Лахш,
Ҳаме сарчашмаи серобиҳову ифтихори Лахш.
Надорад ҳеҷ ҳадду интиҳое шодии мардум,
Ту гӯй гаштааст Ванҷоб ҷорӣ дар диёри Лахш.
Ҳама нахлу набототи диёру коми мардумро
Ҳаловат бахшад ин оби равони шаҳдбори Лахш.
Ба вақти ташнагӣ з-оби зулолу дилкашу сардаш,
Хумори оби кавсар бишканам аз ҷӯйбори Лахш.
Зи файзи обу зӯри бозуи мардони майдонаш
Шудастӣ ҷаннат-ул-маъво замину кӯҳсори Лахш.
Ба дидан бо тароватҳо гули садбаргро монад
Табассум дар лабони духтарони гулузори Лахш.
Хушо айёми гул, к-аз накҳаташ пайваста меояд,
Навои қумриву булбул зи ҳар кунҷу канори Лахш.

Шоирро зебогии диёр ба ваҷд меовард. Ин ҳиссиётро дар шеъри «Чи зебост диёр», ба тариқи зайл ифода кардааст:

Кард дар бар чу табиат зи гули лола қабо,
Майса бар дашт шуд алвонҷзан аз боди сабо.
Домани кӯҳ зи ҳар гуна гулу сабзаи тар,
Ҳамчу як лавҳаи тасвири мусаввир ба назар.
Хотир аз дидани ин лаҳза басе шод шавад.
Фараҳ афзояду дил ҳамсафари бод шавад.
Гӯиё бод барад сайри чаман ин дилро,
Гӯядаш: бин ту зебоии ин манзилро.
Чӣ латиф аст табиат, чӣ хуше сайри баҳор,
Ба забон сайркунон бод намояд такрор.
Мана, ин сабза, ки шустаст зи шабнам рӯяш,
Ин бунафш аст, ки махмур шавӣ аз бӯяш.
Мана, ин лолаи сурх аст чу рухсори нигор,
Гули садбарг, ки зебост аз ӯ фасли баҳор…
Одамон бин, ки машғул ба ҳар кор астанд,
Худ гули зиндагию зебиши гулзорастанд.

  Чунин тасвири ниҳоят дилкаши манзараи диёр дар бисёре аз шерҳояш хеле возеҳ ба назар мерасад.
  Шоир як ҳиссиёти ниҳоят нозуки дарки таърих дошт ва онро дар қолаби шеър ғунҷонида тавонистааст, ки на ба ҳар шоири баркамол ин муяссар шуда метавонад. Ин рӯоварӣ ба таърих дар шеърҳояш «Будаему дидаем», «Қадамгоҳи Восеъ», «Асри изтироб (Ё худ инқирози бисту сӣ») ва ғайра аз эҳсоси баландии таърихогаҳии ӯ дарак медиҳад.
  Дар воқеъ эҷоди чунин сатрҳо бидуни эҳсоси баланди таърихӣ буда наметавонад:

Хештанро меҳу меҳвар дидаем,
Мардумони тоҷ бар сар дидаем.
Баъдҳо дар тангнои зиндагӣ,
Ранҷҳо аз теғу ханҷар дидаем.
Тоҷики волоҷади худношинос,
Аз араб сардору сарвар дидаем.
Бар шаҳону омирони аҷнабӣ,
Орифон муздуру чокар дидаем.
Дар тариқи мулкдорӣ аз худӣ,
Аҷнабӣ сад бор бартар дидаем.
Борҳо дар кашмакашҳо бо аду,
Маргро дар худ баробар дидаем.
Дастае аз ғосибони аҷнабӣ,
Ҳамдаму ҳамрозу ёвар дидаем.
Орифон андар талоши пайсае,
Тавқро бар гардани хар дидаем.
Ҳикмати Саъдиву панди Мавлавӣ,
Берун аз авроқи дафтар дидаем.
Рӯҳи поки Розиву Донои Тус,
Хаста аз Маҳмуду Санҷар дидаем.

  Баъди ҳамаи ин бадбахтиҳои аз сари тоҷик гузаштаро ба ёд овардан, шоир шукри давлатдорӣ намуда, шеърашро ба чунин хулоса ҳусни анҷом бахшидааст:

Эй хушо, дар риштаи садсолаҳо,
Шуҳраи гумгашта аз сар дидаем.
Дидаи ибрат кушо, к-андар ҷило,
Боз тоҷу тахту афсар дидаем.
Аз худӣ дар сарзамини тоҷикон,
Давлати тоҷику раҳбар дидаем.

Устод худро ҳамеша як ҷузъи Ватан шинохта, вуҷудашро то дами вопасин ба хизмати халқу диёраш бахшида буд. Шеърҳои зиёде дар васфи Ватан иншоъ намудааст, ки садои қалби саршор аз меҳри онро бо як ҳисси ифтихор ба хонандаи маънирас эҳдо мекунад.
Шоир барҳақ рушди Тоҷикистонро дар ҳамфикрию якдигарфаҳмии мардум медид.

Чи хуш гар мо ҳама ҳафикр бошем,
Ба фикри марзу буми бикр бошем.
Муроди дил ривоҷи Тоҷикистон,
Ҳаме ин фикрро дар зикр бошем.

Шоир чунин ҳақиқатеро, ки эҳёи ватандориву таъмини осоиштагӣ барои тоҷикон хеле гарон афтодааст, бо чунин мисраҳо ифода мекунад:

Баҳри озодии ин марз
Ба майдони набард,
Хуни дил рехт падар.
Баҳри ободии ин марз
Басе обу арақ,
Зи ҷабин рехт писар.
Нахли озодиву умед
Биёмад имрӯз
Андар ин марз ба бар.

Аз ин рӯ, ӯ истиқлолияи комили давлатро чун беҳтарин неъмати дунё шинохтааст. Инро дар шеъраш «Истиқлол» чунин тасвир намудааст:

Ҳеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест,
Ҳоҷате бар шарҳу қилу қол нест.
Ин яқин, ки бар ҳумои дар қафас,
Ҳеҷ суде аз пару аз бол нест.
Аз Ватан дури ба ғам уфтодаро,
Аз навои Борбад хушҳол нест.
Ин нидо омад ба ҷазбу ифтихор:
Ҳеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест!

 Ӯ ба раванди тафриқаандозию ноҷӯрии ҷомеа нафрат дошт. Ҳатто дар замони Шӯравӣ инро ҳадафи касбии ва муборизаи беамони худ қарор дода буд. Ҳангоми даргириҳои сиёси ба гирдоби фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ кашидани ҷумҳурӣ ин падидаи барои тоҷикон ниҳоят хатарнокро беибо маҳкум мекард, ва худ бе муболиға ба минбари мубориза алайҳи душманони миллату тафриқаандозон табдил ёфта буд. Устод равшан эҳсос мекард, ки ин масъулияти касбии ӯст. Минбари ӯ шеъри ҳадафрасаш буд. Ӯ мардумро ба сулҳу салоҳ даъват мекард.
  Дар шеъри «Мулк – мулки мост», ҳиссиёти даъват ба амали якҷояро шоир чунин тасаввур мекунад:

Инсоф аз ту в-аз ман шавад падид,
Бар ҳар муроду орзу якҷо тавон расид,
Чун Офаридгор зи хок одам офарид,
Баҳри кушоди ҳар дилу садҳо дари умед,
Бинҳод баҳри ин ҳама бар дасти мо калид.
Гар сайъ нест ризқ яке бози дар ҳавост,
Бе шавқу кор хаставу озурда дасту пост,
Гар меҳри мулк бошадату тарсе аз худост,
Бар дил ривоҷу равнақи ин мулк муддаост,
Озодааш намой, ки ин мулк – мулки мост.

Ё дар «Қитаъот»-и шоир чунин омадааст:

Эй кош дар диёрам сулҳу салоҳ бошад,
Озурдақалб фориғ аз сӯзу оҳ бошад.
Кӯшем то миёни ақвому халқи олам,
Шаъну шукӯҳи тоҷик то меҳру моҳ бошад.
Чӣ гӯям, тоҷикем, аммо на бешем,
Биҳамдуллаҳ, ки дар як дину кешем.
Вале аз дасти чанд ифротие мо,
Зи ҳам бегона андар мулки хешем.
«Бо даъвати ифрите ба ҳам даст задем,
Муште ба сари кафида бо шаст задем.
З-ин хархашаву ҷанг ба чашми олам.
Мо ҳиммату шаъни тоҷикон паст задем.

Қалби шоири табиатан инсондӯстро ҷанги бародаркуш месӯзонд, ӯ ба худ мепечид, ашхоси сангдили аз ин фоҷиа фоидаҷӯю касифро маҳкум мекард ва мисраҳо шарарбор беихтиёр тавлид мешуданд. Аз ҷумла дар шеъри «Муноҷот» шоир менигорад:

Он ки моро ба сӯи ҷанг кашид,
Дар ду олам ду бари рӯяш сиёҳ.
Мардумон ҳар куҷо ба ҳоли хароб,
Ҳамчунон гашта ҳоли мулк табоҳ.
Наҳси даврон шудаст, рӯзи хушӣ,
Набисозаш насиб, ё Оллоҳ!

Дар чанд дубайтиҳои ба ин мавзӯъ бахшидааш, бераҳмию бемеҳрии ҳамхунону ҳамқавмони тоҷики худро сарзаниш карда аз ҷумла овардааст:

Бераҳмию кину буғзи моро Ҷанги арабу аҷам надидаст.
Чашме ба қиёс, ҳамчу тоҷик Бемеҳртаре ба ҳам надидаст.

Яке худ ҳомии миллат шуморад,
Дигар афродро зиллат шуморад,
Вале ин «ҳомиён»-ро ақли солим,
Шикасти миллату иллат шуморад.
Дар намуде ҷомаву дастор як,
Дин яку мазҳаб яку гуфтор як.
Лек дар ҳар кӯчаву дар ҳар гузар,
Баҳри ҳар ақвому ҳар як раҳгузар,
Масҷиду минбар ҷудост,
Ваҳдату тавҳид кост.

Шоир дар он замони фоҷиабор барои худ ҷой намеёфт ва худро намедонист, чӣ тавр таскин бахшад.

Аз кашмакаши замона дилгир шудам,
Дар нола шарики мурғи шабгир шудам.
Зикри фараҳу нишоти оянда ба дил,
Дар айни баҳори зиндагӣ пир шудам.

Адиб дар айёми авҷи гиру дорҳои фоҷиабори ҳатто маркази ҷумҳуриро фарогирифта, хеле рӯҳафтода шудаву ҳатто мехост шаҳрро тарк намояд:

Ман аз ин шаҳр бурун хоҳам рафт,
Ончунон меравам, ки сояи ман
Кас набинад ба рӯи девораш.
Улфату сидқу раҳму додрасӣ
Гашт маъдуму дузду ғоратгар
Дастболо шуд нархи бозораш.
Меравам то даме раҳо ёбам
Аз ҳама гиру дори бемаънӣ,
Аз шиканҷҳову ранҷу озораш.

  Чунин мисраъҳои барои шоир ғамангез ва ба сулҳу салоҳ даъваткунанда дар осори адиб кам нест. Ӯ ҳатто баъди хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ чанд соле ба худ омада натавониста, ҳамоно ин гуноҳи нобахшидании афродеро, ки дасти хунолуд доштанд маҳкум мекард ва фоҷиаи модарони фазандгумкадаро ба ёд меовард. Ӯ мегуфт, ки агар тоҷикон ҳамдилу ҳамроз мешуданду дар сари тоҷик пешвоёни ботадбир мебуданд, ин фоҷиа рух намедод. Ин муддаои хешро дар шеъри «Нолаи шабгир» ба чунин маънӣ овардааст:

Ҳар балое ки ба ногаҳ ба сари мо омад,
Зи қазову қадару қисмату тақдир набуд.
Зи сияҳрӯзиву ҳам толеи баргаштаи мо,
Сари аркони дувал фарди ба тадбир набуд.
Якдигарро чу бародар нагирифтем канор,
В-арна ҷо бар шикани кундаву занҷир набуд.
Даст бар якдигар ар ҳалқа ба гардан мешуд,
Ҳеҷ имкон ба сари ҳалқаи тазвир набуд,
Гар ҳама ҳамдилу ҳамрозу бародар будем,
Ҳеҷ дар шеваи мо нолаи шабгир набуд.
Тоҷики ғамзадаро оламу одам донад,
Аз азал ҳеҷ гаҳ аз мардуми бепир набуд.

  Чунин ибрози назари шоир доир ба ин фоҷиаи тоҷик дар асри муосир, ки давлатдории акнун ба пурраги эҳёшудаи худро, қариб бори дигар аз даст медод, дар дигар шеърҳояш аз ҷумла «Худкушӣ». «Наҳси кайфар», «Табассум дар лабе меҳмон намешад» ва ғайра хеле барҷаста ба назар мерасад.
  Ба маҷрои осоштаи зиндагӣ ворид шудани ҷумҳурӣ барои шоир беҳтарин падидаи фараҳманд ҳисоб меёфт, Ӯ аз ин даҳои халқ, аз шахсиятҳое, ки дар таъмини бебозгашти сулҳи байни тоҷикон саҳмгузорӣ доштанд, ниҳоят сипогузор буда, амнияти абадии давлату давлатдории тоҷикро орзу мекард. Ин орзуи хешро дар хотимаи шеъри дар қолаби хамоса навиштааш «Илтиҷонома» чунин овардааст:

Эй фурӯғи ҳастӣ, эй Яздони пок,
Барвуҷудорандаи одам зи хок.
Буғзу озу кина, эй буду бақо,
Аз ниҳоди одамӣ берун намо.
Аз Худо хоҳам сафои зиндагӣ,
Нури раҳмат бо ҳама тобандагӣ.
Халқу ақвоме ки соҳибиззатаст,
Ҳофизи мулк асту соҳибдавлат аст.
Орифонаш порсову нуктадон,
Мардумаш рамзошнову шеърхон.
Сарвараш болобаланду гармрӯ,
Зубдаи меҳнаткашу хушфеълу хӯ.
Инчунин давлат зи халқи тоҷдор,
Асрҳо монад ба гетӣ устувор.
Аз Худои хеш дорам илтиҷо,
К-ӯст чун яктои бечуну чаро.
Ҳар куҷое номи тоҷик шуд баён,
Ояд аз ҳар гӯша «омин» дар забон.

  Устод Басир Расо бе муболиға, хиради волои азалӣ дошт. Аз ҳар мисраъ шеъраш ҷилои панду ҳикмат ба назар мерасад. Насиҳаташ нозуку ҳакимона аст ва бешак ба қалби ҳар фарди ҷомеа бетаъсир буда наметавонад. Намунае чанд аз баъзе абёти адиб худ далелест аз андешаи ниҳоят нозукбинонаи ӯ дар ин ҷода.

Пайсаи хайрия аз зарталабон? Яъне чӣ?
Интизори адаб аз беадабон? Яъне чӣ?
Рӯз агар рафт паи васвасаву кори хато,
Ҳама бедор нишастан ба шабон, яъне чӣ?

Ё дар силсилабайтҳояш чунин овардааст:

Сабр кун, гуфтӣ, ба рӯзе ғӯра ҳалво мешавад,
Мешавад ҳалво, вале баъди сари мо мешавад.
Суфраи неъмати дорои гадотабъи хасис,
Бенаворо ҳама чун косаи гирдоб тиҳист.
Санги хоро ба ҳама сахтӣ зи гашти рӯзгор,
Нек бинӣ андар охир гарди хоке мешавад.

  Дар шеъри «Сеҳри сухан», ки саропо панд аст, чунин омадааст:

Назди мардони сухансанҷ хамӯшӣ сухан аст,
Орифи воқифи асрор ба худ анҷуман аст…
Орифонро ҳама умр аст ба карбос ниёз,
Ҷоҳилонро паи пайтоба катону паран аст.
Шеваи лутфу муроот атои азалист,
Ин матоест, ки дар коми на ҳар баддаҳан аст.
Морро он чи ба осон кашад аз хона бурун,
Лоҷарам, ҷозибаву қудрати сеҳри сухан аст.

  Дар шеъри «Дарки маънӣ», даъвати шоир ба донишмандию зиракӣ ва дарки маънии сухан бараъло ба назар мерасад:

Эй, ки ҷӯӣ маншае аз номи мард.
Саъй кам кун, ҳикмате дар ном нест.
Орифе мегуфт бар зоҳирпараст,
Нашъаи май дар май аст, аз ҷом нест.
Гар намоӣ шаҳду ҳалво дар забон,
Сад карат такрор, ширин ком нест.
Лаззат аз ҳар ғӯраи хоме маҷӯ,
Таъми хуш аз пухта ҷӯ, дар хом нест.
Ҳар касе ҷӯяд муҳит андар ҳаёт,
Мурғи толеъ бар сари ҳар бом нест.
Дарки маъниҳост аз оқил имо,
Ҳоҷати машкураву ибром нест.

Ҳамин панди шоир дар шеъри «Андоза накуст» хеле ҷолиб тақвият ёфтааст:

Ҳаду андоза андар зиндагонӣ,
Шукӯҳи оламе бояд бидонӣ.
Чу по бинҳодӣ аз андоза берун,
Шавӣ озурдаву беҳолу дилхун.
Ҳама кору амал андоза дорад,
Ҳаду андоза нақше тоза дорад.
Чӣ хуш гуфто хирадманде, ки эй дӯст,
Наку панде шунав – андоза некӯст.

  Чунин пандномаҳоро метавон фаровон овард, ки он аз санъати ниҳоят баланди шерофарии адиб гувоҳӣ медиҳад.
  Омӯзиши амиқи осори адиб ба хулосае меорад, ки самтҳои шеъриаш аз умқи ҳаёт, қаъри воқеияти замон маншаъ гирифтаанд ва ниҳоят доманадору таъсиргузоранд.
  Шоир гарчӣ ҷиддан ба офаридани асарҳои калонҳаҷми эпикӣ ё хаммосавӣ (дар жанри достон) машғул нашуда бошад, ҳам вале аз мазмуни «Асри изтироб» ва «Илтиҷонома»-аш бармеояд, ки дар ин ҷода низ нақши хосаи худро гузоштааст.
  Устод Басир Расо, чун шоири ниҳоят ҳассосу мушоҳидакор ба бисёре аз бузургони муосир, ки дӯстию ҳамкорӣ ва ҳамнишастӣ доштааст, мисраҳои ниҳоят ҷолибу воқеъбинона иншо намуда, симои зоҳирӣ, касбӣ ва маънавии онҳоро хеле барҷаста тасвир кардааст. Шавқмандон метавонанд аз ашъори ба чопрасидаи шоир, аз ҷумла дар боби «Афроди некном сазо бар ситоишанд», ки дар маҷмӯаи «Баҳори орзӯ»-и адиб ба табъ расидаст, доир ба ин самти бешубҳа ҷолиби эъҷоди ӯ шиносоӣ дошта бошанд.
  Дар эҷодиёти устод Басир Расо ҳаҷвнигорӣ мақоми бесобиқаро дорост. Мо метавонем аз даҳҳо шеъри дар ин равия навиштаи ӯ ёдовар шавем. вале фақат ба овардани намунае маҳдуд мешавем. Дар шеъри «Бадгумони бадбаён», чунин омадааст:

Боре ба ягон банда саломат нашунидам,
Як ҳарфи самимӣ зи каломат нашунидам.
Як умр ту дар ҷангу ҷадал бо ину онӣ,
Маъюсу малуле зи ҳама кори ҷаҳонӣ…
Бо ин сухани сарду фачат он ки бизодат,
Гӯё яхи сарде бадали маска бидодат.
Аз наштари пурзаҳр бувад, он чӣ забон аст,
Баҳри сухани нарму навозиш ба даҳон аст.

Ё:

Савту сози ҳо, фалон ҳофиз,
Чӣ сон хоҳӣ шунид?
Аз худаш ё микрофон?
Радио беҳтар.
Чаро?
Хомӯш кардан метавон.

Ё:

Нозирон кистанд? Инсонанд?
Раҳзананду гурусначашмонанд.
Одамият аз ин гурӯҳ маҷӯй,
Баски эшон зи қавми шайтонанд.
Огаҳ аст садрашон аз ин ки шон,
Шери роҳу ғариби майдонанд.

  Басир Расо гарчи муаллифи аксар мақолоти дар жанрҳои ҳикоя, памфлет, фелетон, шеърҳои ҳаҷвӣ, ва матни зераксҳои ҳаҷвии дар «Хорпуштак» ба табъ расида бошад ҳам, дар бисёр мавридҳо ё онҳоро бо унвони сармақола ва ё бо ишораи «Аз редаксия», ё ба шакли мустаор (бемуаллиф) ба чоп мерасонд. Адиб бемалол метавонист, муаллиф буданашро пинҳон надорад, чунки ҳифзи ӯ аз тарафи органҳои ҳизбию давлатӣ пурра таъмин карда мешуд. Вале, аксаран хоксорию фурӯтании беандозааш боло мегирифт. Намехост, ки дар ҳар рақами маҷалла чун муаллиф чанд бор номаш сабт шавад. Дар ин ҷода боз аз як чиз хотиррасон шудан ло- зим меояд, ки устод Басир Расо ба ҷуз аз шоирӣ носири ниҳоят нозукбин ва дақиқсанҷ буд. Ин маҳорати баланди ӯро таълифоти дар «Хорпуiтак» рӯи чоп дида, бараъло нишон медиҳад.
  Албатта, мо метавонистем бо ҳамин баррасии ниҳоят мухтасар, гуф- тори худро доир ба самтҳои фаъолияти адиб Басир Расо хотима бахшем. Вале боз як ҳақиқати касбии ӯ моро водор месозад, ки ба гуфтаҳои боло чизеро илова намоем. Ин хизмати адиб дар самти адабиётшиносист. Намунаи равшани он дар таҳқиқотест, ки ба ҳаёту фаъолияти шоири шаҳир Мулллоёри Ванҷӣ бахшида шудааст. Дар байни муллоёршиносон, ки кам нестанд, ӯ бартарии худро собит намудааст.
  Устод Басир Расо бисёр мехост, то доир ба чеҳраҳои маъмули диёраш, донишманду адибон Мулло Абдулло, Мулло Файзулло, Иззатманд, Мулло Умар, Мулло Насриддин ва ғайра маълумот гирд оварад, вале мутаассифона аз сабаби боқӣ намондани маъхази зарурӣ ба ин кори савоб ҷиддан машғул шуда натавонист.
  Ҳамчунин устод ҷиддан тасмим гирифта буданд, ки ёддоштҳои хешро бо унвони «Қиссаҳои Ванҷ» таълиф намудаву рӯи чоп биёранд. Аз рӯи нақша дар китоб мебоист чӣ воқеаҳои фоҷиабор ва чӣ дастовардҳои ҷолиби гузаштаи диёрро, ки аз наздикон шунида ё худ шоҳид будааст, барои гӯшаи фаромӯшӣ наафтидан рӯи қоғаз оварад. Аз ҷумла дар он доир ба ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои маъруфи касбу кори гуногуни ноҳия, маълумоти нисбатан муфассале барои наслҳои оянда боқӣ гузорад. Вале тақдир барои анҷоми ин иқдом фурсат надод. Устод … соли 2010 дунёро падруд гуфтанд.
  Бо заҳмати ӯ шеъру достонҳои Р.Ғамзатов (Доғистон), А.Блок, В.Брюсов, К.Симонов, А.Сурков, А.Прокофев (Русия), Г.Абашидзе (Гурҷистон), Мӯсо Ҷалил (Тотористон), Қ.Маликов (Қирғизистон) ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.
  Аз адабиёти халқҳои бародар бештар ба назми халқи арман рағбат дорад. Эпоси қаҳрамонии «Давиди Сасунӣ», шеъру достонҳои Е.Черенс «Сақои барзгар», Н.Зарян «Фирдавсӣ», Г.Эмин «Суруди Лорӣ», Л.Гурунс «Санги хонаи падар» ва дигар шоирони арманро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ӯ мураттиби тазкираи шоирони гузашта ва имрӯзаи арман «Сози Наирӣ» мебошад, ки соли 1972 дар рӯзҳои адабиёт ва санъати халқи арман дар Тоҷикистон ба нашр расидааст.
  Ашъори Б.Расо бо забонҳои булғорӣ, немисӣ, эстонӣ, русӣ, арманӣ, гурҷӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, озарӣ ва ғайра тарҷума ва нашр шудаанд.
  Б.Расо аз соли 1962 аъзои Иттифоқи журналистон ва аз соли 1971 аъзои Иттифоқи нависандагони собиқ Шӯравӣ мебошад. Б.Расо барои равнақу ривоҷи матбуот ва адабиёти тоҷик бо ордену медалҳои «Байрақи Сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Дӯстии халқҳо», «Меҳнати шоён», Меҳнати шуҷоатнок» ва ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон қадр шудааст. Бо унвони фахрии «Ходими шоистаи маданият» ва нишони «Аълочии матбуоти тоҷик» сарфароз гаштааст.
  Устод Басир Расо бо тамоми мафҳум инсони комил, марди хирад буд. Касони ба ин шахсият шиносоии наздик ва ҳамнишин буданд, аз хислатҳои ҳамидааш метавонанд соатҳои тӯлонӣ сӯҳбат биороянд. Дар айни замон дар баробари ғурури миллӣ, ғурури ниҳоят баланди фардӣ дошт ва онро чунин ифода кардааст:

Ман на он мардам, ки боре шиква аз гардун кунам,
Аз ҷафои ҳар дағое дидаро Ҷайҳун кунам.
Дар ситоди нангу ору номусу мардонагӣ,
Бар танаш сад пора далқи фитнаи малъун кунам.

  Бале, ҳамин хел инсон буд, ҳамдиёри мо Басир Расо. Фаъолияти намунавии бисёрсамтааш, табиист, ки дар таърихи Ватану миллату диёр абадан боқӣ хоҳад монд.

Чунон бояд тариқи зиндагонӣ,
Ки баъд аз мурдани худ зинда монӣ. (Унсурӣ)

(Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшо).

1 Назар

  1. ШОИР, АДИБ ВА ЖУРНАЛИСТИ АСИЛ:
    Дорандаи унвони узви Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шуравии (1962) узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шуравии (1971) Корманди шоистаи маданият аълочии матбуоти Тоҷикистон ордену медалҳо, Барои меҳнати Шоён, Нишони фаҳри, Меҳнати шуҷоатнок, Шоир, Нависанда, Журналист, Тарҷумон, муҳарири маҷҷалаи ҳаҷвии “Хорпуштак”. Узви ҳайати маҷҷалаи ҳаҷвии Итиҳоди Шуравии, “Крокодил” (москва). Узви Комиссияи ошти милли. Ин аст қадршиноси Ҳуқумати Тоҷикистон барои хизматҳои бузург дар назди халқу Ватан ба яке фарзанди фарзонаи Ванҷи Пурганҷ, Устод зиндаёд, Басир Расо.
    Шамро дар рузи равшан ҳеҷ набошад эътибор,
    Обруяш дар намози шом боло мешавад.
    Устод Басир Расо шоир адиб ва журналисти тоҷик 13 июл соли 1931 дар деҳаи Бунига ҷамоати Водхуд ноҳияи Ванҷ “ВМКБ” зода шудааст. Таҳсили мактабиро дар зодгоҳаш мегирад. Соли 1951 ба ДМТ факултаи журналистика дохил шуда, онро соли 1956 хатм мекунад. Бо роҳхат барои кор ба идораи маҷҷалаи ҳаҷви “Хорпуштак” меояд, баъд ба ҳайси мудири рузномаи “Адабиёт ва Санъат” Китоби масъулият рузномаи “Маориф ва Маданият ” кор карда, аз соли 1964 то охири ҳайёт дар ин маҷаъллаи “Хорпуштак” ҳайси сармуҳарир адои вазифа намудааст. Устод Басир Расо 12 июл соли 2010 дар синни 79 солаги дар шаҳри Душанбе вафот кард. Ӯ тамоми умри пурбаракати худро сарфи хизмат ба халқу Ватан намудааст. Ном ва кору пайкари ин ҳамдиёри мо, боиси ифтихор ва сарбаландии мост. Дар ҷодаи Адабиёт Басир Расо ба қавли Комил Бекзода, баъди Муллоёр дуюмин шоири забардасти Ванҷзамин мебошад. Охирин таълифи Устод достони “Асри Пуристироб” ба вақаҳои солҳои 37-40 асри 20, ва ба шакли китоб нашр кардани ашори Мулоёри Ванҷи мебошад.
    Ёри дарёдили огоҳ зи ҳолам ҳавас аст,
    Сари имдод зи тавфиқ ба корам ҳавас аст.
    Рӯзгоре на ба дархурди дили мо то кай хурд,
    Ҳолиё маншаи дилгарми баҳорам ҳавас аст.
    Сари шурида ба айёми хазон гул талабам,
    Чи хаёлест ба дай савти ҳазорам ҳавас аст.
    Мурги дил моили парвоз бувад дар ҳама фасл,
    Саҳни гулбогу чаман бе хасу хорам ҳавас аст.
    Баҳри тақсими дилу сӯхтани хонаи гам,
    Сӯҳбати хосаи мардони диёрам ҳавас аст.
    Лаҳзае дури ҷуед зи ёрони қадим,
    Арзи ин матлаву маъни чу шиорам ҳавас аст.
    Эй хушо кайфияту давлати дидор, Расо,
    Нақди ҷон дар қадами дуст нисорам ҳавас аст.
    РОВӢ: ДАВЛАТМИР ДАВЛАТОВ.

Добавить комментарий для Давлатмир Давлатов Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.