Раҳмон Гандумов

  Устоди варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Яке аз паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ буда, соли 1943 дар деҳаи Жамаги деҳшӯрои Язғулом таваллуд шудааст. Ба ин шуғли дӯстдоштаи авлодӣ аз давраи мактабхонӣ дил бохтааст. Нозукиҳои санъати гӯштии миллиро аз устодаш Шамшербек Қурбонбеков омӯхтааст. Қариб дар тамоми мусобиқаҳои вилоятии нимаи аввали солҳои 60-ум ғолиб омадааст. Соли 1964 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз болои ҳарифонаш ғолибияти пурра ба даст оварда, қаҳрамони варзиши ҷумҳурӣ эълон шудааст. Раҳмон Гандумов ҳамчунин дар баъзе мусобиқаҳои минтақавӣ баромад карда, ба дастовардҳои ҷолиб ноил шудааст.
Дар 11 мусобиқаҳои расмии (чемпионат) ҷумҳурӣ иштирок намуда, аксаран ғолибу ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.

  Ин омӯзгори касбӣ дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва ташаккули варзишии онон кӯшиши зиёде ба харҷ додаасту аз касби худ ифтихорманд мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.