Ҷасорати Шониёз

  Ммкин ҷое хато кнм ва ё ба иштибоҳ ра бдм. Некӣ ба маълмоте, ки то мо расияст, Шониёз дар Сунгад зндагӣ мекараст, қатии ҳафт бачашу як биёрзош. Баъи вн ҳодисаи нақл каргӣ, ба унвони ҳадя барои пирузӣ да ҷанг , дар Убари Даргови Рохарв ва Пуни Ҷугнӣ, пеши балнеса змин ба нумш васиқа мегара. Ана яке ай фарзандо ё ба назарма нвасаш Шониҳмат нум доштаст, ки асосгзори сулолаи модарии мо мебоша. Ино дига тақсим мегаран дар Ванвани Боло авлоди Ғаффор (бачоош Ризвону Ниҳмон); ини гаш дар Ғаво Шкрона (бачоош Қарча ва Бачаҷон…), дар Снгад Ҳисочаву Бой (бачоои Бой: Ҷуни Хубу Мусо (Бср)). Дхтарои ин авлод дар Рохарв Иғболак, Зиётӣ да Пайшанбеобод ва чандин деҳаву қшлоқои га ам астан ва баъзе фарзандои бачагишн, ки мн камтар медунмшн. Бо даст даани маълмот ҳатман қиссатн мекнм… (Ровӣ: Х. Хоҷаев).

  Пайнавишт: Вахте ки қрғзо мехамбиян ҳамла мекарану занаку дхтарои ванҷира медздиян Шониёз қаҳрамонии сахт мекна, академик да бораш чнин мега: «Дар асри XVIII, – менависад Б. Искандаров, – яке аз мардони шуҷову барӯманди водии Ванҷ – Шониёз аз деҳаи Сумгад, тамоми аҳолии маҳаллиро дар атрофи худ муттаҳид карда, ба муқобили ҳуҷуми душманони аҷнабӣ сафарбар намуд. Бо фармоиши ӯ барои эмин доштани зану фарзандон ҳар як сарвари оила бояд дар ҷойҳои мушкилгузари дур аз деҳот биною бошишгоҳҳои муваққатӣ сохта, ҳангоми вазъияти фавқулъодда онҳоро ба он ҷо мекӯчонд. Дар деҳа фақат мардоне мемонданд, ки ҳифзи бумгоҳ ва шикасти душманро таъмин карда метавонистанд. Аз рӯи шунид харобаҳои хона – паноҳгоҳи оилавии худи Шоҳниёз то давраҳои наздик боқӣ монда буданд».

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.