Ҷазо дар зндуни мир

  Дар друни Қалаи Мир зндун бидаст. Чанд бӯзбалаига зндунбун бидан. Касе гно мекараст меоваран зндунш мекаран баьд ҷазош медаан. Як вахто андозҷамкни миро ай Гишхун бидаст, нумш Калхдойӣ. Ин марак як рӯзе қад-қади Ванҷи Боло андозҷамкниӣ меброя. Ай вҷо мегарда то Рав мераса. Дар Рав ва як мардак ҷанҷолш мегара. Мечаспану алик медозан. Калхдойини бӯзбала бидасту мараки равчинӣ . Амта гардуно гардун мераван то минаи змина. Дар минаи змин як чачи лал бидаст. Кадме пешакӣ да вҷо берун кара бидаст. Мараки равӣ амуҷо Калхдоира бланд мебардораву дар амун чачи лал мезана. Ай бахта сарш мезана дар ду минаи ахлот. Вахте мехеза, варишонӣ мерасан. Амиқа Калхдойира тақал мекнан, ки ахлотора ай сарш тоза кнан, намемуна. Мезана амтарӣ дар қалъа.
  Пгаиша як намояндаи мир мерава Рав. Сарвари Рав нумш Ҳамуд бидаст (бобии амаки Снавбару Мнаввару Ҷаққол). Мардаки вариши хуб нону намакдуву пхтаи пр бидаст. Фребш каран, ки брем Қалъа масалаи Калхдоира ҳал кнему биё угам. Вахте дар Қалъа мерасан бӯзбалоои мир мегиран Ҳамуда дсту поша мебандану дар зндунш медозан. Баъд ва калтко заанш мегиран , то ин ки тамоми танаш авгор мегара раҳматира. Чанд рӯз амтариву баъд сарш медан. Баъди чанд вахт гзашта мегара. (Ине ки ва намояндаи мир гардуногардун мекна боби Абдурасул ва лақаби Кетк (биёри бобии Бачонаву Боқӣ) бидаст. Кетк иқа дар Бунай зндгӣ кара бидаст. Як вахте яке ай биёракои амаи Лолара чапот зааст. Амаи Лола бақват бидаст. Кетка лат караст, баьд хестаст бай Рава рафтаст. Йӯра ай амин ҷангараиша Кетк мегфтан. Бобии Бачона овгардуниш рои мекараст қад-қади ра ва ҳама мечаспияст, зиқи пр шиясту бураст убар ай овш караст. Амри Нур).
  Ҳкми куштан надоштан. Ҳкми куштана Додхоҳи Дарвоз доштаст. Ино фақат лат мекаран. Неки касеро лат мекаран баъди панҷ-шаш мо мемураст. Як марака ай Бунай зндунӣ каран ва дздӣ. Бояд дар сарш рӯғани доғ мерехтан. Ҷазои дзд амин бидаст. Неки бобии Млоюсуф (раҳматуллоҳи алайҳ) обрӯ доштаст, рафтаст, гфтаст азобша пасттар кне. Хай гфтан як гова бдаву дар ин ҷавоб. Зуҳуриддини Нуриддин.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.