Ҳамлаи грго

  Даҳ то понзда та индук доштему бобаи раҳматим ай вахти саршавии члаи змстун яке-яке мекушт. Дутошна кшта биву боқимунда дар шохои ангур шав хов мерафтан. Трезаи ҳҷрамун тарафи амун ангур биву ман ай пеши тиреза хов мекарм. Як ними шаве бай гӯшм садои қрипо-қрип ума, очама ведор карм. Бечора бисё хаста бӣ, ки каме гӯш дохту гфт: – “Хов ба тинҷист, ягон гап боша саг меҷақа”. Боз сарма таги кӯрпа карм, некӣ дар дилм ваҳм ховм набур. Оста пардаи трезаро вардоштм, шави матовии рӯвшан дим, ки дар болои барфо саги бсёре болову поюн парияестану индукора дар ҳар бар хафияаестан. Ай тарса сахт дод зом, бобам ведор шӣ, гфт чи гапай, забонм гнг шиву да треза заан грфтм. Бобам назди треза умаву беруна нига кару гфт, вай-вай занак бхез, ки грго индукора хӯран.
  Дукаса берун бруман дар пеши дар як тоси дрози куна чапакарагӣ бӣ. Бобам амун тоса грфту ҳавола до, тоси тнки куна ва зарб да танаи драхти сев бархӯру дар оромии шав чени камуни панҷтира садо бровар, грго тарсину баъзешун холӣ, баъзе гашун индукора кашолакнн грехтан. Ай саг дарак набӣ. Очам гфт, ки мумкин ино ҳаввал сага хӯран. Дига умедшуна ай индукошун кандану уман, некӣ то саҳар ховмун набур.  Вахти нмоз бобам берун брумаву таги ангура хабар грфт, вахте баргашт, гфт,ки пато ҳамаи индукора нобуд каран.
  Иқа баҳ-баҳне карм ай саг дарак нест. Саг ай додарчам бӣ, ин гапа фамӣ барои сагш гряра сар кар, нав рӯз шия  берун брума барои кофтани саг. Як вахт хрсанд баргашту гфт, ки сагм зиндаст, дар таги брғавчи ганҷур друмасту ай тарса овоз набровараст, боҳ-боҳш карм овози мна фамию брумад. Саҳарӣ дием, ки ду индук дар болои як бнгу яке дар болои бнги га, яга ай друни хорои оврав брума, хай ай двоздата чорта ёфт шӣ. Бобам очама длдиӣ кар: – “Занак зиқ нага, ай иқа грги маҳшар чор индукта ёфтӣ шкр бгӯ”.  Ай шавойга индукора дар чала дохтан. Некӣ мн хунам олӣ дар шар дар чорум этажам боша, дар пеши треза хов рафтан метарсм. Ага ягон ҷо меҳмунӣ брам, мегӯм ҷогайи мна дар таги треза напартове, ҳайрун мегаран, ки бай чира. Мегӯм дар таги треза ховм намебара, амитарӣ одат дорм. Некӣ ичкас намедуна барои чӣ итарӣ одат дорм. Нуқра Суннатниё.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.