Ҳайдаршо Худойдодов

  Худойдодов Ҳайдаршо Зумратшоевич 1 январи соли 2006 дар шаҳри Душанбе зода шуда падару модараш зодагони деҳаи Баравни Водхуди Ванҷи пурганҷ мебошанд. Ҳамон сол аҳли оилаашон барои зист ба шаҳри Хуҷанд кӯч мебанданд ва соли 2012 Ҳайдаршо ба синфи якуми акмтаби миёнаи №21-и шаҳр қадам монда ҳоло дар синфи 9-и мактаби номбурда таҳсил менамояд.
  Чун аз хурдсолӣ ба футбол шавқи беандоза дошт, дар баробари таҳсил ба машқи ин намуди варзиш ҷиддан машғул гардид. Машқи футболро таҳти назари устоди варзиш Зафар Ҳотамов дар дастаи футболи наврасони “Суғд”-и шаҳри Хуҷанд, дар мактаби махсуси варзишии футбол,ҷавгон ва аспдавонии вилояти Суғд идома медиҳад.
  Рӯзи 29 декабри соли 2020 баъди ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии интихоби беҳтарин футболбозони навраси ҷумҳурӣ (то 15сола) мақоми аввалро касб кард ва соҳиби ифтихорнома ва ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро соҳиб гашт.
  Мо ин ҳамдиёрамонро ба ин пирӯзӣ табрик намуда, ба ӯ дар оянда фатҳи қуллаҳои баландро дар ин риштаи варзиш таманно дорем. Давлатмир Юнусзода.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.