Қодир Хабиров

  Ҳар як диёру деҳа фарзандони неке дорад, ки бо нангу номусу ақл, қобил ва болаёқат буда, умри хешро сарфи хизмати халқу ободонии диёр мекунанд. Яке аз чунин фарзандони диёр Қодир Хабиров мебошад.
  Қодир Хабиров 15 июни соли 1929 дар деҳаи Гармчашма дар оилаи мулло таваллуд ёфтааст. Ба дунё омадани писар дар оилаи Мулло Хабир хурсанди беҳадду каноре буд, зеро писарони ин хонавода дар хурдӣ мефавтиданд. Бо ҷамьи хешу табор ва тағои бузургвораш паҳлавон Маҳмадсулаймон ӯро Қодир номгузорӣ карданд, то ки тавоно, бузургу баҷурьат ва дар кор қодир бошад.
  Мулло Хабир, ки дар синни миёнасолӣ ва солҳо интизор писар буд, тамоми ҳастияшро барои таьлиму тарбия фарзандаш сарф мекард. Худ, ки шахси босаводу илмомӯхта, хатмкардаи яке аз мадрасаҳои Бухоро буд, аз олами маьнавии хонаводааш – китобхои динияш дар даврони шӯравӣ пинҳонӣ дарс медодааст.Барои пирараш дарси одаму одамгарӣ, инсони комил буданро меомӯхт.
  Қодир Хабиров мактаби миёнаи №5-и Рохарвро хатм мекунад. Пас аз мактаб Омӯзишгоҳи савдоро хатм намуда, ба зодгоҳ бармегардад. Фаъолияти корияш аз фурӯшандагӣ дар мағозаи Рованд оғоз мешавад. Бо кордонӣ, ҷасорат, нангу номус ва фидоӣ буданаш дар соҳаи савдо тавонист соҳибмартаба ва сохибэҳтиром шавад.
  Қодир Хабиров зина ба зина дар вазифаҳои гуногуни соҳаи савдо хизмат кардааст. Ногуфта намонад, ки солхои 50-уми асри гузаштаи даврони шуравӣ ками шахсҳо дар сохаи савдо муввафақу пешрафт мекарданд. Ба тамоми мушкилиҳо нигоҳ накарда, ба сари баланд аз ӯҳдаи вазифааш мебаромад. Ӯро чун ҷавони кордон барои ифои вазифа ба анборҳои Тоҷикматлубот (завбаз) ба маркази ноҳия даьват намуданд. Дар тамоми базаҳо: хӯрокворӣ, либосворӣ ва ашёи рӯзгор сарбаландона адои вазифа кардааст.
  Соли 1970 Донишгоҳи савдои шаҳри Самаркандро (шӯьбаи ғоибона) бо ихтисоси молшинос хатм кард. Пас аз хатми донишгоҳ мудири Комбинати хизмати маишии ноҳия таъйин гардид. Солҳои зиёд дар ин вазифаи пурмасъулият хизмати мардуми Ванҷро намудааст.
  Зиёда аз ҳафт маротиба дар вилоят ҷоизаи Байрақи меҳнати сотсиалистиро соҳиб гардидаст. Дар ҳудуди вилоят ва ҷумҳурӣ эҳтироми зиёде дошт. Пайваста кӯшиши ободу ободкорӣ мекард. Комбинати хизмати маишӣ дар давраи роҳбарии ин марди шуҷоъ ободу инкишоф ва пешрафт намудааст.
  Соли 1981 Қодир Хабировро раиси Тоҷикматлуботи ноҳия Ванҷ интихоб намуданд. Тамоми умр дар соҳаи савдо кор карда, кадри пухтаву кордон буд ва ин низомро хуб медонист. Бинобар ин баробари оғози кор аввалан дар Дашти Бовуд анборҳо барои захираи маводи зарурии Точикматлуботро сохт. Аввалин маротиба сехи қаннодиро кушод, ки дар он ҷавондухтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд.
  Ӯро ҳамчун роҳбар нарасидани кадрҳои маҳаллӣ ором намегузошт. Бо муроҷиаташ ба тамоми мақомоти дахлдори вилояту ҷумҳурӣ дар ноҳия дар солхои 80-ум курси кӯтоҳмуддат кушоданд ва ба серкорӣ нигаҳ накарда, худаш дарс медод. Дар муддати хело кӯтоҳ ин масьала ҳалли худро ёфт ва то имрӯз мутахассисони тайёркардааш дар хизмати мардуми анҷ мебошанд.
  Қодир Хабиров дар тамоми вазифаҳои пурмасулияти давлатие, ки кор кардааст, як маром дошт – хизмат барои мардуми диёри азизаш. Чандин бор ба вилояту марказ ба кор даьват шуд, вале розӣ нашуданд, хизмат дар диёрро авлотар донистанд. То нафақа баромаданаш дар ин вазифа кор кардааст.
  Баъди похӯрии шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ низ шабу рӯз дар фикри мардум буд. Ба тамоми мушкилиҳо нигоҳ накарда, роҳи Уши Қирғизистонро барои таьмини хӯрокворӣ ва маводи ниёзи мардум пеш гирифт. Шиносу ошноҳои зиёд дошт. Дар муддати кӯтоҳ мошинҳои пур аз борро бо маводи хӯроворӣ, то бензину карасин ба мардум расонд.
  Мардум дар рӯзҳои хурсандӣ ва мотам ӯро суроғ мекарданд, то мушкилашонро осон кунад. Ҳама вақт тайёр буд барои мардумаш ҷонашро фидо кунад. Аз аввалин соҳибкорони муваффақу нотарсу хидматгузори мардум буд. Аъзои ҳизби коммунист буд. Ба ҳизбаш вафодор монд. Унвони баландтаринро ба ин марди шуҷоъ, некному хайрхоҳу саховатманд мардуми Ванҷзамин доданд. Оиладор, соҳиби ҳашт фарзанд буд. Умри дарозу бобаракт дид. 8 майи соли 2015 ин дунёи бевафоро тарк кард. Худованд раҳмату мағфираташ кунад ва дар беҳтарин макон ҷояш диҳад. Омин!. Парвина Хабирова.

1 Назар

  1. Тагоим бисёр як одами оромтабиат ва мехмондуст буданд фарзандой хуб хам тарбия карданд илохо чояшон чанати фирдавс бошад.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.