Қобиламо Баротова

  Қобиламоҳ Баротова соли 1907 дар деҳаи Вишхарви миразории Язғулом дар оилаи деҳқони камбизоат ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатияш хеле барвақт оғоз меёбад. Дар солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30 албатта, ба ҷавондухтаре, ки кӯшиши саводомӯзию қобилияти ташкилотчигии худро аз ҷомеа пинҳон намедошт, чи гуна гаронӣ меовард, дар тасаввури шахси ба он давра шиносоии кофӣ дошта, чун амали кофӣ ғунҷонида наметавонист. Дар баробари барпо шудани аввалин колхозҳо, ӯ таваҷҷӯҳи худро ба ин намуди хоҷагидорӣ бе ягон дудилагӣ намоиш дод. Баъди расман аъзои колхоз шудан, бо дилпурии том аз ояндаи нек соли 1930 ба сафи ҳизби коммунист дохил шуд.
  Хизмати намунавӣ, ғайрати ҷиддӣ дар иҷрои нақшҳои истеҳсолии шахсӣ, ташаббуси пешсафиро дар коллектив бедор намудан ва истеъдоди роҳнамоии Қобиламоҳ Баротова боис шуд, ки ӯро соли 1943 колхозчиён ба раисии  Правленияи  колхози бонуфузтарини ноҳия колхози ба номи Сталин интихоб намоянд. Доири фаъолияти ӯ чун сарвари хоҷагии колеккивӣ дар солҳои 1943-1957 ба мавқеи пешсафи хоҷагӣ хонандаи гиромӣ аз навиштаҳои қисмати таърихии ин китоб то андозае шиносоӣ пайдо кардааст, бинобар ин фақат аз эътибору эътирофи расмии заҳматаш ёдовар мешавем.
  Колхозе, ки Қобиламоҳ Баротова сарварӣ мекард, дар як муддати кӯтоҳ ба пешқадамтарин хоҷагии вилоят табдил ёфт. Баъди муттаҳид шудани колхозҳо ҳам аз ҷиҳати ҳудуд ва шумораи аъзоён,  ҳам аз ҷиҳати ҳаҷми маҳсулот калонтарин хоҷагии ноҳия буда, нисфи бутуни маҳсулоти кишоварзии онро истеҳсол мекард.
  Ҳамин фаъолияти намунавӣ буд, ки Қобиламоҳ Баротова дар мӯҳлати ду даъват солҳои (1946 – 1954) ба ҳайси депутати Шӯрои Олии ИҶШС интихоб гардид. Чун яке аз фаъолтарин сарварон хоҷагӣ дар миқёси умумиттифоқ ба обрӯю эътибори хоса соҳиб шуда, ба сифати аъзогии Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон, вакили съездҳои 18,19 ҲКИШ пешбарӣ шудааст.
  Ҷуръату ғайрати нотакрори ташкилотчигии ин зани тоҷик дар солҳои роҳбарии деҳшӯрои Ванҷ ба зимма доштанаш (1957-1963) равшан зоҳир гаштааст. Фаъолияти намунавии Қобиламоҳ Баротова бо баландтарин мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, бо ордени Ленин, орденҳои “Байрақи Сурхи Меҳнат”, “Нишони фахрӣ”, чандин медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.