Қиссаи вардоштани нарбзи Глпочо

  Қиссаи вардоштани нарбзи Глпочо – мири Ванч ай тарафи лавндои Гшхун. Ин нақл ай гфтоои бобии Улфатшо Нодировай, ки 102 сол умр дӣ, Худо рахматш кна. Мир як нарбузи норав доштаст, дар макш зангӯла ва ҳамайи кару фарш, лавндо хабара мегирану нақшаи вардоштанша ва сардории Киром (бобаи Колхоз), Наҷмон (бобаи Зулфиқор), Насрдин (боби Одил), Идибег (бобаи Насрин-философ), Лавнд (боби Мирзо Нуров), Мухаммадзамир (хусурбузурги тағойии Фирдавсии Нуралиён), Худоёрбег (бобии Ҷурабег), Ҳисоча (бобаи Рахмону Исмон), Ҷрӯв (боби Ширин-Регар), Валӣ (боби бобам) мекашану шавакӣ мегзаран. Кирома дар миюнш банда медозану ва дарича мехамбунанш. Ин мебина хама хови ғафлатан дӯкунонда, баъд дар оғл медроя, зангӯлара мебраву дар почкои нарбз пашм мебанда, ки клох-клох накна, даҳаншаам мебандаву банда ва арқаш тов меда, бай ростаи даричара. Ай тор аввал нарбза баъд Кирома мекашан!
  Саҳари ғрев мегара, ки нарбз гумай. Мир хела гулнвозиву дшмуншапшун мекнаву мега, ки ин кори лавндои Гшхунай. Як руз бадша мегзараву мега лавндора ҷам кне коршун дорм. Мегашун, ки ай Ванчи Боло ҳезумовкнӣ мере, вҷо манго тиёран. Иноам мераван кору бора дар 3 – 4 рӯз тамом мекнан. Мира маза меда, ки пешта найин гӯлои нархар ду ҳафта мекашунтан, аку зиёфата ширҷӯши серуғантун мекнм!
  Баъд механдаву мега нарбза мемунде ҳозир мекштмш… Кошиф Сулаймонӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.