Ғаффор Мирзоев

  Ғаффор Мирзоев 18 январи соли 1964 дар деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1984 ба факултаи шарқшииосии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1989 бомуваффақият хатм мекунад. Аз ҳамин сол дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба сифати ходими илмӣ кор карда, солҳои 1992-1995 дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи мазкур таҳсил ва таҳқиқи илмӣ бурдааст. Муддати чанд сол дар хориҷи кишвар (Сурия ва Ироқ) ифои вазифа намудааст. Ҳоло ба сифати корманди илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ фаъолият дорад.
  Дар соҳаи сотсиологияи дин ва исломшиносӣ зиёда аз 20 мақолаи илмӣ ба нашр расонидааст ва рисолаи илмии ӯ дар мавзӯи “Ислом дар сатҳи шуури иҷтимоии мардуми тоҷик” дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Ҳамзамон ба кори омӯзгорӣ низ машғул буда, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз фанни фалсафа ва диншиносӣ дарс мегӯяд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

1 Назар

  1. Дар ин давом баъди хатми аспирантура Мирзоев Гаффор рисолаи номзадияшро дар мавзуи «Ислом дар матни шуури иљтимоии мардуми тољик (гузашта ва имрўза)» х,имоя намуда, соли равон рисолаи докторияшро дар мавзуи «Гоях,ои ислох,отхох,и ва х,аракатх,ои навсози дар ислом» дар Шурои илмии ВАК –и Руссия бомуваффакият дифоъ намуд. Дар баробари ин муаллифи панч китоб ва монографияи илми ва зиёда аз 80 – маколаи илмиву омузиши мебошад. Инчунин, китоби баргардони нусхаи «Девони Х,офиз дар асоси дастхати Мулло Ёри Ванч,и» бо мук,аддимааш ва китоби «Тах,к,ик,отхо дар бораи Мулло Ёри Ванч,и» – ро бо мукаддимаву хулоса омодаву баргардон намуда, ба нашр расонидааст.

Добавить комментарий для Наҷиб Ҷабборӣ Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.