Шарифҷон Мирзоев

  Шарифҷон Мирзоев яке аз ҷавонони боилму адабу фарҳанги диёр буда, алъон машғули таълиму пажӯҳиш аст. Шарифҷон бар зами тахассус ба фарҳангу таърихи диёр мароқ дошта, дар ин замина таҳқиқу пажӯҳишҳо дорад. Умед аст, ин ҷавонмарди боистеъдод дар пеша пешрафт карда, саҳми босазои хешро дар таҳқиқ, муаррифӣ ва ташвиқи илму фарҳанг хоҳад гузошт.
  Мирзоев Шарифҷон Ҷумъабоевич дар таърихи 9 январи соли 1999 дар деҳаи Жовиди ноҳия Ванҷ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 2006 қадамҳои аввалини худро ба Муассисаи таҳсилотии миёнаи умумии №15 гузошта, ба таҳсили илм пардохт.
  Шарифҷон аз соли 2015 то соли 2017 раисии Шӯрои худидоракунии хонандагон ва раисии Созмони талабагии муассисаи мазкурро ба зимма дошт. Соли 2015 дар олимпиадаи фаннии ноҳия аз фанни биология иштирок карда, сазовори мақоми сеюм гашт. Соли 2016 иштирокчии олимпиадаи фаннӣ шуду боз ҳамин зинаи сеюм насибаш гашт.
  Баъди ин олимпиада Шарифҷон ба мақсад “Кореро, ки аз дастам наояд, намекунам” биологияро канор гузошт ва билохира дар соли 2017, ҳангоми дар синфи 11 таҳсил карданаш дар олимпиадаи фаннии ноҳия аз фаннҳои забон ва адаибиёти тоҷик иштирок карда, сазовори мақоми аввал гашт ва ба даври дуюмӣ ба вилоят, ки дар шаҳри Хоруғ мегузашт, роҳ ёфт. Дар шаҳри Хоруғ бошад, мақоми дуюм насибаш гашт ва ин пирӯзӣ ба ӯ даст дод, ки Шарифҷон ширкаткунандаи олимпиядаи ҷумҳуриявӣ аз фаннҳои забон ва адабиёт шавад.
  Шарифҷон Мирзоев дорандаи ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи Шӯъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ, ифтихорномаи Шӯъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ барои ҳикояи беҳтарин, ифтихорномаи Шӯъбаи морифи ноҳияи Ванҷ барои беҳтарин таҳлили шеър ва ғайра мебошад.
Шарифҷон Мирзоев соли 2017 ҳуҷҷатҳои дохилшавӣ ба мактаби оллиро тариқи Маркази миллии тестӣ ба гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) супорида, номи донишҷӯиро сазовор гашт. Ӯ ба Факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ихтисоси мероси хатӣ (дастхатшиносӣ) дохил шуда, ҳоло дар курси 4-ум, дар зинаи хатми донишгоҳи мазкур қарор дорад.
  Рисолаи дипломии Шарифҷони Мирзоев дар асоси як нусхаи маҳфуз дар китобхонаи донишгоҳ, ки “Рисола оид ба офариниш” ном дорад, бо баргардон ба хати сирилик ва тавсифи муфассал дар ҳоли баанҷомрасӣ аст.

1 Назар

  1. Бале, ман як аз ҳамсинф ва дусти Шарифҷон астам ва тамоми гуфтахои дар боло хандам ҳақиқат доранд. Зинда боши братм муваффакият дар зиндагӣ.

Добавить комментарий для Меҳмон Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.