Худойдод Қаландаров

  qalandarovkhХудойдод Қаландаров соли 1947 таваллуд шуда, баъди мактаби миёна, солҳои 1966-1972 дар Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикисон таҳсил намудааст. 
  Пас аз хатми донишкада, аз соли 1972 то алҳол ба ҳайси агроном дар колхоз, ҳоло хоҷагии ба номи М.Ҳасанов ифои вазифа дорад.
  Худойдодпаҳлавон нозукиҳои гӯштии тоҷикро ҳанӯз аз давраи хурдсолию наврасӣ аз падараш паҳлавони деҳаи Пшихарви деҳшӯрои Водхуд Қаландар Усмонов ва тағояш, ки яке аз паҳлавонони номдор Муҳаммадазиз Сардоров омӯхтааст. Дар солҳои донишҷӯӣ бошад, зери сарпарастии пахдавони забардаст – чемпиони собиқи ИҶШС Азалшоҳ Олимов машқи гӯштӣ мекард.
  Дастовардҳои варзишии Худойдодпахдавон чунинанд: солҳои 1968, 1969, 1970, 1975 – чемпиони Тоҷикистон оид ба гӯштигирӣ, соли 1974 дар чемпионати ИҶШС оид ба гӯштии самбо ба гирифтани ҷои дуюм ноил гардид.
  Худойдодпаҳлавон боз дар чандин мусобиқаҳои расмию ғайрирасмии ҷумҳурӣ ва минтақавӣ дар вазнҳои махталиф дастболо шудааст. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.