Гаштаам фош ба махмурию мастӣ,ҳайҳот,
Дам зи Хайём зану ёд зи аҷдодам кун.
Нест ғайри ту касе мӯънису ғамхор ба даҳр,
Зи ғаму бори ҷаҳон яксара озодам кун.
Гар зи ҳамсӯҳбатии аҳли риё дилгирӣ,
Хоҳи хушдил шавӣ,имрӯз ту фарёдам кун.
Нағмапардозӣ дар ин маҳфили зебо чи хуш аст.
Ғазале бар дили худ сабт зи эҷодам кун.
Гарчи имрӯз зи соқӣ накунад ёд касе,
Лек дар ёди манӣ,хезу биё шодам кун.
Аз вафо гӯям агар,нест касе з-аҳли вафо.
Гар яке ҳаст туи,омада имдодам кун.
Эй Муҳаммад,сухан аз соқию аз май то кай,
Шукр аз лутфи Худо гӯ тарабободам кун.