Усто Ҷувон Зоҳирзода

  Усто Ҷувон Зоҳирзода соли 1872 дар деҳаи Вишхарви водии Язгуломи амлокдории Ванҷ таваллуд шудааст. Аз синни хурдсолӣ ба оҳангарӣ майлу рағбати зиёд дошт. Аз ин буд, ки дар айёми ҷавониаш ҳамчун устои оҳангар дар тамоми Дарвозу Бадахшон ном баровард. Ӯ соли 1940 дар сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ иштирок намуда, бо чандин ифтихорномаҳо қадр шудааст.
  Табар, дос, болға, теша, човахан (новак) ва дигар намуди олоти меҳнатро хушсифату бадошт тайёр мекард. Шогирдонаш Дошт Сангов, Алиёр Бобиев маҳорати хуби оҳангарӣ доштанд.
 Усто Ҷувон соли 1948 дар деҳаи Вишхарв аз олам чашм пӯшидааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.