Тоир Гулов

  glovtoirНомзади илмҳои кимиё, дотсент Тоир Гулов 20 июли соли 1964 дар деҳаи Хаспои деҳшӯрои Техарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз соли 1971 то соли 1981 дар мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Ванҷ таҳсил намуда, баъди он аз соли 1981 то соли 1983 дар совхози ба номи Федченко ба сифати колхозчӣ шуғли меҳнат дошт. Солҳои 1983-1985 дар сафи қувваҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намуд.
  Аз соли 1985 то 1990 дар ДДОТ-и ба номи Қ.Ҷӯраев дар факултаи биология-химия, шӯъбаи химия-биология таҳсил намуда, баъди хатми он ба сифати мутахассиси ҷавон дар факулта ба кор тавсия шуд. Солҳои 1991 -1993 дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносови шнхри Москва ба ҳайси муаллим-тадқиқотчӣ кор карда, сипас солҳои 1994-1997 дар аспирантура таҳсил намудааст. Соли 2000 таҳти роҳбарии доктори илми кимиё, профессор С.Г.Бандаев дар мавзуи “Меркуронидани 1-алкил-2-артсиклопропан ва табадулотҳои баъзе аз моддаҳои ҳосилшудаи реаксия дар кислотаи фторсулфан” рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Ӯ муаллифи зиёда аз 25 номгӯи кору мақолоти илмист. Ҳоло номзади  илмҳои химия дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, ҷонишини декан оиди корҳои таълими факултаи химияи ДДОТ-и ба номи Қ. Ҷӯраев бо саъйи комил машғули кори илму фаъолияти омӯзгорист. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.