Сомон Маҳмадбеков

  Ҷавонпаҳлавон ва ҷаҳонпаҳлавони номдори зодаи диёр Сомон Маҳмадбеков нахустин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи ҷудо мебошад.
 Маҳмадбеков Сомон Моёншоевич 24 марти соли 1999 дар шаҳри Иркутски кишвари Русия таваллуд ёфтааст.
  Сомонро соли 2008 амакаш Устоди варзиши Тоҷикистон ва Русия Эргаш Маҳмадбеков ба Иркутск бурда, дар бошгоҳи варзишии хеш таҳти тарбият мегирад. Сомон дар муддати кӯтоҳ дар соҳаи варзиш муваффақ шуда, дар мусобиқаҳои гуногун Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
  Корномаи варзишии Сомон ба тариқи зайл аст:
ҷои панҷум дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо дар Санкт-Петербург дар таърихи 15.04.2017;
ҷои аввал дар мусобиқаи Ҷоми ҷавонони Африқо дар Тунис дар таърихи 22.04.2017;
ҷои панҷум дар Ҷоми Аврупо дар байни ҷавонон дар Лейбнитс дар таърихи 03.06.2017;
ҷои аввал дар Ҷоми Аврупо дар Арад, дар таърихи 19.08.2017;
ҷои севвум дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни ҷавонон ва дастаҳо дар таърихи 18.10.2017;
ҷои дуввум дар Ҷоми Аврупоии Комбра дар таърихи 17.03.2018;
ҷои севвум дар Ҷоми Аврупоии Ла Коруна-2018 дар таърихи 19.05.2018;
ҷои аввал дар мусобиқаи Hong Kong Asian Open 2018 дар таърихи 10.12.2018;
ҷои панҷум дар мусобиқаи Dusseldorf Grand Slam 2019 дар таърихи 22.02.2019;
ҷои панҷум дар Қаҳрамонии ҳавзаи осиё ва Уқёнуси Ором дар миёни калонсолон ва дастаҳо дар таърихи 20.04.2019;
ҷои панҷум дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни калонсолон дар Токио дар таърихи 25.08.2019;
ҷои аввал дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни ҷавонон дар Марокаш дар таърихи 17.10.2019;
ҷои севум дар мусобиқаи Osaka Grand Slam-2019 дар Ҷопон дар таърихи 23.11.2019.

1 Назар

  1. Эй пахлавонон,чони ман фидои шумо.
    Дар хама чо бинам дасти болои шумо.
    Шухрату шаъни миллат боло кардаед.
    Кунад Майхан ифтихор аз шумо.

    Дуруд ба Шумо барои захмат ва хабархои чолиб

Добавить комментарий для Рахматулло Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.