Санавбар Раҷабов

  Яке аз табибони моҳир ва хушмуомилаву хушгуфтору соҳибэҳтиром, зодаи деҳаи Рохарви Ванҷ, яке аз фарзандони номдори диёр Санавбар Раҷабов буданд. Дар таърихи 26 декабри соли 1957 дар хонадони ходими давлатии ВМКБ ва ноҳия, марди сиёсатмадор, роҳбари ободкор Сайфиддин Раҷабов зода шудааст.
  Солҳои 1965 – 1975 дар мактаби миёнаи маркази ноҳия соҳиби маълумоти миёна гашт. Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Сино супурда, бомуваффақият донишҷӯ шуд ва онро сарбаландона хатм намуд.
  Аз соли 1981 то соли 1983 аввал духтур ва сипас сардухтури беморхонаи минтақавии ҷамоати Язгулом фаъолият кардааст. Солҳои 1983 – 1984 ба вазифаи сардухтури шӯъбаи бачагонаи Беморхонаи маркази ноҳия таъин мешавад.
  Соли 1984 баъди гузаштани такмили ихтисос (анестезиолог-реаниматолог) мудири шӯъбаи эҳёи беморхона таъин мешавад. Аз соли 2005 то соли 2016 ҳамчун сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ адои вазифа намуд. Аз соли 2016 то замони вафот (15 сентябри соли 2018) сарварии Маркази саломатии ноҳияи Ванҷро ба ӯҳда дошт.
  Санавбар Раҷабовро ҳамкорон ҳамчун сарвари дилсӯзу меҳрубон, маслиҳатгари хуб, марди кордону хирадманд ёд мебаранд. Ӯ соҳиби унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, дорандаи чандин ифтихорномаҳои Раёсати тандурустии ВМКБ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳукумати ноҳия ва медалҳои ҷашнӣ мебошад. Давлатмир Давлатов. 05.11.2020.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.